КОРРУПСИЯ –ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА ЗАРАРОВРИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ буда, дар давраҳои гуногуни рушди давлатдорӣ шаклҳои мухталиф гирифтааст. Пайдоиши институтҳои давлатӣ, тақсимоти ваколатҳои идоракунӣ ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ замина фароҳам оварданд, ки дар баробари фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, ҳолатҳои истифодаи ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ низ ба вуҷуд оянд. Аз ин рӯ, масъалаи коррупсияро наметавон танҳо ба шароити ҷомеаи муосир маҳдуд намуд. Ин падида дар давраҳои гуногуни таърихӣ вуҷуд дошта, вобаста ба сохтори сиёсӣ, низоми иқтисодӣ, сатҳи рушди ҳуқуқ ва муносибатҳои иҷтимоӣ мазмун ва шаклҳои гуногун касб кардааст.
Дар адабиёти муосир коррупсия асосан ҳамчун истифодаи нодурусти ваколат ё қудрати ба шахс боваркардашуда ба манфиати хусусӣ шарҳ дода мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ коррупсияро «сӯиистифодаи мансаби давлатӣ ба хотири манфиати шахсӣ» маънидод намуда, ба шаклҳои гуногуни он, аз ҷумла ришваситонӣ ва тасарруфи маблағҳои давлатӣ, ишора мекунад. Созмони Милали Муттаҳид тавассути Конвенсияи зидди коррупсия маҷмӯи кирдорҳои коррупсиониро танзим менамояд, вале худи Конвенсия таърифи ягонаи умумии коррупсияро муқаррар накардааст. Ин ҳолат ба давлатҳо имконият медиҳад, ки бо назардошти хусусиятҳои ҳуқуқии миллӣ доираи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро мушаххас намоянд.
Таърихи ташаккули давлатҳо нишон медиҳад, ки муносибати байни ҳокимият, шахси мансабдор ва ҷомеа ҳамеша масъалаи муҳимми идоракунии ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафтааст. Бо пайдоиши мақомоти давлатӣ шахсони дорои ваколатҳои идоракунӣ имконияти қабули қарорҳое пайдо карданд, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои дигарон таъсир мерасониданд. Ҳамин тавр, дар баробари зарурати таъмини манфиатҳои умумӣ, имконияти истифодаи ваколатҳо ба манфиати шахсӣ низ ба вуҷуд омад.
Дар ҷомеаҳои ибтидоии давлатдорӣ муносибатҳои моликият, табақабандии иҷтимоӣ ва вобастагии иқтисодӣ аксар вақт боиси шаклгирии муносибатҳои нобаробар мегардиданд. Масалан, дар ҷомеаҳои ғуломдорӣ муносибати байни ғуломдор ва ғулом на танҳо хусусияти иқтисодӣ, балки хусусияти ҳуқуқию иҷтимоӣ низ дошт. Ғуломдор кӯшиш менамуд, ки аз меҳнати ғулом ҳадди аксари фоида ба даст оварад. Аммо чунин муносибатро бевосита бо мафҳуми коррупсияи муосир яксон кардан дуруст нест, зеро коррупсия ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ ва идоракунӣ пеш аз ҳама ба сӯиистифода аз ваколат ё қудрати ба шахс боваркардашуда алоқаманд аст.
Аз ин лиҳоз, барои таҳлили илмии таърихи коррупсия бояд аз истифодаи механикии мафҳумҳои муосир нисбат ба ҷомеаҳои гузашта худдорӣ намуд. Бештар дуруст аст, ки коррупсияро ҳамчун яке аз шаклҳои таърихии муносибати манфиатҳои хусусӣ бо ваколати ҷамъиятӣ баррасӣ намоем.
Яке аз заминаҳои муҳимтарини пайдоиши муносибатҳои коррупсионӣ бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Вақте ки шахси дорои ваколати давлатӣ ё хизматӣ манфиати хусусии худро аз манфиати қонунӣ ва ҷамъиятӣ боло мегузорад, хавфи коррупсия зиёд мегардад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, масъалаи бархӯрди манфиатҳо дар низоми муосири пешгирии коррупсия аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бархӯрди манфиатҳоро ҳамчун ҳолате тавсиф мекунад, ки дар он вазифаи ҷамъиятии шахси мансабдор бо манфиатҳои хусусии ӯ бархӯрд мекунад ва ин манфиатҳои хусусӣ метавонанд ба иҷрои беғаразонаи вазифаҳои хизматӣ таъсир расонанд. Ҳамин тариқ, худи бархӯрди манфиатҳо ҳатман коррупсия нест, вале агар он ошкор, идора ва пешгирӣ карда нашавад, метавонад барои содир шудани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ замина фароҳам оварад.
Коррупсия мафҳуми бисёрҷанба мебошад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ он бо содир намудани амал ё беамалии ғайриқонунӣ ва истифодаи мақоми хизматӣ барои ба даст овардани манфиати ғайриқонунӣ алоқаманд аст. Аз нуқтаи назари сиёсӣ коррупсия метавонад самаранокии идоракунии давлатиро коҳиш диҳад. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ бошад, он рақобати одилонаро халалдор намуда, тақсимоти самараноки захираҳоро заиф месозад. Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ коррупсия метавонад сатҳи эътимоди шаҳрвандонро ба институтҳои давлатӣ коҳиш диҳад.
Шаклҳои коррупсия низ гуногун мебошанд. Ба онҳо ришваситонӣ ва ришвадиҳӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ ё шахсони дигар, бархӯрди танзимнашудаи манфиатҳо, истифодаи ғайриқонунии маблағҳои давлатӣ ва дигар амалҳои ба коррупсия алоқаманд дохил мешаванд. Аз ин рӯ, коррупсияро танҳо бо мафҳуми «ришва» маҳдуд кардан аз ҷиҳати илмӣ нодуруст мебошад. Ришва яке аз шаклҳои маъмули коррупсия аст, аммо падидаи коррупсионӣ доираи васеътар дорад. Дар таҷрибаи байналмилалӣ низ таъкид мешавад, ки коррупсия маҷмӯи кирдорҳои гуногунро дар бар мегирад ва муайян намудани таърифи универсалии он мушкил мебошад.
Дар шароити давлатдории муосир мубориза бо коррупсия на танҳо масъалаи ҷавобгарии ҳуқуқӣ, балки масъалаи сифати идоракунии давлатӣ мебошад. Давлати муосир барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди иқтисодӣ ва устувории иҷтимоӣ ба институтҳои шаффоф ва ҳисоботдиҳанда ниёз дорад. Коррупсия метавонад ба ин равандҳо таъсири манфӣ расонад. Агар шаҳрванд ё соҳибкор чунин тасаввур пайдо кунад, ки дастрасӣ ба хизматрасонии давлатӣ, иҷозатнома, шартномаи давлатӣ ё имконияти иқтисодӣ тавассути муносибатҳои ғайриқонунӣ осонтар мешавад, эътимод ба адолати институтҳои давлатӣ коҳиш меёбад. Дар чунин ҳолат на танҳо шахси манфиатдор, балки тамоми ҷомеа зарар мебинад.
Тибқи таҳлилҳои Бонки Ҷаҳонӣ, коррупсия бештар дар муҳитҳое паҳн мешавад, ки институтҳо заиф буда, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ нокифоя мебошанд. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия бояд бо таҳкими институтҳои давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таъмини ҳисоботдиҳӣ пайваст бошад. Дар ин замина, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ низ метавонад нақши муҳим дошта бошад. Кам шудани тамоси бевоситаи шаҳрвандон бо мансабдор, рақамикунонии баъзе равандҳои маъмурӣ, шаффофияти маълумот ва истифодаи низомҳои электронии назорат метавонанд як қисми хавфҳои коррупсиониро коҳиш диҳанд. Ҳамзамон, технология худ ба худ кафили аз байн рафтани коррупсия нест; самаранокии он аз сифати институтҳо, назорат, ҳифзи маълумот ва иҷрои қонун вобаста мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар сатҳи қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Қонунгузории миллӣ дар ин самт аз охири солҳои 1990 ташаккул ёфта, баъдан такмил дода шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардида, баъдтар қонуни нав аз 25 июли соли 2005 қабул шуд. Дар марҳилаи минбаъда муносибати давлат ба масъалаи коррупсия бештар ба мафҳуми муқовимат ба коррупсия такя намуд. Ин мафҳум танҳо муборизаи ҷиноятӣ ё ҷазодиҳиро дар бар намегирад, балки пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, бартараф кардани оқибатҳои онҳо ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсиониро низ фаро мегирад.
Қадами муҳимми дигар қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст. Дар Стратегия коррупсия ҳамчун яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ шуда, муқовимат ба он ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ муайян гардидааст. Стратегияи мазкур ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар субъектҳоро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия пешбинӣ мекунад. Барои марҳилаи дуюми татбиқи Стратегия солҳои 2026–2030 низ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст.
Ҳамин тавр, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати зиддикоррупсионӣ тадриҷан аз муносибати маҳдуди ҷазодиҳӣ ба маҷмӯи чораҳои пешгирикунанда, ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва маърифатӣ ҳаракат мекунад.
Яке аз омилҳои муҳимми муқовимат ба коррупсия ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ мебошад. Танҳо қабули қонунҳо барои аз байн бурдани коррупсия кофӣ нест. Қонун бояд аз ҷониби шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дарк ва риоя карда шавад.
Фарҳанги зиддикоррупсионӣ пеш аз ҳама маънои ташаккули муносибати оштинопазир ба ришваситонӣ, истифодаи ғайриқонунии мақоми хизматӣ ва дигар шаклҳои сӯиистифода аз ваколатро дорад. Дар ин раванд муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи мақомоти давлатӣ нақши муҳим доранд. Махсусан, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти стратегӣ дорад. Агар дар ҷомеа гирифтани «хизмат» ба ивази маблағи ғайриқонунӣ ё истифодаи робитаҳои шахсӣ ҳамчун амали муқаррарӣ қабул гардад, мубориза бо коррупсия душвор мегардад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия бояд ҳамзамон бо ташаккули арзишҳои қонуният, адолат, масъулият ва эҳтиром ба манфиати ҷамъиятӣ сурат гирад.
Таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки муқовимати самаранок ба коррупсия бояд хусусияти маҷмӯӣ дошта бошад. Дар ин доира чанд самти асосиро метавон ҷудо намуд.
Якум, таҳкими волоияти қонун ва ҷавобгарии ногузир барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад. Қонун бояд барои ҳама яксон татбиқ гардад.
Дуюм, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ мебошад. Шаффофияти қарорҳои давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти дахлдор метавонанд барои коҳиш додани коррупсионӣ мусоидат намоянд.
Сеюм, идоракунии бархӯрди манфиатҳо мебошад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки танҳо доштани меъёрҳои ҳуқуқӣ кофӣ нест; механизмҳои санҷиш, эъломи манфиатҳо, пешгирӣ ва ҳалли бархӯрди манфиатҳо низ бояд самаранок амал кунанд. OECD дар гузориши соли 2026 таъкид мекунад, ки дар бисёр кишварҳо байни қувваи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии онҳо фарқият вуҷуд дорад.
Чорум, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва равандҳои маъмурӣ мебошад. Ин раванд метавонад имконияти дахолати субъективӣ ба баъзе қарорҳои маъмуриро кам намояд.
Панҷум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ мебошад. Дар ин самт на танҳо мақомоти давлатӣ, балки муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулият доранд.
Шашум, ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Коррупсия метавонад хусусияти фаромиллӣ пайдо кунад, аз ин рӯ мубориза бо он танҳо дар доираи як давлат маҳдуд шуда наметавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ амалӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, коррупсияро метавон ҳамчун зуҳуроти мураккаби таърихию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ намуд, ки дар шароити гуногуни давлатдорӣ шаклҳои мухталиф касб кардааст. Асоси аксари муносибатҳои коррупсионӣ бархӯрди манфиатҳои хусусӣ бо манфиатҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи нодурусти ваколату имкониятҳои ба шахс ё институт боваркардашуда мебошад.
Дар ҷомеаи муосир коррупсия танҳо масъалаи гирифтани ришва ё истифодаи ғайриқонунии маблағҳои давлатӣ нест. Он метавонад ба сифати идоракунии давлатӣ, рақобати иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, эътимод ба институтҳои давлатӣ ва рушди устувори ҷомеа таъсир расонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия бояд муносибати ҳамаҷониба ва системавиро талаб намояд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, рақамикунонии равандҳои давлатӣ, такмили назорати дохилӣ ва берунӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ самтҳои муҳими сиёсати зиддикоррупсионӣ ба ҳисоб мераванд. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 барои идомаи ин раванд заминаи институтсионалӣ фароҳам меорад.
Дар ниҳоят, коҳиш додани коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти давлатӣ нест. Ин раванд иштироки тамоми субъектҳои ҷомеа -мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандонро талаб менамояд. Танҳо дар сурати ташаккули муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоие, ки дар он қонуният, масъулият, шаффофият ва беғаразӣ ҳамчун арзишҳои асосии идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ пазируфта мешаванд, метавон заминаҳои коррупсияро пайваста коҳиш дод.
Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ

