Skip to main content

НАҚШИ НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Насли муосири даврони истиқлол, яке аз узвҳои муҳимми ҷомеа аст, ки дар ҳифзу шукуфоии ваҳдати ҷомеа мақоми арзанда дорад ва танҳо ин насл қодир аст, ки пешрафт ва ҷараёни зиндагии ҳаррӯзаю ҳарлаҳзаинаи аҳли ҷомеаро дар ҳадди эътидолу мутавассит нигаҳ дорад. Барои он ки насли муосир, махсусан ҷавонон солиму комил бошанд, бояд дар навбати аввал дорандаи тарбияю ақли солим бошанд. Нақши асосиро дар ин ҳолат оилаи солим, мураббии солим, омузгор ва устоди оқилу доно ва муҳити солим мебозанд.

Махсусан хонавода, ки давраи аввали тарбияро фаро мегирад, бояд дорои фазои солиму нарми ахлоқӣ - озодагӣ, меҳру муҳаббат ва мисли инҳоро дар бар гирифта бошад; дигар ин ки оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳасана ба дунё биёрад; сеюм ин ки насли солим поя ва ҷавҳари ҷомеаро дар бар гирифта, дар ташаккулу субот ва ҳифзу шукуфоии ваҳдати миллии ҷомеа арзишҳои хоссе дорад. Аз ин ҷо, фақат оила аст, ки ба ҷамъи хонавода, махсусан фарзандони хеш муҳимтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллӣ-аҷдодӣ ва хонаводагиро меомӯзаду онҳоро дар роҳи рост ҳидоят мекунад. Зеро ки тарбияи дурусту солим ва тамоми ҷанбаҳои он, аз ҷумла омӯхтани забон, ростгуфторию дурустрафторӣ, омӯзишу эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодатро дар вуҷуди фарзанд фароҳам месозад.

Маҳз вазифаи падару модар аст, ки дар зеҳну гуфтору рафтори фарзанди хеш аз кудакӣ ҳисси миллӣ, меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан, фарҳангу суннат ва худшиносии миллиро дар ҷараёни омӯзишу парвариш ҷо мекунад, дар акси ҳол фарзанд аз чӣ ва кӣ будани худ ва ҳувияту худшиносии миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ-надоштан ин аз бешахсиятӣ, бенажодӣ ва беҳувиятии инсон гувоҳӣ медиҳад. Барои дар руҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли муосир дар қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 №66 бо унвони «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷурмҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2017 омадааст: «Мақсадҳои асосии Барнома аз баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷӯён, эҳтиром нисбат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирӣ, сарпарастӣ ва тарбияи насли наврас, таъмини маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба масъалаҳои тарбия, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа, бунёди заминаи илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб, ҷинояткорӣ ва ғайра иборат мебошанд…»[1] Ин қарори Хукумати ҶТ як дастури хубест барои кулли тарбияткунандагони ҷомеаи кишварамон дар мисоли волидайн, боғчаю маҳди кудакон, мактабу донишгоҳҳо ва ҳамчунин аҳли ҷомеа, ки нисбати тарбияи насли наврас бетараф набошанд.

Дар идома ва шарҳу эзоҳи ин қарор боз омадааст, ки «ҳамзамон, афзудани шавқу рағбати насли наврас ба равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва худшиносии шахсӣ бозгӯи он аст, ки саъйю талошҳои ҷавонон дар ҷомеаи муосир танҳо дар қолаби ба даст овардани доираи танги дониш, тахассусу маҳорати касбӣ маҳдуд намегардад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ҷиҳати рушди маънавии таълимгирандагон шароити мусоидро фароҳам оварда, барои тарбияи худшиносӣ, худтакмилии ахлоқӣ, азхуднамоии доираи васеи таҷрибаи иҷтимоии онҳо кӯмак расонида шавад».[2]

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳо ва анъанаву маросимҳо, аз 24 майи соли 2007, махсусан таъкид намудаанд, ки «вазифаи муқаддаси падару модар, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзанди баодоб, хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад».[3]

Аз ин фармудаҳои Президенти муҳтарамамон бармеояд, ки мақоми волидайн, махсусан модарон на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияту худшиносии миллӣ, ки як амри зарурӣ ва мубрам аст, хеле бузург аст. Волидайн бо як ҳисси баланди ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарзандони худро омода сохта, барои ҳифзи хоки ватан, Истиқлолият ва Ваҳдати миллии кишвари хеш, ки бо талошу заҳматҳои зиёди Раҳбари хирадманду маҳбубамон ва мардуми шуҷоатманди ватанамон ба даст омадааст, зидди ҳар гуна унсуру гуруҳҳои ифротгароӣ, ки муқобили давлату давлатдории сарзамини азнавбунёди мо буданд ва ҳастанд, муборизаи ҳамешагиро идома диҳанд.

Дар ҳақиқат, дар байни занону модарон инсонҳое ҳастанд, ки барои беҳбудии оила ва тарбияи дурусти фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо заҳмат мекашанд. Фарзандон, ки насли муосиранд, низ аз ин заҳамоти волидайни хеш бояд муташаккир бошанд ва барои беҳбуду пешравии меҳани худ саъю талош намоянд. Модарон новобаста аз он ки мушкилот ва равандҳои гуногуни зиндагониро аз сар мегузаронанд ва гузаронида бошанд ҳам фарзандони хешро дар муҳити давлати ҳуқуқбунёд таълиму тарбия додаанд, ки барои ваҳдату ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар замони муосир бо афкори илмӣ-фарҳангӣ ва нигоҳи наву саъю талош баҳри расидан ба марому мақсади нек бо фарҳангу маърифат ва ақли солим амал намоянд. Ваҳдати миллӣ имконият ва шароит муҳайё кард, ки мардуми кишвар нисбатан озод ва худшиносиву ҳувияти миллӣ дошта бошанд ва пайгири масъалаҳои муҳимми рӯз гарданд ва бар зидди ҳар гуна унсурҳои зараррасони бегона ва ҷаҳлу гумроҳӣ, ки бар зидди пешрафти ҳаёт мебошанд, мубориза кунанд.[4]

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ба онҳое, ки дар тарбияи ҷавонон масъулият доранд, хитоб намуда гуфтааст, ки яке аз рисолатҳои муқаддаси онҳо, тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ мебошад: «...ҳамаи онҳое, ки масъулияти таълиму тарбияи ҷавононро ба ӯҳда доранд, муроҷиат карда гуфтаниам: шумо, ки мураббиёни имрӯзу ниёгони ояндаед, яке аз рисолатҳои муқаддас ва ҳатмии мо тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ, шахсияти хушахлоқу нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, ҳамқадами замон, омодаи хизмат ба ҷомеа ва миллат мебошад.»[5]

Дар худшиносии инсонҳо нақши ахлоқи ҳасана ва фалсафаи он хеле муҳим аст. Фалсафаи ахлоқ шохае аз фалсафа буда, мавзуи баҳси он инсон ва муносибати вай бо табиату ҷамъият буда, гуфтори рост ё дурӯғ, афъоли хуб ё бад, дуруст ё нодуруст, аъмоли бояду набоядҳо ва ҳамчунин ботини поку равшан ва ё торику тира ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Фалсафаи ахлоқ навъе аз ахлоқшиносӣ аст, ки асоси раванду равиши ахлоқ – ахлоқи ҳасана ва замимаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мутафаккирони шарқи асримиёнагии тоҷику форс дар атрофии ин мавзуи муҳим баҳсу мунозираҳои зиёде намуда, бештар аз ҳикмати амалӣ сухан кардаанд, ки он мавзӯи баҳси он худи инсон ва хулқу одоб ва одату афъолу кирдори ӯ мебошад.

Аз таҳлилу баррасии таълимоти ахлоқии як гурӯҳ донишмандон ва мутафаккирони тоҷик Муҳаммад Закариёи Розӣ, Носири Хусрав, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Насируддини Тусӣ, Мавлонои Балхӣ, Имоди Фақеҳи Кирмонӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ ва монанди инҳо бармеояд, ки доштани ахлоқ ва худшинос будан ин як ёрии бузурге ба феълу кирдори инсонӣ ва мавқеи ӯ дар пешрафти оила ва ҷомеа аст.

Муродова Т.- н. и. фал., дотсент, ходими пешбари Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121