Skip to main content

ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Ҷаҳони муосир, дар шароити мураккабшавии вазъи сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, пурзур гардидани рақобати геополитикии қудратҳои бузург, таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои башардӯстона, паёмадҳои тағйирёбии иқлим, камбудии захираҳои об, буҳронҳои муҳоҷират, таҳдидҳои рақамӣ, густариши истифодаи зеҳни сунъӣ ва коҳиши сатҳи эътимод байни давлатҳо қарор дорад. Ин руйдодҳо шаҳодати он аст, ки низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз давраи таҳаввули амиқро аз сар мегузаронад.

Вабаста ба ин, дар ҷаҳонӣ муосир, масъалаи таъмини амният, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии миллӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои созанда байни давлатҳо аҳаммияти хосса касб намуда, ба яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, , дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, ҳамкории мутақобилан судманд ва ҷонибдорӣ аз ҳалли мусолиматомези ихтилофу низоъҳо ба роҳ мондааст.

Дипломатияи сулҳофарии Пешвои Миллат - самти мушаххаси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва дар чорчубаи созмонҳои байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолтаъмини амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба рушди ҳамкориҳои созанда байни кишварҳо ва тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст

Дар ташаккул ва татбиқи ин сиёсат нақши калидиро Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро иҷро менамояд.

Ибтидои замони Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ дучор гардид, ки он барои миллати тоҷик марҳилаи бисёр сангин, душвор ва тақдирсоз буд. Бо иғвою фитнаи бегонагон кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор гардид,ки дар раванди он Тоҷикистон ба буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор гардида, миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуданд ва аҳли ҷомеаро руҳияи бесарусомонӣ,ноамнӣ, беэътимодӣ ва ноумедӣ фаро гирифта, ба ояндаи нек қариб, ки боварии касе намонда буд.

Дар он шабу рӯзҳо ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ хатари нестӣ, ба миллати тоҷик хавфи парокандагӣ ва ба тамомияти арзии мамлакат хавфи нобудшавӣ таҳдид мекард.

Аз ҷониби дигар, оғози ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷониби субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид.

Вобаста ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузи аввали ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, мoҳи нoябри сoли 1992 дaр Иҷлoсияи XVI Шурoи Oлии Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo ҷaсoрaти бемисл мaсъулияти вaзнин сиёсати сулҳҷуёнаро бaр дӯш гирифтa, ин ҷумлaи тaърихирo бa зaбoн oвaрдaнд: «Мaн бa шумo сулҳ меoрaм вa тo як гурезa дaр хoриҷ aз кишвaр бoшaд, худрo oрoм ҳис нaмекунaм».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ , ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта буд, барқарорсозии сулҳ, ваҳдати миллӣ ва давлатсозиро ҳамчун афзалиятҳои стратегии сиёсати давлатиии Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян намуданд.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи 48-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

”Мо бо хотири таъмини мусолиҳаи миллӣ, сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон ба гуфтушунид бо тамоми нерӯҳои ҷамъиятӣ тайёрем”. [1.С.144]

Пешвои миллат бо азму иродаи қавию устувор ва ба таври хастанопазир ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон буда, бо талошҳои пайгирона ва музокироти тӯлонӣ, мулоқотҳои бешумор тавонистанд неруҳои даргирро сари мизи гуфтушунид ҷамъ оваранд ва заминаи сулҳи пойдорро фароҳам созанд.

Дар натиҷа 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид ва ин сана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба сифaти “Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулњ ва ризояти миллї дастоварди бузург ва нодиртарини миллати тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки он бевосита таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намуд”

Дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ нақши калидиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуданд.

Бо назардошти ин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми декабри соли 2015 барои хизматҳои бузурги таърихӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва наҷоти миллат унвони расмии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» расман дода шудааст

Ин дастовард нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори муколама дар ҷаҳон муаррифӣ кард.

Тазаккур бояд дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як кишвари ҷангзада ба шарики боэътимоди байналмилалӣ ва давлати ташаббускор ва фаъоли байналмилалӣ табдил ёфта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатдорони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқон ҳамчун “Модели сулҳи тоҷикон” ном бурда мешавад.

Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ

ҳамчун модели нодири ҳалли низоъҳои дохилӣ ва барқарорсозии давлатдорӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва арзёбии ҷиддӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ( СММ) дар шаҳри Коста-Рика таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ барои дипломатҳо омӯзонда мешавад. Инчунин, дар Донишгоҳи давлатии Москва(ДДМ) ин таҷриба ҳамчун даври махсуси омӯзишӣ барои магистрантон пешниҳод мешавад. Дар Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Гамбурги Олмон низ раванди сулҳи тоҷиконро дар асоси барномаи чандсола мавриди омӯзиш қарор додааст.

Тaҷрибaи дипломатияи миллии сулҳи тoҷикoн aз ҷoниби ҷoмеaи ҷaҳoнӣ вa Сoзмoни Милaли Муттaҳид ҳaмчун пaдидaи нoдир вa нaмунaи ибрaт бaрoи ҳaлли низoъҳoи дoхилӣ эътирoф гaрдид.

Роҳбарони Сoзмoни Милaли Муттaҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳонӣ

таҷрибаи сулҳи Тоҷиконро баҳогузорӣ намуда, онро онроо ҳамчун дастоварди бузург арзёбӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид - 1992–1996), ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».

Сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилотҳои ба вуҷуд омада, оид ба масъалаи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ баръало зоҳир гардид.

Ҳалли пурраи масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои Созишнома дар бораи нуқтаи гузаргоҳи марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ба натиҷаҳои муҳими сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин вазъиятро чунин арзёбӣ карданд: “Дигар рӯйдоди таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам меорад”[2].

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон намунаи нави дипломатияи сулҳофаринии минтақавӣ буда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд.

Хусусияти хоси ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада оид ба масъалаҳои марзӣ, байни кишварҳои минтақа аз он иборат буд, ки он бе миёнаравии тарафи сеюм ва бо пешбурди технологияи мукаммал дар музокирот ҳалли пурраи худро пайдо карданд, ки он ба шарофати таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Дипломатияи сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки 22-юми сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавзуи “Паймон барои оянда» (Pact for the Future), идома пайдо кард.

Дар иҷлосия , Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад[3].

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” барои мустаҳкам намудани заминаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин барои эҷоди муҳити амн ва осоиштагӣ барои на танҳо насли имрӯза, балки ояндаи бехатари инсоният заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад.

Пешвои миллат аз ин пешниҳодашон зимни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд. [4].

Рузи 25-уми июни соли 2026 ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бо ҷонибдории васеи давлатҳои аъзои СММ пазируфта шуда, бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумиии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид,ки рӯйдоди воқеан таърихӣ дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин қарина ҷоиз ба қайд аст, ки қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” идомаи мантиқии сиёсати сулҳофарӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санад барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаи тамаддунҳо, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳу ҳамзистии осоишта дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қабули ин ташаббуси муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва густариши фарҳанги сулҳ мебошад»

Ҳадафи Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, густариши гуфтугӯи тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда, эътирофи таҷрибаҳои миллӣ ба шумор меравад

Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Аз ҳама муҳим он аст, ки ин санад дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабул гардид. Ин рамзи он аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имрӯз аз доираи миллӣ гузашта, ҳамчун таҷрибаи арзишманд дар сатҳи байналмилалӣ мавриди эътироф ва омузиш қарор гирифтааст.

Қабули чунин қатънома танҳо як дастоварди дипломатӣ нест. Он эътирофи нақши фаъолонаи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, махсусан таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколама ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Вобаста ба ин Пешвои миллат қайд менамояд: ”Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем.Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем.Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем [5].

Рузи 25-уми майи соли 2025 Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ҷоиза-эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардонида шуд.

Ҷоиза барои саҳм дар таҳкими сулҳ, рушди ҳамкории минтақавӣ, густариши дӯстӣ байни халқҳо ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим дода шудааст. Қобили қайдаст,ки ин ҷоиза бори аввал ба роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тақдим мегардад.

Тақдими ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – эътирофнома ба Президенти Тоҷикистон нишони қадрдонии баланди ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳофарӣ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо ба ҳисоб меравад.

Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт[6].

Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва он ба таҳкими сулҳу субот дохилӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта буд, барқарорсозии сулҳ, ваҳдати миллӣ ва давлатсозиро ҳамчун афзалиятҳои стратегии сиёсати давлатиии Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян намуданд.

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон намунаи нави дипломатияи сулҳофаринии минтақавӣ буда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуда истодааст

Дар ташаккул ва татбиқи ин сиёсат нақши калидиро Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро иҷро менамояд.

Саидов Нурали Шамсович – номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатњои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сарчашмаҳо

1.Эмомалӣ Раҳмон – “Ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомҳои неки моро дастгирӣ менамояд”. Суханронӣ дар иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 29-уми сентябри соли 1993 // Раҳмонов Эмомалӣ- Истиқлолияти тоҷикистон ва эҳёи миллат. Иборат аз ҷаҳор ҷилд.Ҷилди аввал.-Душанбе:”Ирфон”,2002, 512с. Саҳ 144

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16.12.2025 12.23 шаҳри Душанбе манбаи электоронӣ https://www.president.tj/event/missives/54181 санаи муроҷиат 04.05.2026.

2.Суханронии Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар “Саммити Оянда” 23.09.2024 20.45 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манбаи электоронӣ

3.Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24.09.2025 02.25 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Манбаи электронӣ https://www.president.tj/event/speeches/52882 санаи муроқиат 06.07.2026

4. Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ25.05.2026 10.30 шаҳри Душанбе Манбаи электронӣ https://www.president.tj/event/news/55686 санаи муроҷиат 25.05.2026

5. Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ 25.05.2026 10.30 шаҳри Душанбе Манбаи электронӣ https://www.president.tj/event/news/55686 санаи муроҷиат 25.05.2026

6.Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ undefined Июнь 26, 2026 07:50 Манбаи электорнӣ https://khovar.tj/2026/06/payomi-shodbosh-ba-munosibati-abuli-atnomai-sozmoni-milali-mutta-id-ta-ti-unvoni-da-solai-bajnalmilal-oid-ba-ta-kimi-sul-baroi-nasl-oi-oyanda-sol-oi-2027-2036-va-r-zi-va-dati-mill/ санаи муроҷиат 26.06.2026

 

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121