casino malaysia
casino malaysia
Паём. Некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамчун омили калидии рушди ҷомеа ва давлат

wrapper

  Ҷомеа – ҳамчун шакли иттиҳоди ҷамъиятии мардум, низоми муттасил инкишофёбандае мебошад, ки таҳти таъсири басе ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва воқеӣ рушд мекунад. Дар чор соли охир ғайричашмдошт шаклгирии нави пандемияи короновирус ба мушоҳида расид, ки он ба беҳдошти саломатию тандурустии аҳолии кишварамон таҳдиди ҷиддӣ намуда, ба вусъатгирии таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кандашавии занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот, коҳишёбии истеҳсоли маҳсулот оварда расонд. Ин ҳодисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, боиси коҳиши бозори меҳнат ва болоравии нарху навои маводи ғизоӣ гардида, ба иҷтимоиёти ҷомеа ва некӯаҳволии мардум низ таъсир расониданд.
 Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 тариқи Воситаҳои ахбори умум ва сомонаҳо дар қаламрави Тоҷикистон густариш ёфтааст, масъалаҳои иҷтимоӣ низ чун қисми таркибии сиёсати дохилии давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҷомеа, куллан, мавриди назар ва таҳлил қарор гирифтанд. Дар Паёми мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти онҳо низ хеле равшан, дақиқ ва мушаххас баён гардида, баррасӣ шудаанд.
Иҷтимоиёт чун яке аз муҳимтарин ҷанбаи ҷомеа, аз як тараф, нишондиҳандаи асосии вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятии мардум бошад, аз тарафи дигар, омили муайянкунандаи сатҳи зиндагии одамон ва рушду тараққӣ ёфтани ҳар кишвар дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад. Сохтори иҷтимоӣ ба маънои васеаш намудҳои гуногуни сохторҳоро дар бар мегирад ва аз рӯи аломатҳои гуногуни ҳаётӣ тақсимоти объективии ҷомеаро инъикос мекунад. Соҳаи иҷтимоии ҷомеа маҷмӯи шахсиятҳо, гурӯҳҳо, синфҳо, табақаҳо, ҷомеаҳо ва муносибатҳои байни онҳо мебошанд, ки дар маҷмӯъ сармояи иҷтимоии ҷомеа буда, ҷавҳари сохтори ҷомеа ва нерӯи бузурги инсониро ташкил медиҳанд.
Маълум аст, ки ҳамаи бозорҳои хоҷагии қишлоқ чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷа бо ҳам алоқаманданд. Масалан, агар ба як зироат тақозо фаъол бошад, чунон ки ҳоло ба ҷуворимакка аст, пешниҳоди он ба бозори ҷаҳонӣ камтар мешавад, пас нархи он боло меравад ва коркардкунандагон маҷбур мешаванд, ки бо мурури замон онро бо дигар зироатҳо, аз қабили гандум иваз кунанд. Талабот ба гандум, ки афзоиш ёфт, нархҳо низ дар болоравӣ ба он пайравӣ мекунанд. Аз ин рӯ, дар тӯли чанд соли охир болоравии нархи гандум ва дигар зироатҳо ба назар мерасад, дар ҳоле ки ҳама рӯйдодҳои асосии ҷаҳонӣ дар бозори ҷуворимакка ва бозори равғани растанӣ ба амал меоянд.
Ҳамин тариқ, дар давоми 5 соли охир нархи озуқа дар кишварҳои ҷаҳон қариб ду баробар афзуд. Агар ба ин болоравии нархи хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёт ва барқу бензинро илова кунем, бори гарони буҷаи хонаводаи миёнаи тоҷик хеле зиёд мешавад. Чунин болоравии қимати ин молҳо ба зиндагии даҳҳо ҳазор хонаводаи тоҷик мустақиман таъсир мерасонад ва дар маҷмӯъ метавонад боиси афзоиши камбизоатӣ ва шиддатнокии вазъи иҷтимоӣ дар ҷомеа шавад. Камбизоатӣ, аслан, як падидаи бисёромилаи иҷтимоӣ буда, сар задани он ба шароитҳои таърихии рушди ҷомеа марбут аст. Бинобар ин камбизоатиро тамоман решакан кардан имконнопазир мебошад, аммо онро коҳиш додан мумкин аст. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа таваҷҷӯҳ намуда, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатии мардуми кишвар дар шакли пешниҳодҳои муҳим тадбирҳои кофиро роҳандозӣ намуданд, ки бештари он ба таҳаввули иқтисоди бозорӣ ва пешрафту рушди соҳаҳои саноату илму маориф дар кишвар такя мекунанд. Пешгирии болоравии нархи баъзе маҳсулоти асосии ғизоӣ: орд, макарон, шакар, равғани растанӣ, сабзавот, ки ғизои аксарияти аҳолӣ ва дар навбати аввал табақаҳои осебпазир ва камбизоат мебошанд, яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ мебошад. Аммо ин танҳо аз иқдому пешниҳодоти Ҳукумату Сарвари як кишвар вобаста нест. Ин кори бузурги иҷтимоиест, ки аз давлати мутамаддин сиёсати солеҳ ва аз ҳар фарди ҷомеа садоқат, дарки вазифашиносӣ, худогоҳию ҳушёрӣ, масъулияти иҷтимоӣ, баҳамбинӣ, ҳамраъйӣ ва фаъолияти дастҷамъонаро талаб мекунад.
Ҳоло, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои дохилию берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Бо назардошти раванди иқтисодии бозори ҷаҳонӣ ва вазъи иҷтимоии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишварро ҳамчун омили калидии пешрафту рушди ҷомеа ва давлат шинохта, барои амалан дастрас шудани маводи ниёзи мардум барои оилаҳои осебпазир ва камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тадриҷан коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолии кишварамон чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Мувофиқи иттилооти расмӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Бештари ин хароҷот барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути маблағгузориҳо бар пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ӯҳдадориҳои дигар сарфу наҳв шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин робита музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ин иқдомҳо ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар хеле мусоидат намуданд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Тазаккур ёфтани нақши илму маориф чун омилҳои объективӣ ва субъективии рушду инкишофи иҷтимоиёти ҷомеаи имрўза аз огоҳӣ ва хирадмандии Пешвои миллатамон дарак медиҳад. Маълум аст, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи илму маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои ҳалли мушкилоти рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас эҷод шуда, ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ меёбанд. Ҳадафи асосии ин иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй, садоқатманд, ватандӯсту меҳанпарвар мебошад.
Орифҷонова Н. 
 номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими калони илмии Ш
ӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ
и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia