Масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо ташаббусҳои гуманистонаи Пешвои миллат
- Панҷшанбе, Апр 06 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу амният ба миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Сарвари давлати тоҷикон аз замони ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардиданашон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки принсипи инсондӯстиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори инсонҳоро дар мадди аввал гузоранд.
Ин принсипро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар татбиқи вазифаҳои дохилии давлат, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ амалӣ менамоянд. Замоне, ки роҳбарони аксари давлатҳои абарқудрат доир ба манфиатҳои давлати худ аз минбарҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ҳарф мезаданд, Сарвари тоҷикон аз таъмини сулҳ ва амнияти Афғонистон, пешгирии терроризм ва паст кардани сатҳи камбизоати дар сар то сари дунё сухан меронданд. Дар баробари ин ғамхориҳо ба аҳли башарият, роҳбари давлати тоҷикон, инчунин бо истифода аз салоҳияти худ ба ташкилоти бо нуфузи байналмилалии СММ масъалаи обро пешниҳод намуданад, ки яке аз масъалаҳои мубрам дар ҳифзи ояндаи ҳастии инсоният дар сайёраи замин ба ҳисоб меравад.
Бинобар маълумоти солҳои охири пажуҳишгоҳњои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз масъалаҳое умумибашарии экологие, ки дар оянда метавонад омили сар задани низоъҳо миёни кишварҳои дунё гардида, оқибатҳои ногуворро ба вуҷуд биёварад ин норасоии оби ошомиданї дар кураи замин ва таъмин набудани аҳолии сайёра бо он мебошад. Доир ба ин масъала, ҳануз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Суханронӣ дар Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, санаи 30 сентябри соли 2003, чунин ибрози андеша намуданд: “Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам ҳар сол барои истеҳсоли микдори зарурии озуқа торафт бештар об лозим мешавад. Барои исботи ин далел чунин рақамҳоро мисол меорам, дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду 200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошад, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд. Аз рӯйи ҳисоби муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ баъди 30 сол барои бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ нисбат ба давраи ҳозира зарурати 60 фоиз бештар об ба миён хоҳад омад. Пешгӯйӣ карда мешавад, ки то соли 2030 ҳар панҷумин мамлакати рӯ ба рушд аз нарасидани об ба душвориҳои калон рӯбарӯ хоҳад гашт. Бинобар ин чи дар бобати беҳтар намудани технология ва чи идораи захираҳои об барои таъмини тараққиёти иқтисодӣ ва сабуктар сохтани бори гарони камбизоатӣ гузоштани маблағҳои зиёд зарур аст”.
Истифодаи об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи саноат дар давоми зиёда аз 100 соли охир бо суръат афзоиш меёбад. Мутобиқ ба омори дар ин самт пешниҳод намудаи Созмони Милали Муттаҳид,тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд. Ба андешаи муҳаққиқон, то соли 2025, дар сурати наандешидани чораҳои муассир, ҳудуди 3 миллиард аҳолии замин бе оби ошомиданӣ ва маишӣ мемонанд. Тақрибан дар байни солҳои 2035 ва 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшуда ба захираҳои он баробар мешавад. Дар асоси санадҳои пешниҳоднамудаи олимони соҳа танҳо 2,5 аз сади оби мавҷуд дар Замин ширин ва муносиб ба нӯшидан аст. Норасоии оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз 80 фисади бемориҳо дар ҷаҳон вобаста ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва норасоии об барои поккорӣ мебошад.
Тоҷикистон шурўъ аз соли 2003, замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, то ба имрўз доири ин масъала ҳамчун як давлати пешоҳанг қарор доранд. Пас аз эълони «Соли байналмилалии оби тоза», Пешвои миллат ҷиҳати 10-солаи «Об манбаи ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ва 10-солаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 -ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аксари давлатҳо дастгирӣ ёфтаанд. Ин пешниҳодот аз ташабусҳои инсондӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Роҳбари давлати тоҷикон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон», ки дар таърихи 25 сентябри соли 2008 дар ИМА баргузор гардида буд, суханрони намуда, чунин ибрози андеша намудаанд: “Об барои инсон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва тамоми рӯйдодҳои ҷаҳон ба он вобастаанд, ки шарти асосии зиндагии мӯътадили тамоми мавҷудоти зинда, пеш аз ҳама инсон мебошад. Бинобар ин ҳуқуқи баҳрабардорӣ аз обро, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ҳамчун «ҷузъи ҳаётан муҳими таъминкунандаи шаъну эътибори инсонӣ» ва ҳамчун «заминаи таъмини ҳуқуқҳои дигари инсон» баррасӣ кардан зарур аст”. Аз андешаҳои зикргардида маълум мегардад, ки Сарвари давлати тоҷикон пайваста дар сатҳи байналмилалӣ нисбат ба ҳастии ояндаи башарият ғамхорӣ изҳор менамоянд.
Аз соли 2009 то 2020 дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Копенгаген, Франция, Швейцария, Амрико масъалаи тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин замина баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд, ки “обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ҷумла таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳонӣ махсусан дар минтақаи куҳсор мебошад”. Ин ибрози назари Пешвои миллат низ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуда, Созмони Милали Муттаҳид, ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ гардид.
Хушбахтона 14 декабри соли 2022 таклифи ҷониби Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара ба бор овард. Доири ин таклиф Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул ва тасдиқ намуд. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии беш аз 150 кишвари узви СММ якдилона пазируфта шуд. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар, оид ба 21- март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; соли 2025 - ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо; дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ пурра дастгирӣ ёфтанд.
Ҳамин тариқ, дар асоси далелҳои овардашуда хулоса намудан мумкин аст, ки ташаббуси байналмиллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо бо дар назардошти ташаббусҳои байнамилалии қаблӣ оид ба масъали об комилан моҳияти инсондӯстӣ дошта, аз дорои сатҳи баланди маърифати башардӯстонаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳанд.
Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович
н.и.ҳ., ходими калони илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСваҲ АМИТ
н.и.ҳ., ходими калони илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСваҲ АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон