Паём. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – самти муҳимми сиёсати давлат
- Сешанбе, Дек 27 2022
- Андешаи муҳаққиқон
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе. 23.12.2022.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола, паёмҳо, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба мардуми шарифи кишвар ироа мегарданд, дар худ фалсафаи бузурги созандагӣ баҳри рушди ҷомеа доранд. Албатта, ирсоли Паёмҳо талаби замон, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон моҳият ва чанд масъалаи усулии онро баён намуд:
- Паёмҳо, ки аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд.
- Паёмҳои сарвари давлат дар худ ҷанбаи сафарбаркунандагӣ доранд. Яъне Паёмҳо ҳамасола ба Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод мегарданд ва худ ифодакунандаи ҳамон чор ҳадафи стратегӣ мебошанд.
- Дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат хусусияти раҳнамоикунанда ва барномавӣ ифода ёфтааст. Воқеан, дар онҳо фаъолияти яксолаи тамоми сохторҳои ҷомеа, яъне бурду бохти соҳаҳо, таҳлил ва ҷамъбаст мегарданд ва вазифаҳои нав барои рушди соҳаҳо дар оянда пешниҳод мегарданд.
- Паёмҳо ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ, рўҳбаландкунандагӣ ва таҳкимбахшандагии ваҳдати ҷомеаро ифода мекунанд. Дар онҳо нуктаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд. Ин омил метавонад баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид гардидан, баҳри ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан ва баҳри рушди босуботи кишвар кору пайкор намудан, мусоидат менамояд.
Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ифодагари ҳамин хусусиятҳо буд.
Яке аз нуктаҳои калидие, ки ҳамасола дар паёмҳои Президенти кишвар садо медиҳад, ҳифзи иҷтимоии аҳли ҷомеа мебошад. Метавон гуфт, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидӣ мебошад. Чуноне, ки дар Паёми имсола қайд гардид, «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
Ин, албатта, бесабаб нест. Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия роҳи нави эъмори давлати иҷтимоиро муайян намудааст. Бешубҳа, модели давлати иҷтимоӣ, он воқеиятро талаб мекунад, ки манфиатҳо ва ҳуқуқҳои тамоми қишрҳои ҷомеа ҳимоя карда шаванд ва вазъи иҷтимоии мардум дастгирӣ ёбад. Аз ин рў, дар асоси пешбурди сиёсати иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ба вуҷуд омада, шароити хуб баҳри ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон омода карда шуда, дар баробари фаъол гардидани ниҳодҳои иҷтимоӣ, вазъи иҷтимоии аҳолӣ хуб мегардад.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди самти иҷтимоӣ корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд. Пеш аз ҳама, тибқи талаботи модели давлати иҷтимоӣ, ки Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ кафолат медиҳад, дар он шаҳрвандон ҳуқуқҳои бунёдии худро дарк мекунанд, барои рушди шахсияти ҳар як фард имконият фароҳам меояд ва ҳар як фард масъулияти шахсӣ ва иҷтимоии худро дар ҷомеа баҳри беҳбуди моддӣ ва маънавии худ мешиносад. Албатта, барои татбиқи сиёсати иҷтимоӣ низоми сиёсии ҳар як давлат ҳадаф ва вазифаҳои худро доро мебошад. Ин буд, ки аз ҷониби давлат, коркарди барномаи барҳамзании камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандон, аз хидмати тиббӣ баҳравар гардидани мардум, тадриҷан бо ҷои кор таъмин намудан ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Яъне ҳадаф ва мароми ҳар як давлати мутамаддин пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар навбати худ ҳифзи манфиатҳои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ мебошад.
Чуноне дар Паём зикр гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сол ба сол, марҳала ба марҳала кўшиш намуда истодааст, ки иқтисодиёти кишвар рушд намояд, корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ифтитоҳ ёбанд, ҷойҳои нави корӣ таъмин гардад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад ва дар маҷмўъ барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Аз он ҷумла: «Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд».
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбурди сиёсати дастгирии табақаҳои ниёзманди кишвар мебошад. Ятимону бепарасторон аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд ва онҳо ҳам аз ҷиҳати моддӣ таъмин гардида, инчунин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Доир ба ин мавзуъ дар Паёми имсола зикр гардидааст: «Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад».
Боиси сарфарозист, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша ва пайваста дар зери таваҷҷуҳи давлат қарор мегирад. Чуноне дар Паёми имсола зикр гардид, аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ин талошҳо барои фароҳам овардани шароите, ки коҳиш додани шиддати нобаробарӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин баланд бардоштани амнияти моддиву молиявии шаҳрвандони кишвар ва некуаҳволии онҳо мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини имтиёзҳои иҷтимоии конститутсионии шаҳрвандон талош намуда, барои тақвияти модели давлати иҷтимоии муваффақ қадам ба қадам пеш меравад.
Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа