casino malaysia
casino malaysia
Масоили мубрами омўзиши фарҳанги ҳуқуқии ниёгон (дар заминаи таълимоти кошифӣ оид ба ҷомеа, давлат ва ҳуқуқ)

wrapper

  Омўзиши фарҳанги ниёгон, махсусан фарҳанги ҳуқуқию давлатдории миллати тоҷик баёнгари миллати қадима, муқимӣ, эҷодкор ва давлатдор будани он мебошад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки аз оғози интихоб шудан ба мансабҳои олии давлатӣ ба ин масъала ба таври ҷиддӣ машғул гардида, ҷашну маросим ва анъанаҳои бостонии миллатро арҷ мегузорад ва тавассути он ҳадафҳои волои миллиро ҳифз ва тарғиб менамояд. Ин андешаро исбот намуда, Пешвои миллат қайд кардаанд, ки тоҷикон "... дар бунёди давлатҳои муташаккилу неруманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд"[9].
  Омўзиши фарҳанги волои ҳуқуқӣ, ки мутафаккирони фарзонаи миллати тоҷик аз худ мерос гузоштаанд, баёнгари он аст, ки онҳо бо эҷодиёти худ аз замонаи зиндагии худ ва ҳамасрон чандин қарн пеш гузашта, дар таҳияи лоиҳаи ҷомеаи ормонӣ ва давлати адолатпарвари иҷтимоӣ ҳиссаи бузургеро гузоштаанд. [1,13-18; 7, 16-21] Дар шароити ҷаҳонишавии муосир ки башарият аз дастовардҳои пешқадами инсонӣ ҳарф мезанад, тоҷикон низ бояд ба ин раванд ҳамроҳ гардида, оид ба ҳиссаи ниёгони худ дар ташаккули ҷомеа, соддаю равон сохтани идоракунии ҷомеа, гузариш ба идоракунии мутахассисон, ошкору амалӣ намудани принсипи соҳавии идоракунӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои умумӣ бо роҳи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар, ба вуҷуд овардани падидаҳои васояту парасторӣ [2, 78-80], фарзандхонӣ [2, 79], ҳимояи дину арзишҳои миллӣ садои худро баланд кунанд.
  Фарҳанги волои ниёгони мо ҷаҳониёнро тасхир намудаву дар шаклу мазмуни асил ва ё тағйирхурдаву ба шароити муосир мутобиқшуда ба мо бозмегардад, ки баъзан заминаи миллии он аллакай ноошно менамояд. Аз ин сабаб, шиносоӣ бо эҷоди пурғановати гузаштагон бояд заминаи донишҳои фундаменталии илмҳои гуногуни муосирро ташкил диҳад. Аз ин раванд илмҳои ҳуқуқшиносӣ набояд истисно карда шаванд, чунки яке аз ҷузъҳои асосии дастовардҳои ниёгони мо пеш аз ҳама анъанаю суннатҳои давлатдории миллӣ ва рушди ҳуқуқи динию дунявӣ ба шумор меравад. Фарҳанги ҳуқуқии миллии мо на танҳо хусусияти соф назарӣ, балки хусусияти амалию татбиқиро дошта, дар давлатдории на танҳо намояндагони халқи тоҷик, балки халқҳои дигар низ баръало мушоҳида мегардад. Кофӣ аст, ки ба давлатдории аҷнабиён, ки бо Тоҷикистони таърихӣ вобастагие доштанд, назар андозем.
Андешаҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар қатори дигар самтҳои илми ҳуқуқшиносӣ яке аз илмҳои заминавие ба шумор меравад, ки ба таълиму тарбияи насли нави ҳуқуқшиносон таъсири бузурге расонида, дар масоили рушди фарҳанги ҳуқуқӣ нақши хос дорад [3; 8]. Таълимоти сиёсию ҳуқуқӣ бо менталитети халқ, урфу одат, боварҳо, дину мазҳаб, андешаҳои сиёсию ҳуқуқии миллат зич алоқаманд буда, ба андешаи мо баёнгар ва ифодагари рўҳи халқ мебошад. Дар партави андешаҳои баёншуда, таҳлили таълимоти сиёсию ҳуқуқии яке аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз чанд ҷанба барои хонанда ва муҳаққиқон, тарғибгару сиёсатмадори муосир муфид мебошад. Мубрамияти омўзиши ин таълимот пеш аз ҳама, дар ноошно будани он ба кулли донишмандони муосир мебошад, ки ҳанўз ҳам мавриди омузиш қарор нагирифтааст. Аз ҷониби дигар, Кошифӣ дар қатори фалсафаву ахлоқ як таълимоти хеле пешрафтае таҳия намудааст, ки метавонад боиси ифтихори мо тоҷикон бошад, чунки андешаҳои мутафаккир оид ба масъалаҳои алоҳида то имрўз моҳият ва аҳамияти бузурги худро на танҳо гум накардаанд, балки ҳамчун принсип метавонад имрўз ва дар оянда барои мо хизмати шоён намояд.
Кошифӣ оид ба масоили гуногуни вобаста ба ҷамъият, ҳокимият, давлат ва ҳуқуқ андешаҳои худро баён кардааст. Ҳамчун мутафаккири баландпоя, аксари андешаҳояш хеле амиқ ва мушаххас мебошанд, ки ба  дарки комили масъала мусоидат мекунанд.
Кошифӣ оид ба пайдоиши оламу одам ва ҷомеа нуктаи назари хос дорад. Ў ҳангоми омўзиш ба андешаи мутафаккирони пешин розӣ нашуда, эътиқодманд аст, ки ҷомеа дар заминаи як омил не, балки маҷмўи омилҳо ба вуҷуд омадааст. Пеш аз ҳама, зарурат сабаби таъсиси ҷомеа эътироф карда мешавад. Ба андешаи Кошифӣ ҳар як инсон табиатан тавре офарида шудааст, ки барои бақои худ ва даст ёфтан ба олитарин сатҳи такомул ба бисёр чизҳо ниёз ва барои ноил шудан ба онҳо зарурат ба ҷомеаи инсонӣ дорад, зеро дар ҷомеа ҳар як узви он дар алоҳидагӣ ин ё он ашёи мавриди зарурати фардро фароҳам меоваранд. Ба андешаи мутафаккир Худованд ба ҳар як махлуқ олотеро додааст, ки ба воситаи он худро муҳофизат намуда бо ашёи зарурӣ таъмин намояд. Барои ҳайвонот ин - чангол, минқор, нерў, бол, барои мор, масалан заҳр ва ғайра буда, ба инсон танҳо ақл додааст, ки ба воситаи он бо дигарон шарик гашта, дар ҷомеа талаботи худро қаноатманд созад.
Ҷамъият тибқи фаҳмиши Кошифӣ бидуни муносибатҳои байни одамон - муносибатҳои байниҳамдигарӣ вуҷуд надорад. Кошифӣ андеша дорад, ки одамон замоне ба таъсиси ҷомеа оғоз намуданд, ки инсонҳо ба воситаҳои моддӣ барои пешбурди ҳаёти худ эҳтиёҷ пайдо карданд. Эҳтиёҷот, зарурат онҳоро барои муттаҳид шудан маҷбур сохт. Кошифӣ нақши падидаи маҷбурсозиро дар таносуб бо ҳокимият таҳқиқот намуда, таносуби онҳоро дуруст муайян мекунад.  Омили дигаре, ки дар қатори ақл (хирад) одамонро муттаҳид намуд, мавҷудияти адолати иҷтимоӣ мебошад. Мавҷудияти адолат дар ҷомеа, ба андешаи мутафаккир, сабаби ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангию  низом дар ҷомеа мегардад.
Кошифӣ дар асарҳои худ масъалаи шаклҳои ҷомеаро низ таҳлил намудааст, вале бешубҳа ҷавҳари таълимоти иҷтимоию сиёсии мутафаккирро таълимот оид ба адолат ташкил медиҳад, ки муҳимтарин намуди он, ба андешаи Кошифӣ, адолати иҷтимоӣ ва адолати судӣ мебошад. Мутафаккир адолатро чунин тавсиф менамояд: "адл он аст, ки доди мазлумон диҳанд...", яъне ба андешаи мутафаккир, адолат  пеш аз ҳама адолати судӣ мебошад. Адолат ба сифати принсипи фундаменталии ҳуқуқ дар мазмуни меъёрҳои ҳуқуқӣ инъикос меёбад, ки барои мақомоти додгоҳӣ  (татбиқкунандаи ҳуқуқ) равону фасеҳ ва нишонрас таҳия мешаванд. Кошифӣ адолатро на танҳо барои баҳодиҳии муносибатҳои  байни одамони алоҳида дар ҷомеаи инсонӣ медонад, балки бapoи тавсифи тартиботи ҷамъиятӣ, барои баҳо додан ба фаъолияти  давлатдорӣ ва сиёсати ҳокимон, барои муайян кардани симои ахлоқии ҳоким ва дар ниҳояти кор, ба воситаи адолат тартибу низоми ҷамъиятиро муайян мекунад. Аз нигоҳи Кошифӣ, муҳим на танҳо эътироф намудани принсипи адолат, муҳимтар аз он тарзи амали гаштани адолат аз ҷониби ҳоким ва амалдорон мебошад.
Таълимоти мутафаккир оид ба ҳокимият ва ҳоким. Сарчашмаи илоҳӣ доштани ҳокимиятро эътироф намуда, аз тақдир вобаста будани сарвариро қабул дорад ва мӯътақид аст, ки Худованд барои ҳар як марҳилаи таърихӣ якеро сарвар - ҳоким  интихоб менамояд. Яке аз масоили муҳими таълимоти Ҳусайн Воизи Кошифӣ падидаи ҳоким - сарвари давлат аст. Ба андешаи Кошифӣ шахсе сарвар интихоб мегардад, ки хирад ва дониш дошта бошад ин талаботи муҳимтарин аст.  Дар таълимоти мутафаккир, тамоми комёбӣ ва пешрафти кишвар аз фаъолияти сарвар вобаста эътироф мешавад. 
Кошифӣ се намуди ҳокимиятро (сарварӣ) номбар менамояд: якум, ҳокимият бар раият, дуюм, ҳокимият аз болои дарбориён; сеюм, ҳокимият бар тобеон. Намуди якуми ҳокимият, ҳокимияти шоҳ буда, ба тамоми халқ дахл дорад. Дуюм, сарварии мансабдорони дарбор дар назар аст. Намуди сеюм, ҳокимияти ҳокимони маҳаллӣ мебошад, ки доираи амали маҳдуд доранд. Чи тавре мушоҳида мегардад, Кошифӣ асосан вертикали ҳокимиятро ҳамчун намудҳои алоҳидаи ҳокимият номбар мекунад. Амалан, мутафаккир дар ин тезис ҳокимияти марказӣ ва ҳокимияти маҳаллиро номбар кардааст.  
Таълимоти мутафаккир оид ба ҷомеаи ормонӣ.  Кошифӣ дар тамоми осораш чунин ҷомеа ва сохти давлатдориеро тарғиб мекард, ки манфиати ҳама табақаҳои ҷамъият дар он ҳимоя шаванд. Ба андешаи ӯ асосҳо ва сарчашмаҳое, ки ҷомеаи ормонӣ дар пояи онҳо бунёд мегардад, пеш аз ҳама, принсипи адолат, ахлоқ, риояи ҳуқуқ, меҳнату истироҳат, донишу хирад мебошанд.
Ба андешаи Кошифӣ, дар ҷомеае, ки ахлоқ мувозинати ҳамешагии байни аъзоёнашро нигоҳ медорад, ба ҳеҷ гуна шоҳу султон ниёз надорад ва сабаби асосии ниёзманд будани ҷомеа ба шоҳу султон танҳо беадолатии иҷтимоӣ ва вуҷуди зулму истибдод аст. Дар давлати ормониву адолатпешаи Кошифӣ на ба шоҳ, на ба султон ва на ба лашкару сипоҳ роҳ дода намешавад. Сабаби ҷой надоштани ин ниҳодҳоро мутафаккир дар набудани моликияти хусусӣ, шоҳу ҳокимон, нобаробариву ахлоқи зишту золимии ҳокимону амалдорон мебинад. Ба ҳамин мақсад ӯ на танҳо давлати ормониашро ба сохти шоҳигарии беадолат, олами ҷаҳолату таассуб муқобил мегузорад, балки ҳамчун ҳомии сохти феодалии одилона дар аксар мавридҳо ба шоҳону ҳокимони давр муроҷиат намуда, маслиҳат медиҳад, ки нисбат ба раият бошафқату адолатхоҳ бошанд ва ба зулму таҳқири онҳо роҳ надиҳанд, зеро бақои давлат ба шафқату муруввати шоҳону ҳокимон нисбат ба раият комилан вобастааст. "Яке аз фазилати адл он аст, ки хок дар аҷзои султони одил тасарруф намекунанд"[4,144].
Кошифӣ аввалин  шахсест, ки дар афкори сиёсию ҳуқуқии миллати тоҷик барои давлати идеалӣ чунин нишонаю вазифаҳоро  пешниҳод намудааст:
а) Давлат бояд аз ҷониби подшоҳи одили қоҳири муқтадир идора карда шавад, чунки агар подшоҳ золиму заифҳол бувад, ҳамсоягон ба мамлакати ў тамаъ кунанд ва кишварро поймол намоянд;
б) Зулми амалдорони давлатӣ зулми султон аст, аз ин сабаб, дар дастгоҳи давлатӣ, амалдорон бояд шахсони донишманд, адлгустар ба вазифа таъйин карда шаванд. Дар сурати амалдорони давлатӣ золиму ҷоҳил бошанду подшоҳ адлгустар  дар ин маврид низ шаҳр хароб шуда,  мардум онро тарк мекунанд, деҳаҳо вайрон мегарданд, чунки зулми маъмурону амалдорони султон ин зулми худи султон аст;
в) давлат вазифаи ҳимояи саломатии раийатро дорад. Дар кишвар ба рушди соҳаи тиб таваҷҷўҳи хоса бояд дод;
г) саломатии раийат аз мавҷудияти оби тоза дар кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин сабаб, "дар шаҳр бояд обҳои ҷорӣ, рӯдҳо, наҳрҳо ва чашмасорҳо вуҷуд дошта бошанд" [4,273].
д) Дар кишвар ба соҳаи ҳуқуқ ва ахлоқи ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса бояд дод.
Кошифӣ ҷомеаро бе подшоҳ тасаввур намекунад ва ба нақши сарвар дар ҳаёти ҷомеа арҷ мегузорад. Бинобар ин ӯ хостгори он аст, ки шоҳ дорои сифатҳои зайл бошад:
  1. ҳоҷатбарор буда, чизу молпараст набошад;
  2. ғамхор буда,  ҳалиму ботамкин бошад;
  3. халқро дифоъ кунад;
  4. дар андешаи  ҳимояи кишвар буда, аҳли фазлро эҳтиром кунад;
  5. такаббур надошта бошад ва дар сиёсати шоҳӣ устувору бофаросат бошад.
Кошифӣ ҷонибдори шоҳи бомаърифат, боадолат ва мудом дар андешаи рушди кишварбуда аст.
Ба андешаи Кошифӣ  сарвари давлати ормонӣ бояд чор фазилати асосиро дошта бошад: 1)хирадмандӣ; 2) ҷасоратнокӣ; 3) мулоҳизакорӣ; ва 4) адолатнокӣ [4,155]. 
Таълимоти Кошифӣ  оид ба давлат. Ба андешаи Кошифӣ, ”Давлат маҳсули рушди табиӣ буда, асоси таъсиси онро талаботу ниёзҳои одамон ташкил медиҳад ва давлат на барои умуман зистан, балки барои хушбахтона зистан бунёд мегардад”. Кошифӣ баръакси ақидаи Арасту иброз медорад, ки дар давлат на одамон - шахсони алоҳида (подшоҳон, ҳокимон, сиёсатмадорон), балки бояд ҳуқуқ ва ахлоқ ҳукмрон бошанд.
Кошифӣ дар таълимоти худ дар масъалаи пайдоиши давлат сабабҳои зеринро муҳим мешуморад: Дар масъалаи пайдоиши давлат, ба ақидаи Кошифӣ, тақдир ва қазову қадар нақши ҳалкунанда дорад. Пайдоиши давлат, тараққиёти он, таназзул ва гузариш ба давраи анархия низ ба тақдир вобаста карда мешавад. Дар заминаи таназзули давлат, Худованд шахси дигарро ба сарварӣ интихоб менамояд.
Кошифӣ  мисли дигар намояндагони уламои ислом офарида будани оламро эътироф дорад ва махлуқ будани инсонро низ қабул дорад. Азбаски инсон офарида шудааст, неъматҳои дунё ба ӯ тааллуқ доранд, хулоса намудааст ӯ. Ба ақидаи Кошифӣ истифодаи неъматҳои дунявӣ ба тартиботи муайян тобеъ мебошад. Тартиботи заруриро барои одамон танҳо давлат таъмин намуда метавонад ва бинобар ин, давлат барои таъмини тартибот ба вуҷуд омада, дар тамоми тули таърих ҳамқадами инсон мемонад.
Ба андешаи ӯ, давлат дар заминаи ягона бо офариниши олам таъсис меёбад ва заминаи таҷдид ба он хос аст. Аз ин сабаб, сарвари давлат подшоҳ (монарх) аст. Ҳокимият чунин офарида шудааст, ки бояд шоҳ идора намояд ва дигарон дар хидмати ӯ бошанд. Кошифӣ тобеиятро ба сарвар ва ҳокимият тавсия менамояд. Ҳуқуқи муқобилият кардан бар зидди ҳокимиятро  на танҳо эътироф намекунад, балки онро маҳкум менамояд.
Азбаски меъёрҳои ҳуқуқӣ ихтиёран амалӣ намешаванд, ба андешаи мутафаккир, яке аз сабабҳои пайдоиши давлат зарурати татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва зарурат ба қувваи маҷбурсозии давлатӣ мебошад,  Азбаски на ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ихтиёран риоя мешаванд, барои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳокимияти давлатӣ  ва қувваи маҷбурсозӣ лозим аст. Ба андешаи Кошифӣ зарурати пайдоиши давлат аз он бармеояд, ки нерўи маҷбурсозӣ дар ҷомеа лозим аст ва он бар зидди зӯроварӣ ва нобуд кардани одамон аз ҷониби якдигар равона шудааст. Давлат ҷомеаро муттаҳид мекунад ва дар сурати зарурат ваколати маҷбурсозиро амалӣ менамояд. "Агар подшоҳ набудӣ, одамиён баъзе баъзеро бихўрдандӣ, яъне ҳалоку нобуд сохтандӣ”. Ба андешаи Кошифӣ, ҳокимияти давлатӣ ҳамчун воситаи маҷбурсозӣ дар ҷомеа баромад мекунад. Ҳокимият инчунин воситаи ташкили шоҳигарӣ ба шумор меравад.
Таҳлили ақидаҳои Кошифӣ далели тарафдори манфиати ашрофон ва назарияи ашрофият дар идоракунии давлат будани ӯ аст. Ба ақидаи ӯ, ба дарбори подшоҳ танҳо ашрофон бояд роҳ ёбанд. Ашрофон гуфта мутафаккир ашхоси соҳиби дониш ва хирадмандро медонад.
Ба андешаи Кошифӣ давлат дар натиҷаи кӯшиши умумии аъзо ва сарварони кабилаҳо ба вуҷуд омада, минбаъд ба ҳокимияти иҷбории як гуруҳ (фраксия[4,211]) табдил меёбад. Рақобат асосан баҳри ҳокимият ба вуҷуд омада, ба тариқи ихтиёрӣ аз даст додани он ҳодисаи нодир аст, - навиштааст мутафаккир.
Кошифӣ ҳокимияти давлатиро маҳсули иродаи Худованд медонад. Шаклҳои идоракунӣ бошанд, ба вазъият ва воқеият вобастаанд. Кошифӣ бар он ақида аст, ки ҳокимияти давлатӣ тобеи ҳоким (шоҳ) гардонида шавад. Ҳуқуқҳои шоҳ дахлнопазир аст ва шоҳ бояд ҳуқуқҳои фитриро эътироф кунад. Ў се унсури ҳокимияти давлатӣ: моҳият, пайдоиш, истифодаро баён мекунад. Тарзи идоракунии подшоҳиро дар давлат тарафдорӣ менамояд.
Кошифӣ нақши дин ва таълимоти ахлоқии онро барои ҷомеа ва давлат муҳим арзёбӣ мекунад. Ҷавҳари мутаҳидкунандаи одамон ва омили муҳими мақсадҳои ахлоқиро дар  ҳамзистии инсонҳо дар руҳияи таълимоти динӣ мебинад.
Кошифӣ, пеш аз ҳама, мақсади ошкор сохтани қонунҳои табииро дар пайдоиш, устуворшавӣ ва рушду таназзули давлат пеш гузошт. Ӯ на давлати идеалӣ (ормонӣ), балки давлатҳои воқеии мусулмониро омӯхта, ба хулосае омад, ки ҳар як ҷомеа табиатан бар “асоси пешгирикунанда” эҳтиёҷ дорад ва метавонад фаъолияти одамонро бе зӯроварию нобуд кардани якдигар ба роҳ монад. Давлат бо роҳи маҷбурсозӣ инсонҳоро бо ҳам муттаҳид карда, раийатро тобеъ менамояд. Давлат дар ҳудуди муайян ҳокимияти мутлақ дорад, қонунҳоро амалӣ ва тартиботро муқаррар менамояд, молиётро ҷамъ ва артишро ташкил мекунад.
Таълимоти сиёсию ҳуқуқии Кошифӣ оид ба давлат ва пайдоиши он ба назарияи илоҳӣ асос ёфтааст. Ба ақидаи ӯ, офарида шудани одам аз ҷониби Худованд ҳамчун сарчашма ва сарвари табиат барои идораи мавҷудоти дигар буд:
Ба андешаи Кошифӣ эътирофи арзиши ахлоқӣ ва нақши мусбати давлат чун падидаи неки ҷомеа ҷузъи анъанаҳои афкори форсу тоҷик мебошад. Ин ақидаҳо ҳоло ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи рушди ҷомеа, алалхусус ҷавобгӯи таҳлилҳои нави давлат ба сифати падидаи мусбати ҷомеа аст. Ба андешаи Кошифӣ давлат яке аз шаклҳои зарурии ташаккули ҷомеа маҳсуб ёфта, арзиши баланди ахлоқиву иҷтимоӣ дорад.
Кошифӣ шаклҳои давлатро низ таҳқиқ кардааст. Дар таълимоти Кошифӣ ба се шакли идоракунӣ: шоҳигарии (монархияи) табиӣ, шоҳигарии (монархияи) сиёсӣ ва Хилофат ишора шудааст. Дар шоҳигарии (монархияи) табиӣ ҳокимияти мустабид, зӯроварӣ, беҳуқуқии омма вуҷуд дорад. Дар он ҳокимият тибқи талаботи шахсӣ ва субъективии ҳоким амалӣ мешавад. Шакли шоҳигарии сиёсӣ чунин шакли сохтори давлат аст, ки дар асоси хирад ва меъёрҳои ахлоқӣ амал мекунад, манфиати тобеонро ҳифз мекунад. Шоҳигарии сиёсӣ бо меъёрҳои ақлонӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои раият ва таъмини мубориза бо он чи зидди манфиати раият аст, асос ёфтааст. Дар ин шакли давлатдорӣ ҳокимият дар заминаи адолати бо ақл асосёфта ва ё таҷрибаи ҳокимон, ки ба он таъсири аҳком ва усули динӣ эҳсос намешавад, амалӣ мегардад, ки ба қавли мутафаккир камбудии асосии он аст. Ин камбудӣ дар шакли давлатдории хилофат бартараф карда мешавад. Ин шакли хуби давлатист, аммо ба арзишҳои мазҳабӣ вобаста нест ва аз ҳамин сабаб, Кошифӣ ба он ҳамчун сохтори манфии давлатӣ баҳо додааст. Ба ақидаи Кошифӣ шакли идоракунии хилофат ин норасоиро ислоҳ менамояд, чунки халифа тобеи шариат аст ва қоидаю усули Қуръон ҳокимияти ӯро маҳдуд мекунад. Кошифӣ ақида дорад, ҳокимият дар хилофат ба арзишҳои исломӣ асос ёфта, барои ҳимояи мазҳаб ва амалӣ намудани корҳои дунявӣ равона карда мешавад. Дар ин шакли давлат “қонун” на хоҳиши ҳоким, балки меъёрҳои муқаддаси ҳуқуқи исломӣ аст, - навиштааст мутафаккир.
Ба андешаи Кошифӣ, ҳокимияти сиёсӣ, давлат ду заминаи муҳим дорад, якум, неруи артиш ва дуюм, молия. Молия, маблағ заминаи устуворию нерўи артиш аст. Агар ҳокимият таназзул ёбад ва ё аз байн равад, сабаби он дар ҳамин заминаҳо аст
Кошифӣ давлатҳоро ба ду намуд ҷудо мекунад: давлати динӣ ва давлати дунявӣ. Давлати диниро паёмбар ва халифаҳои ў, давлати дунявиро шоҳ идора менамояд. Вобаста ба идоракунӣ, Кошифӣ инчунин давлати яккаҳокимро (монархияро) ба ду намуд, ҳокимияти шоҳӣ ва истибдодӣ (тирания) тақсим намудааст.
Андешаҳои сиёсию ҳуқуқии Кошифӣ оид ба идоракунии давлат низ ҷолиби диқкат буда, баъзе аз онҳо нуктаи назари ҳукмрони марҳилаи муосирашро инъикос менамояд. Кошифӣ мавҷудияти табақаҳои гуногунро дар ҷомеа ҳолати объективона эътироф намуда, муътақид аст, ки давлатро бояд 1) баргузидагон (элита) сарварӣ намояд; 2) принсипи идоракунии мутахассисонро пешниҳод кардааст; 3) таъйин намудани афроди тахассусманд ба вазифаҳои  давлатӣ тавсия карда мешавад, ки риояи ин тавсия боиси рушду тараққии кишвар мегардад. Кошифӣ мефармояд: "касоне, ки бурё ва ҳарир мебофанд, ҳар ду бофанда ҳастанд, аммо бофтани ҳарир назокату зарофати хоси худро дорад, ки бояд ба афроди боистеъдод вогузор шавад"[4,89]; 4) инчунин, Кошифӣ яке аз аввалинҳо аст, ки оид ба зарурати таъйини як нафар ба як вазифаи давлатӣ таъкид кардааст: «Нуқтаи дигар дар тарбияти мулозимон он аст, ки як касро ду амал надиҳад, балки  барои ҳар касе мансабе ихтиёр кунад, то ҳама мулозимон умедвор бошанд ва ду касро як амал низ нафармояд, ки чун ширкат падид ояд, амал бар мурод сохтаву пардохта гардад»[4,254].
Кошифӣ оид ба усулҳои идоракунӣ низ пешниҳодҳои ҷолиб дорад. Масалан, дар раванди идораи давлат 1) усулҳои машварат намудан ва 2) махфӣ нигоҳ доштани асрори давлатдориро талаб кардааст: «Нўшервонро гуфтанд: «Фалон кас сирри ту ошкор мекунад». Фармуд, ки ўро дар хок пинҳон кунед, то он роз пинҳон бимонад» [4,271].
Ҳангоми қабули қарору ҳукм ва идоракунии давлат, Кошифӣ ба ҷамъоварии ахбор ва дақиқию саривақтӣ будани он нақши махсусро мансуб медонад. Ҷамъоварии ахбор дар бораи вазъи кишвар ва ҳаёти ҳамаҷонибаи он, баровардани хулосаҳои саривақтию дуруст, қабули қарор ва амалӣ намудани он ба қатори пояҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мегарданд: «барои салоҳи мулк пайваста бояд, ки мунҳиён (хабаррасон) ва ҷосусон баргуморанд, то аз ҷавонибу атроф ба вай хабарҳо оранд ва аз ҳар гўша, ки фитна сар занад дар тадоруки он кўшиш кунад» [4,278]. Кошифӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдориро дар мавҷудияти ахбор медонад, набудани яке аз аркони давлатдорӣ боиси таназзули салтанат мегардад. Ба сифати ҳамингуна поя ".. соҳибхабари амин, ки пайваста хабари шаҳру вилоят ва ҳолати аъёну раият ба ҳазрати султон арз намояд" [4,211], баромад менамояд.
Мутафаккир ба масъалаи муҳлати бақои давлат диққат дода, марҳилаҳои рушди давлатро мушаххас намудааст. Ба андешаи Кошифӣ таърихи ҳар як давлат панҷ марҳилаи рушдро дарбар мегирад: ба вуҷуд омадани ҳокимияти нав ба ҷойи куҳна; ҷамъ омадани кулли ҳокимият дар дасти як нафар; рушди давлат; гузариш ба зӯроварӣ ва усулҳои иҷбории идораи кишвар барои саркӯб кардани мухолифин; буҳрони сиёсӣ ва барҳамхӯрии давлат.
Инчунин, ба андешаи мутафаккир чаҳорчўбаи муайяни мавҷудият давлат ба се насл баробар аст. Дар ин муддат давлат се давраи тараққиётро сипарӣ менамояд: якум, пайдоиши ҳокимияти давлатии нав ба ҷойи ҳокимияти пештара; дуюм, мутамарказ шудани ҳокимияти як нафар ва аз ҳокимият дур карда шудани онҳое, ки барои расидан ба он кумак кардаанд; сеюм, рушди давлат, тартибот, боварӣ, гузариш ба усулҳои маҷбурсозӣ ва пахш намудани мухолифин ва барҳам хурдани давлат.
Назарияи мазкурро нисбат ба давлати исломӣ истифода намуда ба воситаи он таносуб дар  марҳилабандии таърихи Хилофати исломиро ошкор намудааст, ки ба андешаи мутафаккир чор  давраро дар бар мегирад: Хилофати тоза (давраи хулафои рошиддин); гузариш аз хилофат ба шоҳигарӣ (монархия), ки таъйиноти Хилофат боқӣ монда, усулҳои идоракунии давлат тағйир ёфт, ҷойи машварат ва аҳдномаро, шамшер ва зуроварӣ гирифт; табдили Хилофат ба шоҳигарӣ (монархия) ва аз байн рафтани давлатӣ ягонаи мусулмонӣ. Сабаби табдили хилофат ба шоҳигарӣ (монархия) буҳрони муносибатҳои иҷтимоӣ ва табдили омили сиёсӣ ба зӯроварӣ, “эътиқод” ба “шамшер” буд. Оҳиста-оҳиста хилофат шакли яккаҳокимиро гирифта, ба маънои томаш шоҳигарӣ (монархия) ба вуҷуд омад.
Кошифӣ эътиқодманд буд, ки дар олам ҳар чизе бо ҳадафи мушаххас вуҷуд дорад, аз ин сабаб, бо таъсиси худ давлат низ ин ҳадафҳоро амалӣ месозад. Тайиноти давлатро, пеш аз ҳама, вазифаҳои он ошкор месозанд. Бинобар ин дар таълимоти Кошифӣ чунин вазифаҳои давлат, номбар шудаанд:
- масъалаи истиқлолияти давлатӣ.  Кошифӣ чун мутафаккири пешқадами асри худ дар осораш дар назди шоҳон ва тамоми мардуми заҳматкаш, вазифаи бузургтарини давлатӣ - нигоҳ доштани ваҳдати халқ ва ҳимояи марзи мамлакат, истиқлолияти давлатиро мегузорад. Мутафаккир мубориза баҳри озодию истиқлолияти кишварро яке аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии аъзои ҷомеа ва махсусан подшоҳон мешуморад. Шоҳ бояд баҳри озодию Истиқлоли кишвар, омӯзиши илму ҳунар мубориза барад. Ҳангоми матраҳ намудани ин масъала, хиёнат ба Ватанро аз ҷониби амирони саркаше, ки барои шаъну шараф, ҷоҳу ҷалоли шахсии худ истиқлолияти кишвар ва марзу буми онро зери хатар мегузоштанд, сахт маҳкум намудааст;
ифзи Ватан. Кошифӣ ҳифзи ватанро вазифаи ҳамаи мардумон дониста, ҳамбастагиву ваҳдати (ягонагии) халқҳоро яке аз шартҳои таъмини пирузӣ бар душманон ҳисоб мекунад. Ў бо номи нек мурданро аз бо тарсу ҳарос ҳаёт ба cap бурдан авлотар медонад ва нисбат ба душманон нафрат ва адоват парвариданро низ яке аз шартҳои асосии ватанпарастӣ ва ватандӯстӣ мешуморад, ки аз ҷумлаи сифатҳои хирадмандӣ мебошанд; заминаи онро тарбияи ватандӯстӣ мешуморад, ки яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Кошифӣ дар тарбияи ватандӯстии амалдорони давлатӣ нақши давлат ва ҷомеаро омили асосӣ мешуморад, зеро давлат ҳамчун ҷузъи ҷомеа, дар тарбияи амалдорон нақши асосӣ дорад.
-дигар вазифаи давлат – таъмин намудан бо кор, сафарбарии мардум ба меҳнати софдилона мебошад.  Кошифӣ ҷонибдори таъмини мардум бо кор ва машғул шудан ба меҳнати фоидаовар аст;
- муқаррар кардани меъёрҳои беҳтарини ҳуқуқии муносибат дар байни ҳокимият ва шахсият,  давлат бо ҷомеа ва бо раият;
-  давлат вазифаҳои иҷтимоӣ дорад. Кошифӣ талаб дорад, ки ”ҳокимон бояд ба ятимону бечорагон, занони бешавҳар, пирони бепарастор дасти ёрию накукорӣ дароз кунанд”;
- вазифаи дигари давлат ҳифзи анъана, урфу одат, арзишҳои миллӣ, дин ва меъёрҳои рафтор мебошад. Дар давлат анъанаҳо ва урфу одатҳо ташаккул ва устувор гардида, меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқии рафтори одамон муайян мегарданд. Ба ибораи дигар, давлат бунёдкор буда, анъана ва маросимҳои миллиро ҳимоя ва роҳҳои таъсиррасониро ба аъзоёни ҷомеа муайян мекунад;
- дар қатори вазифаҳои дигар, давлат вазифаҳои ташкилиро иҷро намуда, реҷаи кор, истироҳат ва таҳсили хизматчиёни давлатиро муайян менамояд;
- Ғайр аз инҳо вазифаҳои: а) таъмини адолат; б) баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа; в) таҳлили илмҳо, тарбияи ахлоқӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ; г) майл ба саодат ва кумак ба мадоин (шаҳрҳо)-и хориҷ; д) ҳимояи сокинони кишвар аз ҳамлаи душманони беруна; е) робитаи судманд бо давлатҳои дигар; ё) ҳамзистии аҳли ҷомеа дар ҳолати сулҳу салоҳ; ж) татбиқи адолати судӣ ва ҷазо нисбат ба онҳое, ки қонунҳоро поймол намуда, ҷиноят карда, ҳаёти осоиштаи раиятро халалдор мекунанд, номбар намудааст[6,316].
Дар натиҷаи иҷрои вазифаҳо, давлат оромию суботи ҷомеаро таъмин менамояд. Ба ғайр аз ин, омилҳои устувор намудани суботу оромӣ дар ҷомеа ба андешаи Кошифӣ инҳоянд:
-устувории мулк вобаста ба қонунҳои боадолати ў, аз қабили ҳазар кардан аз сустбунёдӣ, вайроншавӣ, аз душманону мухолифон ва  инчунин  нисбат ба онҳо эҳтиром  доштан  мебошад"[4,145];
-муайян намудани мақоми махсус барои артиш ва риояи он, чунки лашкар ва сипоҳиён аз аркони муҳими бақои давлат ва кишвар маҳсуб мешавад.
-вобастагии таъмини амнияти дохилӣ ва берунии мамлакат аз сипоҳиён. Расидагӣ ба мушкилоти онҳоро амри воҷиб медонад. Мутафаккир навиштааст, чун ”даромади хазинаи султон кам гардад, озуқа ба лашкар кам расад ва чун лашкаре озуқа наёбад, сар аз хидмат тобад ва агар душман  падид ояд, ёру мададгор андак буда, бад-ин ҷиҳат мулк аз даст биравад” [4,250].
Ба андешаи мутафаккир чунин омилҳои барои оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар ба мавҷудияти давлат хатар эҷод мекунанд: 1) артиш; 2) зулму истибдоди ҳоким; адолати судии нодуруст ва муғризона амалишаванда;  4) як нафарро ба ду ва зиёда мансаб таъйин кардан; 5) қазоватҳои муғризона дар додгоҳҳо, ки идомаи онҳо боиси сар задани фитнаву ошуб дар кишвар мегардад.
Кошифӣ дар пайравӣ аз таълимоти сиёсию ҳуқуқии замона якчанд талабот нисбат ба довталаби маснади шоҳӣ пешниҳод мекунад. Ба андешаи Кошифӣ сарвари давлат бояд шоҳ - ҳокими мутлақ ва дорои понздаҳ сифати модарзодӣ бошад: 1) камолоти ҷисмонӣ; 2)борикбинию дурандешӣ ва зиракии табиӣ; 3) ақл ва хотираи солиму мустаҳкам; 4) боахлоқ ва бофаросат; 5) хушбаён ва тозабаёнии андешаҳо; 6)маърифатнокӣ; 7) камхӯрӣ ва камнўшӣ; 8)муҳаббат ба ҳақиқат; 9) нафрат ба дурўғ ва дурўғгўён; 10) қадркунандаи шарафу номус; 11)нияти нек ва ҳимматбаландӣ; 12) нафрат ба чизу молу пул ва ҳар гуна унсурҳои моддӣ; 13)адолатнокӣ ва нафрат нисбат ба беадолатию золимӣ; 14) қайсар ва ҷасур будан; 15) ҳангоми зарурат ба қатъият рафтор кардан[4,123]. Инчунин, роҳбари давлат бояд хирадманду оқил бошад ва ба мардум танҳо некиро раво бинад, ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки умури кишвар ба дасти амалдорони бехираду бадгуҳар афтад; Шоҳ бояд боварии раийатро ба даст оварад. Ба андешаи Кошифӣ подшоҳе, ки зулму истибдодро ба раият раво мебинад, шоҳи одил ва хирадманду худоҷӯ нест. Кошифӣ андеша дорад, ки нисбат ба раият бо раҳму шафқат будан нишонаи хирадмандии шоҳ аст
Тибқи таълимоти Кошифӣ вазифаи муҳимтарини Шоҳ – 1) амалӣ намудани иродаи Худованд (шариат) дар давлат аст, аз ин сабаб, ба андешаи мутафаккир, давлат кафили дин мегардад. Ӯ се нишонаи ҳокимияти давлатиро - минбар, хутба, сикка дар Шарқи асримиёнагӣ ном бурда, дар ҳолати мавҷуд будани онҳо ҳокимияти шоҳро соҳибихтиёр мешуморад"[4,153]; 2) шоҳ масъулияти бузургеро барои амният ва таъмини кору нафақаи раийат ба зимма дорад; 3) Аҳолӣ (зердастон) ба тариқи амонат ба султон аз ҷониби Худованд супорида шудаанд: “Салотинро баъд аз муҳофизати ин амонатҳо ҳифзи амонати дигар лозим аст, яъне мулоҳизаи ҳоли раият. Агар дар муҳофизати эшон тақсире равад ба аркони амонат рахнае равад. Раийат бояд дар ҳолати амн ва осоишта бо риояи ҳуқуқу озодиҳояшон дар кишвар ҳаёт ба сар баранд; 4) султон дар назди Худованд барои ҳар як узви ҷомеа масъулият ва ҷавобгарӣ дорад. Аз ин сабаб, ў бояд раиятпарвар бошад; 5) ҳуқуқи афвро доштани сарвари давлат. Кошифӣ мефармояд, ки авф фармудани шоҳ хислатест муборак, чунки он соҳибдавлатии шоҳро нишон медиҳад; 6) Кошифӣ на танҳо бахшишу авфи гунаҳкоронро таҳқиқ кардааст, балки риояи ҳуқуқи онҳоро низ зарур мешуморад. Аз ин рӯ, мутафаккир ба ҳокимон ҳушдор медиҳад, ки ҳуқуқи ин гурўҳро зоеъ накунанд, балки барои бахшиш ва авф кардани гунаҳкорон чораандешӣ намоянд.
Дар таълимоти Кошифӣ ғояи шоҳи одил хеле барҷаста инъикос ёфтааст. Дар асараш “Ахлоқи Муҳсинӣ” шоҳи одилро чунин тасвир мекунад: “Аз фазилати адолат ҳамин нуқта бас, ки одил маҳбуби ҳама мардумон аст, агарчи аз адли ў фоида ба эшон нарасида бошад. Ва золим мабғузи (душмани) ҷамии ҷаҳониён аст. Мамлакат аз кору қарори боадолати шоҳ пойдор шавад” [4,142]. Новобаста аз пайрави дин будани худи мутафаккир, ў шоҳи одили бединро бар ҳокими диндори золим авло мешуморад.
Вазифаи шоҳи одил аз он иборат аст, ки зулму истибдод, беадолатию бадахлоқиро дар ҷомеа бартараф созад. Аз ин лиҳоз, ҷомеае, ки дар он зулму истибдод, беадолативу бадахлоқии инсон ҷой надорад, ба ҳеҷ гуна шоҳ ё султон муҳтоҷ нест.
Шоҳи одил дар афкори сиёсӣ-ҳуқуқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ яке аз мавзуъҳои марказӣ буда, дар осораш пайваста онро такмил додааст. Ба ақидаи Кошифӣ мулку давлат аз сиёсати боадолатонаи подшоҳ ободон ва рушду равнақ меёбад. Аз ин лиҳоз, мавҷудияти давлатро бе сиёсати хирадмандонаи подшоҳ тасаввур намекунад. Кошифӣ шоҳи одилро сиёсатмадор ва ҳомии сиёсат мешуморад. Дар иртибот ба андешаи шоҳи одил, Кошифӣ назарияи идораи адолатпешаро пешниҳод мекунад.
Кошифӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини шоҳи одилро дар интихоб ва ҷобаҷогузории амалдоро-ни давлатӣ мебинад. Усули (принсипҳои) интихоб ва ба вазифа таъйин намудани шахсони лоиқ, ки барои адои вазифа омода мебошанд, бо машварат амалӣ намудани вазифаҳои хидматӣ, аз рӯйи маҳорату дониш ва қобилият ба вазифа таъйин намудан, риояи адолат дар интихоби номзад ба вазифаҳои давлатӣ пешниҳод карда аст: “Нуқтаи дигар дар тарбияти мулозимон он аст, ки як касро ду амал надиҳад, балки  барои ҳар касе мансабе ихтиёр кунад, то ҳама мулозимон умедвор бошанд ва ду касро як амал низ нафармояд, ки чун ширкат падид ояд, амал бар мурод сохтаву пардохта гардад” [4,254].
Ў махсус барои сарвари давлат чунин хислатҳои ахлоқиро зарур мешуморад, ки бе онҳо сарвари хирадманд шудан имконнопазир аст. Сарвари хирадманд ба ақидаи ӯ бояд дорои фазилатҳои ахлоқии дабирӣ, сухангуӣ ва пуртоқатӣ буда, аз ҳар гуна кори бад дар давлатдорӣ худдорӣ намояд ва зердастонро низ аз он корҳо дур созад. Дар фаҳмиши Кошифӣ сарвари хирадманд  бояд вафодор, ростқавл ва ростгӯй буда, на танҳо боирода, балки дабиру донишманд, сухандону нуктасанҷ низ бошад.
Кошифӣ талаботи муайян ба довталабони мансабҳои давлатӣ ва амалдорони давлатӣ мегузорад. Кошифӣ чунин ақида дорад, ки дар тарбияи ҳокимон ва амалдорон ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар ҷойи аввал меистанд. Аз ин лиҳоз, ӯ ташаккули сифатҳои ахлоқии меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, некӣ, ростию ростқавлӣ, адлу инсоф, эҳтироми мардумон, ҷавонмардӣ ва ғайраро дар ҳокимон талқин менамояд ва мегӯяд, ки "як соат аз умри подшоҳ дар додгустарӣ ва раиятпарварӣ гузарад бо шастсола тоату ибодат баробар аст. Аммо, ахлоқи писандидатарини подшоҳон дар он аст, мулозимо-ни некхислатро азиз доранд ва хидматгорони бевафою ғаддорро залил гардонанд"[5,113].
Қайд кардан бамаврид аст, ки масъалаи тарбияи мулозимон аз ҷониби шоҳ дар афкори Кошифӣ таъкид мегардад. Яке лутф ва яке қаҳр бояд, ки ҳамеша асари қаҳр ва назари лутфи султон ба ходимон зоҳир бошад. Ба қаҳр бигирад, то далер нашаванд ва ба лутф даргузорад, то ноумед нагарданд. Ҳукамо фармудаанд, ки ҳар киро султон хоҳад, ки тарбият кунад, то борҳо нақди ҳоли вайро бар маҳаки имтиҳон назанад ва саёри кори вайро ба тамомӣ надонад, ба дидаи тарбият дар вай назар накунад, ки  бисьёр вақт номустаъидеро тарбият кардаанд ва чун бар ахлоқу аҳволи вай иттилоъ ҳосил шуд ба зарурат аз назар андохтаанд ва бардоштану зуд наафкандан сутуни салтанатро музирро (фирўз) аст” [4,252].
Кошифӣ таълим медиҳад, ки барои тарбияи ходимон шоҳ масъул буда,  ҳар якеро вазифаи ба худ хос диҳад: “Аммо тарбияти муқаррабону элчиён ва маҳрамони мамлакат он аст, ки ҳар якеро ба ҳам хос номзад фармояд ва ба муҳимме, ки мансуб ба касе бошад дигареро дахл надиҳад ва қадри хидмати ҳар кас бошад дигареро дахл надиҳад ва қадри хидмати ҳар кас бидонад ва фарохўри он дар бораи ў утуфат (меҳрубонӣ) намояд ва эшонро бад-он мушобаҳа далер нагардонад, ки ҳар чи хоҳанд, тавонанд гуфт ва ҳиҷоби сатвату (ҳамла) маҳобат аз пеш барнадорад ва ҳамаро дар мартабаи ҳаё ва мақоми адаб мутаваққуф созад ва агар касе аз эшон бе маҳал сухане гўяд исъо (гўш) накунад ва то касе некойин набошад ва чандин наёзмуда бошанд, мўътамад (боваринок) набояд сохт ва сирри худро бо вай дар миён набояд ниҳод ва чун мулозимони мулукро бар якдигар рашку ғитба (некўйии аҳвол ва орзу бурдан ба ҳоли касе) мебошад, сухане ҳеҷ кадомро дар бораи  якдигар истимоъ набояд фармуд. Ва ҳамаро бар дўстӣ ва мувофиқат бар дўстӣ ва мувофиқат бар якдигар тарғиб бояд фармуд ва аз мунозаъат ва мухолифат таҳзир (дур) бояд намуд, ки мухолатат бо якдигари эшон дар умури интизоми султонӣ дахли тамом дорад, чунончи шаммае аз ин собиқан зикр ёфт” [258-259].
Амалдорони давлатӣ бояд маърифати баланди динӣ дошта, худотарс ва тобеи қонун бошанд. Кошифӣ инро яке аз шартҳои ҳукумати одил ва мардумӣ шумурда чунки,  "масъулони ҳукумат аз Худо битарсанд ва тобеи амри қонун бошанд, на мутеи касе, ки ононро бар курсии масъулият нишондааст"[4,250]. Агар "масъул аз забардасти худ биму ҳарос дошта бошад, дар иҷрои вазоифи аслии худ, ки расидагӣ ба мушкилоти мардум аст, саҳлангорӣ намуда, пайваста барои ҷалби ризоияти забардастон талош хоҳад кард" [4,278].
Кошифӣ омӯхтани илму адабро барои шоҳу мансабдорон ҳатмӣ медонад, чунки он воситаи тарбияи зеҳнии шахс аст ва омӯхтани илму адаб низ сифати ахлоқии шахсият мебошад. Дар ин росто, ба қавли мутафаккир, шоҳ бояд ба ҳунар ва қобилияти шахсӣ, ки барои адои вазифаҳои гуногун зарур мебошанд, эътибор диҳад.
Талабот ба вазир. Кошифӣ ба нақши махсуси вазир дар идораи давлат мароқ зоҳир намудааст ва онро муҳимтарин унсури давлатдорӣ меҳисобад, зеро вазир тамоми корҳои амалии идоракунии кишварро сарварӣ намуда, низоми муайянро ташкил медиҳад. Подшоҳ бояд бо вазир муносибати махсус дошта, ўро эҳтиром кунад.
Ба ақидаи Кошифӣ вазир шахси донишманд, ҳушёр ва таҷрибадор буда, бояд нуздаҳ шартро риоя кунад: «Яке аз чаҳор ҳушёрӣ, ки саранҷоми корҳо бидонанд. Дуввум, бедорӣ, ки худро пеш аз вақт дар махолиқ наяндозад. Саввум, далерӣ дар сохтани корҳои бузург. Чаҳорум, ҷавонмардӣ. Аммо он се яке он аст, ки чун аз хидматгорон хидмат накў бинанд зуд ўро дар мукофоти он дилнавозӣ намояд. Дуввум, ҷамъе, ки аз фармони ў саркашанд, молиш диҳад. Саввум, ҳаводиси рўзгорро омода бошад. Он ду яке он аст, ки ҷониби подшоҳро риоят кунад ва дигар аз ҷониби раият ғофил нагардад. Ва яке он аст, ки дар ҳеҷ кор аз ҳақ субҳонаҳу фаромўш накунад. Дар ҳадис омада, ки «чун худои таоло бо амире, яъне бо касе, ки соҳиби амр ва худованди фармон бошад некўйӣ хоҳад, ўро вазири росткор ва дурустгуфтор бидиҳад, то агар нуқтае аз қавоиди маъдалат фаромўш кунад, он вазир ёдаш бидиҳад ва агар ёдаш бувад, вазир ўро мададгорӣ намояд ва агар ҳақтаоло бад-он амир ғайри ин хоҳад, ўро вазири нохушкирдор бидиҳад. Агар вақоеи адл фаромўш бикунад, ба ёдаш надиҳад ва агар ба ёдаш бувад, ўро бар он ионат ва имдод накунад». Пас, вазири ки ба сифати ростӣ ва покӣ мавсуф аст, мададгори султон бошад дар тамҳиди аркони адл” [4,279-280].
Шарти дигаре, ки вазир бояд риоя намояд, ин гирифтан ва додани ришва аст. Ба ақидаи Кошифӣ вазир бояд ба ин амали номатлуб даст назанад, то ки забуни ришвадиҳанда нагардад:
Таълимоти Кошифӣ оид ба тайиноту вазифа-ҳои артиш дарбаргирандаи нуктаҳои зерин аст:
- Кошифӣ ба амалдорон эҳтирому риояи мақоми артишро тавсия додааст, ки онҳоро дар кишвар омили субот ва оромӣ мешуморад, чунки лашкар ва сипоҳиён аз аркони муҳими бақои давлат ва кишвар маҳсуб мешавад. Мутафаккир таъмини амнияти дохилӣ ва берунаи мамлакатро вобаста ба осудагии хотири сипоҳиён карда, раси-дагӣ ба мушкилоти онҳоро амри воҷиб медонад;
- Кошифи иброз медорад, ки дар раванди идораи давлат нақши лашкариён махсус аст. “Ба зиммаи лашкар, асосан чор вазифа гузошта мешавад: аввал, қувват ва ҳайбати подшоҳ; дувум, дафъи душманон; саввум, эмини раоё; чаҳорум, дафъи дуздону эминии роҳҳо”;
-муносибати шоҳ бо артиш бояд муносибати хосса дошта бошад. Дар бораи онҳо ғамхорӣ намояд, пеш аз ҳама бояд: аввал, он ки силоҳ ва маркаби эшон муҳайё созад; дуввум, мартабаи ҳар як нигоҳ дорад; саввум, мардони кориро ба тарбият некў кунад ва дар миёни лашкар сарфароз созад; чаҳорум, аз лашкари душман, ки ғанимат ба даст ояд эшонро баҳраманд гардонад[4,257].
Кошифӣ дар масоили вобаста ба ҳуқўк ва ҷанбаҳои гуногуни он низ таълимоти муайян боқӣ гузошта, андешаҳои бикр баён намудааст, аз ҷумла зарурат ва мақсади ҳуқуқро дар устувор намудани қоидаҳои ахлоқ, санъати идоракунӣ ва рафтору кирдори одамон мебошад. Ба ақидаи Кошифӣ ахлоқ – маҷмўи қоида ва меъёрҳои рафтори одамон нисбат ба якдигар дар ҷомеа мебошад. Сабаби пайдоиши ҳуқуқ, ба андешаи Кошифӣ, дар талаботи муқаррар намудани тартибот мебошад.
Кошифӣ дар масъалаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла дар масъалаи ҷанг ва сулҳ, ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ ва дигар масоили ин соҳа  таҳқиқоти пурарзишеро анҷом додааст.
Кошифӣ падидаю меъёрҳои ҳуқуқи гуманитариро барои танзими муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ истифода бурданро пешниҳод намуда, навиштааст, ки ғарибону муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳатто хилофкор бошанд ҳам, набояд мавриди озору азият дар кишварҳои ғайр қарор бигиранд, балки дар сурати мушоҳидаи аъмоли хилофкорона ба кишварҳои худ бозгардонда шаванд.
Асарҳои Кошифӣ ҳамчун гуманист-маорифпарвари бузург мардумро дар рўҳияи зиддиҷангӣ ва сулҳҷуӣ тарбия намуда, ҷангҷуёнро сахт маҳкум мекунад ва натиҷаҳои харобиовари ҷангро хотиррасон менамояд. Дар таҳқиқоти худ, ў оид ба намудҳои гуногуни ҷанг баҳсҳо вуҷуд дошта, ҷангро ба одилона ва ғайриодилона тақсим намуда, ҷанг барои мазҳаб, ҷангҳои диниро муқаддас ва боадолат мешуморад. Тактикаи бурдани ҷангро таҳлил намуда, роҳҳои бурдани ҷангро тавсия додааст. Тавсия намудааст, ки агар дар сурати дар ҷараёни ҷанг талаби сулҳ кардан аз ҷониби душман, аз сулҳ набояд ибо намуд ва аслан ситеза  ва лиҳоҷ пеш набояд гирифт, ки лиҳоҷ мазмун аст ва толиби  сулҳ дар охир музаффару мансур (ғолиб)” [4,203]. Ба андешаи мутафаккир, шароити ҷангӣ дар кишвар маънои барҳам хурдани қонун ва меъёрҳои ахлоқии умумиинсониро надорад. Як қатор шарту талаботе вуҷуд дорад, ки дар ҳеҷ сурат, ҳатто дар ҷараёни ҷанг набояд вайрон гардад, масалан, ба куҳансолон, занон ва кўдакон набояд зарари ҷисмонӣ ё молумулкӣ расад. Ғорат кардани моликияти онҳоро низ дар ҷараёни ҷанг мамнўъ эълон мекунад. Ба андешаи Кошифӣ, ҳадаф аз бурдани ҷанг сулҳ, оромию осоиш аст, аз ин сабаб, давом додани ҷангро то марҳилае қабул дорад, ки баъди он бастани сулҳ имконпазир бошад.
Ӯ дар ҳимояи Ватан ягонагӣ, ваҳдат ва муттаҳидии лашкарро шарти асосии ғалаба бар душманон медонад: “Агар ту ба ҳарби касе қасд кардаӣ, даҳ шарт  бояд риоят кард: ....чорум, бо лашкар таваҷҷуҳ бояд кард, ки ҳама якдилу якҷоя бошанд” [4,202-203].
Ба андешаи Кошифӣ, агар шахс ба душман нафрати беандоза дошта бошад, бар ӯ зафар хоҳад ёфт, чунки нафрату адоват парваридан нисбат ба душман яке аз шартҳои ғалаба бар ӯст. Ба қавли Кошифӣ  шарти дигари зафар ёфтан бар душманон дар ҷанг - далерӣ, ҳушёрӣ, ҳунармандӣ ва оқилӣ мебошад.
Кошифӣ вазифаҳои артишро мушаххас намуда, дар қатори онҳо  ғасби сарзаминҳои нав ва саркӯб намудани ошўбҳоро низ номбар кардааст.
Ин даъватҳо асрҳо барои мардуми тоҷик ба сифати шиори ватандӯстию мардонагӣ хидмат кардаанд ва ҳар бор, ки ба сари кишвар хавфу хатаре меомад, ин гуна даъватҳои ҷанговарона дар дили онҳо оташи хашму ғазаб, нафрат, интиқом, далерию бебокиро нисбат ба душман бедор ва шӯълавар мекард.
Ҳуқуқ ба меҳнат. Дар таълимоти мутафаккир ҳуқуқ ба меҳнат яке аз ҳаққи муҳимтарин ва сифатҳои ахлоқии шахс мебошад, ки барои ҳар як инсон дар чанд ҷанба манфиатовар аст. Пеш аз ҳама, меҳнатдустӣ яке аз муҳимтарин сифатҳои ахлоқии шахс аст, ки обрую эътибори инсонро дар зиндагӣ баланд намуда, дар қатори ин пешрафти инсон низ аз меҳнати инсон ва натиҷаҳои он вобаста аст. Меҳнат инсонро саодатманд мегардонад. Мутафаккир тамоми аҳли меҳнатро ситоиш карда, нақши онҳоро дар ободонии мамлакат ва саодати одамон таъкид менамояд. Ба андешаи мутафаккир бахусус меҳнати кишоварзон бояд қадр карда шавад, чунки онҳо тамоми қишрҳои ҷомеаро мехӯронанд, онҳо худ мекоранду медараванд ва рӯзирасони мардум буда, ба касе муҳтоҷ нестанд:
Таълимот оид ба сарчашмаҳои ҳуқуқ. Ба андешаи мутафаккир ҳуқуқи табиӣ, қонун, меъёрҳои ахлоқӣ, қонунгузории давлатӣ ва фармону қарорҳои сарвари давлат ҳама сарчашмаи ҳуқуқ буда, бояд бе ягон қайду шарт иҷро карда шаванд. Сарчашмаҳои дигари ҳуқуқӣ: ахлоқ ва заминаҳои санъати идоракунӣ низ номбар шудааст. Аз нуқтаи назари мутафаккир меъёрҳои ахлоқӣ баробар бо сарчашмаҳои ҳуқуқ эътироф шудаанд:
1) Кошифӣ пандномаҳоро сарчашмаи сиёсию ҳуқуқии фаъолияти шоҳон эътироф мекунад. Ба ақидаи Кошифӣ суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва амалу рафтори шоҳон дар ин ё он вазъият, ҳангоми баррасии масоили гуногун аксаран на дар қонунҳо, балки дар пандномаҳо инъикос мегардад, ҳарчанд сарчашмаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо қонунгузории давлатӣ ба шумор меравад;
2) Кошифӣ на танҳо муқаррар намудани қонун, балки омӯхтан ва дарки онро барои татбиқи ҳуқуқ дар давлат муҳим мешуморад;
3) Кошифӣ таҳти мафҳуми қонунҳо муқаррароти динӣ ва ҳуқуқие дар назар дорад, ки сарчашмаи онҳо китоби муқаддас аст. Дар осори Кошифӣ, истилоҳи ҳуқуқи илоҳӣ дар мазмуни васеъ ҳамчун меъёрҳои ахлоқӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ истифода шуда, истилоҳи ҳуқуқи динӣ танҳо меъёрҳои ҳуқуқиро дарбар мегирад. Қонунҳо чунин таъриф додааст: қонунҳо - хиради мутавозин мебошанд, ки онҳоро ҳеҷ гуна эҳсосоти хушбинӣ ва ё бадбинӣ халалдор нахоҳанд кард.
4) Қонун ва одатҳо ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқ эътироф гардида, Кошифӣ дар навбати худ онҳоро ба одатҳои хуб ва одатҳои бад тақсим менамояд. Қабул ва истифодаи қонунҳои беҳтаринро ҳангоми сарварии шахси ноодил номумкин мешуморад ва ба қавли ӯ “шоҳи беҳтарин, шоҳи одил аст, ки қонунҳои беҳтарин қабул карда онҳоро амалӣ менамояд” [4,209].
5) Кошифӣ тарафдори амал намудани қонунҳои куҳан буда, тағйирпазирии онҳоро таҳти таъсири тараққиёт эътироф наменамояд. Қоидаҳои қабул намудаи падарон ба таври абадӣ бояд амал намояд, навиштааст ӯ.
6) Кошифӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба ду намуд тақсим намудааст: якум, фармони шоҳ ва дуюм, фармони мансабдорон. Волоияти фармони шоҳ дар он зоҳир мегардад, ки мансабдор ё мақомоте онҳоро тағйир дода ё бекор намуда наметавонад. Онҳо меъёрҳои умумиҳатмӣ мебошанд, ки бояд амалӣ шаванд. Ҳукми мансабдорони дигар бояд мутобиқи фармони шоҳ ва барои иҷро намудани талаботи он қабул шавад.
Мутафаккир оид ба асли (принсипи) волоияти ҳуқуқ андешаи худро баён намудааст. Мутафаккир масоили ҳуқуқу ахлоқ, қонун, ва нақши онҳоро дар ҷомеа таҳлил намуда, масъалаи волоияти қонун ва адолатро ба миён мегузорад, ки талаботи он барои ҳама инсонҳо ҳатмӣ аст. Ба ақидаи Кошифӣ ҳама аҳли ҷомеа бояд ҳуқуқро риоя намоянд: “Адои ҳуқуқ ба ҳама лозим аст” [4,224]. Кошифӣ заминаи қонуниятро дар волоияти қонун ва тобеияти шаҳрвандон ба муқаррароти ҳокимият (ба қонун.–Д.М) мешуморад. Дар баробари ин, ў муқобили тағйироти зуд-зуди қонунҳо мебошад.
-Асли  волоияти қонун инчунин бо ҳатмӣ будани ҷазо вобаста аст. Ҳатмӣ будани ҷазоро чунин шарҳ додааст, афроди гунаҳкор бояд ҳатман ҷазо бигиранд ва дар сурати пушаймонӣ аз рафтори зишти худ авф карда шаванд. Инчунин, Кошифӣ талаб дорад, ки дар ҳама ҳолат ҷазо нисбат ба ҷинояткор бояд ба таври комил истифода гардад.
Таълимоти Кошифӣ оид ба адолати судӣ масъалаи субъекти амалисозанда ва салоҳияти истисноӣ доштани шоҳро дар бар мегирад:  1) амалисозандаи адолати судӣ шоҳ ва қозӣ мебошанд; 2) тайин намудан ва ё тасдиқи ҳукми истисноӣ ваколати шоҳ аст; Кошифӣ салоҳияти муқаррар намудани ҷазои қатл ё буридани узвҳои баданро ҳуқуқи истисноии яккаҳоким мешуморад ва онро маҳкум мекунад.
Дар бораи қозӣ таҳқиқот бурда, ба довталаби мансаби қозӣ чунин талабот гузоштааст: 1) мустақилияти молиявӣ; мустақилияти молиявии қозиро яке аз омилҳои муҳими адолати додгоҳӣ мешуморад. Танҳо шахси аз ҷиҳати моддӣ таъмин буда, метавонад тибқи талабот адолати додгоҳиро амалӣ намояд; 2) тайини маош. Таъйин кардани маоши моҳона ба қозӣ зарур шумурда мешавад.
Ба андешаи мутафаккир аз ҳолати чӣ гуна муқаррар намудани ҷазо на танҳо тақдири гунаҳкор ва ё ҷабрдида, балки оромии ҷомеа вобаста мебошад, аз ин талаботи зерин ба субъекти адолати судӣ дар масъалаи муқаррар намудани ҷазо пешниҳод менамояд: 1) пеш аз ҳама, аз рўи адолати муқаррар кардани ҷазо, яъне мутаносибан ба ҷиноят ва баробар ба он ҷазо тайин намудан; 2) ҷазо муқаррар накардан барои ҳар як рафтори ночиз; 3) мутобиқ будани (баробар будани) ҷиноят ва ҷазо; 4) ангоми авф пурсидани ҷинояткор бахшиши гуноҳ. Ба андешаи Кошифӣ шоҳ бояд: "авф ва бахшидани гуноҳро шиори худ созад ва мулозимони худро ба андак ҷарима ба азобу шиканҷа гирифтор насозад"[5,16]; 5) яке аз принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ - дар ҳолатҳои муайян, масалан ҳангоми ҳимояи зарурӣ шахс аз ҷазо бояд озод ё аз ҷониби шоҳ авф карда шавад, навиштааст Кошифӣ. Афроди гунаҳкор бояд ҳатман ҷазо бигиранд ва дар сурати пушаймонӣ аз рафтори зишти худ авф карда шаванд. Ба ақидаи Кошифӣ принсипи "шоҳ авлод надорад"[4,249], бояд нисбат ба ҷинояткор аз наздикони шоҳ истифода гардад. Новобаста аз он, ки гунаҳкор хеш, фарзанд ё бародарӣ шоҳ аст ба мисли дигар раияти мамлакат ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад.
Оид ба ҷиноятҳои мансабӣ таҳқикот бурда, Кошифӣ муътақид аст, ки ду намуди қонуншиканӣ аз ҷониби мансабдорон содир шуданаш мумкин аст: якум, амали нодуруст ва дуюм, хиёнат: “аз тариқи амонат қадам берун наниҳад, ки амонат сифатест, ки мардуми худро азиз гардонад ва хиёнат хислатест, ки мардуми азизро  хор созад” [4,267]. Ҷазо барои ин қонуншиканиҳоро низ мутаносибан аз кор озод намудан ва ҷазои ҷиноятӣ муайян кардааст.
Таълимоти Кошифӣ оид ба қонуният - тартиботи устувор дар кишвар ва нақши он дар рушди давлат иборат аст аз андешаҳои зерин:
-Кошифӣ ҷонибдори тартиботи устувор дар давлат буда, устувории сохтори давлатӣ ва муносибатҳои байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро тавсия мекунад;
-Қонуният яке аз заминаҳои устувори давлатдорӣ шумурда мешавад: Кошифӣ идоракунии давлатро бе қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур намекунад;
- Дар кишваре, ки амният ва адолати қонун вуҷуд надошта бошад, қонуни амалкунанда амнияти мардум ва адолати иҷтимоиро дар кишвар устувор насозад, қонун ба принсипи адолат мутобиқ набошад, пас, ин кишвар рушд намекунад, чунки мардум, бозаргон ва сармоядори хориҷӣ дар он ҷо тиҷорат ва сармоягузорӣ намекунад, балки сармоядорони дохилӣ низ аз он кишвар фирор хоҳанд кард;
-Кошифӣ қонуниятро дар иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби мансабдорони давлатӣ ва шоҳ, инчунин риояи онҳо аз тарафи раият дидааст. Шоҳ ду намуди амалӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқиро истифода мебарад: якум, иҷро намудан ва дуюм, татбиқ кардан;
-донишмандон (хирадманд) ҷиноят содир намекунад, аз ин сабаб, мардуми бехирад (ҷоҳил ва гунаҳкор) субъекти ҷиноят шуда метавонанд, навиштааст ў;
- ҳатмӣ будани ҷазо. Ҳатмӣ будани ҷазоро чунин шарҳ додааст, афроди гунаҳкор бояд ҳатман ҷазо бигиранд ва дар сурати пушаймонӣ аз рафтори зишти худ авф карда шаванд.
Кошифӣ касбу ҳунарро мояи рушд ва ифтихор мешуморад ва чунин андеша баён кардааст, ки  агар инсон дар ҳаёт хушбахт будан ва ҳамеша соҳибзафарӣ бихоҳад, бояд чизҳоеро захираву ҷамъ кунанд, ки ҳаргиз ғарқ нашаванд, яъне, инсон бояд, доимо касбу ҳунар омўзад, илму дониш омўзад, чунки сарвати инсон касбу ҳунар ва илму дониши ў мебошад, ки онро аз инсон на касе гирифта метавонад ва на ғарқ мешавад.
Дар раъси ин андешаҳои муҳиму пурмуҳтаво, як қатор пешниҳоду масъалагузории мутафаккирро дар таълимоти сиёсию ҳуқуқиаш, ки ба аслҳои демократӣ ва то имрўз мубрами афкори сиёсию ҳуқуқии пешниҳоднамудаи Кошифӣ мансубҳастанд, бояд таъкид ва ҳатман қайд намоем:
  • ҳуқуқи инсон. Кошифӣ дар бораи ҳуқуқи инсон андешаронӣ намуда, ба хулосае омадааст, ки мазмуни ҳаёт дар тағйирёбӣ ва рушди мутаносиби ҳамаи нерўҳо ва қобилияти инсон аст. Ӯ манбаи ҳаёт ва хушбахтии ҳақиқии инсонро дар ҳамин хусусиятҳои олии инсонӣ мебинад. Ташаккули ҳуқуқи инсон ҷараёни қонуниест, ки дар тамоми соҳаҳои барои шахсияти ӯ муҳим ба вуҷуд меоянд, яъне дар амалиёт, дар дарки олам, шуури ҳуқуқӣ, муносибат бо ҷомеа, ба одамон ва ғайра зоҳир мегардад. Мутафаккир ба масъалаи рушди ҳаматарафаи инсон аҳамияти ҷиддӣ додааст;
2) мутафаккир аз аҳволи нафақахӯрон ғофил намонда, расидагӣ ба ҳоли онҳоро низ яке аз вазифаҳои давлат медонад;
3) Кошифӣ тавсия мекунад, ки ба афроде, ки солҳо барои давлат хидмат кардаанд нафақа таъйин шавад, то дар айёми пири хору залил набошанд;
4) дар таълимоти Кошифӣ яке аз андешаҳои пешқадами демократияи муосир - хизматгори халқ эътироф кардани амалдорон, инъикос ёфтааст. Мутафаккир низ мисли назарияпардозони низоми демократӣ, ҳукуматдоронро хидматгузорони мардум медонад, на ин ки мардум хидматгори онҳо бошанд;
5) Кошифӣ барои фаъолияти рузмарра ҷорӣ намудану риоя кардани реҷаи кориро барои ходимону амалдорон пешниҳод кардааст, ки барои дуруст ба ҳисоб гирифтани вақти корӣ ва самаранок истифода бурдани он имконият фароҳам меовард;
6) мутафаккир ҳарчанд оид ба принсипҳои бародарӣ ва баробарҳуқуқии одамон таҳлилҳо анҷом дода,  ҷонибдори онҳо аст, вале тақсимоти ҷамъиятӣ ва мавҷудияти табақаҳои гуногуни иҷтимоиро эътироф намудааст. Ба андешаи мутафаккир нобаробарии иҷтимоӣ ва мавҷудияти табақаҳо бо мақоми гуногун заминаи табиӣ дорад;
7) муътақид аст, ки яке аз талаботи принсипи адолат шунидани сухани мазлумон, нисбат ба вайронкунандагони ҳуқуқ - золимон амали намудани адолати судии шоҳӣ мебошад. Мутафаккир, тарзи бурдани мурофиаи суди шоҳиро низ ба тафсил ҳикоят мекунад. Ба андешаи Кошифӣ, подшоҳро зарур аст, ки то охир ботамкин ба арзи касон гӯш фаро диҳад, боандешаву мулоҳиза, хулоса барорад.
8) мутафаккир новобаста аз тарафдории ҳокимияти мутлақ, андешаи  машварат кардан ва таъсиси шӯрои давлатиро дар ҳалли масоили сиёсӣ пешниҳод менамояд;
9) ватандустӣ ва ҳимояи Ватан яке аз уҳдадориҳои муқаддаси инсонро вобаста ба масоили гуногун таҳқиқ намудааст, ки дар замони Кошифӣ муҳофизати ватан ва ҳимояи он аз таҷовузи бегонагон масъалаи матраҳ ва ёдоварии ин масъала дар осори Кошифӣ василаи таъкид бар расми неки ватанхоҳии аҷдодон мебошад. Дар пайрави аз гуфтаи Қуръон, ки дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст, Кошифӣ ватандӯстиро бо сифати хирадманд будани инсон вобаста мешуморад.
10) Кошифӣ тавсия мекунад, ки умури молии мамлакат бояд ба дасти афроди амонатдор ва поквиҷдон супурда шавад; Барои пешгирӣ аз густариши фасоди идорӣ ва молӣ, мутафаккир ба давлатмардон тавсия мекунад, ки ҳаргиз ду хешованд ё дӯсти наздикро дар як ниҳоди давлатӣ ба кор нагиранд, зеро равобити хешовандӣ  боис мешавад, ки онҳо хатоҳо ва хилофи якдигарро рупуш намоянд.
11) ҳамчунин барои назорат бар фаъолияти амалдорони молиявии кишвар  нозир таъйин гардад. Яъне, агар нозир ҳам, бо масъули молиявӣ дар ғорати амволи давлат ҳамдаст шавад, дар он сурат ҳар ду бояд аз кор барканор шаванд. Сабаби мавҷудияти фасоди молиявӣ дар кишварро кашф намудааст. Ба андешаи ў иллати сар задан ва густариши фасоди молиявӣ дар як мамлакат даст доштани масъулон дар ин кори зишт мебошад[4,283].
12) Кошифӣ амалан ҳуқуқи шаҳрвандонро дар иштирок дар идоракунии давлатӣ эътироф намудааст. Сиёсати давлатӣ танҳо вазифаи амалдорони давлатӣ набуда, ҳамаи аҳолӣ дар он бояд иштирок намояд, хулоса менамояд Кошифӣ.
13) Кошифӣ дар масъалаи сайёҳӣ ва сайёҳон таҳлилҳоеро анҷом додааст, ки тибқи он, амният, адолат ва  адолати судии воқеии ҳоким метавонад, сабаби омадани сайёҳон ва гардишгарони зиёде ба кишвар бошад, ки манбаи даромади ҳангуфти аксари кишварҳои муосир низ маҳсуб мешавад. Албатта, дар замони муосир сохти таъсисоти муҷаҳҳаз барои ҷалби сайёҳон монанди роҳ, меҳмонхона, марказҳои тафреҳӣ, беҳдоштӣ ва ҷойҳои диданибоб ва ғайра низ лозим аст;
14) Нақши таълиму тарбияро дар ташаккули инсон муҳим арзёбӣ намуда, чунин андеша дорад, ки мардум бояд ҳуқуқдон бошанд, ҳатто аз тарбияи ҳуқуқии мардуми бад ва бехирадон набояд даст кашид, то замоне, ки онҳо тарбия карда шаванд ва ҳама роҳи хираду ростиро пеша кунанд. 
Ҳамин тавр, афкори Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асоси идеяҳои умумиинсонии ҳуқуқӣ ва қонуни ахлоқи универсалӣ таҳия гардида мувофиқи он  бояд ҳар як инсон  вазифаи ба дўши худ гирифтаашро софдилона иҷро намояд. Кошифӣ дар ҳалли аксари масоили ҳуқуқӣ ҳамасри мост, дар баъзе масъалаҳои дигар роҳҳалҳои навро дарёфт намуда,  ҳиссаи бузургу муносиб дар таърихи афкори сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва тараққиёти фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик гузоштааст.
 
 
Буризода Эмомали Бозор,
 
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
, профессор, мудири
Шуъбаи таърихи давлат ва  ҳуқуқи
Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови  АМИТ
 
 
 
Давлатов Маъруфҷон Нарзиалиевич ,
 
унвонҷўи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови  АМИТ,
 
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Буриев И.Б.  Политико-правовые взгляды Ал-Фараби // Государство и право. - 1999. №3. -С.13-18.
  2.  Буриев И.Б. История государства и права Таджикистана. - Душанбе: КВД Комбинати полиграфии ш.Душанбе, 2016. Т.1, ч.1-4. 352 с.
  3. Буриев И.Б. Таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ. Нашри 2. –Душанбе: Ирфон, 2016 -232 с.
  4. Кошифӣ Ҳ.В. Футувватномаи султонӣ. Ахлоқи Мўҳсинӣ. Рисолаи «Ҳотамия».– Душанбе: «Адиб», 1991.Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Калила ва Димна. - Душанбе, 1966.
  5. Ҳусайни Воизи Кошифӣ. Калила ва Димна. Аз руи Анвори Суҳайлии Ҳусайн Воизи Кошифӣ /Ҳусайни Воизи Кошифӣ; танзим ва таҳрири нави Р. Ҳодизода. - Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2009.
  6. Буриев И.Б. Афкори сиёсию ҳуқуқии Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ) Актуальные проблемы развития законодательства РТ: История и современность. Вып. 3.-Душанбе,2003. –С.16-21.
  7. Буризода Э.Б., Қодирзода С.М. Мутафаккири ҳамзамони ҳаёт // Сайти Институти фалсафа. Санаи руҷуъ: 16.04.2021
  8. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар 18 марти 2020, ш. Душанбе [Манобеи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: http: //www.prezident.tj/node/ 22643 (санаи муроҷиат: 17.04.2020)
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia