casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   Истиқлолияти давлатию сиёсӣ барои ҳар як мамлакат манфиати ҳаётан муҳим ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ аз он вобастагии калон доранд. Чунин ҳолат ҳам вазъияти дохилии мамлакат ва ҳам хориҷии онро фаро мегирад. Дар дохили мамлакат пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, бо суръати баланд ба роҳ мондани ободонию созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳким бахшидан ба раванди миллатсозию давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналхалқӣ, ташаккули забони бою пурғановати тоҷикӣ ва монанди инҳо барин арзишҳо маҳз бо шарофати истиқлолияти том имконпазир мегарданд. Гузашта аз ин, мақом ва манзалати давлат дар арсаи байналхалқӣ ва имиҷи байналхалқии он низ аз қудрати истиқлолият ва дар кадом сатҳ қарор доштани он вобастагии калон дорад. Муфассал ...
Хондан 954 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Махфират Хидирзода: Дар танзиму идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва таҳкими истиқлол нақши сарварони сиёсӣ бесобиқа баланд мебошад

 Таърих ва таҷрибаи сиёсӣ собит намудааст, ки дар танзим ва идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва таҳкими истиқлол нақши сарварони сиёсӣ бесобиқа баланд мебошад. 
  Маҳз тавассути иродаи сиёсӣ ва кордониву идоракунии самараноки онҳо ҷомеаҳо дар ҳалли мушкилиҳо муваффақ гашта, давлатҳо ба фатҳи зинаҳои нави рушду пешрафт ноил мегарданд.  Масири сисолаи соҳибистиқлолии кишвари мо ҳам собит менамояд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон бениҳоят калон аст. Чунин иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират ХИДИРЗОДА.  Муфассал ...
Хондан 566 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар даврони Истиқлолият

          Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
  
  Эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи 9 сентябри с. 1991   ба ҷаҳониён дар бораи пайдо шудани субъекти нави ҳуқуқи байналмилалӣ хабар расонд. Акнун Тоҷикистони соҳибистиқлол узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, пояи давлатдории миллӣ-ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии худро барои таҳкими муносибатҳои дўстона бо соири кишварҳои ҷаҳон гузошт. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ  Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқиро дар таъсиси муносибатҳои давлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамвор намуд. Муфассал ...
Хондан 602 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Нақши истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва тарбияи насли ҷавони муҳаққиқони тоҷик

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  9  сентябри  соли  1991  дар Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эъломияи  Истиқлоли  кишвар  қабул  шуд, ки ин барои мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон азизтарин ва пурарзиштарин дастовард маҳсуб меёбад. Аз ҳамон давр то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ба  Ҷашни муқаддас мубаддал ёфтааст. Истиқлоли давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлоли давлатӣ рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ кулли мардуми сайёра миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мешиносанд. Зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ба ҷаҳониён исбот намоем, ки тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, дорои фарҳанги бою қадимӣ мебошанд. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Муфассал ...
Хондан 589 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia