МАСЪАЛАҲОИ ҶАНГ ВА СУЛҲ ДАР ТАЪЛИМОТИ МАВЛОНО
Дар арафаи ҷашни 800-умин солгард аз зодрўзи мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси ин нобиғаи беназир ва аҳамияти беандоза бузурги онро барои ҷаҳони муосир баррасӣ намуда, қайд карда буданд: «Ҷалолуддини Румӣ дар давроне зистааст, ки пур аз воқеъа ва моҷароҳои сиёсиву иҷтимоӣ буд… ва табиист, ки ин наметавонист ба эҷодиёти ў бе таъсир бимонад. Аз ин рў руҳияи зиддиҷангӣ ва муқобилият бар зўроварӣ ба тамоми ҷанбаҳои таълимоти мутафаккир хос аст:
То ғилоф андар бувад, боқиммат аст,
Чун бурун шуд, сўхтанро олат аст (1; 11)».
Дар ҳақиқат ҳам, шоҳиди ҷангҳои хунини Муҳаммади Хоразмшоҳ дар Самарқанд, Балх ва Вахшонзамин ва тасарруфи Осиёи Миёна, Афғонистон ва сарзамини Туркияи муосир бо ҳамлаҳои хунин аз ҷониби урдуи муғул гашта, минбаъд Мавлоно бо корномаи илмию адабии худ аз ҷумлаи он мутафаккироне гардид, ки назарияи сулҳи куллро дар фарҳанги умумибашарӣ нафаси тоза бахшиданд. Моҳияти асосии ин назария, чунон ки маълум аст, минбаъд дар суханони мутафаккири франсавӣ Виктор Гюго - «Сулҳи кулл на танҳо дастрас аст, балки ҳадафи ногузири инсоният мебошад» (2), ифода ёфтааст. Ба самти чунин назария мувоҷеҳ гаштани таълимоти Мавлоноро се омили асосӣ муайян намуданд: аввалан, эътироф нагаштани ҷанг ҳамчун роҳи ҳалли масъалаҳо аз ҷониби мутафаккир; сониян, моҳиятан ба назарияи адами мухолифат ба бадӣ аз роҳи зўрӣ майл доштани нуқтаи назари Мавлоно; сеюм, ақидаҳои ахлоқии Мавлоно ва сифатҳои шахсии ў ҳамчун инсони комил. Таҳлили баъзе пораҳои осори ҷовидонаи ин нобиға таъсири омилҳои фавқуззикрро дар ҷаҳонбинии ў ба хубӣ равшан месозад.
Чи тавре, ки қайд гардид, ҷангро чун роҳи ҳалли низоъҳо Мавлоно усулан қабул надорад ва ин ҷост, ки рў овардан ба зўриро ў як кори кўдакона ва аз ҷиддият дур меҳисобад. Ба ин маънӣ мутафаккир дар дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и худ навиштааст:
Ҷанги халқон ҳамчу ҷанги кўдакон,
Ҷумла бемаъниву бемағзу мўҳон (3; 68).
Ба сабаби дар боло зикршуда Мавлоно бар ақидаи он аст, ки мардуми соҳибхирад аз ҷангу низоъ ҳамеша канораҷўӣ менамояд ва дар сурати сар задани чунин ҳолатҳо, аз ноилоҷӣ ҷилои ватан мекунад. Байти зерини ин донишманди варзида, ки имрўз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун мақол истифода мегардад, ифшогари ҳамин маънист:
По тиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг,
Дарди ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг (3; 49).
Пояи дигари таълимоти Мавлоно оид ба сулҳи кулл моҳиятан ба назарияи адами мухолифат ба бадӣ аз роҳи зўрӣ такя мекунад. Ин назария, ки дар фарҳанги ҷаҳонӣ таърихи хеле қадима дошта, ҳанўз дар таълимоти Суқрот зуҳур карда буд, минбаъд ҳам дар буддоия, ҳам масеҳият ва ҳам дини ислом ривоҷи беандоза пайдо намуд. Адами мухолифат ба бадӣ дар таълимоти ирфонӣ, ки аз ҷониби тариқати тасаввуфии нақшбандия ба авҷи аълояш расонида шудааст, аз ҷумла аз афкори зерини Мавлоно, ки ҳам дар насру ҳам дар назм гуфта шудаанд, реша мегирад: «Озодмард он аст, ки аз ранҷонидани касе наранҷад, ҷавонмард он бошад, ки мустаҳиққи ранҷониданро наранҷонад» (4;260);
То дар ин суратем, аз кас мо
Ҳам наранҷему ҳам наранҷонем (5; 488).
Ҳамин маъниро Мавлоно дар байти дигари машҳури худ дар «Девони кабир» ба таври хеле муассир чунин баён кардааст:
Мо шохи баландем, пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад, кор надорем (4; 260).
Боиси таъкид аст, ки паҳлўҳои мухталифи мабдаъи «ҳам наранҷему ҳам наранҷонем» дар шакли назарияҳои ҷузъӣ ё мукаммал минбаъд дар таълимоти Ф.М. Достоевский, Л.Н. Толстой, М. Ганди, Н. Рерих, Н. Мандела ва мутафаккирони дигар рушди ҳамаҷониба пайдо карда, дар тарбияи таҳаммулпазирии мардуми мухталифи олам нақши бузурге бозиданд.
Чун аз сулҳу сулҳхоҳӣ дар афкори Мавлоно сухан меравад, зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ҳар сурат, муҳимтарин пояи таълимоти мутафаккирро оид ба сулҳи кулл ақидаҳои ахлоқӣ ва сифатҳои шахсии ў, ки ҳамчун инсони комил дар байни шогирдон, ҳампешагон ва муосирон дар даврони худ ва имрўз дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб назди чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии онҳо шинохта шудааст, ташкил медиҳанд.
Мавлоно чунин шахсияти таҳаммулпазире буд, ки худро баробар бо намояндагони «ҳафтоду се мазҳаб» медонист. Аз ин рў дўстию бародарӣ байни мардуми гуногунмазҳабу мухталифадёнро ў сабабгори иттиҳоду ҳамдилӣ байни абнои башар ва ободии кишварҳо шумурда, кинаву адоватро боиси вайронии давлату бошандагони он дониста аст:
Сад Миср мамлакат зи таъаддӣ хароб шуд,
Сад баҳр салтанат зи татовул сароб шуд (5; 593).
Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки дар таълимоти маърифатии Мавлоно хирад, ақл мақоми хеле муҳимро ишғол намуда, ҳамзамон ҳамчун асоси ахлоқи инсонӣ шинохта шудааст. Бо ҳамин сабаб барои бадастории оромию осоиш ва канораҷўӣ аз зўроварӣ низ мутафаккир маҳз хирадро раҳнамои асосии инсон меҳисобад:
Он кас, ки зи ҷони х(в)ад натарсад,
Аз куштани неку бад натарсад…
Аз аблаҳияст, не шуҷоат,
Гар ҷоҳил аз хирад натарсад (5; 477).
Вале боиси таъкид аст, ки Румӣ ақли инсонӣ, қобилият ва истеъдоди ўро фитрӣ медонад. Аз ин рў мутафаккир эътиқоди комил бар он дорад, ки дар ҳолати шикастани чорчўби хирад ва истифода бурдан аз зўроварӣ дар муносибат бо дигарон, қонунҳои фитрӣ ногузир амал мекунанд ва барои ниятҳои бади худ дар ин роҳ ҳар махлуқеро мукофоти амал интизор аст:
Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад,
Чун ҳукми Худо ояд, он зеру забар бошад (5; 429).
Ногуфта намонад, ки Мавлоно худ инсони комил ва мутафаккире буд, ки дар ҷамъият буданро авлотар аз гўшанишинӣ медонист, яъне ў шахсияти ҷамъиятӣ буд. Агар нишонаҳое аз фардият (индивидуализм) дар гуфтору амалаш мушоҳида мегардид, ин танҳо канораҷўии маънавӣ буд, на моддӣ. Ҳатто рукни муҳимтарини амалияи тасаввуфии тариқати мавлавия – самоъ маънии сарҷамъии инсонҳои ошиқро дошт. Мутафаккир чунин меҳисобид, ки танҳо дар ҷамъият, маҷлисҳо, байни инсонҳо, дар дилу басар ва тавассути ёрии байниҳамдигарии онҳо мақсуд ба шахс муяссар мегардад. Ба ин маънӣ ў дар асари мансури хеш - «Фиҳӣ мо фиҳӣ» фармудааст: «Ёрӣ хуш чизе аст, зеро ки ёр аз хаёли ёр қувват мегираду меболад ва ҳаёт мегирад (6; 85)».
Ба сабабҳои дар боло зикршуда Мавлоно «Пирўзӣ зи иттифоқ хезад (5; 476)»-ро шиори зиндагии худ карда, бе кинаву адоват, дар мувофиқат бо ёрон зистанро ғанимат медониста аст:
Мо суҳбати ҳамдигар гузинем,
Бар домани ҳамдигар нишинем.
Ёрон, ҳама пештар нишинед,
То чеҳраи ҳамдигар бубинем.
Моро зи дарун мувофиқатҳост,
То зан(н) набарӣ, ки мо ҳаминем (7; 352).
Чунин маъниҳои бикр оид ба рафоқату дўстӣ, иттиҳоду ваҳдати ёрон дар аксарияти ашъори Мавлоно ба чашм мерасанд ва то имрўз, ҳам дар шакли шеър ва ҳам таронаҳои хушоҳанг аз забони мардуми зиёд садо медиҳанд:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем…
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем…
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем? (7; 342).
Дар маъхазҳои асримиёнагӣ низ ҳикояту ривоёти зиёде дар бораи қадрсозии ёрию дўстӣ аз ҷониби Мавлонои Балхӣ ва даъватҳои пайвастаи ў ба сулҳу мадорои инсонҳо бо ҳамдигар оварда шудаанд. Аз ҷумла, муаллифи тазкираи «Маноқиб-ул-орифин» - Аҳмади Афлокӣ зикр намудааст, ки Мавлоно таъкидҳои қуръониро оид ба накў будани сулҳу салоҳ («Ас-сулҳу хайрун») ва бартарии онро ба низоъу моҷароҳо ҳамеша ба шогирдону муридон ёдрас мекарда аст:
Чу фармудаст Ҳақ, к-«Ассулҳу хайрун»,
Раҳо кун моҷароро, ай ягона (8; 234).
Чун аз шахсияти Мавлоно сухан рафт, зикр бояд кард, ки дар таърихи илму фарҳанг дар ҳаққи бузургон ҳамеша баҳсҳо зиёд будаанд. Аз ин қатор Мавлоно низ истисно нест, зеро афкори ўро аз даврони зиндагияш то имрўз ба таври мухталиф баҳо додаанд. Ононе, ки «Маснавӣ»-и Мавлоноро фаҳмидаанду дар машраби муаллифаш будаанд, ин китобро «Қуръон дар забони паҳлавӣ» хондаанд, яъне Мавлоно исломро либоси тоҷиконаи ирфонӣ пўшонидааст. Ононе, ки «Маснавӣ»-ро боз ҳам хубтар фаҳмидаанд, вале дар машраби муаллифаш нестанд, ба ин асар «Каломи суфиёни шум» ном ниҳодаанд, яъне Мавлоно исломро таҳриф намудааст.
Вале дар ҳар сурат таъкид бояд намуд, ки дар бораи ин мутафаккир ва осори ў якнавохт сухан гуфтан нашояд. Калимот ва ақидаҳои ў маъниҳои амиқе доранд, ки на танҳо дар нисбати шахсони гуногун, балки дар нисбати ҳамон як шахс ҳам дар ин лаҳза як фикрро ба сар меоранд ва лаҳзаи дигар – фикри дигареро. Ба ин сабаб воқеъбинона тафсир намудани осори Мавлоно кори сахт душворест. Аммо оне, ки ў як шахси хоксори заминист ва маҳз ҳамин сифат ўро ҳамчун инсони комил барои коштани тухми меҳру садоқат, ишқу адолат ва сулҳу ваҳдати инсонҳо раҳнамоӣ кардааст, ягон шакку шубҳае надорад:
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок
Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем (7; 305).
Дар маҷмуъ афкори Мавлоно оид ба сулҳу сулҳхоҳӣ таҷрибаи то замони ў дар ин самт андўхтаи илму адаби тоҷикро то андозае ҷамъбаст кард. Аз тарафи дигар, ин таҷриба ва ин афкори адабӣ ва илмию фалсафӣ дар осори мутафаккирони минбаъда рушд ёфта, барои мардуми тоҷик чун роҳнамои бузурге дар раванди сулҳсозӣ дар замони муосир хидмат намуданд. Маҳз ба ҳамин ишора карда, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «… халқи тоҷик, халқе, ки анъанаҳои қадими сулҳу сулҳхоҳӣ ва мубориза алайҳи ҷангу зўроварии худро дар таълимоти Румӣ ва садҳо мутафаккирони дигар таҷассум сохтааст, бо такя ба ин таҷрибаи бои ниёгон ва талоши пайвастаи фарзандони асили Ватан тавонист, ки аз роҳи ҷанг баргардад ва дар кишвари худ сулҳу осоиш ва ваҳдатро барқарор созад (1; 12)».
Бешубҳа, халқе, ки дар таърихи худ боре ҳам мардуми дигарро озоре надодаву танг накардааст, ба хоки бегонагон бо ҷанг нарафтааст ва халқе, ки ба қавли Мавлоно дар каф санг надорад, месазад, ки дар Ватани соҳибистиқлоли хеш чун дар гулистон ҳамеша озоду ором, дар сулҳу иттиҳод умр ба сар барад:
Дар каф надорам санг ман, бо кас надорам ҷанг ман,
Бо кас нагирам танг ман, зеро хушам чун гулситон… (7; 503)
Хуршед Зиёӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ

