Паём. Вазифаҳо барои рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Чоршанбе, Ян 04 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бори дигар собит намуд, ки, дар ҳақиқат ҳам, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати малакати мо илму маориф мақоми хосса дошта, ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ барои пешрафти бомароми ин соҳаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодаанд. Ҳадаф аз амалисозии чунин сиёсат пояи устувори илмию иҷтимоӣ дорад, зеро чунонки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон таъкид доштанд, «ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».
Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки неруи инсонӣ, аз нуқтаи назари фалсафаи иҷтимоӣ, фарогири «сармояи инсонӣ», «сармояи иҷтимоӣ», «сармояи фарҳангӣ», «сармояи шаҳрвандӣ» ва амсоли он буда, одатан сармоягузорӣ ба рушди онҳо афзалтар аз маблағгузории соҳаҳои моддӣ дониста мешавад, зеро ин амал барои ҳар як ҷомеа хусусияти дурнамосозӣ дорад. Сармояҳои зикршуда маҷмуи донишҳо, малакаву маҳоратҳои инсонро барои қонеъгардонии талаботи мухталифи шахси алоҳида ё ҷомеа дар кул дар бар мегиранд ва ба рушди неруи маърифатӣ ва зеҳнии инсон дахл дошта, ҳамчун асоси рушди иқтисодӣ ва инноватсионии ҷомеа хизмат мекунанд. Аз ин рў, рушди неруи инсонӣ тавассути дастгирии илму маориф, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҳамчун самти афзалиятнок эълон шудааст, метавонад аллакай дар ояндаи наздик самараҳои бесобиқаи худро барои ҷомеаи муосири мо ба бор орад.
Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки рушди неруи инсониро ҳамчун ҳадаф қарор дода, Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаҳои ба он марбутбуда, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои илму маорифро пайгирона аз ҷиҳати маънавию моддӣ дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 23 декабри соли 2022 боз як нишонаи чунин ғамхориҳо зуҳур намуда, имсол музди меҳнати кормандони муассисаҳои илму маориф, дар қатори соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, бори дигар 20 фоиз зиёд карда мешавад. Боварию эътимоди комил дорем, ки чунин ғамхорӣ кормандони ин соҳаҳо, аз ҷумла олимону донишмандони ҷумҳуриро барои боз ҳам рушд бахшидани илму пажўҳишҳои муосири илмию таҳқиқотӣ дар самтҳои барои кишвари мо афзалиятнок беш аз пеш сафарбар месозад.
Дар робита бо самтҳои афзалиятноки рушди илм, ки дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат олимону донишмандони кишвари мо метавонистанд дар рушди онҳо саҳм гиранд, қабл аз ҳама бояд рушди энергетикаи водородӣ ё неруи гидрогениро зикр созем, зеро чунонки дар Паём вазифагузорӣ карда шуд, бояд дар ҷумҳурӣ бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, ин масъала ҳамаҷониба омӯхта ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур карда шавад. Чунин вазифагузорӣ беасос нест, зеро, чунонки маълум аст, гидроген яке аз унсурҳои кимиёвии аз дигар унсурҳо дар табиат бештар паҳншуда буда, неруи бо истифода аз он истеҳсолшуда аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Ин бошад, ба ҳадафи стратегии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирифта, яъне бунёди «иқтисоди сабз» ба пуррагӣ мувофиқат мекунад.
Аз ҷониби дигар, сифатҳои худи гидроген ва неруи аз он ҳосилшаванда низ мубрамияти масъалаи мазкурро барои илм таъкид месозанд: нақлиёте, ки бо истифодаи гидроген кор мекунад, дар тафовут аз истифода аз навъҳои дигари сўзишворӣ ба ҳамон миқдор 2-3 маротиба масофаи бештарро тай мекунад; ҳамлу нақли гидроген тавассути лўлаҳои газгузаронӣ ва зарфҳои бузург хеле саҳл аст; муҳлати захира ва нигаҳдории он тулонӣ буда, таъмин сохтани шароити барои ин зарурӣ низ чандон душвор нест; неруи гидрогенӣ метавонад дар тамоми соҳаҳои саноат, нақлиёт, хоҷагии манзилдорӣ ва амсоли он ба таври васеъ истифода бурда шавад ва ғайра. Албатта, ҷиҳатҳои манфӣ низ дар истифода аз чунин неру метавонанд бошанд, вале дар ҳар сурат ин масъала дар тамоми кишварҳои олам то ҳол мубрам боқӣ мемонад. Аз ин рў, имрўз дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Хитой, ИМА, Корея, Австралия, Канада, Япония ва амсоли он ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Оид ба неруи гидрогенӣ сухан гуфта, бояд тазаккур дод, ки мушкилоти асосӣ дар истифодаи ин унсур ба он алоқаманд аст, ки то ҳол дар илмҳои марбута механизми ягонаи истихроҷи он аз нафт, газ ва захираҳои дигари табиӣ коркард нашудааст. Аз ин рў, эътимоди комил дорем, ки олимону донишмандони табиатшиноси кишварамон масъалаҳову мушкилотро дар ин самт дастаҷамъона мавриди таҳқиқу баррасиҳои амиқи илмӣ қарор дода, дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда ба бозёфтҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар баробари рушди неруи инсонӣ ва «энергияи сабз», аз ҷумла бо истифода аз неруи гидрогенӣ, инчунин мехостем боз ду вазифаи дигареро, ки дар Паём вобаста ба вазъи илм дар ҷумҳурӣ таъкид гардиданд, махсусан зикр намоем. Аввалан, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, истифода намуда, бояд «бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд». Дар ин самт, аз нигоҳи мо, дар баробари лоиҳаҳои бунёдӣ ҳамасола аз ҷониби ниҳодҳои илмӣ роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои хусусияти татбиқию амалӣ дошта метавонанд самараи хуб ба бор орад.
Сониян, Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи илми кишвар бояд «ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан» ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, омўзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ, тавсеаи ҳамкориҳои илмии дохилию хориҷӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ метавонанд мусоидат намоянд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, нишон медиҳад, ки дар қатори масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакати мо ба рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ин ҳама эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи кишвар бо такя ба илм тақвият бахшида, имкон медиҳад, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем.
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа,
профессор, ИФСҲ АМИТ
доктори илмҳои фалсафа,
профессор, ИФСҲ АМИТ