АВФ (АФВ) – ТАҶАССУМИ ИНСОНДӮСТӢ ВА ҒАМХОРИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН
Афв фармудан муборак хислатест,
Ҳар ки дорад афв соҳибдавлатест.
Дил зи нури афв рушан мешавад,
В-аз насимаш сина гулшан мешавад.
Дӯст дорад афвро Парвардигор,
Он чӣ Эзид дӯст дорад, дӯст дор.
Дар фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон мафҳумҳои авф (афв), бахшиш, раҳму шафқат ва инсондӯстӣ ҳамеша ҳамчун арзишҳои волои ахлоқӣ ва маънавӣ эътироф гардидаанд. Ниёгони мо инсонеро, ки тавони бахшидан дорад, шахси соҳибфазилат, соҳибхирад ва соҳибдавлат меҳисобиданд. Маҳз ҳамин арзишҳо дар тӯли асрҳо барои таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ, пойдории оила, суботи ҷомеа ва рушди маънавии инсон хидмат намудаанд.
Имрӯз низ ин суннатҳои неки миллӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои инсондӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар меҳвари сиёсати давлатӣ инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, шароити зиндагии арзанда ва таъмини суботи иҷтимоӣ қарор дорад.
Яке аз намунаҳои равшани чунин сиёсати инсонмеҳвар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имзои ин қонун аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии сиёсати башардӯстона ва ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Моҳияти иҷтимоии афв дар он ифода меёбад, ки он ба инсон имкони ислоҳ, бознигарии рафтор ва оғози зиндагии навро фароҳам месозад. Афв танҳо як санади ҳуқуқӣ нест. Он пеш аз ҳама амали инсондӯстонаест, ки ба тақдири одамон, оилаҳо ва муҳити иҷтимоӣ таъсири мусбат мерасонад. Ҳар нафаре, ки пас аз афв ба назди оила ва наздикони худ бармегардад, имкони дубора пайдо намудани ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар рушди кишварро соҳиб мешавад.
Аз нигоҳи сотсиология, афв яке аз воситаҳои муҳими ҳамгироии иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ҷомеа ҳамеша ба он ниёз дорад, ки шаҳрвандони худро на танҳо ҷазо диҳад, балки барои ислоҳ шудан ва бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ низ имконият фароҳам оварад. Маҳз ҳамин муносибат метавонад ба коҳиши канорагирии иҷтимоӣ, паст шудани эҳтимоли такрори ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намояд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат дар баробари таъмини волоияти қонун, ба тақдири инсон, сарнавишти оилаҳо ва таҳкими арзишҳои инсондӯстона низ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Маҳз ҳамин хусусият сиёсати иҷтимоии Тоҷикистонро аз бисёр ҷиҳат ҳамчун сиёсати инсонмеҳвар муаррифӣ менамояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум борҳо натиҷаҳои мусбат ба бор овардаанд. Афв низ яке аз ҳамин иқдомҳо буда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба арзиши инсон ва рушди муносибатҳои созандаи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Бешубҳа, ҷомеае, ки дар он арзишҳое, мисли бахшояндагӣ, раҳму шафқат ва инсондӯстӣ мавқеи устувор доранд, метавонад ба сатҳи баланди ҳамбастагии иҷтимоӣ ноил гардад. Афв ҳамчун таҷассуми чунин арзишҳо на танҳо ба сарнавишти шахсони алоҳида, балки ба рушди устувори ҷомеа низ таъсири мусбат мерасонад.
Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо ташаббус ва имзои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, намунаи равшани сиёсати башардӯстона ва ғамхории давлат нисбат ба шаҳрвандон мебошад. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, қадру манзалати ӯ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд.
Тавре ки дар ашъори ниёкон омадааст:
«Афв фармудан муборак хислатест,
Ҳар ки дорад афв соҳибдавлатест».
Ин ҳикмати воло имрӯз низ аҳаммияти худро нигоҳ дошта, ҳамчун раҳнамои арзишҳои инсондӯстӣ, адолат ва ҳамдигарбахшӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон хидмат мекунад.
Гардоншо Алишер Меҳробшо – ходими илмии шуъбаи сотсиология Институти фалсафа ва
сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон мафҳумҳои авф (афв), бахшиш, раҳму шафқат ва инсондӯстӣ ҳамеша ҳамчун арзишҳои волои ахлоқӣ ва маънавӣ эътироф гардидаанд. Ниёгони мо инсонеро, ки тавони бахшидан дорад, шахси соҳибфазилат, соҳибхирад ва соҳибдавлат меҳисобиданд. Маҳз ҳамин арзишҳо дар тӯли асрҳо барои таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ, пойдории оила, суботи ҷомеа ва рушди маънавии инсон хидмат намудаанд.