casino malaysia
casino malaysia
Паём. Арзёбии саҳми ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан

wrapper

  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, гуногунҷанба буд. Дар он масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ироа гардид – ин масъалаи амният ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ мебошад. Чунин масъалагузорӣ дар ҳолест, ки вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон мураккаб боқӣ мемонад.  
 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеа таъкид карда, аз ҷумла иброз доштанд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандўсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирўзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гўшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”[1].   Дар баробари ин комёбиҳои ҷавонон, имрўз миёни ин қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд нафароне, ки ба ҳазбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, номи ҷавононро доғдор месозанд. Созмону ҳаракатҳои ифротӣ, аз фарҳангу анъанаҳои миллӣ, маданият ва инсондустӣ фарсахҳо дур буда, ҷавононро қурбони ғояҳои ифротии хеш мегардонанд. Ин таҳдид ба амнияти фард, ҷомеа ва давлат аст. Ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат ва парчамбардори он мебошанд, доимо дар маркази диққати давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа қарор доранд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар Паём қайд карданд: “Имрўзҳо гурўҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”[2].
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷавонон як қишри осебпазири ҷомеа буда, маҳз онҳо ҳамчун доираи муносиб зери таъсири манфии гурўҳҳои ифротгаро меафтанд. Бо чунин ҳолат синну сол, вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷаҳони маънавии онҳо, ки дар марҳилаи ташаккулёбӣ мебошанд, мусоидат мекунад. Ҷавонон як қишре мебошанд, ки хусусиятҳои хоси иҷтимоию равонии худро доранд.
Сабабҳои дур шудани онҳо аз ҳаёти муътадил ва пур аз маънӣ дар ҷамъияти мутамаддин гуногун аст. Ҷавонон, ки ҳанўз дар раванди ташаккулёбӣ қарор доранд, ба осонӣ зери таъсири арзишу мафкураҳои бегона меафтанд. Дар муқовимат ба ин, бояд шуури сиёсии онҳо ба сатҳи зарурӣ расонида.
  Дар раванди ташаккули шуури сиёсии ҷовонон аз тамоми имконоти мавҷудаи ниҳодҳои иҷтимоӣ – оила, мактаб, донишгоҳ, ҷомеа, ВАО пурра истифода бурдан шарт ва зарур аст. Бо ҳар чизе ки насли ҷовон метавонанд рӯ ба рӯ шаванд ва ё дар тамос бошанд, бояд мавриди эътибори ҷиддӣ дар ҷомеа қарор гирад.
Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рўҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”[3].
Воқеан бар зидди ифротгароӣ ва ғояҳои он метавон ғояҳои башардўстона, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдату ягонагиро истифода намуд. Дар ин самт маҳз корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон нақши муҳим ва калидиро мебозад.
Бо дарназардошти ҳолати имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ, муборизаи абарқудратҳо дар арсаи ҷаҳон, кўшишҳои онҳо барои пиёда намудани нақшаҳои худ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ метавон гуфт, ки вазъияти ҷаҳон дар ҳолати тағйиёрбӣ қарор дошта, ҳар лаҳза метавонад нооромтар шавад.
Ба андешаи мо, корбарӣ доир ба пешгирии ифротгароӣ дар байни кўдакону наврасон ва ҷавонон бояд мунтазам ва самаранок дар ҳар як муассиса сурат гирад, то ки ҳисси муҳаббати онҳо ба Ватан ва миллат қавитар шавад.
Давлат ва ҳукумати мамлакат барои ҷавонон шароити мусоидро барои таҳсилу фаъолият фароҳам овардааст. Ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, шахсияти хешро ташаккул диҳанд ва саҳми худро дар рушди босуботи ҷомеа ва Ватани азизамон Тоҷикистон гузоранд.
 
Муродов С.
н.и.ф., мудири Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ
Саримсоқов И. 
 
ходими хурди илмии Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ
 
[1] https://khovar.tj/2022/12/payomi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-mu-taram-emomal-ra-mon-dar-borai-samt-oi-asosii-siyosati-dohil-va-hori-ii-um-ur/
[2] https://khovar.tj/2022/12/payomi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-mu-taram-emomal-ra-mon-dar-borai-samt-oi-asosii-siyosati-dohil-va-hori-ii-um-ur/
[3] https://khovar.tj/2022/12/payomi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-mu-taram-emomal-ra-mon-dar-borai-samt-oi-asosii-siyosati-dohil-va-hori-ii-um-ur/

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia