casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   Истиқлолияти давлатию сиёсӣ барои ҳар як мамлакат манфиати ҳаётан муҳим ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ аз он вобастагии калон доранд. Чунин ҳолат ҳам вазъияти дохилии мамлакат ва ҳам хориҷии онро фаро мегирад. Дар дохили мамлакат пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, бо суръати баланд ба роҳ мондани ободонию созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳким бахшидан ба раванди миллатсозию давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналхалқӣ, ташаккули забони бою пурғановати тоҷикӣ ва монанди инҳо барин арзишҳо маҳз бо шарофати истиқлолияти том имконпазир мегарданд. Гузашта аз ин, мақом ва манзалати давлат дар арсаи байналхалқӣ ва имиҷи байналхалқии он низ аз қудрати истиқлолият ва дар кадом сатҳ қарор доштани он вобастагии калон дорад.
  Бо дарназардошти чунин муҳимият бояд эътироф кард, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва олитарин арзишест, ки бақои давлату миллат ва дурнамои рушди бомароми кишвар аз он вобастагии зиёд дорад. Маҳз бо шарофати ин арзиши бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, мардуми тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва соҳибфарҳанг шинохта шуданд. Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, ташаккули фарҳанги ниёгон ва арзишҳои таърихӣ қадамҳои устувор гузорад. Дар ин самт саъю талош ва заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари корнамоиҳое мебошанд, ки рукнҳои асосии мактаби нави давлатдории миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро соҳиб гардид. Аммо аз вазъияти давраи гузариш суиистифода намуда, бадхоҳони миллат бар сари мардуми шарифи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ истиқлолияти ба тозагӣ ба дастомада хеле заиф гардида буд. Зеро дар ин давра на танҳо ҷомеаро буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ фаро гирифта буд, балки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон низ имконпазир гардид. Чунин вазъиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат моҳи декабри соли 2016 чунин баён намуда буданд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда буд ва боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ кашанд ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд».
Аз чунин вазъият истифода намуда, душманони хориҷии миллат мехостанд идеологияи бегона ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор намоянд ва доираи нуфузи хешро васеъ созанд. Мутассифона, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият 30 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, ҳанӯз ҳам як зумра шаҳрвандони мамлакат ба моҳияти истиқлолият ва озодии миллӣ сарфаҳм нарафтаанд. Ба зеҳну тафаккури мардум бештар таъсири вобастагии сиёсии чандинасра таъсири манфӣ расонидааст, ки қисме аз мардум арзиши истиқлоли сиёсиро ҳанӯз ҳам дарк накардаанд ва дар баъзе аз мавридҳо Ватани худ ва миллати худро инкор намуда, даст ба ифроти ақлӣ мезананд.
Хушбахтона, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди бунёдкорию созандагӣ оғоз гардида, дар марҳилаи аввал хисороти ҷанги шаҳрвандӣ пурра бартараф карда шуда, сипас таҳкими истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ ба марҳилаи сифатан нав бароварда мешавад. Ҳамаи дастовардҳои ин давра аз саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста буда, дар партави сиёсати оқилонаю хирадмандонаи ин марди саҳнаи сиёсат миллати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфта, ба ҳаёти орому осоишта ва рушду инкишофи соҳаҳои гуногун ноил гардиданд.
Дар  ин  давра  Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушду инкишофи мамлакат даҳҳо стратегияҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат қабул намуда, садҳо барномаҳои давлатии соҳавиро дар амал татбиқ месозад. Дар миёни стратегияҳои давлатӣ Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 хеле аҳамиятнок буда, пурра ифодагари манфиатҳои мардуми кишвар мебошанд. Ғайр аз ин чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба амнияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат равона шудаанд, ки ҳамагӣ дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти соҳаи энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар сохтмони даҳҳо НБО хурду миёна, НБО-и Сангтуда-1, Сангтуда-2, таҷдиди НБО Сарбанд, ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар амал татбиқ гардидаанд, ки таъминоти аҳолӣ ва хоҷагии халқиро бо барқ хеле беҳтар гардонидаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони НБО-и Роғун оғоз гардид, ки дар рушду инкишофи иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мардум аҳамияти хеле бузург дорад. Инчунин дар мамлакат сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи CАSА-1000 ба маблағи 2,2 млрд. сомони оғоз гардидааст, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик ин расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Самараи ваҳдати миллии тоҷикон имрӯзҳо баръало мушоҳида мегардад, ки рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва дар маҷмӯъ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ гувоҳ аз самараи ваҳдат мебошанд. Ҳатто масъалаи бақои миллату давлат ва истиқлолияти давлатӣ низ аз ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд. Ин давраи соҳибистиқлолиро метавон солҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, пешрафт ва ободонӣ ном бурд. Аксарияти иншоотҳои азим, аз қабили роҳҳои мошингарду оҳан, НБО-ҳо, нақбҳо, хатти интиқоли барқи ҷанубу шимол, чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ғ. баъди ба даст омадани созишномаи ваҳдати миллӣ рӯи кор омадаанд. Ҳамаи ин ба он далолат менамояд, ки дӯстдории Ватани азизамонро ба бунёдкорию созандагӣ вобаста намуда, таъмини истиқлолияти иқтисодию сиёсии хешро ҳаматарафа побарҷой намоем.
Бояд ёддовар шуд, ки барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши аввалиндараҷа бозидааст. Агар дастоварду пешравиҳои солҳои охир аз шарофати истиқлолияти давлатӣ вобаста бошад, дар амал татбиқ гардидани ободонию созандагӣ ба иродаи қавии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад. Зеро иродаи қавии Пешвои миллат, қавлу амал, дасту дили пок, маҳбубият ва ташаббуси ҷонфидоӣ ба Ватану миллат гувоҳи он аст, ки андешаҳои муттаҳидсози ӯ барои пешрафти мамлакат ва тоҷикистониён аҳамияти хосса доранд.
Боиси хушҳолист, ки дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Таҷлили ҳамасолаи ин санаи барои миллату давлат таърихӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва соҳибистиқлол муаррифӣ гардад. Аз ин рӯ, иштироки фаъол намудан дар таҷлили ин санаи таърихӣ ва саҳми худро гузоштан дар баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ифодагари ҳисси баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. 

Саймаҳмадов  Лутфулло,
 
Раиси иттифоқи касабаи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
 ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ,
ходими илмии Шуъбаи сиёсатшиносии
ИФСҲ АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia