casino malaysia
casino malaysia
Пешниҳоди Пешвои миллат ва тасдиқи нақшаи мубориза бо бўҳрони об дар нишасти СММ

wrapper

  Дар арсаи байналмилалї Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.
  Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаъҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошад. Обшавии босуръати пиряхҳои табиӣ, ки аз манобеъи аслии таъмини оби ошомиданӣ маҳсуб мешавад, дар баробари афзоиши масрафи об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ метавонад паёмадҳои хеле манфӣ дошта бошад. Ҳар сол дар саросари ҷаҳон пиряхҳои зиёде кам мешаванд. Бархе аз пиряхҳои машҳури гузашта комилан об шуда ва ҳеҷ гоҳ аз нав ташаккул наёфтаанд. Имрӯз суръати обшавии пиряхҳо сол то сол меафзояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз муҳимтарин сабабҳои ин падида «гармшавии иқлим» аст.
  Бисёр одамон ё ҷомеаҳое, ки комилан аз об аз обшавии пиряхҳо барои нӯшокӣ ва кишоварзӣ вобастаанд, аллакай оқибатҳои харобиовари ин обшавии босуръати пиряхҳоро эҳсос кардаанд. Обшавии босуръати пиряхҳо на танҳо барои мо инсонҳо, балки ҳатто барои ҳайвонот, паррандагон, моҳӣ ва растаниҳои баҳрӣ хеле зарари ҷидди мерасонад.
  Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки агар дар натичаи обшавии пиряхҳо обхезї ба амал ояд, пас чї тавр хушксолиро ба обшавии пиряххо нисбат додан мумкин аст? Бале, пиряхҳое, ки нисбат ба муқаррарї бо суръати тезтар об мешаванд, ҳангоми ҳаракат дар канори куҳҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳаҷми ин дарёҳову кӯлҳо зуд боло рафта, деворҳое, ки ин кӯлҳоро нигоҳ медоранд, танҳо ба фишорҳои маҳдуд тоб оварда метавонанд. Ҳамин ки об дар ин кӯлҳо ва дарёҳо ба қадри кофӣ баланд шавад, оқибати бисёр харобиовар дорад ва инчунин солҳои охир мо шоҳиди хушксоливу обхезиҳои бесобиқа будем. Ҳамин, ки ин пиряхҳо пурра об шаванд, дарёҳо ва кулҳо аз ин обҳо сер шуда, эҳтимоли зуд хушкшавиро доранд. Одамоне, ки ба оби тоза аз ин манбаъҳо ниёз доранд, манбаи оби тозаи худро аз даст медиҳанд (агар оби тозаи зеризаминӣ мавҷуд набошад). Ин метавонад ба хушксолї ва норасоии озуқаворї оварда расонад.
   Мусаллам аст, ки ин масъалаи ҳассос бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва махсусан раҳбарони сиёсӣ қарор дошта бошад. Қобили қайд аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан ягон минтақае нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад ва бино ба таҳлилҳо, агар саъю талошҳои муассири муштарак анҷом дода нашавад, масоили мазкур аз ин бештар печидаву мураккаб хоҳад шуд.
  Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз соли 2009 дар пойтахти Дания – шаҳри Копенгаген зимни суханронии Сарвари давлат дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуда, ибтикори мазкур, инчунин, дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Маҷмаи умумии СММ, дигар чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ матраҳ гардида, барои пешбурди ин ташаббус бо ҳамаи шарикон ҳамкориҳои зарурӣ роҳандозӣ гашт.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суханронии худ қайд намуданд:
  • Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об дар рӯзи дувуми Наврӯз (22 март) аз соли 1993 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле рамзӣ буда, дар ин рӯз Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба яке аз мушкилоти асосӣ ва глобалии замони мо, яъне нарасидани оби нӯшокӣ ҷалб мекунад.
  • Имрӯз ин мушкил ба яке аз масоили матраҳ дар барномаи рушди байналмиллалӣ табдил шудааст ва ба далели ин вазъ маҷмуи масоили марбут ба об (солҳои ахир тасвиб шудааст) дар асноди байналмилалӣ ҷойгоҳи хосро дорост.
  • Норасоии об барои рушди кишварҳо ва мардум дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, амнияти ғизоӣ, баробарии гендерӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, маориф, саноат, талошҳои сулҳ ва амсоли ин мушкилот эҷод мекунад.
  • Дар қисмати дигар Пешвои Миллат аз фурсат истифода бурда, бори дигар аз тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш кард, ки аз пешниҳоди “Душанбе” дар мавриди эълони соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳои табиӣ ва ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ эълон шудани 21 март ҷонибдорӣ кунанд.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронии худ изҳори итминон кард, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бо такя ба анъанаҳои созанда ва арзишҳои устувори Наврӯз бо нерӯи нав ва нақшаҳои созанда барои татбиқи даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва дигар ҳадафҳои ҷаҳонӣ вобаста ба об, ҳамкориро ривоҷ медиханд то онхо барои оқилона истифода бурдани об ва дигар сарватҳои табиї, инчунин барои мухофизати муҳити зист саҳми арзандаи худро гузоранд.
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти мавзўи мавриди назар ва ширкати фаъол доштан дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва таъмини платформаи муколамаи сиёсӣ, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро ташкил ва мизбонӣ менамояд. Ин нишастҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об» эътироф намудааст. Чорабиниҳои сатҳи баланди Душанбе, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд, имконияти саривақтиро барои тавсеаи шарикӣ, пайдо намудани роҳҳалҳои оқилонаи мушкилоти марбута фароҳам меоранд ва аз ҳама муҳим, ҳусни эътимодро миёни давлатҳои ҷаҳон тақвият медиҳанд. Дар асоси Қатъномаи мазкур дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, ки ин панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки боиси ифтихори бузург аст.
 
Зиёзода Нодир 
ходими илмии Шуъбаи масъалаҳои сиёсии
муносибатҳои байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносї ва ҳуқуқи АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia