casino malaysia
casino malaysia
Нақши худшиносӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

wrapper

  Миллати мо бо талошҳои зиёд ва заҳмати чандинасраи наслҳои содиқу ватандўсташ тавонистааст, ки мардуми баору номус ва ашхоси намоёну бузурги таърихиро тарбия намуда, соҳиби давлати соҳибистиқлол гардад. Таърих аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати тоҷик барои расидан ба истиқлолият роҳи тулонӣ ва пурпечутобро паси сар кардааст.
  Истиқлолияти миллӣ арзиши аввалиндараҷа ва таърихии ҳар миллат аст, аммо ба даст овардани он, кори саҳл нест. Хусусан дар ҷаҳони муосир, дар замоне, ки талошҳои бесобиқаи абарқудратон барои аз нав тақсими нуфус дар ҷаҳон, ба сатҳи шадидтар расидааст, ҷаҳони кунуниро беш аз пеш душворпешгӯишаванда месозад. Истиқлолият арзиши олитарин ва муқаддастарини ҳар миллат мебошад, аммо шарти расидан ба ин ормони миллӣ танҳо аз тариқи ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад, ки на ҳар миллат ба он ноил мешавад.
 Роҳбарияти олии мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ба масъалаи таъмини якпорчагии сокинони кишвар, диққати аввалиндараҷа равона сохт. Зеро дар солҳои авввали истиқлолият, ҳанӯз сатҳи дахолати қувваҳои беруна ва дохилӣ хеле баланд буд ва хатари ҷиддӣ амалан вуҷуд дошт. Идеяи ваҳдати миллӣ дарёфти боарзиштарине буд, ки роҳбарияту сокинони  кишвар якдилона ба он расиданд ва онро ҳама ба сатҳи арзиши муқаддаси миллӣ расонданд. Дар чунин вазъият, миллат таҳти сарварии Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷа расиданд, ки роҳи ягонаи таъмини истиқлолият, таҳкими он ва дигар дастовардҳои бузурги сатҳи миллӣ, ки дар кутоҳтарин фурсати таърихӣ миллат ба он расида тавонист, ба чанд омили дохиливу хориҷӣ вобастагӣ дорад. Аммо ба назар мерасад, ки аз тамоми омилҳои таъминкунандаи пойдории давлати худӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар мақоми аввал қарор дорад, ки он дар навбати худ натиҷаи фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик мебшад. Аз ин рӯ, новобаста аз  мудохилаҳову манфиатҳои бисёр дар Тоҷикистон, миллати воқеан фарҳангӣ, аз хираду таҷрибаи аҷдодӣ истифода карда, ба мусолиҳаи тарафайн, ки ҳамчун роҳи ягонаи пас аз ҳазорсоли бедавлатӣ  соҳиби давлату мамлакати худ шудан буд, расид. Дар натиҷаи ин талошҳо, тарафҳои даргир ба муноқишаи шаҳрвандии харобиовар расида, рӯзи 27 июни соли  1997 Созишномаи истиқрори сулҳи Ҳукумати кишвар ва мухолифини тоҷик ба имзо расид, ки ҳамасола ҳамчун яке аз ҷашнҳои муқаддаси милии кишвар, бо тантана ва шукуҳи хос ва ширкати тамоми сокинони кишвар, дар ҳудуди тамоми воҳидҳои маъмурии далатӣ таҷлил мегарад. Дар тӯли солҳои истиқлолият Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи Ваҳдати комили миллӣ табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид доранд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдоии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фрди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”.
Аз тарафи дигар бояд гуфт, ки як иддаи аъзои ҷомеа дар он гумонанд, ки гӯё расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ вазифаҳои анҷомшуда  мебошад. Аммо ба назар мерасад, ки ин тарзи тафаккур дуруст намебошад, чунки ҳифзи давлат аз таъсироти манфӣ фақат аз тариқи консепсияи ваҳдати миллӣ ва механизми татбиқи он имконпазир аст.
Метавон гуфт, ки чи худшиносии миллӣ ва чи худшиносии афроди алоҳида, ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Сарманшаи маърифати ҳама гуна огоҳӣ ва шинохт дар фаҳмиши вожаи “худшиносӣ” нуҳуфтааст. Аз ин минвол, худшиносӣ маънои қадру қимати худро шинохтан аст. Бисёре аз вожеҳоти мутародифи калимаи худогоҳӣ маъноҳои “аслшиносӣ”, “худшиносӣ”, “ҷаҳоншиносӣ”, “худшиносии миллӣ” ва даҳҳо шинохтҳои дигар аз он сарчашма гирифтаанд. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод. Илова бар он  дар шароити носозгори равандҳои иқтисодӣ ва маданияти шаҳрвандӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии бешумор дар ҳолатҳои  мушаххас метавонанд ҷомеаро ба зиддият, муқовимат ва моҷароҳо рӯ ба рӯ гардонанд. Аз ин сабаб барои он, ки чунин ҳодиса  рух надиҳад, бояд бо ризояти шаҳрвандӣ арзишҳои умумибашариро ба роҳбарӣ гирифт. Яке аз чунин самтҳои муносибатҳоро рӯ овардан ба худшиносии миллӣ ва адолати иҷтимоиро ташкил медиҳад. Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо – тоҷикон фаъолиятҳои самимии давлатдорон, сиёсатмадорон, мероси пурарзиши  мутафаккирон ба хотири истиқлолияти ватан, худшиносии миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб дар таърихи миллатамон боқӣ мондааст. Мутафаккирони барҷастаи фарҳангу тамаддунамон, аз қабили Абўабдуллоҳи  Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣ,  ки маънои баробарии ҳамаи одамон дар ҳуқуқҳо ва имкониятҳо саъю кушиши зиёдеро фароҳам намудаанд. Ин мутафаккирон новобаста бар он, ки дар муҳити исломӣ таълиму тарбия ёфта бошанд ҳам, аммо мехостаанд, ки барои ҳуқуқи озодӣ ва ба даст овардани истиқлоиляти давлатӣ шахсонеро тарбия намоянд, ки бо замони муосир бо афкори илмӣ ва назари нав ва мубориза баҳри ба ҳадаф расидан талош намоянд. Маҳз ин ҳадафро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии  имрўз,  ки шакли иттиҳоди одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад,  низ амалӣ гардонем.Воқеан худшиносӣ аз масоили мубрами инсонист ва ҳар як шахс бояд ба миллату тамаддуну фарҳанги он дилбастагие дошта бошад. Бояд қайд намоем, ки худшиносӣ аз рукнҳои вижагии инсоният дониста мешавад. Албатта ҳар як инсон, қавму миллат ва кишварро аз рӯи маърифати худогоҳии ашхоси он макон метавонад муаррифӣ ва ташхис диҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи мизони  муайян ва муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд.
Аммо бояд қайд намуд, ки мо наметавонем мазмун ва моҳияти худшиносии миллиро дарк намоем, то даме, ки худи мафҳуми худшиносиро дарк карда натавонем. Вақте, ки онро дарк намудем, он гоҳ ба умқи худшиносии миллӣ дохил шудан мегирем. Яъне нисбати дунё ва асрору розҳои ниҳонии он огаҳӣ пайдо мекунад; дигар ин, ки агар инсон худро бишиносад, дунёро мешиносад, яъне нисбати дунё ва асрору розҳои ниҳони он огаҳӣ пайдо мекунад;  дигар ин, ки агар инсон худро шиносад, он вақт медонад, ки дар зиндагӣ ва дар ин дунё чӣ бояд кунад ва чи гуна рафтору амал кунад. Ва баръакс, агар худро нашиносӣ, нахоҳӣ донист, ки рафтору ахлоқат дар ин зиндагӣ  чи гуна бояд бошад, пас барои пай бурдан ба бузургтарин розу асрорҳои дунё ва зиндагӣ кардан дар он бояд худро бишносӣ. Худро шинохтӣ, миллатат, фарҳангат, гузаштаву имрўзаатро мешиносӣ  ва аз гумроҳиву ҷаҳолат наҷот меёбӣ ва ба арзишҳои зиндагӣ дуруст баҳо медиҳӣ.
Илму фарҳанги созандагӣ дар замони муосир дар пешрафту рў ба тараққиёт буда,  аз як ҳолат ба ҳолати дигар даргузариш аст. Ва агар дар ин замони гузаришу тағйироту таҳаввулот инсон худшинос набошад, дар нимароҳа мемонад ва ба раванди зиндагии ҳаррўза ҳаракату амал карда наметавонад. Зеро, ки тағйироту таъбирот танҳо ба воситаи эҳсосҳои инсон дарку ҳал намешаванд, балки барои дарки асрори ҳаёту зиндагӣ, ҷавҳари аслии он инсон бояд соҳиби ақлу заковат, дониш,  ҷаҳонбинии васеъ ва худшиносиву худмуайянкунӣ бошад. Маҳз инҳо омилҳое аст, ки инсонро ба дарку фаҳми дурусти қобилияту қудрат, хубиву бадӣ, пастиву баландӣ, дороиву нодорӣ ва арзишҳои маънавию фарҳангии миллату  ҷомеаи худ нисбати дигар миллату кишварҳои дунё водор  месозад ва мақоми худ ва миллату кишвари худро дар дунё муайян карда метавонад. Истиқлолияти миллии мамлакатамон имконият ва шароит фароҳам овард, ки мардуми мо нисбатан озод ва худшинос бошанд ва пайгири масъалаҳои муҳими рўз гарданд ва ба муқобили ҳар гуна унсурҳои бегона, ки ба зарари пешрафту зиндагиамон аст ва ҷаҳлу гумроҳии фарҳангиву миллӣ мубориза кунанд.
Танҳо хирад, ақли солими расо, ахлоқи ҳамида ва маънавиёти баланд метавонад ҳушёрии сиёсӣ,  сабру таҳаммул ва ифтихори миллиро таҳким бахшида, моро  аз ранҷишу хушунат ва хатокорию зиёдаравиҳо наҷот диҳад ва дар ниҳоят миллатамонро бо ҳам пайванди ногусастанӣ бахшад.
Чун бар мабнои он маънои худшиносиро муайян намуда, решаҳои амиқи таърихии вайро барои беҳтар омўхтан ва аз худ кардан ишора бояд намуд. Бояд қайд кард, ки фарҳанг дар тўли таърихи чандин ҳазорсолаи миллати тоҷик ва худшиносии вай нақши асосиро бозидааст. Барои дар амал тадбиқ ва бунёд гардидани андешаи миллӣ ва ноил шудан ба мустақилияти давлатӣ барои ҷомеаи мо тафаккури созанда ва нав зарур аст. Дар ҳақиқат агар фарҳанг, аз як тараф, сатҳи камолот, қобилият ва инкишофи ҳаматарафаи шахсро муайян кунад, аз тарафи дигар, имконияти мавҷудияти инсон, миллат ва ҷамъият мебошад, зеро мавҷудияти миллат бидуни фарҳанг имконопазир аст. Аз ин рў, метавон фарҳангро ҷавҳари миллат, ҳастии миллат,  воситаи муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллат дониста бошем. Имрўз масъулияти сангине бар дўши ҳар як шаҳрванди миллати тоҷик иборат аз он аст, ки анъанаҳои бои ниёгонамонро таҳкиқ намуда,  бояд мушоҳида намуда, омўхтани онҳо, ки боиси ирсоли арзишҳои фарҳангӣ гашта, ҷомеаро ба сўи тамаддуни муосир мебарад. Миллати тоҷикон фарҳанги дар муддати асрҳо офаридаашро мунтазам омўхта, идрок намуда, самти муҳимтарин арзишҳои онро, ки боиси рушду нуму ва пешрафти ҷомеъаи имрўза мегардад, пайваста амалан дар кору зиндагии худ қарор медиҳад ва дар ин замина дар шароити Истиқлолияти давлатдории миллӣ арзишҳои нави фарҳангӣ, самтҳои тараққии баъдинаи онро муайян менамояд. Фарҳангро пайваста ба ин хотир метавон ҳастии миллат ва пайвандгари маънавии наслҳо ҳисобид, зеро он шуури таърихӣ ва худшиносии миллиро ташаккул дода, онҳоро устувор ва қавӣ гардонида, наслҳоро ба арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеаи башарӣ пайванд менамояд.
Яке аз роҳҳои асосии бартараф намудани зуҳуроти номатлуб ин тақвият ва густариши худшиносии миллӣ, фарҳангию таърихии аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон ва наврасон мебошад. Бо таассуф бояд гуфт, ки иддае аз ҳамватанон аз таъриху фарҳанги бою пурғановати чандинҳазорсолаи миллати худ бархрдор нестанд. Онҳо худро тоҷик ва ворисони фарҳанги тоҷик шуморанд ҳам, дар асл аз ин фарҳанг бехабаранд. Мо вазифадор ҳастем, ки на танҳо мероси гаронмояи аҷдодони худро пос дорем, балки онро бо андешаҳои тоза, ғоя ва мазмуни нав ғанӣ гардонем.
Дар ин замина ба маънои саҳеҳтар гуфтан ҷоиз аст, ки истиқлоли ҳақиқӣ, барои мо тоҷикон, аз истиқлоли забон, ақлҳо, мафкура, худшиносию худогоҳӣ оғоз меёобад. Бояд таъкид намуд, ки аз байн бурдани эҳсоси нангини бегонапарастӣ вазифаи муқаддас ва ватандўстонаи ҳар фарзанди худшиносу худогоҳи миллат аст. 
 
Бандалиева Ш.Н.
н.и.ф., ходими калони илмии  Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia