casino malaysia
casino malaysia
Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносӣ: равиши муайян намудани предмети омӯзиш

wrapper

  Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони технология ва рушди бесобиқаи илм буда, дар тамоми самтҳои ҳаёти инсон рушду такомули техникиву фарҳангӣ, маънавиву моддӣ ба чашм мерасад. Рушди технологияҳо то ҳадди баландтарини худ расида, инсоният аз натиҷаҳои он ба таври мукаммал истифода мебарад.
  Имрӯз дар самтҳои гуногуни ҳаёт, махсусан дар самти технологияҳои ҳарбӣ, тиббӣ, кайҳонӣ, ҳавоӣ, истеҳсоли барқ, технологияҳои иттилоотӣ пешрафтҳои куллӣ ба назар мерасад, ки  эҳтиёҷоти одамонро қонеъ намуда, ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсоният таъсири бузурге дорад. Дар ин росто, рушди инсониятро танҳо натиҷаи рушди илм ва минбаъд, амалияи он таъмин менамояд.
  Илми муосир кулли масоили таърихиву муосир ва дурнамои рушди предмети мушаххаси худро дар бар гирифта, ҳамарӯза дар ҳолати таҳавулот, ташаккулу рушд  мебошад. Албатта, феҳристи илмҳои муосир аз илмҳои 20 ё 30 сол пештар тафовут дошта, агар 50 ва ё сад сол пештарро муқоиса кунем, ин тафовут бештар ба назар мерасад.
Ин тафовутҳо маънои онро доранд, ки илм ҳамчун соҳаи фаъолияти инсон доимо дар ташаккулу рушд буда, дар раванди рушд падидаи  дифференсиатсияи илмҳо мунтазам самту соҳаҳо ва предметҳои нави мустақилро ба вуҷуд меоварад.
Рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ бошад, бо қонуниятҳои рушди ҷомеа, давлат, муносибатҳои ҷамъиятиву хусусӣ, муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ-идеологӣ  сахт алоқаманд буда, метавонад инъикоскунанда, танзимкунанда, маҳдуд ва ё манъкунандаи онҳо гардад. Аз ин сабаб, дар таҳаввулоти илми ҳуқуқ ва қонунгузорӣ на танҳо муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ таъсиргузор ҳастанд, балки қонунгузорӣ низ дар ҷараёни амали худ ба онҳо таъсири муайян мерасонад. Аз ин сабаб, бояд эътироф намуд, ки таъсири мутақобила байни муносибатҳои танзимшаванда ва меъёрҳои танзиимкунанда вуҷуд дорад.
Албатта, фалсафаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таносуби байни ин муносибатҳо, илми ҳуқуқ ва қонунгузории амалкунанда ҷанбаҳои гуногун доранд ва масоили гуногунҷабҳа мебошанд, ки барои ошкор намудани онҳо таҳкиқоти зиёдеро анҷом додан зарур меояд. Дар мақолаи мазкур мо танҳо як ҷанбаи мушаххаси онро мехоҳем мавриди омӯзиш қарор диҳем. Сухан дар бораи предмети омӯзиши илмҳои гуногун меравад.
Маълум аст, ки илми мустақил бояд объект, мавзуи баҳс, категорияҳои асосӣ ва методологияи худро доро бошад. Дар байни ин нишонаҳои асосӣ метавонанд объект ва категорияҳои илмӣ бо дигар илмҳо мутобиқат дошта бошанд. Вале новобаста аз он, ки усулҳои илмии якчанд фанни як соҳа бо ҳам мумкин мувофиқ меоянд, вале дар амал ҳангоми омӯзиш ва таҳқиқи предмети омӯзиш усули асосӣ аз усулҳои асосии дигар илм тафовут дорад.
Масалан, илми назарияи ҳуқуқ ва давлат худ илми методологӣ буда, усулҳоеро истифода мебарад, ки онро илми таърихи давлат ва ҳуқуқ низ истифода мекунадад. Дар навбати худ, илми таърихи давлат ва ҳуқуқ, қонуниятҳои илми назарияи ҳуқуқ ва давлатро ҳамчун методологияи илмӣ истифода мекунад.
Дар илмҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ бештар усули таърихӣ-ҳуқуқӣ ва принсипи таърихият истифода мегардад. Дар илми назарияи ҳуқуқ ва давлат асосан усули маҷмӯии омӯзиш ва усули шаклӣ- ҳуқуқӣ, муқоисаи ҳуқуқӣ мавриди истифода буда, дар қатори онҳо усули таърихӣ –ҳуқуқӣ низ истифода мешавад, вале он барои назария усули асосӣ намебошад.
Аз гуфтаҳои мазкур хулоса кардан лозим аст, ки ҳарчанд дар номгӯи усулҳои истифодашаванда усулҳои монанд номбар мешаванд, вале онҳо мавқеи ягонаро дар илмҳои онҳоро истифодабаранда надоранд.
Аз ҷониби дигар, объекти омӯзиши илмҳои гуногун метавонад як бошанд, вале предмети омӯзиш ҳатман аз ҳамдигар тафовут доранд. 
Масъалаи предмети омӯзиш махсусан солҳои 90-уми асри ХХ хеле мубрам гардида, аз ҷониби як қатор олимони сиёсатшинос даъват ба амал оварда шуд, ки предмети омӯзиши илми «Назарияи ҳуқуқ ва давлат» ба ду фанни мустақил табдил дода шавад, чунки танҳо «Назарияи ҳуқуқ» «моли» ҳуқуқшиносон буда, «Назарияи давлат» «моли» сиёсатшиносон мебошад. Аз ин сабаб, тадриси онҳо низ аз ҳамдигар ҷудо ва аз ҷониби мутахассисони соҳаҳои мазкур амалӣ гардад. Ин ҷараён ҳатто ба фаъолияти Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.И. Ломоносов таъсир гузошта, номи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи донишгоҳ ба  «Кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ» табдили ном гардид.
Минбаъд низ баҳсҳои илмӣ ва фароилмӣ оид ба предмет ва мавзуҳои илмӣ давом ёфта, имрӯз дар Тоҷикистон ин ҷараён ва масъалаи тайин намудани самтҳои омӯзиш – предмети таҳқиқот давом дорад.
Махсусан ҳангоми муайян намудани мавзуи рисолаҳо баҳсҳо бештар ба назар мерасад ва он дар утоқҳои таълимӣ то ба Шӯроҳои ҳимоя мушоҳида мегардад. Мусаллам аст, ки ба ин масъала аз диди илмӣ бояд баҳо дода шавад ва ё мавзуи омӯзиши фанҳои алоҳида мушаххас карда шаванд. Ин кори саҳл нест, чунки рушди муосири ҷомеа ва илми муосир масоилеро назди илми мушаххас ва низоми илмҳо мегузорад, ки то имрӯз аз ҷониби илми дигар ва ҳатто самтҳои дигари илм омухта мешуд. Новобаста аз ин, як қатор ченакҳои умумие вуҷуд доранд, ки дар сурати ба назар гирифтани онҳо мо дар муайян кардани самти илмии таҳқиқот хато нахоҳем кард. Сухан оид ба тафриқаи омӯзиш дар илмҳои гуногун ва самтҳои гуногуни илми алоҳида меравад.
Масалан, илми «Фалсафаи ҳуқуқ» яке аз илмҳои байнифанниву байниилмие аст, ки ба андешаи мо метавонад предмети омӯзиши файласуфон бошад, аз ҷониби дигар метавонад, мавзуи омӯзиши ҳукуқшиносон гардад. Аз ин сабаб, матн ва мазмуни илми «Фалсафаи ҳуқуқ» барои ҳуқуқшинос ва файласуф аз ҳамдигар метавонад тафовути ҷиддӣ дошта бошад. Ҳамин суханро оид ба сотсиологияи ҳуқуқ, психологияи ҳуқуқӣ ва дигар предметҳои байнифаннӣ қайд намудан мумкин аст. Пеш аз ҳама, мақсад, матн, мазмун ва натиҷаҳо, забони китоби дарсӣ барои файласуф аз ҳуқуқшинос ва ё баръакс бояд фарқ дошта бошад, чунки мақсади ҳуқукшинос ҳангоми таҳия ва омӯзиши фалсафаи ҳуқуқ дигар аст, аз файласуф дигар.
Барои ҳуқуқшинос ҳангоми омӯзиши илми мазкур бо дарки фалсафии масъала ва ё падида исбот намудани қонуниятҳои ҳуқуқӣ бошад, пас, барои файласуф,  фанни мазкур дар мисоли категорияҳои ҳуқуқӣ исбот намудани масоил ва қонуниятҳои фалсафа мебошад. Ин фарқият заминаи он аст, ки илми мазкур метавонад дар қатори илмҳои фалсафӣ ва ё ҳуқуқӣ ҷой дода шавад. Аз ин сабаб, ҳангоме, ки файласуф илми мазкурро барои ҳуқуқшинос таълим медиҳад, пеш аз ҳама, бояд дониши ҳуқуқӣ низ дошта бошад, қонуниятҳои ҳуқуқиро донад, то мақсади илми мазкурро ба хонанда расонида тавонад.
Дигар масъалае, ки мо мехоҳем онро таҳлил намоем, масъалаи ҳадди интихоб ва мушаххаснамоии мавзуи омӯзиши самтҳои гуногуни илми ҳукуқшиносӣ аст. Баҳсҳо ба таври мунтазам ба вуҷуд омада, то имрӯз идома доранд. Албатта, баъзан ин баҳсҳо дар ҷои холӣ ба вуҷуд омада, аз дониши шахс, шинос будани мубоҳис ба масоили мавзуи баҳс  робита дорад. Вале дар аксар маврид, бо пайдо шудани мавзуҳои нави илмӣ, рушди муносибатҳои наве, ки таҳқиқотро талаб мекунад, таҳлили масоили комплексӣ ва ѓайра, зарурати мазкур ба вуҷуд меояд, чунки масоил ва ҷанбаҳои гуногуни илмӣ сабабгори нофаҳмиҳо шуда метавонад. Ба андешаи мо, ин масъала таҳлили хеле амиқро талаб мекунад. Вале равиши мо ҳангоми муайян кардани предмети фанҳои гуногуни ҳуқуқӣ аз он иборат аст, ки чунин ченак бояд ба ҳисоб  гирифта шавад: Якум, ҳар як фанни ҳуқуқӣ - таърих, назария ва амалияи худро дорад. Илмҳои мустақили ҳуқуқӣ ѓайр аз ин қонунгузории амалкунанда ва амалияи ҷориро низ доро мебошанд. Масалан, илми ҳуқуқи маданӣ таърих, назария, қонунгузории ҷорӣ ва амалияи он (фаъолияти субъектҳои ҳуқуқ)-ро дорад. Пас, ҳангоми омӯзиши масоили назариявӣ таносуби мавзуи илми назарияи ҳуқуқ ва давлат вобаста ба илми ҳуқуқи маданӣ дар чӣ ифода меёбад?
Пеш аз ҳама, ба андешаи мо, назарияи илми ҳуқуқи маданӣ он падидаҳоеро ҳамчун назарияи илми ҳуқуқи маданӣ меомӯзад, ки танҳо ва танҳо ба ин илм хос мебошанд. Предмети омӯзиши илми ҳуқуқи маданӣ асосан аз ин гурӯҳи падидаҳо иборат мебошад. Албатта, омӯзиши падидаҳои дигар, ки на танҳо ба илми ҳуқуқи маданӣ хос аст, мавзуи баҳси илми ҳуқуқи маданӣ шуда метавонад. Вале дар навбати худ ин гурӯҳи падидаҳоро илмҳои дигар низ меомӯзанд.
Масалан, шартнома метавонад мавзуи баҳси якчанд илме бошад, ки ин падидаро меомӯзанд ва истифода мекунанд. Дар навбати худ, шартнома метавонад мавзуи баҳси илми назарияи давлат ва ҳуқуқ бошад, чаро? Барои он кӣ ба андешаи мо, он падидае, ки мавзуи баҳси ду ва зиёда илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошанд, қонуниятҳои асосии он, яъне ҷанбаҳои назариявии он -  мавзуи омӯзиши илми назарияи ҳуқуқ ва давлат мегардад.
Аз ҷониби дигар, агар таносуби илмҳои мустақили ҳуқуқ ва таърихи давлат ва ҳуқуқро таҳлил намоем, пас, на танҳо қонуниятҳои рушд, балки ҳар як падидаи ҳатто хоси илмҳои мустақил метавонад мавзуи баҳси илми таърихи давлат ва ҳуқуқ бошад, чунки моҳиятан, ҳар як падида таърихи пайдоиш ва рушд дорад ва онро бояд аз нуктаи назари таърихӣ-ҳуқуқӣ омухт.
Ѓайр аз ин, дар Ѓарб равише вуҷуд дорад, ки таърих гуфта тамоми гузаштаи худро меноманд, то ҳудуди як аср пеш. Асри охир ва ё марҳилаи рушди охирини соҳа таърихи илми мустақили ҳуқуқро ташкил мекунад. Аз ин сабаб, илми таърихи давлат ва ҳуқуқ ҳарчанд мавзуи баҳси худро то давраи қонунгузории амалкунанда ва дурнамои он ба дарозо мекашад, вале аксаран масоилеро таҳлил менамоянд, ки то оѓози марҳилаи навин ба вуҷуд омадаанд. Аз ин сабаб, омӯзиши таърихи масалан ҳуқуқи ҷиноятӣ аз ҷониби мутахассиси соҳа бояд бо марҳилаи навини рушд маҳдуд бошад.
Албатта, гузоштани ҳадди сангин байни мавзуи таҳқиқотии таърихи давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи соҳавӣ лозим нест, чунки ҳадди мазкурро талаботи масоили таҳқиқотӣ муайян мекунад. Масалан барои исботи махсусияти падидаҳои «сарвари давлат», «ниҳодҳои соҳавии идоракунӣ», «шартнома», «васоят», «парасторӣ», «фарзандхонӣ» муҳаққиқ метавонад пайдоиш ва ташаккули онро аз марҳилаҳои қадим то имрӯз таҳлил намояд. Дар навбати худ ин таҳлил мақсади мушаххас дошта, ошкор намудани қонуниятҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ, яъне мавзуи баҳси илми таърихи давлат ва ҳуқуқ ба он дохил намешавад.   
Албатта, баҳси мазкур бояд давом дода шавад, то дар ҷамъият як созиш оид ба ҳадди байнипредметии баҳси илмҳои гуногуни ҳуқуқӣ муайян карда шаванд. Натиҷаи ин таҳлилҳо метавонад кори муҳаққиқони ҷавонро осон ва истифодаи усулу воситаҳои илмиро амиқ гардонида, барои рушди илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат намояд.
 
Буризода Эмомалӣ Бозор 
д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
        

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia