Боз як ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат
- Чоршанбе, Дек 21 2022
- Андешаи муҳаққиқон
14 декабри соли ҷорӣ тамоми расонаҳои хабарии мамлакатҳои ҷаҳон паёми хушеро ба кулли инсоният расониданд – дар ин рўз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, бо тарафдории 153 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре, ки маълум аст, ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат бори аввал, ҳанўз моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим ба самъи ҷаҳониён расонида шуда буд ва, хушбахтона, имсол он ба таври расмӣ аз ҷониби тамоми кишварҳои олам пазируфта шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Қатъномаи мазкур 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 баргузор намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе пешбинӣ менамояд. Ҳамаи ин аз аҳаммияти бениҳоят бузурги иқдоми навбатии Пешвои миллати тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Дар бораи аҳаммияти ин ҳодисаи таърихӣ барои кулли инсоният метавон бо мисол овардани сабабу омилҳои зиёде сухан кард, вале инҷо мехостем танҳо якчанд нуктаи асосиро таъкид намоем.
Аввалан, чунонки дар Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати қабул гардидани ин Қатънома низ зикр гардидааст, ин «ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад».
Сониян, таваҷҷуҳи муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо давоми мантиқии ҳамон ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об мебошад, ки дар ин самт давлати мо ба ҳайси як ташаббускори марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда, минбаъд мақоми онро дар ин симмат боз ҳам баландтар мекунад.
Сеюм, иқдоми мазкур оид ба ҳифзи пиряхҳо бори дигар таъкид месозад, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакати мо оид ба бунёди «иқтисоди сабз», танзими истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври одилона, дар асоси талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ва дар маҷмуъ оид ба экология пояҳои устувори илмӣ дошта, бо дарназардошти дурнамои наздику дарозмуҳлат амалӣ карда мешавад.
Ва ниҳоят, аҳаммияти бузурги ин иқдомро нақши худи пиряхҳо дар табиат ва ҳаёти одамон, ки имрўз ба ҳифз намудан аз ҷониби инсон ниёз доранд, таъкид месозад. Мавҷудияти пиряхҳо, чунонки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, шаҳодат медиҳанд, як воситаи муҳимми пешгирӣ аз гармшавии иқлим дар сатҳи сайёра мебошад, зеро онҳо нурҳои офтобро инъикос намуда, зиёда аз андозаи муътадил гармтар шудани заминро монеъ мешаванд. Ҳамзамон, ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳад, ки обшавии онҳо пешгирӣ карда шуда, бо ин роҳ болоравии сатҳи об дар уқёнуси ҷаҳонӣ кам карда шавад. Ин, дар навбати худ, хавфи зери об мондани чандин ҷазираҳо ва майдонҳои хушкии наздиуқёнусии кишварҳоро бартараф месозад. Дар бораи аҳаммияти пиряхҳое, ки дар дохили материкҳо, дар кўҳҳо ҷойгиранд, ҳоҷат ба овардани ягон далел нест, зеро онҳо манбаи оби ошомиданӣ мебошанд, ки барои инсоният дар баробари нон ҳамчун ғизои асосӣ хизмат намуда, амалисозии кишоварзӣ бидуни истифода аз он имкон надорад. Аз ин рў, ҳифзи пиряхҳо намунаи танзими муносибати инсон ва табиат буда, ин омил асоси бақои инсон дар табиат ба ҳайси намуди биологӣ ба шумор меравад.
Дар маҷмуъ, ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат на танҳо барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, балки барои кулли инсоният моҳияти бузурги созандагӣ дошта, амалисозии тадбирҳои мушаххас дар ин самт аз ҷониби тамоми кишварҳои ҷаҳон барои таъмини ояндаи нек дар кулли сайёра мусоидат мекунад.
Мо эътимоди комил дорем, ки олимону донишмандони ҷумҳурӣ барои расидан ба ин ҳадаф саҳмгузорӣ мекунанд ва дар иҷрои вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала гузоштаанд, яъне таҳияи «стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ» дар сафи пеш хоҳанд буд.
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
муовини директори ИФСҲ АМИТ
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
муовини директори ИФСҲ АМИТ