Skip to main content

ВИЖАГИҲОИ ФАЛСАФИИ ОСОРИ ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА НОСИРИ ХУСРАВ

Ин мақола маънии мубрамияти вижагиҳои фалсафиро аз нуқтаи назари Ҷалолуддини Балхӣ ва Носири Хусрав баррасӣ мекунад. Ҷанбаи ахлоқии бисерандешӣ низ ба вижа таваҷҷуҳи касро бештар оиди масоили мубраме маҳтуф мегардонад, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна дар асарҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар мутафаккирон низ ба таври рамзу масал муаррифӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, калимаи "плюрализм" аввалин бор дар ибтидои асри XVIII аз тарафи Кристиан Волф, дар муқобили пайравони Лейбнитс оиди монада ва шаклҳои мутафовути дуализм пешгӯӣ шуда буд. Мақсади тадқиқоти зерин ба он нуқта равона гардид, ки назарияи андешаи касратгароиро аз нуқтаи назари Мавлавӣ ва Носири Хусрав шарҳ диҳем, чун яке аз масоили мубрами фалсафӣ дониста мешавад. Ин мутафаккир, махсусан дар асоси баҳсу мунозираи илмӣ-амалӣ, бо тамаддуну халқияти гуногун шинос шуда, усули касратгароии донишҳои гуногунро омӯхтанд.

Дунёи мутамаддини имрӯз дунёи намунаҳои ахлоқ аст. Пас, агар пешрафтҳои илмӣ ҳамроҳ бо тарбияти ахлоқӣ ва маънавии инсонҳо набошад, чӣ сарнавишти талхе дар интизори онҳо хоҳад буд. Аз ин рӯ, фарз аст, ки маънои ҷанбаҳои ахлоқии «гуногунандешӣ»-ро аз нуқтаи назари мутафаккирони намоёни асри XIII, аз қабили Ҷалолуддини Румӣ ва асри XI, аз қабили Носири Хусрав баррасӣ намоем.

Бо вуҷуди ин, калимаи "плюрализм" аввалин бор дар ибтидои асри XVIII аз тарафи Кристиан Волф, дар муқобили пайравони Лейбнитс оиди «монада» ва шаклҳои мутафовути дуализм пешгӯӣ шуда буд. Плюрализм (аз лот. pluraiis—бисёрӣ), таълимоти фалсафие, ки мавҷудияти якчанд ва ё маҷмӯи мабдаи мустақили навъҳои ҳастиро эътироф мекунад. Истилоҳи «Плюрализм»-ро файласуфи олмонӣ Христиан фон Волф пешниҳод кардааст. Мақсади тадқиқоти зерин бештар мутаккӣ бар он гардид, ки назарияи андешаи касратгароиро аз нуқтаи назари Ҷалолуддини Балхӣ ва Носири Хусрав шарҳ диҳем. Мутафаккирон, ба вижа дар асоси баҳсу мунозираи илмӣ-амалӣ, бо тамаддуну халқияти гуногун шинос шуда, усули касратгароии донишҳои гуногунро омӯхтанд.

Масъалаи бисёрандешӣ аз масоили мубрами ҷаҳони имрӯза дониста мешавад, ки бештар бо мафҳуми «плюрализм» маъруф аст. Маънои «плюрализм» системаи ҷаҳонбинии фалсафиест, ки намудҳои гуногуни назария, таълимот, ниҳод, ё институтҳои иҷтимоӣ ва мавҷудияти якчанд ва ё маҷмуи мабдаи мустақили навъҳои ҳастиро ифода мекунад».

Ин мафҳум бештар дар ҳастишиносӣ, маърифат, ахлоқ, сиёсатшиносӣ ва арзишшиносӣ ба кор бурда мешавад. Албатта, касратгароӣ на танҳо ба маънои гуногунандешӣ ва ихтилофот, балки ба маънои инъикоси шаклҳои гуногуни ҳастӣ ва созмонҳои иҷтимоии ҷомеа истифода мешавад. Ин мафҳум дар фалсафа аз тарафи файласуфи машҳур Лейбнитс пешниҳод гардид. Барои рушду нумуи ҷомеа зарур аст, ки бо андешаҳои гуногун ва таълимоти нав озодона фикри худро иброз намуда, ҳатто андешаи интиқодии худро бе ҳаросу тарс ифшо намояд. Бояд гуфт, ки ин мафҳум дар давраи асримиёнагӣ новобаста ба арзиши ҳуқуқӣ мақоми хоса дошт. Ин андешаро дар китоби «Таърихи тасаввуф дар ислом» муҳаққиқи эронӣ Қосим Ғанӣ хеле хуб баён намудааст. Ин донишманд «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоноро ба нардбон мушобеҳ дода, мегӯяд ки Мавлоно дар «Маснавӣ» навиштааст: «Маснавиро ба ҷиҳати он нагуфтаам, ки амоил кунанд ва такрор кунанд, балки то зери по ниҳанд ва болои осмон раванд, ки Маснавӣ нардбони меъроҷи ҳақоиқ аст, на он ки нардбонро ба гардан гирӣ ва шаҳр ба шаҳр гардӣ, ҳаргиз бар боми мақсуд наравӣ ва ба муроди дил нарасӣ».

Ба қавли Мавлоно, инсон бояд зина ба зина маърифати ҳақиқиро тай намояд, зоҳиру ботини инсон бояд ба воситаи ҳис ва ақл касб шуда, шахс аз содир кардани афъоли зишт канораҷӯӣ намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф ҷоиз аст, ки аз андеша ва таҷрибаи рӯзгори мардумони мухталифе панду андарз бигирад. Минҷумла, Мавлоно Балхӣ аз тариқи баҳсу мунозира тавониста буд, ки бо лаҳни ширину пандомези худ қалб ва тафаккуру андешаи мардуми зиёдеро мафтуни худ созад.

Масъалаи меҳварии мафҳуми гуногунандешӣ, яъне «плюрализм» дар таълимоти фалсафии Мавлоно Балхӣ ва Носири Хусрав дар шакли заминаҳои ақидатӣ мушоҳида мешавад. Дар таълимоти ин мутафаккирон «касратгароӣ», аз як тараф ба маънои имконияти озодбаёнкунии фикру андеша, заминаи вуҷуд доштани зиддияти ақидавиро кафолат диҳад, аз тарафи дигар, он як тариқаест, ки тафаккури одамонро дар иртибот ба дарки масоили гуногун ба таҳрик оварда, барои дар ҳолати шахшуда (чун догма) боқӣ намондани ақида ва таълимоти бемағз монеъ мегардад. Ин муборизаи фикрӣ метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир гардад. Барои Носири Хусрав сатҳи ақлонии инсон, дараҷаи камолоти маънавӣ ва махсусан тафаккури мантиқӣ аҳамияти бештаре дошт.

Мавлоно низ маърифати ақлониро хислати асосии ориф медонист, зеро сарфи назар аз қаробати ориф ба Худо, вай қобилияти интиқоли таълимоти Ҳақро ба омма надошт. Ба андешаи Ҷалолуддини Балхӣ вазифаи инсони оқил дар рӯи замин маърифати Ҳақ дар худ ва ҳақиқати умумиҷаҳонӣ аст, ки моҳияти зуҳури ҳикмати илоҳиро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, Носири Хусрав низ масъулияти инсонро дар рӯи замин воло медонад. Носири Хусрав инсонро ба сӯи маърифати ҳикмат бар он муваҷҷеҳ месозад, ки чашми хиради одамонро кушояд ва роҳи камолотро барояшон ба мисли Балхӣ нишон диҳад. Ин усули маърифат, ки минбаъд дар ҷаҳони Мавлоно як таҳаввулоти фикрию андешаи тозаеро ворид кард, аз мулоқот бо Шамс буд.

Роҳу усул ва тариқи ба вуҷуд омадани гуногунандешӣ дар осори ин мутафаккир як ҷунбиши тозае буд, ки минбаъд барои такомули фикрии онҳо кӯмак кард. Ба вижа, мулоқот бо Шамси Табрезӣ дар зиндагии ӯ як таҳаввулоти фикрӣ ва ошкореро ба вуҷуд овард:

Ҷон фишон, ай офтоби маънавӣ,

Мар ҷаҳони кӯҳнаро бинмой нав.

Аз ин байт бармеояд, ки пас аз мулоқот бо Шамси Табрезӣ дар ҷаҳони ботинӣ ва андешаи фикрии Румӣ як дигаргунии куллие ба вуҷуд омад. Шамси Табрезӣ чи гуна тавониста ҷаҳони андешаи як суфиро дигаргун намояд. Аз тарафи дигар, вохӯрии Шамси Табрезӣ бо Мавлонои Балхӣ сабаб шуд, ки Мавлоно мусоҳибат ва ҳамроҳии вайро баргузинад ва тарки маҷлиси шогирдон кунад. Чунонки қаблан овардем, ин дидор дар ҷаҳони маънавии Мавлоно Балхӣ нақши ҷолибе мегузорад. Аз ин ҷо иддае талош намудаанд, ки омили воридшавии Мавлоно ба тариқат ва ирфон, дидори он ду орифи баландпарвозро бидонанд, ки асари он ба шахсияти Мавлоно якбора тағйири рӯҳонӣ медиҳад. Аз ин ҷост, ки андеша ва таҳаммули фикрии ӯ дигар шуда, дар суҳбат бо Шамс Мавлоно дониш ва андешаҳои навин ва дунёи дигареро пайдо мекунад, ки барои рушди маънавии минбаъдаи ӯ роҳи тозаеро кушодаанд. Рафтори Шамс, барои Мавлоно нишон медиҳад, ки дониши ҳақиқиро инсон танҳо дар сафар ва суҳбат бо мардумони мухталиф ва ошноӣ бо тамаддун ва фарҳангҳои гуногун дастрас карда метавонад. Чунин бархурд, метавонад инсонро аз ҷаҳолат ба олами донишу маърифат бирасонад. Пас аз суҳбату баҳсу мунозираҳо ва аз худ кардани илму андешаҳои навин, байни Балхӣ ва Шамси Табрезӣ минбаъд барои Мавлоно ҷудоӣ аз ӯ хеле сангин буд, ки дар байте овардааст:

Гуфт, ки шайх ва сирри пешрав ва роҳбаре,

Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.

Вохӯрии Шамс бо Мавлоно олами маънавиёти ӯро равнақу ривоҷ дода, минбаъд саъйю кӯшиш намудааст, ки дар арсаи зиндагии моддӣ ва маънавии хеш амалан ин назарияҳоро сайқал диҳад. Ба гуфтаи Ҷалолуддини Балхӣ андешаҳои гуногун метавонанд ба натиҷаи муфиде бирасонанд.

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Назари гуногунандешии Мавлоно Балхӣ дар ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки дар зиндагӣ ва андешаи ин мутафаккир нуқоти муштараке вуҷуд дорад. Носири Хусрав дар муқаддимаи «Сафарнома» менависад, ки бо худ гуфтам, «..ки аз хоби душин бедор шудам акнун, бояд ки аз хоби чиҳилсола низ бедор шавам». Андешидам, ки то ҳамаи афъол ва аъмоли худ бадал накунам, фараҳ наёбам. Ҳамчунин дар зиндагии Мавлоно низ мулоқот бо Шамс оғоз мегардад. Бахше аз зиндагии Носири Хусрав ва Мавлоно дар даврони ғафлат аст ва пас аз он онҳо вориди ҷаҳони нав мешаванд. Чунон ки Носири Хусрав дар ин бора мегӯяд:

Бедор шав аз хоби хуш, ай хуфта чиҳил сол,

Бингар зи ёронат намонанд кас айдар.

Аз назари Носири Хусрав инсон вақте дармеояд, ки ҳангоми даромехтани нафсу бадан, гирифтори қудрат ва олудагӣ мегардад ва ҳангоми нигаристан ба худ дармеояд, ки мураккаб аз як амри абадӣ бо лақва (фалаҷ) бо як унсури маҳдуди заминӣ ва замонмандӣ меёбад. Аммо пас аз дарки ташхиси ин ки инсонҳо аз тану ҷон, ҷисму рӯҳ таркиб ёфтаанд, як ҷузъи вобастаи ин ҷаҳонанд. Зеро ин бахши абадӣ ва ҷовидон вуҷуди инсон аст, ки донишомузӣ мекунад. Дар ин ҷо, мақоми нафс дар пешравӣ ва такомули инсон бузург аст. Ин нафс аст, ки мавҷуди инсонро ба сӯи ҷустуҷӯи дониш мебарад ва қувваест, ки донишро ба даст меоварад ва нигаҳ медорад. Аз назари Носири Хусрав «дониш асоси ҳастии инсон аст, ҳамон гуна, ки тилло дар санги маъдан ва бӯй дар мушк асоси ҳастии онҳо аст».

Ҳадаф ва ҷустуҷӯи Носири Хусрав илму дониш аст ва ин роҳе буд, ки дар ҳадди сафар ҳаким онро вусъат дод. Ва ҳангоми суҳбат ва баҳсу мунозира бо мардум, аҳли фалосифа ва дину мазоҳиби мухталиф дар ниҳоди ӯ таҳаввулоти наве пайдо шуд. Ин гуногунандешӣ боиси он гардид, ки бо афкор ва андешаи мардумон шинос шуда, фикр ва андешаи наверо дар дар ҷаҳони худ маҳтуф намояд.

Аз ин ҷо, ин мутафаккирони бузург новобаста бар он, ки дар муҳити исломӣ таълиму тарбия ёфта, ҳатто мехостанд, бо андешаи навин ва илму дониши васеъ баҳри ба даст овардани адолати иҷтимоӣ бо усул ва равишҳои мухталифе мубориза баранд. Мавлоно бо роҳи панду андарз дар китоби машҳури худ «Маснавии Маънавӣ» мехост ба зимомдорони даври хеш таълим диҳад, ки инсон танҳо бо илму дониши амиқ ва ахлоқи писандида метавонад дар ҷомеа ба натиҷаи судбахше расад. Яъне тавассути дониши замонавӣ ва усули нави таълимӣ дар ҷомеа як эҳёи нави фикриро дар тафаккури инсонҳо пайдо намояд. Мутафаккир рӯйрост наметавонист доир ба беадолатии иҷтимоӣ ҳарф занад, аз ин рӯ, тавассути ҳикоёти пурмазмуни тамсилии худ бо лафзи бурро ва сухани ҳақ норозогии худро баён намуда, роҳҳои навинеро барои ҳалл ва кушодани ин гиреҳҳо нишон дода буд. Асосан яке аз ин усулҳо бохабар будан аз фарҳангу тамаддун ва ахлоқиёти халқиятҳои мухталиф буда, дар афкори маънавӣ ва иҷтимоӣ бунёд намудани роҳи бисёрандеширо асос медонист.

Масъалаи гугногунандеширо метавон дар масъалаи забон дида баромад. Забон беҳтарин василаи муошират аст байни одамон, ки тавассути он инсонҳо аз андеша ва ҷаҳонбинии дигарон низ бохабар мешаванд. Ҷалолуддини Румӣ дар асари безаволи худ «Маснавии Маънавӣ» достони чаҳор марде, ки забони якдигарро намефаҳмиданд, асрори нуҳуфта ва арзишу мубрамияти донистани забонҳои мухталифро ишора мекунад. Дар ҳикоя оварда шудааст, ки чаҳор нафар марде дар сафар ҳамроҳ шуданд ва бо забонҳои гуногун ҳарф мезаданду якдигарро намефаҳмиданд. Ногаҳон, дар роҳ марде ба онҳо дирам дод, ки ба он ҳар чӣ мехоҳанд, бихаранд. Форсизабон гуфт: «ангур» бихарем, арабизабон гуфт: «инаб», туркзабон «узум» хост ва марди румӣ гуфт: ман ҳеҷ кадомро намехоҳам, истофил бихарем. Бо ин ки ҳар чаҳор нафар як чизро мехостанд, аммо номҳои мухталиф ба кор мебурданд ва кашмакаш мекарданд. Агар забондони доное он ҷо мебуд, ба онҳо мегуфт: бо ҳамин як дирам орзуи ҳамаро мебарорам. Агар бо забони ҳамдигар хуб муошират мекарданд, ҳамин як дирам кори чаҳор дирамро мекард. Илова бар ин, бо ҳам дӯст мемонданд ва корашон ба даъво намекашид. Чуноне ки пайғамбар (с) фармуд: мусалмонон чун бо ҳам иттиҳод бошанд, корашонро пеш мебаранд ва ҳамин ки бо ҳам душманӣ пардохтанд, дигар корашон пеш нахоҳад рафт. Натиҷаи ин ҳикоя аз иборат аст, ки аввалан бо ҳам иттиҳод будани одамонро дар назар дорад, инчунин роҷеъ ба донистани забонҳои гуногун ва нақши забондонӣ дар ҳолатҳои гуногуни ҳаётро дар бар мегирад.

Дар заминаи ҳикояи болозикр метавон зикр намуд, ки донистани забонҳои гуногун ба ҳар як шахс имконият медиҳад, ки ба мувафаққиятҳои зиёде ноил гарданд. Имрӯз дар ҷаҳони мутамаддин ба кашфиёти навин ва донистани забонҳои гуногун афроди ҷомеа эҳтиёҷи зиёд дорад. Пас, маънои гуногунандешӣ низ тавассути забон ба кор меояд. Дар ин ҳикоя нақши донистани забон хеле муҳим аст, зеро ба воситаи забон шахс аз аз таърих, тамаддун ва арзишҳои маънавии дигар халқиятҳо низ огоҳ мегардад.

Носири Хусрав бошад, ҷаҳони андешаи фикрӣ ва амалии худро бештар ба тариқи баҳсу мунозираи илмӣ-фалсафӣ ва ҳатто сиёсӣ дар баъзе ҳолатҳо рӯйрост ва воқеъбинона, ки бо давру замони рушду такомули фардии ӯ иртибот доштаанд, баён месозад. Носири Хусрав мафҳуми бисёрандеширо на танҳо ба воситаи тамсил чун Мавлоно нишон додааст, балки дар баъзе мавридҳо озодона ва рӯйрост бидуни тарс ва ҳарос аҳдофи сиёсӣ ва ахлоқии худро баён намудааст.

Бандалиева Ш.Н. – н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи онтологоя, гносеология

ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121