casino malaysia
casino malaysia
Паём. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ташаббусҳои башардўстонаи Пешвои миллат

wrapper

  Системаи муносибатҳои байналмилалӣ ба таври назаррас таҳаввул ва тағйир ёфта, дар баробари ин дигаргунӣ дар сиёсати хориҷии кишварҳо зуҳур меёбад. Гузариши низоми байналмилалӣ аз системаи якқутбӣ ба ҷаҳони бисёрқутбӣ, ҳарчанд тадриҷан ва оҳиста ба амал меояд, аммо ин як раванди ногузир (табиӣ-таърихӣ) аст. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ яке аз сатҳҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
  Яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
  Эпидемияи ҷаҳонии вируси корона, ки дар солҳои охир тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, ба тамоюлҳои бунёдии соҳаи муносибатҳои байналмилалиро таъсир бахшид. Мо дар арсаи ҷаҳонӣ дар давраи гузариш зиндагӣ карда истодаем, ки дар он ҳолатҳои норавшан зиёд шуда, пешгўӣ кам шудааст, дар минтақаҳои гуногун бўҳронҳо ва низоъҳо ба вуҷуд омадаанд ва пеш аз ҳама, ба  сулҳу суботи ҳамсоягони мо таҳдид мекунад. Қувваҳои мавҷуда дар ченакҳои гуногун суръат гирифта, арзишҳои бисёрҷониба ва ҷаҳонӣ коҳиш ёфтаанд. Аз Паём бардошт карда, иброз кардан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ сиёсати “дарҳои кушода”-ро идома бахшида, ҷонибдори робитаҳои мутавозин ва тақвият додани равобит бо ҳамаи кишварҳои олам мебошад.
  Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳимояи манфиатҳои кишвар дар муҳити ноороми минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки дар он зиндагӣ мекунад, барои таъмини сулҳу суботи устувор ва эҷоди як камарбанди сулҳу шукуфоӣ ва субот замина фароҳам меорад.
  Аз байн бурдани таҳдиду чолишҳои чунин муҳит ва баҳрабардорӣ аз имконот дипломатияи дурандешро бо тавоноии баланди манёврӣ ва сиёсати қавии хориҷӣ дар арсаи амал ва сари мизи музокирот тақозо мекунад. Қобили зикр аст, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, мавқеи Тоҷикистон нисбати ҳалли масъалаҳои мубраму баҳсбарангези байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ комилан возеҳу равшан дарҷ гардида, ягона роҳи ҳал муколама ва дипломатия муайян гардид. Тавре қайд гардид, “Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем…”. Дарвоқеъ, охири ҳамагуна даъво, ҷанг ва нофаҳмиҳо муколама ва гуфтугӯ мебошад, новобаста аз он ки он даъво чанд муддат идома меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи амиқи дипломатӣ дошта, таҳкими ҳамкориҳоро бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимоди худ дар авлавият қарор дода, минбаъд низ барои мустаҳкам намудан ва рушд додани робитаҳо дар шароити нави ҳамкорӣ дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба ҳамин тариқ, дар байни гузашта ва оянда пулҳо сохта мешаванд.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, СААД, ИА, СММ, СҲИ ва ғайра буда, ҳамеша саҳми худро дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ гузошта истодааст.  Яке аз пешниҳодҳои навбатии Роҳбари давлат дар ин сол нисбати ҳифзи пиряхҳо дар маҷмааи СММ бо пуштибонии 153 кишвар қабул гардид. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун кишвар ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шуда, 14 декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми кишвар доир ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул гардид.
  Мавриди зикр аст, ки дар муддати чанд соли охир тағйироти ҷиддии иқлим ба назар расада, дар натиҷаи гармшавӣ обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи оби ошомиданӣ ба шумор мераванд, ба назар мерасад. Агар ҳолати мазкур айни ҳол ба инобат гирифта нашавад, дар ояндаи наздик метавонад фалокатҳои иҷтимоиву иқтисодиро ба вуҷуд биёрад.
  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур пайваста масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ бардошта, аз оқибати харобиовари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас менамоянд. Ҳамин таъкидҳо ва маърузаҳои пайвастаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи байналмилалӣ сари масъалаи мазкур тамаркуз намуда, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро доир ба эълон намудани “Соли байналмилалии пиряхҳо” қабул намоянд. Инчунин, барои ҳифзи пиряхҳо фонди мақсадноки байналмилалӣ таъсис мегардад.
  Вобаста ба ин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Раванди мазкур бори дигар пойтахти мамлакатро маркази муҳимми тасмимгирӣ барои бақои сайёра хоҳад кард.
 Таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати хориҷии мамлакат муваффақона фаъолият намуда, дар роҳи афзоиши эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ саҳми босазоро соҳиб гаштааст.

Зиёзода Н.И.
 ходими хурди  илмии
шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia