Skip to main content

ФАРҲАНГИ АСИЛ БА ДОНИШМАНДОНИ АСИЛ ҚОИМУ ПОБАРҶОСТ

(Ба хотираи неки устоди равоншод – Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф., профессор Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев бахшида мешавад)

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Фалсафа ва ҳикмати зиндагӣ ба навъи башар низоми дурусти такомули ҳаётро омӯзонидааст, ки дар натиҷа инсоният дар саҳифаҳои таърих аз худ нақшу ёддоштҳои зиёде гузоштааст. Табаддулоти мухталифи фарҳангӣ, равонӣ ва маънавӣ, ки аз ғолибият ва шикасту мағлубиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ иборат аст, ин навъи башарро аз ҷаҳолату бемаърифатӣ ба самти дурусти донишу маърифат ва инсондӯстиву мадоро мебарад.

123Мутафаккирон, олимон ва умуман аҳли илму адаб ба ашхоси комил эҳтиёҷ доштани ҷомеаи инсониро таъкид кардаанд. Ҷомеаи инсонӣ низ чун як низоми ташаккулёбандаи фарҳангӣ ва равонӣ ба шахсиятҳое ниёзманд ҳаст, ки бо тааққули баланду хиради азалӣ ва зарфиятҳои хоси маърифатии худ битавонанд дар ташаккул ва инкишофи иҷтимоъ нақши муассир бигузоранд.

Тавсифи устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон

Муаллифони афкори баландпарвоз ва соҳибони андешаҳои ноб дар осори хеш ин гуна ашхосро бо номҳои гуногун зикр намудаанд, чун «инсони комил», «доҳӣ», «ҳаким», «муаллим», «омӯзгор», «мураббӣ», «соҳибхирад», «қутбнамо» ва амсоли инҳо. Файласуфи инсоншиноси қарни Х111-и тоҷику форс Азизуддин Насафӣ ин гуна ашхосро «зубдагон» номидааст. Аз рӯи қавли ӯ, «зубдагон» инсонҳоеанд, ки бо истеъдоди фитрӣ, хиради азалӣ, таҳаммулу бардошт ва масъулияти хос, инчунин бо андарёфти музайяни маърифатию равонӣ метавонанд дар таҳрики таърихии насли башар нақши муҳим гузоранд.

Файласуфи шаҳири тоҷик, донишманди фозил, олими сермаҳсули шинохташуда ва эътирофгардидаи ФР ва Осиёи Марказӣ ва инсони комилу нотакрор, шахсияти наҷибу футувватпеша, устоди зиндаёд - Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон аз зумраи «зубдагон» буданд.

Фаъолияти илмии Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон, осори фалсафии устод

Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, устоди равоншод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон умри пурбаракати худро ба рушду инкишофи илму фарҳанги тоҷик бахшида, дар такомули илмҳои ҷомеашиносии тоҷик, махсусан фалсафаи муосир нақши боризе гузоштаанд. Устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон аз ибтидо фаъолияти илмии худро аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1971 баъди хатми аспирантураи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Фаридуддини Аттор» рисолаи номзадӣ ва баъдтар дар соли 1992 дар мавзӯи «Идеологияи тасаввуфи тариқаи нақшбандия» рисолаи докториашонро дифоъ намуданд.

Ҳамин тариқ, аз соли 1965 ибтидо аз аспирантура ва оғози фаъолияти корӣ устод ҳаёти илмии худро бо Академияи илмҳо пайвастанд. Тайи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон китобу монографияҳо ва теъдоди зиёди мақолаҳо, ки дар маҷмуъ бештар аз 250 асару мақолаҳоро дар бар мегирад, рӯи кор оварданд. Аз ҷумла: монографияҳои «Ҷаҳонбинии Фаридуддини Аттор», «Маърифатшиносии тасаввуф», «Идеологияи нақшбандия», «Хоҷа Аҳрор», «Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш», «Назарияи динӣ - сиёсии Хоҷа Аҳрор», «Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор» ба дасти хонандагон ва муштоқони илму ирфону фалсафа расиданд.

Ба ғайр аз ин, устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон дар таҳия, баргардонӣ ва таҳрири китобу монографияҳо, аз ҷумла ҷилдҳои китоби бунёдии «Таърихи фалсафаи тоҷик» бо муқаддимаи васеъ (бо ҳаммуаллифии н.и.ф. Ҷонбобоев С.) ва мақолаҳои худ саҳм гузоштаанд. («Таърихи фалсафаи тоҷик дар панҷ ҷилд. Ҷилди 1.Фалсафаи аҳди Бостон зери назари узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.ф., профессор Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев. Душанбе – 2011, 579саҳ.) ва ҷилди 2.

Инчунин муҳаррири масъули ҷилди дуюми осори мунтахаби Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, рисолаи фалсафии Умари Хайём, ҷилди сеюми осори фалсафии Носири Хусрав ва ҷилди аввали осори Абӯалӣ Ибни Сино ба ҳисоб мераванд.

Риторикаи устоди зиндаёд

Устоди зиндаёд Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон, дар баробари фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, инчунин солҳои зиёде ба фаъолияти таълимию омӯзгорӣ машғул буда, дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ба донишҷӯёну аспирантон аз фанни фалсафа ва таърихи фалсафа таълим додаанд. Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки ҳангоми дарс гуфтан ё дар конфронсу семинарҳои илмӣ-назариявӣ маъруза кардан, устод дар санъати риторика истеъдоди хоси худро доштанд.

Ҳанӯз аз дарсҳои аспирантӣ мо шогирдон ёд дорем, ки устод ҳангоми таълим ниҳоят ҷиддӣ ва серталаб буда, дарсҳояшонро бо сатҳи баланди забондонӣ, масъулияту эҳсоси волои садоқатмандонаи омӯзгорӣ мегузарониданд. Тафаккур ва андешаи жарфи фалсафӣ, маънавиёти такомулёфтаи таъсиргирифта аз ирфон, хотираи бениҳоят хуби шеърдонӣ – ин ҳама дарсҳои устодро боз ҳам муассиртар намуда, санъати баланди риторикаи ӯро нишон медод.

Устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон кони манбаъю сарчашмаҳои ниёгон ва ашъори ноби мутафаккирони классик буданд

Устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон дониши ниҳоят фарогир аз теъдоди зиёди манбаю сарчашмаҳо, аз мутафаккирону файласуфони тамоми марҳилаҳои таърихии фалсафа, чун антиқа, асримиёнагии Шарқу Ғарб ва фалсафаи навин дошта, ҳамвора мо шогирдонро супориш ва маслиҳат медоданд, ки ибтидои дониши фалсафии худро аз асл, яъне осори мутафаккирон ва файласуфони антиқа, чун файласуфони юнонӣ ва чинӣ, Ҳинди қадим ва Эрони Бостон оғоз намоем.

Устод соҳиби хотираю зеҳни ниҳоят қавӣ буда, аз ашъори ноби мутафаккирони классик захираи бою ғанӣ доштанд. Ба ғайр аз ин, кони ашъори фалсафию ирфонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саноӣ, Аттор, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомии Ганҷавӣ, Умари Хайём, Абдулқодири Бедил то ба ашъори адибони муосири тоҷик, чун Садриддин Айнӣ, Аминҷон Шукуҳӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва амсоли инҳо буданд.

Хислатҳои баландарзиш ва нотакрори устод

Устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон шахсияти маънан такомулёфта ва орифмашрабе буданд, чун тарбиягирифта ва таъсирпазир аз ирфон ва ҳикмати он ба шумор мерафтанд. Устод замири пок ва орӣ аз тааллуқоти индунёӣ доштанд. Аз равшании қалб, соддадилӣ, ҳиммати волои орифона, соддазабон буданд, чун он зарфиятҳои сиришташон дар гуфтору кирдор ва амалашон таҷассум меёфт.

Ташаккули меъёрҳои дурусти инсонӣ дар андешаю амали устод, чун якрӯӣ, росткорӣ, ростқавлӣ, дарки адолат ва адолатпарварӣ, дурандешию дурбинӣ ба назар мерасид. Устод дар фаъолияти кории худ серталаб ва сахтгир буда, ин гуна муносибат ва масъулиятро аз атрофиён низ талаб менамуданд. Ахлоқи устод дар ҳадди сутуданӣ ва ифтихормандӣ буд, чун некандешӣ, хайрхоҳӣ, раҳмдилӣ, шуҷоату ҷасорат. Аз ин рӯ, Устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон бо хислатҳои неки инсонӣ барои ҳамкорон ва шогирдон боиси ифтихор ва пайравӣ буданд.

Устод файласуфи ҳаққонӣ буданд, зеро дар ҳама ҳолат аз рӯи хиради ҳакимона таҳлилу натиҷагирӣ менамуданд. Гуманизми баланди устод дар муносибат бо тамоми инсонҳо, чун ҳамкорону шогирдон далели ин иддаост. Инчунин, хусусиятҳои баде чун шахсиятпарастю маҳалпарастӣ ва дигар маҳдудиятҳои равонӣ барои эшон бегона буданд.

Дар тавозуъ устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон нотакрор буданд. Барои устод академик ё унвонҷӯ, роҳбари муассиса ё фаррош ва умуман хурду бузург «шахсият» буданд. Бинобар ин, ба ҳамаи инсонҳо бо эҳтироми хоссае муносибат мекарданд.

Сухани доимии устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон буд, ки бо ифтихор мегуфтанд: «Тасаввуф билкулл ахлоқ аст», далели нашъаи хубу дурусти устод буд аз олами ирфон ва ҳикмат, аз афкори орифону мутафаккирони тоҷику форс. Ин сухани жарфмаънои ӯ шиори доимии мо шогирдон гардидааст, ки ҳар гоҳе аз Устоди гаронқадрамон ёд мекунем, фикри хешро бо ин сухан оғоз менамоем!

Устод, ки дар зимни таҳқиқот аз «Футувватнома»-ҳои Фаридуддини Аттор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон файзёб гардида буданд, дар ойини ҷавонмардӣ ва некухисолӣ боиси пайравӣ буда, намоди футувватмандии тоҷикона ҳастанд. Ба мисол, устод дар муносибат бо ҳамкорон басо борикбин буда, аз ҷумла дар тамоми ҳолатҳо - хурсандию ғаму андӯҳ аввалин шуда, дасти мадад дароз мекарданд.

Шахсияти илмӣ ва мактаби фалсафии Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон на танҳо дар муҳити илмии кишварамон, балки дар манотиқи собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва берун аз он эътироф гардида буданд. Бинобар ин, мактаби устод теъдоди зиёди шогирдонро тарбия намуда, бо дифоъ намудани рисолаҳои номзадию докторӣ ва нашри китобу монографияҳо дар ташаккули афкори фалсафии тоҷику форс ҷойгоҳи боризро ишғол менамоянд.

Устод Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон дар баробари таълифоти китобу монография ва мақолаҳои илмӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос низ саҳм доранд. Аз ҷумла, зери роҳбарии ӯ доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадҷонова Муҳиба ва Маҳмадова Меҳрӣ, номзадҳои илми фалсафа - Шамсов Муборакшо, Камолов Усмоналӣ ва Саидҷафарова Парвина ба ҳисоб мераванд, ки аз ин миён Муҳаммадҷонова М.Т., М.Ф. Маҳмадова ва Шамсов М.С. алъон олимони соҳибмактаб буда, шогирдони худро тарбия менамоянд.

Муҳити хонаводагии устод фазои илмӣ буда, фарзандонашон низ, пайроҳаи падарро пеша намудаанд. Аз ҷумла, ду фарзандашон Парвина Муҳаммадхоҷаева ва Рахшанда Аҳмадзод аз пайи пайроҳаи падар рафта, яке дар самти фалсафа ва дуюмин дар самти филологияи тоҷик рисолаи номзадияшонро дифоъ намудаанд ва барои анҷомрасии рисолаҳои доктории худ талош доранд.

Хулоса ё охирсухан

Дар фароварди сухан метавон қайд намуд, ки Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, устоди шодравон Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон бо фаъолияти илмию таълимии хеш дар эҳёи осори ниёгон ва рушду камоли илм ва фарҳанги муосири тоҷик саҳми боризе гузоштаанд.

Осори фалсафӣ ва ирфонии устоди зиндаёд дар такомули таърихи фалсафаи тоҷик ва умуман самтҳои гуногуни фалсафӣ ҷойгоҳи хоси худро дошта, мактаби фалсафии устод натиҷаҳои идомадори худро дар тарбияи минбаъдаи муҳаққиқони ояндаи илми тоҷик медиҳанд.

Саидҷафарова П.Ш. – н.и.ф., мудири Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121