Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои ваҳдати миллӣ
- Сешанбе, Июн 13 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Ваҳдати миллӣ падидаи иҷтимоӣ ва сиёсиест, ки ягонагии ҳамаи табақаҳои ҷамъиятӣ, нерўҳои сиёсӣ, заминаи оромию осудагӣ, устуворӣ ва рушди ҳар як ҷомеаи муттамадин мебошад. Дар ҷомеаҳои муттарақӣ ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муттаҳидсозии миллат, заминаи худшиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ кайҳо боз ба қоидаи маъмулӣ муошират ва ҳамзистӣ табдил ёфтааст. Садсолаҳост, ки одамон қоидаҳои ваҳдати миллиро қалбан эътироф ва бо рағбат риоя менамоянд, аз ин хотир онро ба расмиёти ҳуқуқи эҳтиёҷ надошта меҳисобанд.
Заминаи ахлоқию маънавии риояи қоидаҳои ваҳдати миллӣ бо бунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд мебошад. Мавқеи фаъолонаи ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои ҳамзистӣ, ба роҳ мондани робитаи устувори ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ, эҳтиром ва эътирофи манфиати ҳамдигар, муташаккилӣ ва муттаҳидӣ дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, пояҳои ваҳдати миллиро устувор ва онро халалнопазир мегардонад.
Дар раванди таъмини устувории ваҳдати миллӣ иштироки ҷомеа ва сохторҳои он шарти муҳим мебошад. Манфиатҳои кулли ҷомеа ва ҳар як қишри он ҳамон вақт ба ҳам мувофиқ меоянд ва ҳифзи онҳо ба қоидаҳои ахлоқии маъмул табдил меёбанд, агар онҳо баробарии воқеии одамонро сарфи назар аз тафовутҳои гуногун ифода карда тавонанд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз маҷмўи сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ иборат аст ва дар он ҳар як ниҳод тибқи таъинот ва вазифаҳои худ мавқеи хоса дорад. Сохторҳои иҷтимоӣ аз рўи қоидаҳои тавассути қонунҳо муайян гардида таъсис ёфта, амал мекунанд. Муҳим аст, ки ин қоидаҳо барои шаҳрвандон дастрас ва расмиёти он соддаю ройгон бошад. Фаъолияти сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд озод, ошкоро ва барои аҳли ҷамъияти маҳал манфиат дошта бошад. Ташаббуси аҳолӣ барои ба тарзи ихтиёрӣ ба иҷро расонидани иқдомҳои гуногуни муфид аз тарафи ҷомеа дастгирӣ меёбад. Сохтори ибтидоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаргуна шуроҳою, кумитаю комиссияҳои ёрию мададрасонӣ, ҳамкорию ҳамзистӣ ва мақомоти худидоракунии маҳал мебошанд. Ҳар гуна иқдоми аҳолии деҳот, фаъолияти Шуроҳо, комиссия ва иттиҳодияҳои онҳо тавассути мақомоти маҳаллии худидоракунӣ муташаккилона ба анҷом расонида мешаванд.
Иқдоми бунёдкоронаи аҳолӣ дар шаклу мазмуни гуногун суръат мегиранд. Солҳои охир ташаббуси аҳолӣ дар кори ободонии деҳот, таъмири роҳу купрукҳо, мустаҳкамкунии соҳили дарёҳо, сохтмони иншоотҳои маърифатӣ, табобатӣ, тиҷоратӣ, майдонҳои варзишӣ ва ташкили мусобиқаҳои спортӣ ва ғайра ривоҷ меёбад. Иқдомҳои мазкур на фақат мазмуни иҷтимоию иқтисодӣ доранд ва ба некўаҳволии аҳолӣ таъсири мусбӣ доранд. Ҳамчунин тавассути иштироку ҳамкорӣ дар иҷрои чунин чораҳо мардум бо якдигар наздик мегарданд, ваҳдати миллӣ обу ранги нав пайдо мекунад.
Сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси усули дунявӣ қарор гирифта, қонунгузории он муносибатҳои дунявиро ҳамчун заминаи рушди ҷамъият ва давлат танзим менамоянд. Аз рўи ҳамин усул муносибати давлат ва дин муайян гардида, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар чаҳорчубаи Конститутсия ва қонунҳо қарор гирифтаанд. Конститутсия муқаррар кардааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Ҳамин ҳолат дар Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 1-уми декабри соли 1994 ба тарзи дигар ҳамчун ҷудоии давлат аз дин ифода ёфта буд, ки хилофи меъёри Конститутсия ва ба воқеияти ҳаёти ҷомеа созгор набуд. Зеро ки моҳияти дунявии давлат афкори динии инсонро инкор ва ё бекор карда наметавонад. Бинобар ин, дар таҳрири минбаъдаи қонуни мазкур сухан на аз ҷудоии давлат ва дин, балки аз ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат меравад, ки ба моҳияти масъала ҷавобгў аст.
Моҳияти дунявии давлат ҳамчунин ба корҳои дохилидинии ташкилотҳои динӣ мудохила накардани давлатро ифода мекунад. Чунки эътиқод доштан ба дин ё надоштан кори шахсии инсон буда, ҳуқуқҳои фитрии инсон дахл-нопазир аст. Аммо дар таҷриба бо ҳар сабабу баҳонаҳо ин усул халалдор мегардад ва иттиҳоду тафаккури динӣ ба тарзи зиндагии анъанавӣ муқобил гузошта мешавад. Дар ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки аксари кулли аҳолӣ мусулмонанд, сарфи назар аз моҳияти дунявии давлат мудохила ба корҳои дохилидинии ташкилотҳои динӣ пойдории ваҳдати миллиро суст ва якдилии мардумро халалдор мекунад.
Ҷомеаҳои мутамаддин чи арзишҳои дунявӣ ва чи арзишҳои диниро қалбан қабул ва ба иҷро мерасонанд ва дар байни онҳо монеагузорӣ намекунанд. Ҳатто дар давлатҳои бузург ҳамкории давлат бо сохторҳои динӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар ҳолатҳои фавқулодда (ҳодисаҳои фоҷаивии экологӣ, таҳдиди ҷиддӣ ба бехатарии давлатӣ, ҷанг ва хоказо) давлат бо онҳо якҷоя амал мекунад. Дар маросимҳо ва ҷашнвораҳои динӣ сарварони давлатҳо, ходимони намоёни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба таври фардӣ ва ҳатто оилавӣ ширкат меварзанд. Ин иқдомҳо низ ба афзоиши ҳусни тавоҳум ва устуворгардии ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд.
Дар воқеияти ҷумҳурии мо ҳанўз ҷомеаи шаҳрвандӣ қомати устувор надорад ва мубодилаи афкор тавассути воситаҳои ахбори расмию хусусӣ, изҳороту баёнотҳо, дар кўчаву бозор суръат мегирад. Ва бештар вақт ҳодисаю рўйдодҳо ба тарзи гуногун шарҳ дода мешаванд. Ячейкаҳои муташаккили ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле камшумор ва таъсири онҳо ба афкори ҷамъиятӣ хеле ночиз аст. Барои рушд ва назаррас гардидани таъсири онҳо ба ҷомеа муҳити муносиби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва заминаи ҳуқуқии мусоид зарур аст.
Ваҳдати миллӣ мафҳуми абстрактии норавшан намебошад. Балки падидаи мушаххасест, ки иштирокдорони (субъектони) худро дорад ва дар муҳити ҳамзистию ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа ташкил ва устувор мегардад. Ҳарчи чунин ҳамкорию робитаҳо ривоҷ ёбанд, манфиати мутақобилаи субъектон ба эътибор гирифта шавад ва ҳар тараф имкони озодона баён кардани мавқеи худро дошта бошад, ҷомеаи шаҳрвандӣ устувор ва ваҳдати миллӣ пойдор мегардад. Бараъкси ин, агар фақат як тараф, ки ба қудрати
сиёсӣ соҳиб аст, ифодагари афкори ҷамъиятӣ бошад, иродаю манфиати тарафи дигар ба инобат гирифта нашавад ва бадномсозии ҳарифони сиёсӣ ҳадду канор надошта бошад, мазмун ва таъсири шиори ваҳдати миллӣ бесамара мемонад.
Ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1990 ба музокироту муколимаи байни тоифаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик, чи тарафҳои даргир ва тарафи мустақил робита дорад. Ҳанўз то оғози музокироти байни Ҳукумат ва мухолифини тоҷик бо ташаббус ва дастгирии созмонҳои бонуфузи ғайриҳукуматии байналмилалӣ муколимаи ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва сиёсӣ оид ба дарёб кардани роҳҳои ба даст овардани созиши миллӣ пеш гирифта шуда буд. Бо саршавии музокироти байни Ҳукумат ва мухолифини тоҷик муколимаҳои ҷамъиятии сатҳи гуногун баргузор гардида, оид ба роҳҳои бартарафсозии ихтилоф ва муқобилистӣ тавсияҳо тайёр карда мешуданд. Ҳамчунин дар гуфтугў ва муколимаҳои ҷамъиятӣ қаблан масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд, ки минбаъд дар музокироти расмии байни тарафи ҳукуматӣ ва мухолифин муҳокима карда мешуданд.
Таклифу пешниҳоди иштирокдорони муколимаҳои ҷамъиятӣ бо эътирофи тарафҳои музокироти расмӣ барои пешравии гуфтушунидҳо мусоидат мекарданд. Ҳамаи ин иқдомҳо ва кушишҳо дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), ки аз тарафи Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдулло Нурӣ ба имзо расид, ифода ёфтанд. Аҳамияти фавқулоддаи санади мазкурро Президенти ҶТ махсус қайд карда, ҳатто онро бо Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии ҶТ дар як радиф шуморида буд.
Бояд қайд кард, ки гарчи дар музокирот ва муколимаи байни тоҷикон ходимони сиёсӣ ва намояндагони гурўҳҳои иҷтимоии мамлакат бевосита ё бавосита иштирок доштанд, аммо дар сарчашмаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ онҳоро бештар Муколимаи давлат ва ислом дар Тоҷикистон ном мегирифтанд. Ҳадафи гуфтушуниди тоҷикон эъҷоди фазои эътимод ва ҳамдигарбахшӣ, ба роҳ андохтани муколима бо нерўҳои мухталифи сиёсии мамлакат бо мақсади истиқрор ва таҳкими созиши шаҳрвандӣ иборат буд. Бо қабули Конститутсияи ҶТ соли 1994 ва ба имзорасии ин ҳуҷҷатҳои тақдирсоз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, ки моҳияти он бунёди ҷомеа ва давлатӣ демократӣ буда, дар ҳамин замина ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ суръат гирифта буд.
Дар марҳалаи ҳозира бо гузашти се даҳсола ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозии миллат арзиши худро нигоҳ медорад. Аммо солҳои охир нерўи рўҳбаландкунандаи он аз беандоза васфу ситоиш ва такрорёбӣ афзоиш намеёбад. Илова ба ин, дар маъракаи бадномсозии собиқ иштирокдорони мусолиҳаи миллӣ қоидаҳои муошират бо собиқ ҳарифон риоя намегардад.
Аз шиносоӣ бо маводҳои воситаҳои расмӣ ва ғайрирасмии ахбор чунин таасурот пайдо мешавад, ки гуё ваҳдати миллӣ, ҳамчун натиҷаи созиши миллӣ дастоварди фақат як қишри ҷомеа буда, мувофиқи майлу рағбати онҳо ба даст омадааст ва гўё дигар гурўҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ноил гаштан ба он ҳисса надошта бошанд. Дар асл, албатта, ваҳдати миллӣ арзиши умумимиллӣ мебошад ва дар ташаккулёбӣ ва рушди он ҳамаи қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми халқ ҳисса доранд.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо ранҷи гарон ва қурбониҳои зиёд ба даст омадааст. Бинобар ин, онро ҳамчун арзиши воло қадр ва ҳифз кардан вазифаи ҳар як қишри ҷомеа аз ҷавон то калонсолон аст. Ҳар гуна равияҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ, терроризм, радикализм, экстремизм ва ғайра ҳамон вақт дар ҷомеа мавқеъ пайдо мекунад, ки агар муҳити бунъёди иҷтимоӣ мавҷуд бошад. Бинобар ин, бо ҳамаи воситаҳо пешгирӣ кардани заминаи пайдоиш ва паҳнгардии ингуна равияҳо, аз ҷумла тавассути сиёсати иҷтимоии ба ҷавонон дастрас ва сафарбар кардани ҳамаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муқобили ингуна зуҳуротҳои барои ҷомеа хатарнок роҳҳои ҳалли масъала мебошанд.
Имомов А. – сарходими илмии шўъбаи ҳуқуқи
давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи АМИТ, профессор
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон