casino malaysia
casino malaysia
Паём. Ҷанбаҳои муносибатҳои байналмилалӣ

wrapper

   Самтҳои асосии сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муайян карда шуда, дар асоси принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бо назардошти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2028, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, инчунин Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  амалӣ карда мешаванд.
  Яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди муносибатҳои эътимодбахш, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба хусус бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад. Аз ин лиҳоз, рушди муносибатҳои эътимодбахш, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар асоси манфиатҳои тарафайн, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат дар Паём ҳамчун самти асосии сиёсати хориҷии кишвар зикр гардидааст.
  Соли 2022 Тоҷикистон 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Бояд тазаккур намуд, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо 181 кишвари ҷаҳон равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва дипломатӣ барқарор намуда, бо 130 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратию иқтисодӣ дорад.
  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфта шудааст, ки «Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод»[1].
  Бояд тазаккур дод, ки идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Сарвари давлати точикон Э.Рахмон принципхои асосии сиёсати беруниро муайян намуданд, ки дар он таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо кишварҳои ИДМ, ба хусус бо ҷумҳуриҳои  минтақаи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон нақши муҳим мебозад. Дар ин бора дар Паём таъкид мегардад, ки  «мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем».
  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъ, дағалӣ ва зӯроварӣ, таассуби динӣ ва тамаддунӣ, бегонапарастӣ комилан озод ва ба ҳамкорию шарикии баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманди ҳамаи давлатҳои ҷаҳон  асос ёбад ва ҳама гуна таҳдид ба сулҳу суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ бояд тавассути созиш ва муколамаи созанда дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, пеш аз ҳама Оинномаи СММ ҳамчун созмони асосии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ рафъу безарар карда шавад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем».
Як нуктаи муҳимро қайд кардан лозим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии сиёсати ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист эътироф шудааст. Аз ҷумла, қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони “Соли байналмилалии оби тоза 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, 2013, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии Ҳифзи пиряхҳо» далел ва тасдиқи ин гуфтаҳои боло мебошад.
  Дар ин робита дар барқияи шодбошии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Ҷаноби Олӣ, мехоҳам Шуморо бо қабули Қатъномаи А/77/443 таҳти унвони «Соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо 153 кишвари ҷаҳон пешниҳод шудааст, табрик мегӯем. Ин як тасдиқи муҳими раъйи эътимоди давлатҳои аъзои СММ ба кишвари шумо ҳамчун пешоҳанг дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҷонибдори нишон додани робитаи байни оби тоза, кӯҳҳо ва тағирёбии иқлим дар роҳи татбиқи ҳадафҳои ба ҳам алоқаманди Рӯзномаи рушди устувор - 2030 мебошад»[2].
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, хамасола  рўзи  21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон гардид ва вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад гашт.
  Дар шароити ҳамоно мураккабу печидаи равандҳои геополитикӣ,  Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад. Дар ин замина, давлати мо азм  дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад. Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, ки ҳоло амалӣ мегардад[3], идомаи мантиқии ин самт буда, кафолат медиҳад, ки муносибатҳои байналмилалии кишвари мо дар шароити нави рушди ҷаҳонӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.
Сиёсати хирадмандона ва ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо имкон дод, ки  дар натиҷаи ҳамкориҳои васеъ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешравиҳои боз ҳам бештар ноил гардида, дар баробари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо намояд. Ҳамаи ин ба таҳкими имиҷи (симои)  Тоҷикистон ҳамчун давлати осоишта, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунад.

Саидумар Раҷабов 
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.12.2022 Захираи электронӣ. URL: http://www.president.tj/ru/ node/29824 (Санаи руҷуъ 09.01.2023)
[2] Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 23.12.2022. Захираи электронӣ. URL: http://www.president.tj/node/29820  (Санаи руҷуъ 09.01.2023)
[3] Консепсия сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, № 332 тасдиқ гардидааст. Захираи электронӣ. URL http://mfa.tj/?l=tj&cat= 109&art=1072 (Санаи руҷуъ 09.01.2023)

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia