Skip to main content

АНДЕШАҲО ДОИР БА МАСЪАЛАИ ТАҲАММУЛГАРОӢ ДАР АФКОРИ ФАЛСАФИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС

(Ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахшида мешавад)

Таҳаммулгароӣ, ё ин ки мадоро яке аз арзишҳои муҳими илму адаб ва фарҳанги форс-тоҷик ба шумор меравад. Чун ин мафҳум, ки аз ҳуманизм маншаъ гирифтааст, асл ва нуқтаи писандидаи афкори иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва хосатан фалсафии форс-тоҷик ба ҳисоб меравад. Ба хусус ҷараёни динӣ–фалсафии тасаввуф бо тобиши таҳаммулпазирии худ асрҳост, ки нисбат ба дигар ҷараёнҳои илмии дар таърих собитшуда «аспи шараф аз гунбади гардун ҷаҳонидааст». Яке аз хусусиятҳои хос ва муҳими тасаввуф аз ибтидои пайдоиш ва дар тўли инкишофи минбаъдаи он тарғибу тарвиҷ ва ба сулҳи кулливу ваҳдати байни ҳамдигарӣ даъват кардани мардумон, новобаста аз дину мазҳаб ва хешу миллат мебошад».

(А.Муҳаммадхоҷаев)

Таҳаммулгароӣ яке аз масъалаҳои муҳиму меҳварии илму фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, ки бо вижагиҳои махсуси худ аз умқи таърих то ба ҳол мавриди баҳсу муҷодалаҳои илмҳои зиёде, чун фалсафа, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод, равоншиносӣ, таърих ва педагогика мебошад.

Вожаи “таҳаммулгароӣ” аз манбаъ ва решаи забони лотинии “tolerantia” гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ ба маънои сабр, бардошт, раводорӣ, ризоият, қабул ва гузашт кардан омадааст.

Ибтидои пайдоиши истилоҳ ва мафҳуми таҳаммулгароӣ ҳанўз аз давраи атиқа буда, бо пайдо шудани халқияту миллатҳо, анъанаю бовар ва мазҳабу динҳои гуногуни ҷаҳонӣ рабти қавӣ дошта, дар муколамаи ин фарҳангҳо нақши муҳим гузоштааст.

Аз ҷумла, таҳаммулгароӣ дар равияи динӣ-фалсафии тасаввуф, ки моҳиятан мабнои худро аз дини Масеҳият ва Буддоия гирифтааст, ҳамчун масъалаи муҳими ахлоқӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи худро дорад. Маҳз тасаввуф инсонро бо мафҳумҳои такмили худӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камолоти инсонӣ расонида, аз фишору маҳдудиятҳо ва таассуботи мазҳабию динӣ озод мекунад. Он таассуботе, ки қарнҳост кулли башарро аз якдигар дур сохтааст ва инсоният дар натиҷаи он ба бефарҳангиву ҷаҳолат роҳ дода, яке аз дигаре фосила мегирад.

Фарҳанги ҷаҳонӣ дар тўли таърих мазҳабу боварҳои зиёдеро рўи кор оварда, ки пайдоиши онҳо арзишу ҳуввияти гуногунро ташаккул додааст. Тарзҳои мухталифи эътиқодмандии халқҳою миллатҳои зиёд сохтори гуногуни диниро, ки ба худ тобиши сиёсӣ гирифта буданд, ба миён овард. Афроди ҷомеаи ҷаҳонӣ нуқтаи парастиши якхела надоштанд. Бутпараст бутро, насронӣ Исоро ва мусалмон Худовандро мепарастанд, бо вуҷуде, ки ҳамагӣ як мақсад доштанд, ба қавли Хоҷа Ҳофиз «Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона баҳона аст».

Чун эътиқодмандии мардум мухталиф буд, ихтилофи назар низ аз сари ҳамин андеша ба вуҷуд омад. Пас, он ихтилофоте, ки дар оғози пайдоишашон кўчак менамуданд, ба тафриқаҳои бузурги мазҳабию динӣ, таассуботи динӣ ва дар охири кор ба нафрату хушунат ва тундравиҳо табдил ёфтанд.

Дар замони муосир ҷараёну равандҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи таҳаммулпазириро барои илмҳои ҷомеашиносӣ, фарҳанг ва ахлоқ мубраму аҳамиятнок арзёбӣ менамояд. Равшан аст, ки таҳаммулпазирӣ як мушкилоти ахлоқу маънавиёт аст, аммо дар ҷаҳони имрӯза онро илмҳои зиёде, аз ҷумла психология, ҳуқуқ, биология, ҷомеашиносӣ ва ғайра таҳқиқ мекунанд [13,57].

Боиси ифтихор ва саодатмандист, ки илму фарҳанги форс-тоҷик абармардонеро чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Азизуддин Насафӣ рўи майдон овардааст, ки ба суннатҳои фарҳангие чун таҳаммулгароӣ ва раводорӣ арҷ гузоштаанд. Табиист, ки соҳибони осори баландарзише чун «Маснавии Маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳӣ» ва «Мактубот» ва дуввумин «Кашф-ул-ҳақоиқ», «Инсон-ал-комил фи маърифат ал вофир», «Мақсуд-ул-ақсо» наметавонистанд, ки волоияти инсонро бо тафриқаҳое чун мазҳабу миллат ва нажоду ирқ халалдор кунанд.

Таҳаммулпазирӣ – арзиш, принсипи ахлоқӣ ва зарурати маънавӣ ва ахлоқиест, ки инсонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ўро баҳри расидан ба мақсадҳои волои инсонӣ водор менамояд. Таҳаммулпазирӣ инсонро аз ақидаҳои номатлуби таассубгароӣ, инсонбадбинӣ боздошта, ўро ба инсондўстӣ, сулҳу бародарӣ даъват менамояд.

Ҷалолуддини Балхӣ низ дар осори худ ҳар гуна ақидаҳои инсонбадбинӣ, нажодпарастӣ, қавмситезиро, ки ба беэҳтиромии дигар қавму миллатҳо оварда мерасонад, маҳкум менамояд.

Мавлоно - ин орифи забардаст, ки орои афкораш ба тамоми навъи инсоният мерасид, чи габру яҳуд ва чи мусалмон барои ў як инсон буданд:

Ҳар кабўтар мепарад дар мазҳабе,

В-ин кабўтар ҷониби беҷонибӣ.

Муҳаббати зиёду эҳтироми хосе, ки Мавлоно ба тамоми миллату мазҳабҳо дошт, аз мабнои ҳуманистии ақоидаш дарак медиҳад. Ҷалолуддини Балхӣ афроди башарро бо мазҳабу боварҳои гуногунашон эҳтиром менамуд. Чун аз назари ў асл ва ҷавҳари маънавии инсон ин Худойшиносии ўст, лек тарзу усулҳои мухталифро созгорӣ менамуд. Таҳаммулпазирӣ, бардошт, раводорӣ ва дигарпазирии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз хираду фазилат ва умқи ирфони ў дарак медиҳад:

Ҳар валиву ҳар набиро маслакест,

Лек то Ҳақ мерасад, ҷумла якест.

Эҳтирому эътирофи ҷаҳонбинии гуногун арзиши фарҳангӣ буда, раводорӣ ва бардошти бовару муқаддасоти динӣ дар фарҳангҳои ҷомеаи башарӣ мусолиматомез арзёбӣ мегардад. Мувофиқи принсипи ахлоқии буддоия, ҳар як шахс дар интихоби нуқтаи парастиши худ иродаю ихтиёри худро дорад. Аз рўи қавли муҳаққиқон М.С.Уланов ва В.Н.Бадмаев - Буддо зарурати таҳаммулпазирии диниро нисбат ба дигар динҳо таъкид кардааст. Муҳаққиқи тоҷик Умедов М.Ҳ. бар ин назар аст, ки таълимоти Буддоия ба ҷараёни тасаввуф таъсири муайянеро гузоштааст. “Ҳамчунин муаллиф консепсияи таҳаммулпазириро дар афкори фалсафии форсу тоҷик баррасӣ намуда, дар заминаи он таъсири таълимоти буддоӣ ба фалсафаи тасаввуфро муайян намудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили адабиёти илмӣ, буддоияро асоси назариявии дарки таҳаммулпазирӣ дар афкори фалсафии форсу тоҷик муаррифӣ намудааст.

Гуманизм ва инсондўстӣ моҳияти маънавии таҳаммулгароӣ ба шумор меравад, ки дар ташаккули ҷараёни ахлоқии равияи тасаввуф мақому манзалати худро дорад. Мувофиқи принсипи ахлоқии тасаввуф ашхосеро, ки ба ҳадди баланди инсондўстӣ расидаанд, “инсони комил” меноманд.

Азизуддин Насафӣ файласуф, табиб ва мутафаккири пуркори қарни сенздаҳ маҳсуб буда, афродеро, ки ҷомеаи инсониро бо хиради азалӣ ва қудрати маънавии худ пеш мебаранд, «қутбҳои ҷомеа» номидааст. Аз назари ў ин қутбҳо камшуморанд, лекин метавонанд бо малакаю кордонии худ ҷомеаро ба танзим дароранд.

Азизуддин Насафӣ асли инсониятро дар камозорӣ ва муҳаббату мурувват медид. Ў ҳамагуна Худойшиносиро эҳтиром мекард. Инсони комили Азизуддин Насафӣ аломатҳои зиёде дорад. Яке он аст, ки «Ба халқи олам ба якбор ба сулҳ бошад ва ба назари шафқат ва марҳамат дар ҳама нигоҳ кунад ва мададу муовинат аз ҳеҷ кас дареғ надорад ва ҳеҷ касро ба гумроҳӣ ва бероҳӣ нисбат накунад ва ҳамаро дар роҳи Худой донад ва ҳамаро рўй дар Худой бинад ва шак нест, ки инчунин аст».

Мувофиқи қавли Азизуддин Насафӣ “Тамомати мавҷудот ҳамчун як шахс аст ва инсони комил дили он шахс аст ва мавҷудот бедил натавонад буд. Пас, инсони комил ҳамеша дар олам бошад ва дил зиёдат аз яке набувад. Пас, инсони комил дар олам зиёдат аз яке набошад. Дар олам доноён бисёр бошанд, аммо он ки дили олам аст, яке беш набувад. Дигарон дар маротиб бошанд”.

Бинобар таълимоти ахлоқии мутафаккирони форсу тоҷик, гуманизм ва инсонгароӣ омили муҳимест барои ташаккулу такомули инсони бофазилату хирадманд. Зеро хосатан дар ҷаҳони имрўзаи пурмоҷарои сиёсию ахлоқӣ танҳо гуманизм метавонад, ки бар хилофи нафрату бадбинӣ ва хушунату ҷаҳолат муқовимат карда тавонад: “Таҳлили мазмуни мафҳуми калидӣ - гуманизм ва муносибати он ба фазилати инсон муҳим мебошад. Зеро инсондӯстӣ бар эътирофи ҳамаҷонибаи инсон ҳамчун шахсият асос меёбад ва чунин эътироф бидуни фарзияи фазилати инсон ғайриимкон аст. Фазилати инсон ҳам ба натиҷаҳои объективии фаъолияти одам ва ҳам ба мақсаду мароми субъективии фаъолияти ӯ ва ба муносибати бошуурона ба онҳо вобаста аст. Аммо, воқеияти муосир нишон медиҳад, ки инсон дар баробари манфиатҳои дигар - иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ ҳамоно қадр намегардад. Миқёси имрӯзаи зӯроварӣ, ҷангҳо, одамрабоӣ, истисмори меҳнат, бастани марзҳо ва ғайра, ки қадри зиндагии инсон ва инсондӯстиро ҳамчун пояи асосии фазилати инсон паст менамояд.

Таҳаммулпазирӣ дар афкори фалсафии Фаридуддин Аттор низ мавқеи хосеро ишғол мекунад. Мутафаккир бар он андеша ҳаст, ки ишқу муҳаббат заминаи инсондўстию таҳаммулпазирӣ мебошанд: “Мафҳуми «ишқ» дар таълимоти ахлоқии Аттор мавқеи асосиро дошта, чун анъанаи пешин ишқ бояд ба роҳи шинохти Худо равона бошад. Ишқ дар афкори Аттор дар бештар маврид объекти инъикоскунандаи ахлоқ мебошад ва хулоса карда мешавад, ки таҳаммулпазирӣ ҳамчун тарзи ҳаёт арзиши назарраси иҷтимоӣ буда, таълими мураккаби шахсиятро ифода менамояд. Асоси чунин тарзи таълим бар пояи ишқ бунёд ёфтааст.

Азизуддин Насафӣ такомули баланди инсони комилро дар он медид, ки ба ҳама навъҳои ақида ва дину мазҳабҳо таҳаммул ва гузашт кунад. Инсони комил ҳамонест, ки ба ашхоси ғайри ақидаи худ бадбинӣ ва душманиро раво надиҳад: «..аз эъроз ва эътирозу инкор боз ояд ва ҳеҷ касро душман надонад, балки ҳама касро дўст дорад. Ҳама касро ба исме мансуб кардаанд шаръия. Якеро ҳанафӣ ва якеро шофеӣ ва якеро тарсо ва якеро мусалмон ном ниҳодаанд. Ва ҷумларо ҳамчу худ оҷиз бинад, бечора ва толиби Худо шиносад».

Афкори иҷтимоӣ-ахлоқии Азизуддин Насафӣ дар ҳадди такомулёфта аст. Барои ў амнияти ҷомеа дар ҷои аввал меистад. Тарбияи иҷтимоъ бояд ҳам аз тарафи олимон ва ҳам аз тарафи ҳокимият ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, чунки дар ин маврид саҳлангорӣ ба манфиати ҷомеа нест: «...сеюм шафқат кардан аст ба ҳама кас. Шафқат он бошад, ки ба мардум чизе гўянд, ки чун бад-он кор кунанд, дар дунё ва охират суд кунад ва асли шафқат он бошад, ки ба мардум насиҳат ва адаб кунад. Аҳли илм насиҳат ва аҳли қудрат адаб кунанд, то мардум аз якдигар эмин шаванд».

Азизуддин Насафӣ дар тарбияи инсон ҳадди эътидолро эҳтиром мекард. Аз назари ў инсон бояд аз рўи идроки ақлонӣ ва мантиқӣ дар фаъолияти доимии худ ба ифрот роҳ надиҳад.

Ҳадаф аз парастишу ибодат ва Худойшиносӣ тарбияи маънавии инсон ва ахлоқи ҳамида мебошад. Пас, дастбурд аз ин ибодатҳо бояд дарки нафъи ҷомеа бошад: «Эй дарвеш! Дар банди он мабош, ки илм ва ҳикмати бисёр хонӣ ва худро олим ва ҳаким ном ниҳӣ. Ва дар банди он мабош, ки тоат ва ибодати бисёр кунӣ ва худро обид ва Шайх ном кунӣ, ки инҳо ҳама бало ва азоби сахт аст. Аз илм ва ҳикмат ба қадри зарурат кифоят кун ва он чи нофеъ аст, ба даст ор ва аз тоат ва ибодат ба қадри зарурат басанда кун ва он чи молобуд аст, ба ҷой ор. Ва дар банди он бош, ки баъд аз шинохти Худой таҳорати нафс ҳосил кунӣ ва беозор ва роҳатрасон шавӣ, ки наҷоти одамӣ дар ин аст».

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар масъалаи саҳлангорӣ, ё раводорӣ ба дигар дину мазҳабҳо бесобиқа аст. Достони Мўсо (а) ва шўбон далели воқеии дигарпазирӣ ва таҳаммулгароии ақоиди Мавлоно мебошад. Вақте ки пайғамбар Мўсо (а) розу ниёзи соддалавҳонаи шўбонро ба Худованд шунид, ниҳоят дар ғазаб омад, ки шўбон Худоро ба инсон монанд мекунад. Шўбон аз сарзаниши Мўсо (а) ноумеду рўҳафтода шуд ва аз ибодат боз монд. Ваҳйе, ки аз ҷониби Худованд ба Мўсо (а) омад, пайғамбарро мутаассир кард ва ў рафта шўбонро кофта аз ў узр хост.

Ваҳй омад сўйи Мўсо аз Худо:

Бандаи манро чаро кардӣ ҷудо?

Ту барои васл кардан омадӣ,

На барои фасл кардан омадӣ.

Ман накардам халқ, то суде кунам,

Балки то бар бандагон ҷуде кунам.

Мо забонро нангарему қолро,

Мо дарунро бингарему ҳолро.

Мавлоно дар дигар ҷо андешаи фалсафияшро доир ба яксон будани инсонҳо аз ҷиҳати бовару мазҳабҳо дар пешгоҳи Худованд иброз медорад:

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ боз о,

Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.

Дар таърихи тамаддуни ниёконамон шахсиятҳое буданд, ки бо мероси илмии худ дар пешрафти илм, фарҳанг, маънавиёт ва ахлоқи форс-тоҷик нақши муҳим гузоштаанд. Саромадони илму фунун, чун Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Аттор, Саноӣ, Саъдии Шерозӣ, Насриддини Тўсӣ, Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Хайём, Имоми Аъзам Абўҳанифа ва дигарон бо андешаҳои мутафаккирона, афкори фалсафӣ, тахмин (гипотезаҳо – С.П.)-и илмӣ ва ҳатто бо кашфиётҳои нахустини худ дар маҷрои рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ чунбишу такони шикастнопазире ворид кардаанд.

Осоре, ки ин шахсиятҳо ба мерос гузоштаанд, аз руи принсипи ахлоқии адолату хирадмеҳварӣ, инсондўстӣ ва таҳаммули ҳамаи ирқҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ, миллату мазҳаб, боварҳою муқаддасоти якдигар рўи кор омаданд: «Дар ин росто, гуфтугўи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрўза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла, халқи тоҷик заминаи мусоид мегардад. Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳон - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни Исломӣ шодоб гардидааст. Сарзамини ниёгони мо ҳанўз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавият, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишхои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла, тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рў ба рў шудааст. Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт.

Фарҳанги таҳаммулгароӣ дар таърихи форс-тоҷик заминаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дорад. Аз ҷумла, шахсиятҳои машҳуре низ буданд, ки дар мураккабтарин марҳилаҳои шукуфоии фарҳанги тоҷик, бо таълимоти ахлоқӣ-иҷтимоӣ, андешаҳои комили ақлонӣ ва афкори таҳаммулгароии худ дар саҳифаҳои таърих табаддулоти комил ворид намуданд.

Имоми Аъзам Абуҳанифа, ки ҳамчун фақеҳ, олими илмҳои динию дунявӣ, муассиси мазҳаби Абуҳанифа дар олами Ислом ба маъруфият шинохта шуда буд, дар тўли фаъолияташ ҷанбаи раводорӣ ва таҳаммулпазириро пеша намуда буд: «Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугўи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд. Ў мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчўбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои Ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад. Назари воқеъбинона ба моҳияти мазҳаби Абуҳанифа нишон медиҳад, ки он дорои ганҷинаи ғании илмиву фикрӣ буда, ба ҷаҳон ва инсон нигоҳи комил дорад ва метавонад посухгўи бисёр ниёзҳои асосии имрўзу фардои пайравонаш бошад. Зеро арзишҳои аслии он ба ҳуқуқи инсонӣ, адолати иҷтимоӣ, озодии андеша ва даъват ба созишу мадоро, дурӣ аз хушунат, таҳаммулгароӣ ва амсоли ин такя мекунанд».

Мувофиқи қавли академик Олимов Кароматулло, таърихи фалсафаи тоҷик ҳамрадиф бо фалсафаи ҷаҳонӣ ташаккул ва инкишоф ёфтааст, ки дар ин ҷараён равияҳои гуногуни фалсафии он вобаста бо табаддуллоти зиёди иҷтимоӣ-сиёсӣ ва умуман фарҳангӣ ташаккул ёфта, ғояҳои фалсафию маънавии он дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим гузоштаанд: «Як ҷиҳати муҳимро ҳангоми таҳқиқи проблемаҳои таърихи фалсафа мо бояд аз ёд набарорем, ки таърихи фалсафаи тоҷик ҷузъи фалсафаи ҷаҳонист. Зеро халқҳои эронинажод аз саргаҳи таърихи тамаддун дорои давлат ва ҷаҳонбинии хоси худ будаанд. Аз ин рў, дар раванди таҳқиқ мо робитаи андешаҳои фалсафии равияҳои фикрии халқи худро дар робита бо раванди таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ дар замону фазои таърихии муайян ва таъсири мутақобила баррасӣ намоем».

Муҳаммад Осимӣ хидмати аҳли тасаввуфро махсусан дар ҷорӣ кардани сулҳ ва фазои таҳаммул дар байни ҳиндувон ва мусалмонон бузург донистаанд ва навиштаанд: «Аҳли тасаввуф бо тарғиби ахлоқи ҳамида дар байни мардум обрўю эътибор пайдо карда буданд. Онҳо баробарии аҳли башарро тарғиб мекарданд, ҳуқуқи инсонро дифоъ мекарданд, бар муқобили худсарӣ ва зулми ҳокимон ҷасурона эътироз меварзиданд».

Назари файласуфи тоҷик Шамсов М.С. дар ин робита аз он иборат аст, ки Ҷалолуддини Балхӣ бо афкори нотакрори ирфонию фалсафияш тавонистааст инсони комилеро тарбия намояд, ки бо такмилу тасфияи ботину қалб ба мақоми баланди худшиносӣ расида, дар гуфтугў ва муколама на бо як инсон, балки бо аҳли башар қарор дорад: «Мавлоно дар ин абёт ишора мекунад, ки асрор мавҷуданд ва ҷои онҳо ботин (дарун) аст ва машғул шудан ба сурати зоҳир, на ба ҳақиқати он, ба сарманзили мақсуд намебарад. Пас, худшиносие, ки Мавлоно мехоҳад баён созад, ҳамон худшиносиест, ки аз қадиму-л-айём бо алфозу таобири гуногун ба забони башар бо анвои ба ҳам мувофиқу мухталиф баён гаштаанд. Лекин Мавлоно ба сурати эъҷозу дилфиреб, ороста бо зевари мафҳуму маонӣ, ҳикоёту масал, нукоту ишорот иборапардозӣ мекунад».

Аз назари Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ нуқтаи баланди камолоти инсон, худшиносӣ мебошад. Инсони Мавлоно, ки ба худшиносӣ расидааст, ба пояи баланди инсондўстӣ мерасад ва пас аз дараҷаи камолоти маънавӣ барои ў кулли инсоният, новобаста ба гуногунии ирқу нажод, миллату мазҳаб ягонаанд. Худшиносӣ муҳимтарин илм аст дар такмили инсони Мавлоно: «Мавлоно илми худшиносиро на танҳо шарифтарин, балки заруртарин илм барои инсоният медонад, хосса барои аҳли улум. Ў дар мисоли уламои замони худ мегўяд, ки онҳо бо илмҳои гуногун машғуланду мўшикофӣ мекунанд, дар ҳоле ки аз худии худ бехабаранду дар диди ҳақиқати асрор бебасар. Мавлоно мефармояд: «Акнун ҳамчунин уламои аҳли замон дар улум мўй мешикофанд ва чизҳои дигарро, ки ба эшон тааллуқ надорад, ба ғоят донистаанд ва эшонро ба он иҳотати куллӣ гашта ва он чи муҳим аст ва ба ў наздиктар аз ҳама он аст, худи ўст ва худии худро намедонад».

Аз рўи қавли академик Кароматулло Олимов: «Яке аз вазифаҳои фалсафа, аз ҷумла таърихи фалсафа, низ ҳамин аст, ки бо истифода аз усул ва методологияи илмӣ мероси гузашта, осори шахсиятҳою мутафаккирони бузурги моро, махсусан ақидаҳои озодандешона ва инсонпарваронаи онҳоро, бештар ба аҳли илм ва ҷомеа пешкаш намояд ва барои эҷоди тафаккури солим ва ифтихори миллии ба ҳақиқат ва воқеият созгор мусоидат кунад».

Ба ҳамин тариқ, таҳаммулгароӣ дар фарҳанги тоҷику форс масъалаи муҳиму арзишмандест, ки дар заминаи инсондўстӣ, эҳтиром ба бовару муқаддасоти саросарии ҷомеаи инсонӣ ташаккул ёфта, ба муколамаи фарҳангҳо ва ваҳдату сулҳу мусолимат мерасонад.

Ҷаҳони имрўза, ки бо таъсири тағйироти босуръати равандҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ ба маҳдудиятҳои гуногуни фарҳангӣ рў ба рў шуда истодааст, аз ҷомеаи башар тақозо мекунад, ки аз дидгоҳи гуманизм, сулҳу мусолимат ва муколамаю гуфтугўи тамаддунҳо назар намояд.

Саидҷафарова П.Ш. - н.и.ф., мудири шуъбаи онтология, гносеология ва

мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121