casino malaysia
casino malaysia
Рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон

wrapper

  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар кишварамон якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун  Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
  Мисли дигар илмҳо, илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон низ таърихи пайдоиш ва рушди худро дорад.
  1 феврали соли 1944 Совети Олии СССР  Қонун «Дар бораи додани ваколатҳо ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар соҳаи муносибатҳои хориҷӣ ва ба ин муносибат тағйир додани Комиссариати Халқии корҳои хориҷӣ аз иттифоқӣ, ба Комиссариатҳои Халқии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ»-ро қабул кард. 12 майи соли 1944 сессияи VII Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати 1 Конун «Дар бораи ташкил намудани Комиссариати Халқии Иттифоқӣ-ҷумҳуриявии корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон»-ро кабул кард, ки заминаи ҳуқуқии рушди илми ҳуқуқи байналмилалиро гузошт.
  Аммо солҳои зиёд  ҶШС Тоҷикистон аз имкони тайёр кардани кадрҳои дипломатӣ дар дохили мактабҳои олии ҷумҳуриявӣ маҳрум буд.
  Бо Фармони Совети Вазирони СССР аз 21 марти соли 1947 рақами 643  дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1949 дар сохтори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон факултети ҳуқуқ ташкил дода шуд.  Дар мақолаи худ бо номи «Манбаи ихтисосмандони ҳуқуқ»  собиқ декани факултети ҳуқуқи ДДМТ доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ М.А. Маҳмудзода дар ин бора чунин навиштааст: «Баробари ташкил ёфтани шуъбаи фаъолияти ҳуқуқии байналхалқӣ зарурати ба вуҷуд овардани кафедра ба миён омад, ки мебоист шуъбаи мазкурро аз ҷиҳати илмиву методӣ ва таълимӣ роҳбарӣ менамуд. Ҳамин гуна тахассусгоҳ кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ гардид, ки он бо қарори Шўрои илмии ДДМТ аз 14 марти соли 1994 таъсис ёфт».
  Баъди таъсиси факултети ҳуқуқ  аввалин устодоне, ки аз фанни ҳуқуқи байналмилалӣ ба донишҷўён дарс медоданд, муалимони калон Акбаров Баҳодур,  Ҳамидов Муъмин Ҳамидович (1971-1988), дотсент Қосимов Садриддин Маҳмудович (1984-1986) буданд.
  Аз замони таъсис дар кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ 1 профессор, доктори илмҳои ҳуқуқ (Менглиев Ш.М.) , 5 ассистент  ва 1 лаборант кор мекарданд. Кафедра  корҳои илмию тадқиқотӣ, методӣ, таълимию тарбиявиро дар шуъбаи фаъолияти ҳуқуқии байналхалқӣ анҷом дода, таълими фанҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ва ҳуқуқи гумрукро дар ҳамаи шуъбаҳои факултети ҳуқуқ таъмин менамояд. Вобаста ба махсусиятҳои шуъбаи фаъолияти ҳуқуқии байналхалқӣ ба шогирдон аз улуми ҳуқуқи дипломатӣ, ҳуқуқи байналхалқии башардўстӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати берунаи ҶТ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва савдои берунаи мамлакатҳои хориҷӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти берунаи иқтисодӣ, инчунин 15 курси  махсус дарс дода мешавад, ки боиси фарох гардидани донишу ҷаҳонбинии муҳассилин аз ҳуқуқӣ байналхалқӣ мегардад. Дар ҳоли ҳозир дар кафедра 10 устод аз фанни ҳуқуқи байналмилалӣ ба донишҷўён дарс медиҳанд ва 2 унвонҷў аз ҳуқуқи байналхалқӣ рисолаҳои номзадии худро таҳқиқ мекунанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 таҳти рақами 474 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти давлат ва ҳуқуқ таъсис ёфт, ки дар сохтори он Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ  пешбинӣ шуда буд. Аз соли 2011 ин Шуъба дар сохтори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дохил мешавад.  Дар ҳоли ҳозир дар Шуъба 6 нафар ходими илмӣ фаъолият доранд. Роҳбарии онро аз оғоз то имрӯз доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҷабов С.А. ба уҳда дорад.
Ҳадафи фаъолияти Шуъба аз таҳқиқи ҳамаҷонибаи проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; додани хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаҳои муоҳидаҳо  ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶТ; тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ; таҳия ва нашри монографияҳо, китобҳо, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳо дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ иборат мебошад.
  Самтҳои афзалиятноки пажӯҳиш дар Шуъба қарори зайл аст: таҳқиқи таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ; асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ; таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ; ҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва ғайрибайналмилалӣ; масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об; масоили актуалии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ғ.
Дар муддати солҳои 2006-2023 Шуъба се мавзўи панҷсолаи буҷавиро бомуваффақият амалӣ намуд: 1) Проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2012).  РҚД 0109ТД784 аз 20.02. с. 2009; 2) Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ: таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ (2013-2017).  РҚД  - 0113TJ00312  аз  23.04. с. 2013; 3) Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ (2019-2023). РҚД  - 0119TJ00995 аз  07.05. с.2019.
Дар солҳои 2006-2023 роҷеъ ба илми ҳуқуқи байналмилалӣ ходимони илмии шуъба 16 монография, 4 китоби дарсӣ,  10 воситаи таълимӣ, 2 брошюра, 407 мақола дар ҳаҷми 346, 8 ҷ.ч. ба чоп расониданд.
Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ фаъол буда, дар тўли ин солҳо 1 доктор ва 7 номзади илмҳои ҳуқуқро  тайёр намуд. Дар ҳоли ҳозир дар Шуъба 2 докторанти PhD бо таҳсил ва таҳқиқи масоили ҳуқуқи байналмилалӣ фаро гирифта шудаанд.
Шуъба ба таври мунтазам дар таҳия ва тақризи барномаҳои давлатӣ, шартномаю  созишномаҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Алалхус додани хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаҳои муоҳидаҳо ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро аз тарафи Шуъба алоҳида  қайд кардан зарур аст. Дар муддати фаъолияти худ Шуъба зиёда ба 210 лоиҳаҳо ва санадҳои байналмилалӣ хулосаҳои экспертии худро пешниҳод кардааст.
Маколаҳои илмии ходимони Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик ба чоп мерасанд,  ки ин шаҳодати эътирофи илми ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ  мебошад.  
Аз фурсати муносиб истифода намуда, Рӯзи илми тоҷикро ба аҳли илм табрик мегўем ва барояшон комёбиҳо орзу менамоем. Итминони комил дорем, ки илми тоҷик дар даврони Истиқлолият вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу Ватани азизамон бо сарбаландӣ иҷро менамояд.
Рӯзи илми тоҷик муборак бошад, ҳамкорони гиромӣ!
 
Саидумар Раҷабов 
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ,
 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia