Чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандонро даъват менамоям, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд”[1].
Яке аз омилҳое, ки метавонад заминаи рушди ваҳдати миллиро таъмин намояд, рӯ овардан ба арзишҳои таърихи сиёсии пешқадами миллӣ ва арзишҳои ҷаҳонии фарҳанги сиёсии давлатҳои мутамаддини воқеан демократибунёд мебошад. Аз ин рӯ дар шароити навини сиёсии ҷомеа амалӣ шудани фарҳанги демократӣ барои тахкими ваҳдати миллӣ нақши созанда мебозад. Ба он усули «Ҳама чиз иҷозат аст, ба ҷуз он чи ки қонун иҷозат надодааст» хос аст. Ин фарҳанг муколама, гуногунандешӣ ва инсондӯстиро талқин менамояд. Дар он инсон арзишманд аст ва иштироккунандаи фаъолу бошууронаи ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ мегардад. Тафаккури демократӣ масъулияти баробари тамоми шаҳрвандонро барои амалӣ намудани фаъолият ва идоракунии ҷомеа пешбинӣ менамояд. Он масъулиятталаб аст. Идеали он: озодӣ, баробарӣ, адолат, волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон аст.
Барои таъмини ваҳдати миллӣ рушди иқтисодиёт дар заминаи ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ бо истифодаи техника ва технологияи нав, рушди туризм ва сохтори инфрасохтории он, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ва истифодаи воситаҳои истеҳсолии муосир, ки барои пешрафти фаъолияти касбӣ, муайян намудани мавқеи сиёсӣ ва тарзи ҳаёти солим замина гузошта, нақши амиқ мегузорад. Омилҳои зикршуда барои баланд бардоштани эътибори иҷтимоии ҳар як фард бо дарназардошти иқтидори иҷтимоии тахассусӣ, фаъолияти босамари меҳнатӣ, рафтори эҷодкорона боиси риояи адолати иҷтимоӣ гардида, асоси ваҳдати миллиро таъмин менамояд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маориф ва илм таҳкурсии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, бунёди давлату ҷамъиятро на танҳо аз нуқтаи назари фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ пеш мебарад, балки шинохти онро дар маҷмӯъ бо равандҳои демократӣ нисбати гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қишрҳои он, бо дарназардошти қонунҳои демократӣ ва риояи он устувор менамояд. Барои ба ин мақсад расидан дар мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ, олӣ, касбӣ-техникӣ ва дигар намудҳои фарогири таълим пеш аз ҳама ислоҳоти воқеии таълиму тарбия бо дарназардошти баланд бардоштани сифати таълим, сифату мазмуни нақшаву барномаҳои таълимӣ, воситаҳои айёнӣ, китобҳои дарсӣ ва аз ҳама омили муҳим ва дархӯри ҷомеа – ин бозомӯзӣ ва такмили сифати фаъолияти омӯзгорон аз тарафи масъулини маориф ва сохторҳои марбута муносибати ҷиддиро талаб менамояд. Ин чорабинии ҳаётан муҳим дар соҳаи маориф (агар он бо тамоми ҷиддият иҷро карда шавад) насли наврасро новобаста аз эътиқоди динӣ ва мазҳабӣ дар рӯҳияи фаҳмиши ягонаи ватанпарастӣ бо ҷаҳонбинии арзишҳои маърифати миллӣ ва ҷаҳонӣ тарбия менамояд.
Омили дигари ваҳдати миллӣ нобаробарии иҷтимоӣ дар байни ҳамаи қишрҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ буда, рушди ваҳдати миллиро халалдор месозад. Гарчанде, ки нобаробарии иҷтимоӣ дар ҳамаи ҷомеаҳо вуҷуд доранд. Бинобар ин, бояд дар низомномаи ҳар як корхонаву муассисаҳои таъсисёфта шумораи ҳамасолаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мутахассисони соҳавӣ дарҷ гардида, мизони таъминоти ҷойи корӣ ба намуди ҷадвали афзоянда – ҳамчун як нишондиҳандаи асосии фаъолияти муассиса ва корхона баҳогузорӣ гардад, ки он барои нисбатан кам шудани муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ замина гузошта, ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Муносибати давлат бо ташкилотҳои динӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ муносибати худро нисбат ба дин ҳамчун дастоварди арзиши миллӣ дар асоси қонунҳои демократии амалкунанда муайян намуд. Махсусан, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъият хеле ҳассос буд, 1 декабри соли 1994 «Қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» қабул карда шуд, ки дар он равандҳои асосии шаклгирии муносибати давлат ва дин инъикос гардидааст. Бо мурури замон қонуни номбурда ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ набуд, бинобар ин ҳам, 5 марти соли 2009 «Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар радифи қонунҳои қабул кардашуда, муносибати давлат ба дин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, баррасӣ шудааст. Масалан, дар моддаи панҷуми боби дуюм муносибати тарафайни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ оварда шуда, дар банди якум нишон дода шудааст, ки барои озодии виҷдон, риояи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои диндорон ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид муҳайё сохта шудааст.
Бо дарназардошти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон шакли идеологияи динӣ ба сифати идеологияи давлатӣ шинохта намешавад. Муассисаҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, дар навбати худ давлат барои муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрвандон нисбат ба дин монеа эҷод намекунад.
Ниҳоят бояд зикр намуд, ки ҳамагуна шакли таблиғоти динӣ, махсусан, ба воситаи варақаҳои тарғиботӣ, маводҳои рӯҳияи ифротӣ ва моҷароҷӯёнадошта, ки боиси зиддиятҳои дохилӣ ва халалдор гаштани ваҳдати миллӣ мегардад, мухолифи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ аст. Аз ин рӯ, намояндагони дин бояд фаъолияти худро дар доираи қонунҳои муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд, то ин ки заминаи ваҳдати миллӣ халалдор нашавад.
Ҳамин тавр, муносибати дин бо давлат бояд дар асоси таҳаммулпазирии фарҳанги сиёсии навини ҷомеа ва омезиши арзишҳои пешқадами фарҳанги сиёсии давлатҳои мутараққии ҷаҳон рушд ёбад, то ин ки равандҳои демократияи навбунёди ҷомеа зина ба зина устувор гардад, ки он аз як тараф, барои самаранок истифода бурдани иқтидорӣ зеҳнӣ ва аз тарафи дигар, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ замина мегузорад ва ваҳдати миллиро таъмин месозад.
Қаҳҳоров Ғ.Ғ.
доктори илмҳои фалсафа,
сарходими илми Шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёти истифодашуда
1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ [Захираи электронӣ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Режими дастраснамоӣ: http://www.president.tj/node/21975 (Санаи муроҷиат: 26.12.2019)