Skip to main content

ТАЪСИРИ АФКОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪНАВИЁТИ МАВЛОНОИ БАЛХӢ

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ маъруф ба Мавлавӣ, Мавлоно, Мавлавии Румӣ аз маъруфтарин шоирон ва орифони тоҷику форс дар асри Х111 буда, бузургтарин мутафаккири дунёи маънавӣ дар таърихи афкори мардуми Шарқ ба ҳисоб меравад. Ӯ як шахсияти нотакрор дар илму адаб ва фарҳанги мардуми тоҷику форс, махсусан, фалсафаву ахлоқ-ирфон ва иҷтимоъ буд. «Маснавии маънавӣ»-и ӯ баҳре аз ҳикмату маърифат, иҷтимоиёту маънавиёт аст, ки Мавлоноро ба дунёи башар муаррифӣ кард.

Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ, дар соли 1207 (604 ҳ.қ.) дар шаҳри Балх, ҳозира Вахши Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои тамаддунии илму фарҳанги он даврон буд, дар хонаводаи аҳли илму адаб ба дунё омадааст. Ӯ дар айёми камолот ба Мавлонои Румӣ ва Мавлонои Балхӣ шуҳрат пайдо мекунад, ки ӯро аксар муҳаққиқону нависандагони хориҷӣ ва ватанӣ Мавлоно ва Мавлавӣ низ ном бурдаанд.

Сабаби он ки Муҳаммад ҳам ба Мавлонои Рум ва ҳам ба Мавлонои Балхӣ шуҳрат пайдо кард, он буд, ки вай дар Балх таваллуд ёфтааст, вале бештар умри хешро дар Қунияи Туркия гузаронидааст. Бо ин нигоҳ накарда ӯ возеҳу равшан худро Хуросонӣ медонад ва дилбастагиашро ба мардуми он ҷо изҳор мекунад. «Мавлавӣ» аз лақабҳои хоси ӯ нест ва зоҳиран аз дигар унвони вай, яъне Мавлонои Балхӣ гирифта шуда ва баъд аз қарни нуҳуми ҳиҷрӣ дар тазкираву сарчашмаҳо ривоҷ пайдо мекунад.

Падари Мавлоно Баҳоуддин Муҳаммад, маъруф ба Баҳовалад ва мулаққаб ба Султонуламо аз хатибони машҳур ва барҷастаи Хуросон ба шумор мерафт. Ӯ дар тариқат пиру машраби Наҷмуддини Кубро будааст. Падари Мавлоно дар Балх шуҳрати бисёр ёфта буд ва мардум ба вай эътиқоду ихлоси зиёде доштанд, сабаби нигаронӣ ва бухлу ҳасодати дарбориёни Муҳаммад Хоразмшоҳ қарор мегирад ва Хоразмшоҳ ӯро дар шароити номусоиде қарор медиҳад. Аз ин лиҳоз ӯ ба ин сарнавишти талх, ба тарк намудани ватани хеш дучор мегардад. Ӯ савганд ёд мекунад, ки то Султон Муҳаммад Хоразмшоҳ бар тахти подшоҳӣ нишаста бошад, ҳаргиз ба шаҳри хеш бознагардад. Баҳовалад дар соли 1220 (617ҳ.қ.) ҳамроҳи аҳли оила ва гурӯҳе аз атрофиёнаш аз Балх муҳоҷират намуда, сафари тулониеро пеш мегирад. Муҳаққиқ Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ иллати муҳоҷирати ӯро аз Балх дар озурдагии хотири Баҳовалад аз Хоразмшоҳ донистааст, аммо муҳаққиқон Маҳдии Даҳбошӣ ва Сайид Алиасғари Мирбоқирӣ дар ин бора далели дигареро низ пешниҳод мекунанд, ки ин юриши муғул ба Хуросон ва беназмунизомиҳо онҳо дар ҷомеа буд, ки Баҳоваладро ба ин муҳоҷират водор сохтааст. Аз рӯи далелу вазъи сиёсиву таърихии замони зиндагии Мавлоно ба назар мерасад, ки ҳар ду далел барои тарк намудани ватан аз тарафи аҳли байти Баҳовалад мувофиқат мекунад. Баҳовалад пас аз хориҷ шудан аз Балх чанд муддате дар маҳдудаи Вахшу Самарқанд мондагор мешавад. Онгоҳ дар байни солҳои 616-618 ҳ.қ. барои зиёрат Маккаи муқаддас мераванд ва дар ибтидо дар роҳи сафар ба Нишобур расиданд ва баъд ба самти Бағдод роҳи худро идома медиҳанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ аз дидори Баҳовалад дар Нишобур ба Шайх Фаридуддини Аттор маълумот додааст ва ишора мекунад, ки Аттор «Асрорнома»-ашро ба Мавлоно, ки он замон ҳанӯз хурдсол буд, ҳадя менамояд ва ба падараш мегӯяд, ки ӯ оянда оташ дар сӯхтагони олам мезанад.

Баҳовалад ва ҳамроҳонаш дар Бағдод аз се рӯз бештар мондагор намешаванд ва рӯзи чаҳорум сӯи Макка ҳаракат мекунанд ва дар бозгашт ба Шом рафта, муддате дар он ҷо умр ба сар мебаранд. Пас аз анҷоми ҳаҷ чаҳор сол дар Малатия ва ҳафт сол дар Лоранда иқомат мекунанд. Мавлоно дар ҳамин шаҳр дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба хости падар бо Гавҳархотун, духтари Машрафуддин Лола издивоҷ мекунад, ки пас аз васлат соҳиби се писару як духтар мешаванд, яъне Баҳоуддин Муҳаммад маъруф ба Султонвалад, Алоуддин Муҳаммад, Музаффаруддин Амиролам ва Маликахотун.

Вақте ки Баҳовалад бо шарикони хеш дар Лоранда зиндагӣ мекард, шуҳрат ва овозааш дар ҳама ҷо печида буд. Ҳокими Салчуқӣ Алоуддини Кайқубод аз ӯ дархост мекунад, ки ӯ ба Қуния равад. Таърихи ба Куния рафтани Баҳовалад дақиқан маълум нест, вале эҳтимолан ба соли 626 ҳ.қ.рост ояд. Баҳовалад дар Қуния ба тадрис ва иршоди мардум машғул мешавад, ки охирин лаҳзаҳои зиндагии хешро дар ин шаҳр гузаронад. Падари Мавлоно рӯзи ҷумъаи рабеъ-ул-охири соли 628 ҳ.қ. дар синни ҳаштодсолагӣ рӯй дар ниқоби хок мекашад. Аз ин маълумотҳои мухтасар маълум мегардад, ки Мавлоно ватани хешро тарк нанамудааст, балки падари ӯ бо сабаби нооромиши вазъи сиёсиву иҷтимоии Хуросон бо хонаводаи худ дар ибтидо ба кишварҳои араб ва баъдан пас аз чанд соли тулонӣ ба Қуния ворид мегардад.

Пас аз вафоти падар сарпарастии хонавода бар души Мавлоно меафтад ва ин сарнавишт сабаби дар Қуния мондагор шудани ӯ мегардад ва дар синни бисту чаҳорсолагӣ ба хоҳиши муридон ва ҳамчунин васияти падар ба тадриси шогирдон машғул мешавад.

Дар соли 629 Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ (мутав. 638 ҳ.қ.), ки аз дӯстони Баҳовалад буд, вориди Қуния мешавад ва Мавлоно ҳудуди нуҳ сол таҳти иршоду тарбияти ӯ қарор мегирад. Соли 638 ҳ.қ. Бурҳонуддин вафот мекунад ва Мавлоно ба зиндагии хеш идома медиҳад, яъне муддати панҷ сол ба маснади иршод ва тадрису тарбияти толибони илму ахлоқ ва улуми дину адён ҳиммат мебандад ва ба зуҳду риёзат машғул шуда, ӯ ҳамчун устоди донишманду бо лаёқат дар байни шогирдони хеш машҳур мегардад. Бояд гуфт, ки дар ибтидо теъдоди шогирдони ӯ аз чаҳорсад нафар бештар будааст.

Мавлоно баъд аз ду соли вафоти падараш дар замони ҳаёт будани Бурҳонуддин барои такмили таҳсилоти худ ба Ҳалаб меравад. Ӯ дар муддати ҷаҳор сол дар ҳоли риёзат ва сулук дар мадрасаи Муқаддасия омухтаҳояшро такмил дода, баъд аз ҳафт соли зиндагӣ дар Ҳалаб ва Димишқ ба Қуния бармегардад. Пас аз вафоти Бурҳонуддин беш аз даҳ хазор мурид чун парвона ба даври шамъи вуҷуди Мавлоно гирд омада буданд, ки дар айни ин гирудор ҳодисае рух дод, ки аз Мавлоно Мавлонои дигар сохт. Аз ин ҷо, «яке аз ҷолибтарин бахшҳои зиндагии Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ошноии ӯ бо Шамс аст…. Рӯзе Шамс вориди маҷлиси Мавлоно мешавад ва мушоҳида мекунад, ки Мавлоно дар канораш чанд китоб дорад. Аз ӯ суол мекунад, ки инҳо чист? Мавлоно посух медиҳад қилу қол аст. Шамс ба ӯ мегӯяд инҳо ба дарди ту намехурад ва китобҳоро дар дохили ҳавзе дар он наздикӣ буд меандозад. Мавлоно бо нороҳатӣ мегӯяд, эй дарвеш чаро ин гуна намудӣ….Шамси Табрезӣ китобҳоро аз об хориҷ мекунад, бидуни он ки хис шуда бошанд. Мавлоно мутаъҷиб мепурсад ин чи розе аст? Шамс мегӯяд: ин завқу ҳол аст, ки ту аз он бехабарӣ». Хулосаи қисса ин аст, ки ногаҳон шуридае аз шуридагони олам ва соҳиби ҳолу қол, марди ориф ва вораста ба Қуния ворид шуд, ки ин шахсият Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ, бо лақаби Шамси Табрезӣ машҳур буд. Ӯ тавонист, ки пас аз муддате Мавлоноро дар дарёи муҳаббати худ гирифтор созад ва ӯро аз сарчашмаи ирфони хеш бархурдор гардонад ва нерӯи дубора ба ӯ бибахшид. «Шамс орифи беқароре буд, ки дар ҳеҷ макону ному нишоне ором намеёфт. Ӯ дар тариқат ба суҳбати машоихи бисёре, аз ҷумла Шайх Абубакри Саллабофи Табрезӣ, Шайх Рукнуддини Суҷосӣ ва Бобокамоли Ҷундӣ расида буд ва шаҳр ба шаҳрро зери по мегузошт». Ӯ дар Шом бо Ибни Арабӣ низ мулоқот доштааст, аммо ин мулоқот ӯро пойбанд намесозад ва ба ҷустуҷӯи хеш идома медиҳад ва билохира мерасад ба Қуния. Дар бораи буданаш ба Қуния ва ин ки чигуна ба Мавлоно вохурӣ дошт, ривояту қиссаҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки мувофиқи маълумоти муҳаққиқони «Торихи тасаввуф» ба тафсил дар «»Муноқиб-ул-орифин», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Тазкират-уш-шуаро» ва дигар манбаҳои таърихи нақл шудааст.

Чунонки дар боло қайд шуд, дидор ва ошноии Мавлоно бо Шамс боис шуд, ки дунёву зиндагӣ ва сарнавишти Мавлоно аз ин рӯ ба он рӯ шавад. Пеш аз ҳама ин дидор дар ҳаёту ҷаҳонбинии маънавии Мавлоно таъсири зиёде гузошта, ҷаҳони ботинии ӯро ба шуру қиём андохт ва дар асари он ӯ якбора ва ногаҳонӣ тағйири ҳол кард ва дар қатори орифон даромад. Аммо бо вуҷуди он ки дидор ва суҳбатҳои ӯ бо Шамси Табрезӣ дар шаклгирии шахсияти ирфонии Мавлоно нақши бузурге дошт, Мавлоно пеш аз ин дидору мусоҳибат ва робита аз овони кудакӣ бо аҳли тариқат дошта, ба усул ва равиши муомилоти онҳо мутамоил буд. Аммо Шамси Табризӣ боис шуд, ки то Мавлоно дар тариқати машрабӣ пуршуртар бар гузинад ва дунёи зиндагии қаблии хешро нодида гираду комилан ба дунёи ирфону ахлоқи маънавӣ дохил гардад. Аз ин ҷо, муридон ва шогирдони Мавлоно Шамсро иллати тағйири аҳвол ва тариқати ӯ медонистанду кинаи амиқ нисбат ба ӯ дар дил парвариш намуда, аз паи қасди ҷонаш мешаванд ва бо ӯ роҳи носозгориро пеш гирифта, ба ӯ озор доданро раво мебинанд. Шамси Табризӣ, ки аз ин мавзӯъ огоҳ шуда буд, озурдахотир бехабар Қунияро тарк мекунад ва Мавлоноро дар оташи фироқ худ месӯзонад:

Аҷаб, он дилбари зебо куҷо шуд,

Аҷаб, он сарви хушболо куҷо шуд.

Миёни мо шамъе нур медод,

Куҷо шуд, эй аҷаб! Бе мо куҷо шуд….

Девона ҳамегардам ба саҳро,

Ки он оҳу дар ин саҳро куҷо шуд.

Чашми ман чун Ҷайҳун шуд зи гиря,

Ки он гавҳар дар ин дарё куҷо шуд.

Бо ғайб задани Шамс Мавлоно ошуфтаҳол ва нороҳату саргардон мешавад ва оромиши хешро гум мекунад. Ӯ танҳо оромиши худро дар пайдо кардани Шамс дида, то ки дар сояи вуҷудаш қарор ёбад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёде Шамсро дар Шом ёфтанд ва Мавлоно тавассути номаҳо ва ашъори шурангези хеш ӯро розӣ кард, то ба Қуния баргардад. Султонвалад фарзанди Мавлоно бо узрхоҳии зиёде назди вай меравад ва Шамсро бо эҳтирому икром ба Қуния бармегардонад. Дар соли 645 дубора мардуми Қуния зидди Шамс ошуб барпо мекунанд ва дар натиҷа ин орифи беқарор ба таври абадӣ нопадид мешавад ва дигар аз ӯ хабаре намерасад. Мавлоно барои пайдо кардани Шамс дубора ба Шом сафар мекунад ва ба ҷустуҷӯи ӯ машғул мешавад, вале натиҷае ба даст намеояд. Баъд аз ин ҷисми Шамс дар зиндагии Мавлоно ғуруб кард, агарчанде ки ёди Шамс ҳамеша бо ӯ буд, бо вуҷуди ин бар зиндагии Мавлоно таъсир мегузошт. Аз ин ҷо, « ӯ ҳарчанд Шамси Табрезиро наёфт, вале ҳақиқати Шамси Табрезиро дар худ ёфт…».

Мавлоно пас аз ҷустуҷӯи зиёде сар ба шайдоӣ мезанад ва анбуҳе аз ашъори ӯ баёнкунандаи рӯзҳои ҷудоии ӯ аз Шамс будааст. Мавлонои Балхӣ чанд сол пас аз як муддате дар ибтидо бо Салоҳуддин Заркуб ва баъд аз ӯ Ҳисомуддин Чалбиро ба ҳамдамии худ қарор медиҳад.

Соли 647 то соли 672 ҳ.қ., яъне соли гузариши Мавлоно буд, ки пурбортарин ва муҳимтарин давраи зиндагии ин ориф ва мутафаккири бузургвор буд. Дар ин муддат ӯ ҳам ба тарбияту иршоди муридону шогирдон машғул мешавад ва ҳам ба навиштану таълифи осори хеш ҳиммат мебандад ва бо осори худ дар таърихи ирфону ахлоқ ва тасаввуфи тоҷику форс мақоми волое пайдо мекунад ва беҳтарин асарҳои ирфонӣ-ахлоқии хешро ба қалам медиҳад: Девони ғазаллиёт, «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳӣ», «Макотиб ва маҷолиси сабъа» аз муҳимтарин осори Мавлавӣ мебошанд. Аммо бояд гуфт, ки дар замони ҳозир «Маснавии маънавӣ» яке аз машҳуртарин асари ирфонӣ ва ахлоқӣ-иҷтимоии ӯ ба ҳисоб меравад ва бар он шарҳҳои мухталифе навишта шудааст ва дар ҳар яке аз ин шарҳҳо ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи ирфонӣ-ахлоқии Мавлонои Балхӣ баррасӣ шудааст.

Дар бораи Мавлонои Балхӣ дар замони муосир «дар кишварҳои мухталифи олам пайравони зиёди назария ва амалияи Румӣ ва Мавлавия фаъолият мебаранд».

Ин шахсияти камназир ва орифи баргузида дар соли 1273 (672 ҳ.қ.) дар асари як беморӣ, ки табибон аз илоҷаш дармонда буданд, аз дунё даргузашт. Мавлоно дар охирин лаҳзаҳои зиндагии хеш чунин ғазалеро ба забон овардааст, ки охири он чуни наст:

Дар хоб, душ пире дар кӯи ишқ дидам,

Бо даст ишоратам кард, ки азм сӯи мо кун.

Марги Мавлоно тамоми мардуми Қунияро аз пир то ҷавон мутаассир ва мутаасиф сохт. Мақбараи Мавлоно дар Қуния имрӯз маҳали зиёратгоҳи урафо ва алоқамандон ба адабу ахлоқи ирфонӣ гардидааст ва гуруҳе аз иродатмандон бар сари турбати ӯ биное сохтаанд, ки ба Қуббаи хазро шуҳрат дорад:

Ҳосили умрам се сухан беш нест,

Хоми бадам, пухта шудам, сӯхтам.

Дар замоне, ки Мавлоно мезист дар ирфон дигаргуниҳои зиёде шуда буд, яъне доираи ирфон васеъ гардида равияву тариқатҳои зиёди ирфонӣ амал мекард ва тарафдорони он ба таблиғу ривоҷи таълимотҳои худ талош менамуданд. Мавлонои Балхӣ ба иллати шароити хоси зиндагиаш бо уламо ва машоихи бузурги замони хеш ва ҳамчунин ба тариқатҳои мухталифи ирфонӣ ошно буд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки Мавлоно миёни ин тариқатҳои ирфонӣ кадомеро пайравӣ ва қабул намуда буд ва чи роҳу равишеро пеш гирифта буд ин суол ба мавқеъ ва муҳим аст. Агар ба ин суол ва ё пурсиш дуруст ҷавоб дода нашавад, онгоҳ фаҳму шарҳи осори вай низ ба дурустӣ мумкин нахоҳад шуд.

Муҳимтарин нуктае, ки дар бораи тариқати ирфонии Мавлоно боиси рушанӣ мегардад, он аст, ки робитаи ӯ бо Ибни Арабӣ дар кадом ҳад будааст ва оё, ӯ таҳти таъсири вай қарор гирифта буд ва ё на? Мавлонои Балхӣ солҳои охири умри хеш, ки ба Шом рафта ба таҳсил ва касби маориф ва таҳзиби ахлоқ машғул буд, овозаи Ибни Арабӣ ин сарзаминро пур карда буд. Аз рӯи маълумоти муҳаққиқони «Торихи тасаввуф» наметавон пазируфт, ки Мавлоно, ки барои омухтан ва такмили огоҳиҳои илмӣ ва тариқати ирфонии худ ба Шом сафар карда буд, бо яке аз бузургтарин ва машҳуртарин машоихи ирфонӣ, ки дар ин сарзамин мезист ва орои ӯ дар дари ҳар маҷлиси илмӣ ва ирфонӣ дар миён буд, ошно нашуда бошад.

Илова бар ин Мавлоно дар Қуния бо Садруддин Қунавӣ, ки аз бузургтарин шогирдони Ибни Арабӣ ба шумор мерафт, иртибот дошт. Ҳамин намунаҳо шояд далели хубе бошад барои он ки Мавлоноро мутамоил ба роҳу равиши Ибни Арабӣ бидонем ва осори ӯро саршор аз ин дидгоҳҳо ба рағми ошноии вай бар асоси мактаби ирфонии Ибни Арабӣ донем, вале наметавон ӯро дар зумраи пайравони Муҳайяддин ва аз тарафдорони дидгоҳҳои вай ҳисоб кард. Аз ин ҷо, райъи Мавлоно ба дидгоҳҳое наздик аст, ки дар тақсимбандии тариқатҳои ирфонӣ дар қаламрави мактаби Хуросон қарор мегиранд. Агар эътиқод ба сукрро яке аз маҳварҳои ососии таъолими ин мактаб бидонем, Мавлонои Балхиро метавон дар сафи маъруфтарин орифони ин тариқати муҳимми ирфонӣ ҳисоб кунем, ки бо ҳарорат ва эътиқоди том дар паи ривоҷи усул, ё ин ки равиши ин мактаб будааст.

Муродова Тоҷинисо-н.и.фалсафа, дотсент, ходими

пешбари илмии ИФС-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121