Аммо мафҳуми ваҳдат, ҳамчун рукни андешаи миллӣ метавон гуфт, фаротар аз андешаи миллӣ, балки рукни асосии андешаи умумиинсонӣ ва ҳатто андешаи мазҳабию динии динҳои тавҳидӣ, ки дар баробари ягонагии Худованд, ваҳдату ягонагии инсон-Банни Одамро, чӣ аз нигоҳи офариниш ва чӣ аз нигоҳи ҳадафи ниҳоӣ, фаро мегирад. Ваҳдат-ягонагии моҳияту сират, аҳдофи куллӣ ворастан аз бандагию асорати зеҳнию рўҳонӣ, парастиши бутҳо ва худоёни ҷаълӣ, бозёфти ҳақиқати фаромўшшуда (аз дидгоҳи Афлотун ва аҳли ирфону тасаввуф) ва ҳамагонӣ пайвастан ба ин Ҳақ(қ) ва ташкили уммати воҳид аст. Ин метавон гуфт таърифи динию ирфонии ин мақула аз мавқеи фарҳанги исломии мо буда, аз нигоҳи фалсафию илмӣ ваҳдати аносири табиат аз зарроти кваркии атомӣ гирифта то миллиардҳо каҳкашонҳои кайҳон рўйи ин асл устуворанд. Яъне олами ҳастӣ мабно ба ваҳдати равобиту бархурду вокунишҳои аносири он дорад, ки тибқи назарияи космологии имрўза аз як «Таркиши Бузург» ҳастӣ ёфтаанд.
Аммо, мафҳум-ибораи мураккаби андеша ё ғояи миллӣ аз ҷумлаи мафҳумҳои тозаворид дар фалсафа буда, ҳарчанд моҳиятан билқувва дорои ҳамон сиришти дар боло зикршуда мебошад вале феълан ҳанўз бо вуҷуди ҷой доштани кўшишҳои зиёд дар таърифи он, ҷой барои тафаккур ва андешаи бештар холист. Муҳим дар ин ҷо он аст, ки мо як чанд таърифи андешаро дар сатҳи иҷтимоӣ дорем. Андешаи миллӣ ё идеяи миллӣ яке аз зуҳуроти он андеша аст ва таърифи он вобаста бар он аст, ки мо кадоме аз таърифҳои маълуми андешаро ҳамчун асос мегирем. Агар таърифҳои маърифатшиносии моддии андешаро асос гирем андеша дар навъи худ, яке аз шаклҳо ё қолабҳои зеҳнии инъикоси воқеъият аст. Агар таърифи назария мусули афлотуниро асос гирем, андеша худ воқеъияте аст, ки реша дар фитрати инсон куллан ва ҳар миллат хосатан дорад, дар ин сурат андешаи миллӣ зуҳури фитрати илоҳиасоси инсонист.
Ин ҷо ман аз идомаи таҳлили таърифҳои ҷойдоштаи ин мафҳум, сарфи назар намуда, биломуқаддимаи бештар ба ироаи он таърифе, ки ба назари банда фарогири моҳияти аслии ин мафҳум аст, мегузарам. Андешаи миллӣ аз нигоҳи антологӣ- ин зуҳури асоситарин тамоюлоти фитрию зотии билқувваи инсон ба тавҳид, озодӣ, истиқлолият ва ҳувият доштан аст, ки дар шакли шуур(идея)-и миллӣ феълият ёфта, дар таърихи фарҳанги ҳар як миллат таҷассум шудааст.
Дар мавриди асли фитрат ва ҳастии дониши билқувваи фитрӣ дар фалсафа байни зеҳнгароён ё мисолгароён (идеалистон) ва моддагароёну эҳсосгароёни ифротӣ аз Афлотун то И. Кант ва Ҷ. Локк ва Ҷ.Беркли дар мавриди воқеият доштани мусули афлотунӣ ва ноумени кантӣ баҳсҳои зиёде ҳастанд, дар фалсафаю адабиёти мо низ боварӣ бар вуҷуди чунин навъи ҳастӣ решаи амиқ дорад. Масалан, мо агар ин аслро инкор кунем, бояд тақрибан кулли адабу ҳикмату эътиқодоти динию фалсафии таърихии худро пучу бепояву асос бидонем.
Масалан, гуфтаи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ «Пеш аз он ки сақфи сабзу тоқи мино бар кашанд, Мазҳари чашми маро абрўи ҷонон тоқ буд.», Ё тамоми «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддин, ки бо байти «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.» оғоз мегардад, моҳияти мовароуттабии худро аз даст медиҳад. Вуҷуди ин ҳама байтҳо аз боварӣ ба вуҷуди он шинохту дониши фитрии мовароуттабии хабар медиҳанд.
Бо таваҷҷўҳ ба ин, дар ин таърифи ҷомеъу монеъи андешаи миллӣ, ҳадди томи моҳияти он, мўҳтавои аслии он, яъне аслпояи он андеша-идеяҳое, ки андешаи миллиро бо зуҳури худ ташаккул медиҳанд ва дар асл воқеияти билқувваи мовароуттабиӣ (метафизикӣ) доранд, ифодаи худро ёфтаанд. Андешаи миллӣ инъикоси воқеъӣ, балки зўҳуроти билфеъли усуландешаҳои фитрӣ аст. Билқувва будан дар фитрат (табиат), мисли он имкони рустан, шоху барг кардан, дарахт шудан, гулу мева овардан, рангу бўйю таъму маззаву сардиву гармӣ ва ғайра доштани як донаки зардолў ё донаи дарахти меваи дигар аст. Агар чунин имконот дар як донаки рустание, ки сатҳи пасттари ҳастӣ аз сатҳи ҷонварон аст, билқувва ниҳон набуд, ҳеҷ гуна мазраае, боду ҳавою гармою сормое ба танҳои бидуни он имконоти зотию навъии тухмӣ, ҳатто дар бехи он анвоъи гуногуни мавводи кимёвиро рехтан натиҷае барои рустани он намедод. Ин аст ки мегўем, имконоти фитрии тавҳидгароӣ, озодихоҳӣ, истиқлолталабӣ, ҳувият доштан дар инсонҳо, ки зиннаи олии камолоти ин ҷонвари оқил(инсон) аст, ё аз тарафи табиат ё Худо вадиъа ниҳода шудааст ва аз ин рў гароидан ба он, боварии бадеҳӣ (аксиомави)-и бе чуну чаро доштан ва мисли гавҳараки чашм ҳифзу истеҳком бахшидан ба он шарту фаризаи милию мазҳабии ҳар фарди миллат аст .
Гузашта аз ин мўҳтавои асосии ваҳдат ҳамчун майли фитрӣ ба тавҳид (ваҳдат), озодӣ доштан, истиқлолият доштан, ҳувият доштан аз нишонаҳои ҷинсию зотии андешаи миллӣ аст, ки натанҳо ба инсон, балки дар баъзе маврид (масалан озодӣ доштан) ба ҳар ҷонваре билқувва хос мебошад ва ин усул, вақто ки дар андешаи миллӣ шаклу сурат мегирад, аз қувва ба феъл меояд.
Тавҳид, ки ваҳдат аз ҳамин реша аст, асли ягонагии олам ва одам аст. Боз як бори дигар ҳарчанд такрор ҳам шавад, мегўем илоҳиёти тавҳидӣ дар баробари ягонагии Худо ваҳдативуҷудии тамоми ҳастиро дар айни касрати моҳият дар назар дорад. Ваҳдативуҷудии инсон, дар айни касрати моҳиятии он асоси ваҳдати миллӣ барои ҳама инсонҳо ва ҳама миллатҳо шуда метавонад. Асоси ваҳдати фитрии инсониятро фитрати иҷтимоӣ будан, таъовун ва ҳамкорӣ ташкил медиҳад. Инсон чун ҳайвони иҷтимоӣ бидуни ваҳдат вуҷуд дошта наметавонад. Инсонҳо аз лиҳози равонӣ, қобилияту истеъдод, хулқу ахлоқ, таҳаммулу тақво гуногунанд. Танҳо зарурати иҷтимоӣ будан замонати маҳор кунандаи ин ихтилофи сириштии инсон дар айни ваҳдати зотии он муяссар месозад.
Усулан, андешаи миллии хосе, абармиллие, абаринсоние вуҷуд надорад, чунин андешаҳо танҳо дар фуруъи андешаи миллӣ метавонад ҷой дошта бошад. Ваҳдати вуҷудии инсоният, ҳамон асоси ваҳдати қавмӣ ва миллӣ дар сатҳи фурўъ аст. Озодихоҳии фитрӣ ва вуҷудии инсон ҳамон озодихоҳии фардӣ ва миллӣ аст. Ҳеҷ ҷонваре табиатан намехоҳад озодии худро аз даст диҳад, ин заруритарин омили бақои навъи он ҷонвар аст, таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто баъзе аз ҳайвонот дар асорат тавлиди насл намекунанд ё булбул дар қафас намехонад ва ғайра.
Аз ин рў дар андешаи миллӣ ваҳдат нахустасл аст ва бе ваҳдати миллӣ озодӣ ба даст намеояд. Бе касби озодӣ истиқлолияти комил ба даст намеояд. Бояд бигўям, ки акси ҳукме, ки дар ин қазия омадааст, мувофиқи қонуни мантиқӣ аз лиҳози дурустӣ ё нодурустӣ сиҳат дорад. Яъне бе ваҳдат озодӣ ва бе озодӣ ваҳдат ва истиқлолияти комил муяссар намешавад. Шарти зарурии такомули андешаи миллӣ ва зуҳури моҳияти он, ки ҳамон ҳувият аст, ба даст овардани озодӣ ва истиқлолият аст. Дар сохтори андешаи миллӣ ин нахуст сатҳ аст, ки чунон ки гуфтем, воқеъияти билқувваи мовароуттабии дорад ва хоси танҳо як миллат набуда, ба ҳамаи Бани Одам тааллуқ дорад. Дар ин сатҳ ҳамон усули тавҳид (ваҳдат), озодӣ, истиқлолият қарор дорад. Маҳз дар ҳамин сатҳ андешаи миллӣ ва андешаи мазҳабӣ ваҳдати ногусастанӣ доранд ва ин ду асл тароват аз манбаъи ирфонӣ гирифтаанд. Худованд низ, тибқи сарчашмаҳои динӣ, инсонро бо иродаи озод халқ кардааст. Тибқи ин асл ҳатто эътиқод кардан, ё қабул кардан ё накардан фармоиши Худованд низ маҷбурӣ нест. Масалан дар сураи «ал-Инсон ё ад-Даҳр, ояти 3» омадааст «Инно ҳадайноҳу ас-сабила иммо шакуран ва иммо кафуран.» - Мо роҳ /-и рост/-ро ҳидоят-роҳнамоӣ кардем метавонӣ бо миннатдорӣ қабул кунӣ ё бо куфр рад. Ҳамчунин Худованд дар сураи Каҳф,ояти 29 мефармояд: كهف : 29 وَ قُلِ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكُمْ فَمَنْ شاءَ فَلْيُؤْمِنْ وَ مَنْ شاءَ فَلْيَكْفُرْ ْ «ал- Ҳаққу минр Раббикум фаман шоъа фаюъмин ва ман шоъа фаякфур» - Ҳақ(қ) аз парвардигоратон аст ҳар кас хоҳад бовар мекунад ва ҳар кас хоҳад бовар камекунад.
Қуръон дар ояти аввал мефармояд, ки мо фақад роҳи /рост/-ро ҳидоят кардем, касе хоҳад бо он роҳ меравад ва касе мехоҳад ба ин роҳ намеравад, яъне ё бовар мекунад ё куфр меварзад. Дар ояти баъдӣ низ фармуда «Бигўй ин ҳаққиқат аз Парвардигор аст, ҳар кас хоҳад имон меовараду онро пайравӣ мекунад ё онро қабул намекунад-такфир менамояд». Ин аз намунаи он оёте мебошанд, ба сароҳат аз фитратан озод будани инсон, ҳатто дар қиболи амри илоҳӣ шаҳодат медиҳан.
Ин асли озодии фитрии инсон дар дигар динҳо низ эътироф шудааст. Дар ин маврид файласуфи мазҳабии рус(с) Владимир Сергеевич Соловьев дар асари худ «Интиқоди усули муҷаррад-Критика отвлеченных начал», нукотеро баён кардааст, ки метавон гуфт беҳтарин тафсиру таъвили ояти зикршудаи қуръонӣ аст, ки дар илоҳиёти ҳамаваҳдат(всеединсво)-и ў баён шудааст. Ҳарчан Вс. Соловьев дар ин матн Куръонро дар назар надорад.
Матни мавриди назарро имкон надарад дар ин ҷо пурра баён кард, мо фақат чанд маврид аз онро иқтибос мекунем, ки метавон гуфт тафсири он оят аст. Ў чунин менависад:
« … дар ин сифат \яъне озодӣ\ вай \инсон\ айнан ҳам субъекти ҳолати худоии (мўътадил)-и худ аст, онгоҳ ки дар ҳамаваҳдат (всеединства) қарор дорад, ҳамчунин/субъекти/ ҳолати хориҷазхудоӣ, номўътадилии худаст, он гоҳ ки вай фақат дар худ тасдиқият меёбад /аз тариқи/ таззодият бо ҳама; ҳам дар ин ва ҳам дар он ва ҳам дар дигар ҳолат, ҳам дар Худо ва ҳам зидди Худо, вай субъекти воқеӣ ҳаст ва иллати воқеии корҳои худ, ҳар чизе ўро ба анҷоми ин корҳо даъват накарда бошад, чунки фоъил худи ўст; Барои ҳамин ҳам вай билошарт озод аст: вай озод аст дар Худованд, чун Худо ҳамин тавр фақад ягонаи дигаронро истисно кунанда нест, балки ҳамаваҳдат аст, дар ҳамаваҳдатӣ бошад ҳар унсуре ҳама мебошад, яъне бо ҳеҷ чизе маҳдуд нашудааст, пас озоди билошарт аст, вай озод аст берун аз Худо, вай метавонад фақат худ дар худсобиткунии худ бошад, яъне озод. Вай озод аст дар озодӣ, ва вай озод аст дар зарурат, чуки вай худ ба зарурат тааллуқ дорад….»[1]
Хулоса дар ин сатҳи аввали билотағйири худ ҳам андешаи динӣ ва ҳам андешаи миллӣ бар асли воҳид устуворанд, таноқузе, таззоде байни онҳо вуҷуд надорад.
Сатҳи дуввум дар андешаи миллӣ, он марҳиллаи аз қувва ба феъл омадани асли озодихоҳӣ дар адешаи миллӣ аст. Дар ин сатҳ андешаи миллӣ озодӣ ва натиҷаи он истиқлолияти давлатӣ, давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва ниҳоят ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи он мафҳумҳое мебошанд, ки ҳолатҳои: маънавию рўҳӣ, иҷтимоӣ, итисодӣ, сиёсии фард, миллат, давлатро, ки дар муносибатҳои ҷамъиятии онҳо асос доранд, ифода мекунад. Ин мақулаҳо- категорияҳо танҳо ҳангоме маънои пураву рўшан пайдо мекунад, ки мо акси онҳоро дар мадди назар дошта бошем. Акси ин арзишҳо асорат, истибдод, бандагӣ (убудият), вобастагӣ, беихтиёрӣ, ҷудоию парокандагӣ мебошад. Дар матни сиёсӣ ин мафҳумҳо зери асорати кишваре ё миллати бегонае қарор гирифтан, озодии миллӣ ва фардиро аз даст додан аст. Дар асорат афтодани миллат барои вай бузугтарин фоҷиа буда, метавонад, омили нестшавӣ ё ҳадди ақал заъфу нотавони гардидани он миллат гардад.
Ин аст, ки яке аз сутунпояҳои асосии истиқлолият ваҳдати миллӣ, аниқтараш дастёби ва фарҳанги амалии ваҳдати миллӣ мебошад. Аз қадим маълуму бадеҳӣ, яъне он қазияе, ки исбот намехоҳад (аксиома), он аст ки асли пойдорӣ ва нишоту қудрати ҳар миллату давлат иттиҳод ва ваҳдати миллӣ аст. Ҳанўз яке аз аввалин муарихони форснажоди исломӣ Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Таърхи паёмбарон ва шоҳон» як ривоятеро меорад дар бораи номаи Искандари Макдунӣ ба устодаш Арасту мебошад. Тибқи он нома, вақто ки Искандар Эронро забт мекунад, ба устодаш Арасту номае навишта будааст, ба ин мазмун, ки «...шодиёна бидеҳ ман Эронро ба зонў нишондам ва мехоҳам ҳамаи шоҳону шоҳзодагонро ба қатл расонам, то дигар пои сарбози эронӣ ба соҳилҳои Элиада нарасад.» Арасту дар ҷавоби ин нома навиштааст, «фатҳу зафаро ба ту табрик мегўям, вале акидан он фикри куштори шуҳонро аз сарат берун кун, ки эронён ин корро нахоҳанд бахшид. Ба ҷои ин онҳоро ба ҳар музофоте шоҳу амир таин кун ва ҳеҷ якеро шоҳаншоҳ эълом накун, ҳамин худ кофӣ аст, ки онҳо ба нифоқу муборизаи байнихуд барои шоҳаншоҳӣ гирифтор шаванд ва дигар фикри лашкаркашӣ ба хориҷ аз ёдашон равад.»
Таърих нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, чунин шуд ва маслиҳати Арастуи файласуф дуруст аз об даромад ва дигар баъд аз ин дар тули ҳазор сол пои Эрониён ба Юнону Рум то давраи Сосониён нарасид. Ва ин маслиҳати Арасту бо дастури «Тафриқа андозу ҳокимият кун!» машҳур гардид.
Аз ин рў чунон ки Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.»
Ин аст, ки рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, оғози ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароити лозима барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад. Дар имрўз ҳамасола мо бо арзёбии дастовардҳои ин падида, андеша дар атрофи моҳияти он ва таҳкими ин неъмати ба шарофати кўшишҳои Пешвои миллат ба даст омада мекунем. Аз ҷумла нишон додани моҳияти фалсафии ин падидаҳо истиқлол ва ваҳдат чун мақулаи асосии андешаи миллӣ зарурат дорад. Ин аст, ки дар ин мақола мо кўшидем дар атрофи моҳияти ин падидҳо аз дидгоҳи фалсафию илмӣ боз як бори дигар андеша кунем.
Аммо дар баробари донистани моҳияти фалсафии ваҳдати миллӣ кўшиши амалии пиёда кардани он низ зарур аст. Омилҳои амалии ташаккул ва тақвиятдиҳандаи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ зиёданд, ки асоситарини онҳоро ба ду даста метавон кард:
- яке марбут ба тарбияи ин гуна шуур аз тариқӣ тарғиби моҳияти мафкуравии ваҳдати миллӣ чун аслпояи андешаи миллӣ . Бояд тавзеҳ дод, ки дар Конститусияи кишвар тарғиби ҳаргуна идеологияи ҳизбию мазҳабиё чун идеологияи давлатӣ маън шудааст, вале на идеяву андешаи миллӣ чун аслпояи ваҳдати миллӣ.
- дигаре марбут ба роҳ мондани сиёсати одилонаи иҷтимоӣ ва ҳифзи адолати иҷтимоӣ;
Дар мавриди аввал ин омил аз дуруст ба роҳ мондани худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандўстӣ дар тамоми мароҳили зиндагии афроди миллат ва алалхусус ҷавонон вобаста мебошад.
Дар мавриди дуввум дар амал тамин намудани муносибати амалан одилона дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дар тамоми сутуҳи иҷтимоӣ ва манотиқи кишвар. Аз байн бурдани фасод, маҳалчигӣ, миллатчигӣ, нобаробарӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияҳо, миллатҳо, мазҳабҳо.
Рўҳияи ваҳдат, озодидустӣ, истиқлолиятхоҳиро дар афроди миллат ҳамеша бедор доштан лозим аст, то ки рўҳияи Ватандўстӣ ва истиқлолият ҳеҷгоҳ аз хотираи миллат фаромўш нашавад.
Афроди миллат, алахусус ҷавонон бояд бидонанд, ки истиқлолият ва озодӣ ба мо чӣ дод?
Аввалан ва барҷастатраин дастоварди истиқлолият он аст, ки мо ба шарофати он баъд аз 1100 ба давлатдорӣ ва ҳукумати миллии соҳибистиқлоли воқеӣ расидем. Моро аввалин бор баъд аз 1100 сол боз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун субъекти сиёсӣ шинохтанд. Дар аксарияти созмонҳои маъруфи байналхалқӣ намояндагӣ ва ҳаққи аъзогӣ пайдо кардем. Сарвари давлати мо аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Мутаҳид, дар ин чанд соли кўтоҳ, на танҳо баромадҳои ҷолиб, балки пешниҳодҳо ҷолибе, мисли «оби тоза» ва ғ. арза кард, ки онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул кард.
Дуввум, он ки истиқлолият аз талаву тороҷи сарватҳои миллӣ ва маънавӣ раҳоӣ дод. Таҷикистон яке аз кишварҳои аз лиҳози сарватҳои табиӣ: анвои маъданиёт, набототу ҳайвонот, обу хок бой аст, ки то истиқлолият он ба нафъи дигарон, бе ҳисобу китоб ғорат мешуд. Ҳоло миллат имконият дорад аз он ба нафъи худ оқилона истифода кунад.
Севвум, миллат пас аз дарёфти ислиқлолият имкони худшиносӣ ва худсозии амиқ ва густардаро пайдо кард. То дарёфти истиқлолият моро хатари аз худбегонашавӣ, «манқуртизм», аз даст додани хотираи таърихӣ, инқирозу заволи фарҳангӣ таҳдид мекард, ки ба шарофати истиқлолият ин хатар рафъ гардида, замина барои худшиносӣ ва рушду камоли тозаи фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Инҳоянд асоситарин дастовардҳои Истиқлолият. Барои аз даст надодани он месазад, ки мо ва ҷавонони мо тақдири умури кишварро ҷиддӣ ба даст гирем ва аз вуҷуди имкони хатари таҳдидкунанда ба баргашти вазъи собиқ эмину бепарво набошем.
Шерзот Абдуллозода (Абдуллоев),
номзади илмҳои фалсафа
ходими пешбари илмии
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
[1] «… в этом качестве он одинаково есть субъект как своего божественного (нормального) состояния, когда он находится во всеединсве, так и своего внебожественного, ненормального состояния, когда он утверждается в себе исключительно и в противоположения со всем; и в том, и в другом случае, и в Боге, и против Бога, он есть действительный субъект и настоящая причина дел своих, что бы ни вызывало его к этим делам, ибо действующий ест он сам; поэтому он безусловно свободен: он свободен в Боге, ибо Бог есть не просто единый, исключающий все другое, а всеединый, во всеединстве же каждый из элементов есть все, то есть ничем не ограничен и, следовательно, безусловно свободен,- и он свободен вне Бога он может быть только сам в своем собственном самоутверждения, то есть свободно. Он свободен в свободе, и он свободен в необходимости, ибо он он сам подлежит необходимости….» Вс. Соловьев. Соч. Т.1. с.745