Баррасии дурнамои равобити дуҷониба дар мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон
- Ҷумъа, Апр 07 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамаҷониба бо Озарбойҷон, ки бар пояи эътимоду эҳтироми мутақобила, ҳавасмандии мутақобила ба амиқ ва густариши равобити дуҷониба, мавқеъҳои муштарак дар бисёре аз масоили ҷаҳониву минтақавӣ асос ёфтааст, аҳамияти хоса медиҳад.
Дар давоми се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ робитаҳои байни кишварҳо устувор гардиданд, ки ин барои ҳалли масъалаҳои судманд ва ҳамкории фаъолона дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Ҳоло ҳамкории дутарафа дар сатҳи баланд буда, ба принципҳое асос ёфтааст, ки дар Шартномаи дустӣ ва ҳамкории ҳар ду мамлакат баён шудаанд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудааст. Оғози фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 22 сентябри соли 2007 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 рост меояд. Имрӯзҳо бошад муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ бомуваффақият инкишоф ёфта, ҳамкориҳои зич дар арсаи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, майдони васеи ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, ҳамкориҳои иқтисодӣ вусъат ёфта, робитаҳои байнипарлумонӣ, фарҳангӣ, илму маориф густариш меёбанд.
Ҳамаи ин дастовардҳо бар тавофуқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки ба тавсеа ва амиқсозии ҳамкориҳои гуногунҷанба ва бисёрҷанба ва талошҳои пайваста ва корҳои муштарак дар самтҳое, ки аз ҷониби онҳо ибтидо муайян карда шуда буданд, асос ёфтааст.
Асоси муносибатҳои байни давлатҳои соҳибистиқлолро Пешвои миллати халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиевич Алиев ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Маҳз таҳти роҳбарии онҳо таҳкурсии он муносибатҳое гузошта шуд, ки имрўзҳо бомуваффақият инкишоф меёбанд. Анъанаҳои дўстӣ ва бародарии байни ду халќ давом доранд, мустаҳкам мешаванд ва шаклҳои нав пайдо мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар таърихи 5 апрели соли ҷорӣ бо як сафари давлатӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Ин дуввумин сафари роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои нахустин бор моҳи октябри соли 2014 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд.
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду давлатро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиевро самимона истиқбол карда, аз рушди равобити мунтазами сиёсӣ, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ қайд кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.
Пешвои миллат ҳамчунин қайд кард, ки дар тӯли 30 соли муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистаанд механизмҳои муассири ҳамкориҳоро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд.
Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ гардида, оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин самти муносибатҳо тавофуқ ҳосил шуд.
Дар ин замина ҷонибҳо ба самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили сармоягузорӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар заминаи ҳамкориҳои саноатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу, иқтисодӣ, фарҳангиву, гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният таъкид намуданд.
Сарони ду кишвар хостори таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шуданд.
Ҷонибҳо доир ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ муфассал мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳамкории зичи ҷонибҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон аъзо ва иштирокчиёни онҳо мебошанд, таъкид гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
- Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ташкили табодули пешакии иттилоъ доир ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Озарбойҷон интиқол меёбанд;
- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба хамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм;
- Барномаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон то соли 2025; Харитаи роҳ оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2023-2024;
- Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2023-2024;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи сармоягузорӣ, пешбурди стартапҳо ва соҳибкорӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ташвиқи содирот ва сармояи Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Протокол оид ба барқарор намудани равобити бародаршаҳрӣ байни шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишварро неку назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом бояд гуфт, ки бо талошҳои раҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон равобити дуҷониба бар пояи ҳусни тафоҳум ва эътимоди мутақобила бунёд ёфтааст, ки гарави рушди устувори муносибатҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои мост. Ҳамзамон, густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, такмили заминаи шартномавӣ, ташкили сафарҳои мутақобила дар сатҳҳои гуногун, андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, транзит, нақлиёт ва ғайра муҳим аст.
Зиёзода Н. И
ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон