Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои миллат
- Сешанбе, Сен 06 2022
- Андешаи муҳаққиқон
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи истиқлолиятро интихоб намуд, ки дар он замон алтернативаи дигари ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ надошт ва имрӯз ҳам надорад. Аммо дар он давраи ҳассоси таърихӣ, чунонки мо ҷавонони он замона шоҳид будем, гурӯҳҳое буданд, ки дар бораи бо ҳар роҳе набошад, ҳатман дар бораи дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли дигари он боқӣ мондани Тоҷикистон сухан мегуфтанд, иддаи дигаре барои бо давлатҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон пайвастани ҷумҳурӣ даъват мекарданд ва ҳатто нафароне дар кишварҳои ҳамсоя оид ба бунёди давлати ягонаи Туркистон дар қаламрави Осиёи Миёна бо иштироки кишвари тоҷикони ориёиасл сухан меронданд. Хушбахтона, мардуми соҳибтамаддуну соҳибхирад ва дурандешу заковатманди тоҷик роҳи ягонаву дуруст – Истиқлолияти давлатиро интихоб намуда, сарнавишти худро ба дасти худ гирифт, ки интихоби ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ буда, садсолаҳо пас ҳам аз ҷониби наслҳои ин миллат қадр карда хоҳад шуд. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд.
Қобили зикр аст, ки дар даҳсолаи охири садаи ХХ, ки даврони хеле тезутунд буда, мамлакатро ҷанги бародаркӯшӣ фаро гирифта буд, таъмину таҳкими Истиқлолияти давлатии тоза ба даст омада роҳандозии як сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва сари кор омадани сарвари истиқлолхоҳеро дар кишвари мо талаб мекард, ки миллату давлатро аз бӯҳрони шадид вораҳонад. Хушбахтона, дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми мо ба ин орзуву омоли худ низ расид. Ин амал тавассути интихоби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба ҳайси Роҳбари давлати тозаистиқлоли тоҷикон сурат гирифт. Ин сиёсатмадори ҷавон, вале кордону варзида аз рӯзҳои аввали сарварӣ маҳз барои соҳибистиқлолии давлату миллати хеш муборизаро оғоз карда, онро то анҷоми мантиқӣ расонид ва аз ин рӯ дар ҳақиқат ҳам ҳуқуқи маънавӣ пайдо намуд, ки иброз намояд: “Имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем”.
Фаъолияти Пешвои миллат барои таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ хеле густурда аст, вале яке аз муҳимтарини иқдомҳо дар ин самт интихоби шахсии Роҳбари давлат аз роҳи дар ҳақиқат ҳам ҷавобгӯи талаботи миллат ва замон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар мусоидат мекунанд, ба шумор меравад. Таъкид месозем, ки бунёди чунин шакли давлати нави тоҷикон бо иқдоми шахсии Пешвои миллат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос гардида, он аз лиҳози сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ҷанбаҳои зиёди давлатсозии анъанавӣ ва муосирро дар худ фаро мегирад. Вобаста ба ин интихоби Пешвои миллат аз шакли зикршудаи давлатдорӣ чанд нуктаро қайд кардан зарур аст.
Аввалан, соҳибихтиёр донистани Тоҷикистон маънии онро дошт, ки бо вуҷуди чандин садсолаҳо дар ҳайати давлатҳои гуногун ва якҷо бо намояндагони дигар халқияту миллатҳо зистан, тоҷикон акнун ҳамчун миллати унвонӣ ё титулӣ зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, мустақилона ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишварро новобаста аз баромади этникияшон таъмину танзим месозанд. Хушбахтона, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ин рисолати миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба нафъи тамоми сокинони ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле баланд ба анҷом расид.
Сониян, эълом доштани бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишона аз он буд, ки бо вуҷуди ба ҷомеаҳои анъанавӣ бештар мутааллиқ будани мардум ва кишвари мо, давлати миллии навини тоҷикон бо такя ба анъанаҳои давлатдории ниёгон ва беҳтарин дастовардҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи сиёсату идоракунии давлат, инчунин бо истифода аз воситаҳои муосири давлатдорӣ эҷод хоҳад шуд. Таърихи давлатдории муосири мо бо сарварии Пешвои миллат ба таври айёнӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт низ тоҷикон ба ҳадафҳои гузоштаи худ амалан ноил гаштаанд.
Сеюм, роҳандозии бунёди давлати дунявӣ бар он асос ёфта буд, ки агарчи аксарияти кулли сокинони ҷумҳурӣ ба дини ислом мутааллиқ бошанд ҳам, бо сабаби пайдоиши мазҳабгароӣ ва пайвастан ба равияҳои динии ба миллати тоҷик бегона, ки дар таърихи навин ҷой доштанд, ин ҷузви фарҳанги миллат дигар наметавонист истиқлол ва иттиҳоди мардуми кишварро таъмин созад. Аз ҷониби дигар, мавҷудияти намояндагони динҳои дигар ва пайравони мазҳабҳои анъанавии исломӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин таҷрибаи талхи як қатор давлатҳои ҳамсоя маҳз эъмори давлати дунявиро талаб мекард. Ва дар натиҷаи интихоби чунин роҳ миллати тоҷик воқеан ҳам муваффақ гардид, зеро мафҳуми давлати дунявӣ маънои зиддидиниро надошта, дар муҳтавои он тамоми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арзишҳои динию мазҳабии сокинони кишвар комилан фаро гирифта шудаанд, ки барои бунёди давлатдории миллӣ монеае эҷод намекунад.
Чорум, интихоб намудани роҳи бунёди давлати аз ҷиҳати марзу бум ва халқ ягона ба тамоми омилҳои табиию сиёсии дар шароити Тоҷикистон мавҷудбуда ҷавобгӯ буда, дар даврони Истиқлол ин амал ягонагии марзӣ ва ваҳдати кулли сокинони ҷумҳуриро комилан таъмин сохт.
Ва ниҳоят, бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат тамоми арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгони моро оид ба адлу адолатпарварӣ фаро гирифта, баробарии тамоми сокинони кишвар ва минтақаҳои гуногуни онро дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ таҳким бахшид.
Дар маҷмӯъ, сиёсати Пешвои муаззами миллат дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ягона роҳи дурусте буд, ки таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатии мо тавассути он муяссар гардид. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид месозем, ки Истиқлоли давлатии миллати мо дар охири садаи гузашта алтернативаи дигаре надошту надорад, вале сиёсати таъмину таҳкими Истиқлол низ ба ҷуз роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат, ки муҳимтарин ғояҳои он амалӣ гашта, ҳоло ҳам татбиқи онҳо муваффақона идома дорад, алтернативаи дигари ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ надошту нахоҳад дошт. Маҳз ба ҳамин хотир тавъам будани Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди давлатдории миллӣ имрӯз ба як ҳақиқати таърихии ба ҳамагон собитшуда мубаддал гардидааст.
Зиёӣ Х.М.
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
и.в. мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон