Кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирӣ ва мубориза алайҳи онҳо дар давлати Сосониён
- Ҷумъа, Май 14 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Дар илми таърихи давлат ва ҳуқуқ ва умуман таърихи халқи тоҷик Сосониён ба истиснои замони шӯравӣ ҳамеша ҳамчун ниёгони тоҷикон муаррифӣ мешаванд. Оид ба давлати Сосониён нисбат ба дигар давлатҳои пасазҳахоманишии тоҷикон (Ашкониён, Кушониён, Киёнину Хиёниён Ҳайтолиён ва ғайра) иттилооти бештари таърихию бостоншиносӣ, аз ҷумла дар бораи фасоди идорӣ (коррупсия) ва пешгириву муқовимат бо он боқӣ мондааст. Гарчи ҳар як сулолаҳои ин давра дорои вижагиҳои давлатдории худ буданд, вале монандиҳои зиёд низ доштанд ва бо таҳқиқи падидаҳои давлативу ҳуқуқии Сосониён роҷеъ ба дигар давлатҳои мазкур низ тасаввуроти умумӣ пайдо кардан имкон дорад. Зеро дар ҳамаи онҳо асосан низоми ҳуқуқи зардуштӣ бартарӣ дошт ва маркази рушду тавсеаи оини зардуштӣ бошад давлати Сосониён буд.
Чуноне аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, асосгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон бар тахти Ардавон (охирин шоҳи Порт) нишасту дод орост ва меҳтарону кеҳони сипоҳу мубади мубадонро ба пеши тахт хост ва фармуд, ки ман дар ин подшоҳии бузург, ки Яздон ба ман дода, некӣ кунаму дод (адолат) варзам ва дини беҳи покро биороям ва ҷаҳониёнро чун фарзандон бипарварам... Ва шумо ки хушнудед ва ба ман некиву бегумонӣ хоҳед, ман низ ба шумо некӣ хоҳам ва дар дод кӯшам, ки сову боҷ аз даҳ як аз шумо гирам. Ва аз он дороӣ сипоҳ ороям, то посдории ҷаҳониён кунад... Бад-ин гуна доду адл кунам ва хариду фурӯхт, ки бозоргонист, накунам… [8, с.190-191] Албатта ҳамаи ин тадбирҳо ба муқобили коррупсия ва дигар кирдорҳои ба коррупсия алоқаманд низ нигаронида шуда буданд. Тавре аз ин навишта аён аст, ҳанӯз худи асосгузори давлати Сосониён додварзӣ ва пойдории динро дар давлатдориаш пеша кардааст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ӯ ба тиҷорат машғул шудани худро муҷиби беадолатӣ дониста, таъкид менамояд, ки ҳамчун шоҳ тиҷорат нахоҳам кард. Замони имрӯз қонунҳои асосии давлатҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Тоҷикистон (руҷуъ шавад ба моддаҳои 50, 68, 73, 90, 97 Конститутсияи ҶТ) [1] ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани мансабдорони давлатиро манъ менамоянд. Дар моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» [2] бошад ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда ҳамчун ҳуқуқвайронкуние, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоварад, муқаррар шудааст.
Ардашери Бобакон, ки дар таърихи Эрони Бостон зиндакунандаи дини беҳӣ лақаб гирифтааст, дар васият ба писараш Шопури Аввал таъқид мекунад, ки давлат ва дин ҷуфт ва ҳамзоди якдигар ҳастанду ҳар якро бояд нигаҳбони дигаре донист [18, с. 98; 9, с. 258; 20, с. 367]. Фирдавсӣ дар шоҳнома ин мазмунро чунин ба назм даровардааст:
Чу бар дин кунад шаҳриёр офарин,
Бародар шавад шаҳриёриву дин.
На бе тахти шоҳист дине ба пой,
На бедин бувад шаҳриёре ба ҷой.
Чӣ гуфт он сухангӯй боофарин,
Ки чун бингарӣ, мағзи дод аст дин [20, с. 367].
Аз ин ҷост, ки дар аксар маврид адолат, қонун ва дин ба як вожаи «дод» ифода мегардиданд. Чуноне барҳақ авастошиноси машҳури эронӣ Ҷ.Дӯстхоҳ тавзеҳ медиҳад, «дод» – (дар Авесто «дат») қонун, додгарӣ, инсоф ва номи эзади намоянда ва нигаҳбони додгарию қонун аст. Дар бисёр аз ҷойҳои Авесто (аз ҷумла Меҳр-яшт банди 139 ва Вандидод фаргарди 16, банди 18) дод ба маънии дини маздопарастӣ ва маҷмуи фармонҳову қонунҳову ниҳодҳои он ба таври куллӣ омадааст [3, с. 273, 518, 635].
Мақсуди Ардашер аз ин кор он буд ки эрониёнро ки пеш аз бархостани ӯ пароканда шуда буданд бар як оини ягона муттаҳид созад. Ӯ барои устувор сохтани ҷунбише, ки дар кори дин падид оварда буд, ба ходимони дин нерӯи бисёре бахшид ва онҳоро дар фармонравоӣ шарик намуд. Ва дар ҳар ҷойи кишвар мубадоне гумошт то бар равон шудани корҳо баробари дастурҳои динӣ нигаро бошанд [21, с. 21]. Бинобар ривояти порсиён Ардашери Аввал пас аз ҷулус ҳирбадонҳирбад Тансарро фармон дод, ки матнҳои парокандаи Авастои аҳди Ашкониро ҷамъу таълиф кунад то онро китоби расмӣ ва қонунӣ қарор диҳанд [13, с. 100]. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки сарчашмаҳои динию мазҳабии зардуштӣ қувваи қонунро дошта, дар як вақт сарчашмаи ҳуқуқӣ низ ба ҳисоб мерафтанд. Агарчи дар Авастои то замони мо расида роҷеъ ба порахӯрӣ ва фасоди идорӣ муқаррароти мустақим ба назар намерасад, аммо дар дигар сарчашмаҳои динию ҳуқуқии зардуштии ин давра як қатор кирдорҳои коррупсионӣ сахт маҳкум гардидааст ва кирдори баду аҳриманӣ дониста шудааст. Масалан, дар Достони Мену хирад гуфта мешавад, ки доварии дурӯғу пораситонӣ дар қатори дигар кирдорҳои бад дар дунёи пасазмаргӣ ба сурати дӯшизаи бадсурат равони одами бадкорро пешвоз мегирад ва мегӯяд, ки ман дӯшиза нестам, кирдори туям, эй зишти бадандеши бадгуфтори бадкирдори баддин… Чи чунон ки ту дар гетӣ дидӣ касе … доварии рост кард ва пора наситонд ва гувоҳии рост дод ва гуфтори нек гуфт, он гоҳ ту нишастӣ доварии дурӯғ кардӣ ва гувоҳии дурӯғ додӣ ва гуфтори дурӯғ гуфтӣ. Аммо баръакс, равони одами накӯкорро дӯшизаи хушсурат пешвоз мегирад ва мегӯяд, ки ман дӯшиза нестам, кирдори неки туям, эй ҷавони некпиндори некгуфтори неккирдори некдин… Чӣ ту дар гетӣ дидӣ касе… доварии дурӯғ ва пораситонӣ кард ва гувоҳии дурӯғ дод, он гоҳ ту нишастӣ ва сухан ба ростиву дурустӣ гуфтӣ [8, с. 150, 151]. Дар банди 38-уми достони мазкур гуфта мешавад, ки доваре, ки доварӣ рост кунад ва пора наситонад ба пояи хеш баробари Ҳурмузду амаҳраспандон аст ва он ки доварии дурӯғ мекунад, ба пояи хеш баробари Аҳриману девон аст [8, с. 167-168].
Дар сарчашмаи дигари давраи таҳқиқшаванда – Ардавирознома бошад, якчанд кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, мисли норосткорию порахӯрӣ, ҳирсу тамаъҷӯйии доварону (қозиёну) маъмурони содиркунандаи ҳукми судӣ (муфтиён) ва андозагирони замини хироҷсупорон амали гунаҳгоронаву бад дониста шуда, таъқид гардидааст, ки дар охират подошашон ҷазоҳои сахту сангин аст.
Аз ҷумла дар банди 79 ҳолати руҳу равони довари норосткор ва пораситон дар дунёи ухравӣ чунин омадааст: «Пас ман дидам равони марде ки ҳарду чашмаш канда ва забон бурида ва пойе андар дузах овехта буд, ба шонаи душоха тани ӯ ҳамеканданд, мехе оҳанин дар сараш фурӯ бурда. Пурсидам ки ин тан чӣ гуноҳ кард? Суруши аҳрав ва Озари эзад гуфтанд, ки: «Ин равони он бадкеш мард аст ки ба гетӣ доварии дурӯғзанон (?) буд, порак (ришва) ситонд ва додистон (ҳукм) дурӯғ кард» [5, с. 466]. Ҷумлаи охирро Чунакова ба ин мазмун тарҷума кардааст: «Ин равони гунаҳгорест, ки дар замин (бояд) фиребгаронро ҷазо медод, аммо ӯ пора ситонда ҳукми ноҳақ баровардааст» [17, с. 124]. Мавриди зикр аст, ки вожаҳои имрӯзаи «пора» ва «пораситонӣ» дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) мувофиқан «порак» ва «порак стониҳ» гуфта мешудаанд [7, с. 98].
Дар банди 91-уми Ардавирофнома дар бораи гуноҳи бузург будани ҳирсу тамаъҷӯйии маъмури судури аҳком (муфтӣ) гуфта мешавад: Дидам равони марде ки фарзанди хеш кушта ва мағзи сари ӯро ҳамехӯрад. Пурсидам ки ин тан чӣ гуноҳ кард, ки равонаш он гуна гарон ҷазо (бодофроҳ) мебарад. Суруши аҳрав ва Озари эзад гуфтанд ки ин равони довари вичиргар (маъмури судури аҳком, муфтӣ) аст, ки ҳукми (қарори) ноҳақ миёни даъвогарон бароварда, зуру дурӯғ бисёр кард ва ба даъвогару ҷавобгар ба чашми поку ростӣ нанигариста, аз ҳирсу тамаъҷӯйӣ (озварӣ) бо хашму таҳдид ба муроҷиатгарон дод задааст [5, с. 469]. Ҳирсу тамаъ (оз), тамаъҷӯй (озвар) ва тамаъҷӯйӣ (озварӣ) дар забони паҳлавӣ мувофиқан оз, озвар, озвариҳ (озварӣ) [7, с. 176, 349] гуфта мешуд ва қариб бетағйир дар форсии нав низ мавриди истифода аст [19, с. 902, 904].
Дар банди 49 бошад барзиёд нишон додани масоҳати замини мардуми хироҷдеҳ зимни андозагирии замин аз ҷониби масъулон ва бо ин кор гарон кардани хироҷ низ амали зидди оини зардуштӣ гуфта шудааст: «Дидам равони марде чанд, ки г...ҳ ва ҳиҳир ва насоӣ (ҷасад) ва риминии мардумон ҳамехӯрданд ва девон санг канда ва аз пас ҳамеандохтанд ва онон кӯҳе ба пушт ҳамекашиданд ва кашидан натавонистанд. Пурсидам ки инҳо чӣ гуноҳ карданд ки равонашон он гуна гарон бодофроҳ барад. Суруши аҳрав ва Озари эзад гуфтанд, ки ин равони гунаҳгороне аст, ки ба гетӣ заминро андоза мекарданд ва нодуруст андоза мекарданд. Онҳо мардумони зиёдеро бе буну бар карданд ва ин мардумон ниёзманду дарвеш гаштанд ва бояд андозу молиёти калон месупориданд» [4, с. 248].
Ҳамзамон Ардашер Бобакон ислоҳоти ҳарбӣ ва идорӣ гузаронида, дар кори давлатдорӣ ва дабирӣ тибқи иттилои Фирдавсӣ шахсони мувофиқ ва бодонишро таъйин мекунад ва зимни таъйини онҳо ба вазифа таъкид менамояд, ки мардум ва манфиати онҳоро ба пул нафурӯшанд, дар кори давлатдорӣ ба хешутаборбозӣ роҳ надиҳанд, ба сипоҳи додаи шоҳ такя кунанду сипоҳи иловагӣ ҷамъ наоранд, ба дарвешу камбизоатон аз ҳисоби хазина ёрии моддӣ расонанд ва дар умум адолатро (додро) пешаи кори худ созанд:
Ба девон-ш корогаҳон доштӣ,
Ба бедонишон кор нагзоштӣ...
Чу рафтӣ сӯйи кишваре кордор,
Бад-у шоҳ гуфтӣ, дирам хор дор.
Набояд, ки мардум фурӯшӣ ба ганҷ,
Ки бар кас намонад сарои сипанҷ.
Зи пайванду хешон мабар ҳеч кас,
Сипоҳ он чи ман ёр додам-т бас.
Дирам бахш ҳар моҳ дарвешро,
Мадеҳ чиз марди бадандешро.
Агар кишвар обод дорӣ ба дод.
Бимонӣ ту обод в-аз дод шод [20, с. 364].
Воқеан, поягузори давлати Сосониён дар баробари таҷдиду ислоҳот ва тақвияти созмонҳои идорӣ ба илму дониш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, фармон медиҳад, ки нусхаҳои китобҳои пизишкӣ ва ситорашиносиро ҷамъоварӣ кунанд ва барои фароҳам сохтани онҳо пулҳои бисёре харҷ менамояд [21, с. 22].
Яке аз ибтикороти муҳими Сосониён, ки дар тақвияти созмони идории кишвар, таҷдиди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва мувофиқан пешгирии фасоди идорӣ таъсири бузург дошт, таъсиси девонҳо буд, ки идораи умури бахшҳои гуногуни ҷомеаро бар уҳда доштанд. Ҷиҳати самаранок татбиқ намудани ибтикороти мазкур Сосониён ба се табақаи собиқи ҷомеа, яъне рӯҳониён (осраван), ҷанговарон (артишторон) ва тудаи миллат (рустоиён ё востирюшон), табақаи чаҳоруми иҷтимоӣ – дабиронро (ходимони давлатиро) илова карданд [13, с. 69].
Идоракунии давлатӣ асосан тавассути ҳамин табақаи нави иҷтимоӣ сурат мегирифт. Дабирон дар давраи Сосониён аз табақоти имтиёздор маҳсуб шуда, дар ҷорӣ намудан ва ба расмият даровардани оинҳои шоистаи давлатдорӣ нақши бориз гузоштаанд. Ба андешаи А.Кристенсен дабирони Сосониён «сиёсатмадорони ҳақиқӣ ба шумор мерафтанд, ҳама қисм аснодро тартиб медоданд ва мукотаботи давлатро дар даст мегирифтанд. Фармонҳои салтанатиро иншо ва сабт мекарданд ва ҷамъи ҳазинаҳоро (харҷҳоро) мураттаб менамуданд ва муҳосиботи давлатро идора мекарданд» [13, с. 95].
Баҳри нишон додани низоми густарда ва рушдёфтаи созмони идорӣ ва девонсолории Сосониён аз он ки доираи мавзуъ имкон намедиҳад, мо ба таҳлилу таҳқиқи девонҳо ва мансабҳои давлатии Сосониён намепардозем ва танҳо бо овардани ду-се иқтибос аз муаррихон иктифо менамоем.
Масалан, Балозурӣ дар «Футуҳ-ул-булдон»-и худ чаҳор мӯҳри яке аз подшоҳони Сосониро, ки дар бахшҳои гуногуни коргузории давлатӣ истифода бурда мешуданд, ба таври зайл номбар кардааст: яке муҳри асрор, яке муҳри расоил, яке муҳри тахлид, ки ба он сиҷлот ва иқтоот ва дигар фармонҳои ташрифро тасдиқ мекарданд ва дигар барои хироҷ [6, с. 368]. Ин муҳрҳоро ҳама ба зимомдор месупурданд ва гоҳ муҳри асрор ва расоил ба марде аз наздикони шоҳаншоҳ супурда мешуд. Ҳар яке аз ин мӯҳрҳо, ба ақидаи А.Кристенсен, ба як девони алоҳида тааллуқ дошт. Бинобар ин, ӯ ҳадс задааст, ки шумораи девонҳо ба миқдори мӯҳр баробар буд [13, с. 283]. Масъудӣ аз чаҳор муҳри Анушервон, ки хоси молиёт, амлок, махориҷ ва барид буданд ва нуҳ мӯҳри Хусрави Парвиз барои истифода дар чунин бахшҳо ёдрас мешавад: 1) номаҳо ва сиҷилот, 2) ёддоштҳо, 3) ҷавобҳои чопор, 4) ҳаволаҳо ва номаҳои афви ёғиёну муҷримон 5) хазинаи ҷавоҳирот ва байтулмоли хос ва хазинаи зевар, 6) номаҳои мулуки офоқ, 7) доруҳову ғизоҳо ва хушбӯиҳо, 8) гардани маҳкумин ба қатл бо номаҳои дар бораи хунбаҳо фиристодашуда, 9) барои духули ҳаммом [15, с. 272-273].
Дар адабиёти паҳлавию бостоншиносӣ ва осори муаррихони асримиёнагии арабию форсӣ чунин номҳои мансабҳои зиёди давраи ашкониёну сосониён ба назар мерасанд: шоҳаншоҳ, вузургфрамодор (фармондори бузург) мубадонмубад, эрондабирбад (роҳбари дабирон), хонсолор, охурсолор, андарзбон (масъули меҳмонони дарбор), марзбон, истондор, шаҳрбон (шаҳраб), марзбон [13, с. 284], парежван ё парежапан (муфаттиши судӣ), датабар, датабари кас (кеҳ), датабари мас (меҳ), шаҳрдатабаран датабар, пратарак (фратарак) – сардор, виспуҳрон [16, с. 218, 264, 266], пуштибонсолор [11, с. 132], хуррамбош (пардадори шоҳ), додвар, дипир (дабир, котиб), ҳоморкор, сипаҳбад, муғпат, ҳирбад, кордорон, зиндоник (зиндонбон), надимон, ганзбар (хазинадор, ганҷур), оҳурпат (саис), нахчирпат (мири шикор), майдор (шаробдор), шапистон (хоҷасарой), аргпат, андарзбад (мушовири шоҳ), дизпат, шатрап, устондор, питиахш, ҳазорпат, харгпат, ҳутухшбад (сардори ҳунармандон), востирюшонбад (сардори кишоварзон), девони устондориҳ [14, с. 106-156] ва ғайраҳо.
Бо ин ҳама давлати Сосонӣ баръакси шукӯҳу азамати зоҳирие, ки дошт ба сахтӣ рӯй ба пастиву парешонӣ мерафт. Дар охирҳои ҳукмронии Нушервон давлат вазъе сахт ноустувору мутазалзил дошт. Сипоҳ ёғию саркаш буд ва руҳоният рӯй дар фасод дошт. Фасоде ки дар вазъи руҳонӣ буд, аз қудрату нуфузи мубадон бармехост. Парокандагию парешонӣ ва ихтилоф дар ақидаву андешаҳо падид омада буд ва мубадон дар риёву таассуб ва дурӯғу ришва ғарқ буданд. Маздак ва пеш аз ӯ Монӣ барои он ки таҳаввуле дар авзои руҳонӣ ва динӣ падид оваранд, худ кӯшише карданд аммо натиҷае нагирифтанд. Кори Маздак бо муқовимати руҳониён ва мухолифати сипоҳиён рӯбарӯ шуд ва боиси фитнаву табоҳӣ гашт. Рою тадбири Нушервон ки бо хушунати беандоза ҳамроҳ буд, ин фитнаро зоҳиран фурӯ нишонд, аммо адолате ки дар ривоятҳо ба ӯ нисбат додаанд, натавонист решаи зулму фасодро яксар аз байн бароварад. Аз ин рӯ, бо марги ӯ боз руҳониёну сипоҳиён сар ба фитнаангезӣ бароварданд [10, с. 37-38].
Ҳамин тавр, агар дар асрҳои аввали салтанати Сосониён ташкили низоми мураттаби давлатдориву девонсолорӣ, ҷалби донишмандон дар корҳои давлатӣ, дастгирии илму фарҳанг, ҳамкории мутақобилаи муваффақонаи дину давлат, рушду такомули манбаъҳои ҳуқуқӣ, раиятпарварию ободкорӣ, ислоҳотҳои гуногуни идориву ҳарбиву молиявӣ ва аз ҷумла муқовимат бо фасоди идорӣ (кирдорҳои коррупсионӣ) сабабгори таҳкими давлат, ташаккулу тақвияти ниҳодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ шуда бошад, дар садаи охир дар баробари ҷангҳои дурудароз бо давлатҳои ҳамсоя, низоъҳои дохилӣ ва кашмакашиҳои дарборӣ фасоди идорӣ яке аз сабабҳои асосии таназзулу шикасти Сосониён гардидааст. Вале дар умум замони Сосониён, ба хусус давраи авҷи қудрати онҳо, бешак, марҳалаи рушду камоли давлатдории халқҳои ориёӣ дар давраи то Ислом ба шумор рафта, пас аз забткориҳои арабҳо таҷрибаи давлатдории сулолаи мазкур садсолаҳо аз ҷониби арабҳову давлатҳои баъдӣ ҳамчун намунаи ибрат мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Расулов Фотеҳ,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
ИФСҲ-и АМИТ
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Адабиёти истифодашуда:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 136 с.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25.07.2005 с., № 100 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. –2005. –№ 7. –Мод. –402.
- Авесто (кӯҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ) / Гузориш ва пажӯҳиши доктор Ҷалили Дӯстхоҳ. – Душанбе, 2001. – 792 с.
- Ардовирофнома / Ба қалами оқои Рашид Ёсамӣ // Маҷаллаи «Меҳр». –№ 3. Соли севум. – С. 241-248.
- Ардовирофнома / Ба қалами оқои Рашид Ёсамӣ // Маҷаллаи «Меҳр». –№ 5. Соли севум. – С. 465-472.
- Балозурӣ Аҳмад бинни Яҳё Ал-Балозурӣ. Футуҳ-ул-булдон (Бахши марбут ба Эрон) / Тарҷумаи Озартош Озарнуш. – Теҳрон: Интишороти Бунёди фарҳанги Эрон, 1346. –С. 467 с.
- Баҳром Фараҳвашӣ. Фарҳанги форсӣ ба паҳлавӣ. – Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1380. 571 с.
- Ганҷинаи афкори сиёсию ҳуқуқии тоҷикон (Хрестоматияи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон). Муҳаррири масъул ва мураттиб А. Холиқзода. Китоби II. Мабонии ҳуқуқ дар адабиёти паҳлавӣ. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. –400 с.
- Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон: (Иборат аз ду китоб). Китоби якум: Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. – Душанбе: Ирфон, 1998. –704 с.
- Зарринкуб А. Ду қарни сукут (саргузашти ҳаводису авзои таърихии Эрон дар ду қарни аввали Ислом аз ҳамлаи араб то зуҳури давлати Тоҳириён). Чопи дувум. – Теҳрон: Интишороти «Амири Кабир», 1336. – 315 с.
- Книга деяний Ардашира сына Папака. Транскрипция текста, пер. со среднеперс, введ.,. коммент. и глоссарий О.М.Чунаковой. – М., Главная редакция восточной литературы издательства «Наука», 1987. – 163 с.
- Корномаи Ардашери Бобакон (муштамил бар: матни паҳлавӣ, талаффузнигорӣ, тарҷумаи форсӣ, муқоиса бо шоҳнома, ҳавошӣ ва таълиқот, луғатнома ва феҳрасти эълом) / Ба эҳтимоми дуктур Муҳаммадҷавори Машкур. – Чопхонаи ошно, 1369. – 342 с.
- Кристенсен А.Э. Эрон дар замони Сосониён / Тарҷумаи Рашид Ёсамӣ. Чопи 5-ум. – Теҳрон, 1385. – 437 с.
- Луконин В.Г. Древний и раннесредневековый Иран. – М.: Наука, 1987. – 296 с.
- Масъудӣ Алӣ бинни Ал-Ҳусайн. Муруҷ-уз-заҳаб / Тарҷумаи Абулқосими Поянда. ҷ. 1. Чопи 7-ум. – Теҳрон: Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1382 ҳ. 785 с.
- Периханян А.Г. Общество и право Ирана в парфянский и сасанидский перидды. – М.: Наука, 1983. 384 с.
- Пехлевийская Божественная комедия. Книга о праведном Виразе (Арда Вираз намаг) и другие тексты. Введ., транслитерация пехлевийских текстов, пер. и коммент. О.М.Чунаковой. – М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2001. – 206 с.
- Рашшод М. Фалсафа аз оғози таърих (дар 7 ҷилд). Ҷ. 1 ва 2. – Душанбе, 1990. – 480 с.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ (X – ибтидои асри XX). Дар ду ҷилд. Ҷилди I А-О. / Зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – М., 1969. – 951 с.
- Фирдавсӣ А. Шоҳномаи Фирдавсӣ / Тасовири Ҷабборбек. – Теҳрон: Китобсарои нек, 1387. – 558 с.
- Эҳсон Аббос. Аҳди Ардашер / Тарҷума аз арабӣ ба форсӣ Муҳаммадалӣ Имоми Шуштарӣ. – Теҳрон, 1348 ҳ.ш. – 174 с.