casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолиятро таҳким бояд

wrapper

  Мусаллам аст, ки дар тӯли 31-соли Истиқлолият кишвари азизамон – Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил шудааст ва назири он бесобиқа будаву корҳои бунёдкориву созандагӣ давом дорад ва боварӣ дорем, ки ин дастовардҳо садчандону ҳазорчандон рӯзафзун хоҳанд буд. Бебаҳс он аст, ки рушду равнақи кишвар дар тамоми соҳот беҳудуд идома хоҳанд ёфт. Бешубҳа, ҳеч ҷомеае бидуни камбудӣ нахоҳад буд, чунки талаботи ҷомеаи муосир ба талаботи ҳар чи бештари замонавӣ ниёз хоҳад дошт ва ҳеч гоҳ то ба охир ҳамаи ин талаботи онро наметавон бароварда кард.
  Дар баробари афзудани дастовардҳо ва қадр кардани арзишҳои истиқлолият, таҳкими истиқлолият низ ниҳоят зарур аст. Таҳкими истиқлолият тамоми соҳаҳои ҳаёту фаъолияти кишварро бояд фаро гирад. Пеш аз ҳама, соҳаи маориф ба бунёдкориҳову созандагиҳо ва беҳбудсозиҳои зиёд хостор аст. Албатта, дар ин соҳа корҳои азиме анҷом пазируфтааст ва макотиби миёнаву олӣ ва тахассусии бешуморе бунёд ёфтаанд. Аммо ҳануз ҳам корҳои такмилбахшиву беҳбуддиҳии ин соҳа дар пеш аст. Соҳаи маориф таҳдоб ё пойдевори ҷомеа мебошад ва илму маорифи комили кишвар симои имрӯзу ояндаи дурахшони он аст. Маҳз илму маорифи баланди афроди ҷомеа тақдирсози накуи миллат хоҳад буд.
Ҳамаи соҳаҳо: сиёсат, иқтисод, тиб, масоили иҷтимоӣ, соҳаи ҳарбӣ, илму маориф ва ғ. аз ҳамдигар сахт вобаставу ба ҳамдигар зич побастаанд ва ҳар яке дигареро ҳимоят, тақвият ва такмил медиҳад. Аммо маҳз илму маориф аст, ки ба ҳамаи дигар соҳаҳо рӯҳу равон мебахшад.
  Кишварҳои пешқадами олам маҳз бо тақвияти илму маорифи худ мақомҳои баланди ҷаҳонӣ ва рифоҳи миллиро ноил гардидаанд ва месазад, ки дар ин ҷода таҷрибаи бои онҳоро омӯхт ва дар амал татбиқ кард. Дар чанде аз ин кишварҳо донишҷӯёни мо таҳсил кардаву ҳануз ҳам таҳсил доранд ва бояд мутахассисони нодиреро, ки донишгоҳҳои ин кишварҳоро хатм намудаанд, бо ҳавасмандиҳо, ҷои кор ва маоши хуб дар Ватан нигаҳ дошт. Мутахассисону омӯзгорони нодиру варзидаи зиёде дорем, ки барои таъмини маоши оила тарки Ватан мекунанд ва сафҳои онҳо торафт афзуда истодааст. Таҳкими истиқлолият дар дараҷаи аввал маҳз нигоҳ доштани онҳо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ‒ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба Руссияву дигар давлатҳои хориҷ чандин мутахассисони нодиру варзидаи кишварро барои обод намудани кишвар ва барои хизмат ба Ватан баргардонидаанд.
  Таҳкими истиқлолият дар дараҷаи аз ҳама аввал таъмини зиндагии шоистаи омӯзгорони мактабҳои миёнаву касбӣ, олӣ ва донишмандону мутахассисони нодир мебошад. Аз ин рӯ, бояд барои онҳо маоши аз ҳама баландро таъйин кард ва бо ҳавасмандгардониҳои зиёде рӯҳбаланд намуд. Неруи созандаву бунёдкори омӯзгорону донишмандон, мутахассисони нодири кишварамонро бояд барои ободкориҳову гулгулшукуфоии Ватани азизамон босамар истифода барем ва онҳоро чун гавҳараки чашм азиз дорем. Зеро агар мо тавонем зиндагии шоистаи онҳоро таъмин намоем ва маоши баланд арзонӣ дорем, онҳо хеле зуд ин маблағҳоро ҳазорчандон ба кишвару Ватани азизамон бармегардонанд ва ҳаргиз дар сар фикри тарки Ватан ва обод кардани дигар кишвар намепарваранд.

Усмоналӣ Камолов
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими калони илмии
 Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia