БА ҶУЗ ИШҚ, БА ҶУЗ МЕҲР, ДИГАР ТУХМ НАКОРЕМ...
Бузургдошт ва назари амиқ намудан ба таърих ва фарҳангу адабиёти ғании ниёкон яке аз падидаҳои нодиртарини Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Махсусан баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ дар самти шинохти шахсиятҳои варзидаи миллат аз ҷумлаи амалҳои неки даврони Истиқлолият аст. Таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳар сол дар таърихи 30 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, боз як бор моро ба сӯи баҳри маънии шеъри Мавлоно мебарад.
