casino malaysia
casino malaysia
Махфират Хидирзода: Дар танзиму идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва таҳкими истиқлол нақши сарварони сиёсӣ бесобиқа баланд мебошад

wrapper

 Таърих ва таҷрибаи сиёсӣ собит намудааст, ки дар танзим ва идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва таҳкими истиқлол нақши сарварони сиёсӣ бесобиқа баланд мебошад. 
  Маҳз тавассути иродаи сиёсӣ ва кордониву идоракунии самараноки онҳо ҷомеаҳо дар ҳалли мушкилиҳо муваффақ гашта, давлатҳо ба фатҳи зинаҳои нави рушду пешрафт ноил мегарданд.  Масири сисолаи соҳибистиқлолии кишвари мо ҳам собит менамояд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон бениҳоят калон аст. Чунин иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират ХИДИРЗОДА. 
   Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзури хонандагони сомона гардонида мешаванд.
-Пешвои миллат ҳамчун шахсияти таърихӣ ва сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ тавонистанд дар муддати нисбатан кӯтоҳ мамлакатро аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот дода, дар шоҳроҳи устувори рушд роҳнамоӣ намоянд. Дар ин раванд қобилияти дарки баланди воқеият дар баробари дигар хислатҳои сарварии Пешвои миллат имконият дод, ки хусусияти ҳар марҳила дурусту дақиқ эҳсос карда шуда, вобаста ба он технологияи мувофиқи амалисозии ҳадафҳо интихоб карда шавад.
Таҳлили амали мазкур нишон медиҳад, ки дар ҳар марҳила аз ҷониби Пешвои миллат ба ҷомеа ғояҳои муттаҳидкунандае пешниҳод карда шудаанд, ки аҳамияти онҳо волотар аз идеологияҳои комил буда, баҳри ба ҳадаф расидан мардумро таҳрик додаанд. Онҳо ҳамчун ҳидоятҳои раҳнамунсозе баромад карда, баҳри таҳияи даҳҳо стратегияҳои фаъолият барои даҳсолаҳои дигар заминаи боэътимод муҳайё намудаанд.
Дар доираи таҳлили мазкур шаш ғояи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод, ки кулли ҷомеаи Тоҷикистон моҳияти онҳоро ба масъулияти том дарк кардаанду имрӯз онҳоро ҳамчун шиори ватандӯстӣ ва инсонии худ истифода мебаранд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҳамчун ғояҳои таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд.
«То охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, ман худро ҳамчун Сарвари давлат ором ҳис намекунам…»- ин сухани таърихӣ ва мақсади қотеъонаи Сарвари давлат дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ садо дода, эътимоди миллионҳо нафарро ба моҳияти гуманистии сиёсати сарвари тозаинтихоб қавӣ гардонида, рӯҳияи онҳоро баланд бардошта буд. Фаромӯш набояд кард, ки рӯҳияи баланди сарвари сиёсӣ қодир аст ба рӯҳияи ҷомеа таъсири қавӣ расонида, онро барои ба даст овардани мақсадҳои гузошта роҳнамо бошад. Рӯҳияи лидерӣ ҳамон рӯҳияест, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо шикаста намешавад, баръакс, метавонад дар умқи ҷомеа бовариву эътимодро баҳри пирӯзиҳо ҷой намояд.
Мавриди зикр аст, ки  изҳороти  мазкур дар Иҷлосияи шонздаҳум садо дода буд: «То як тоҷик берун аз Ватан карор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам».
Ин суханони аз сари сидқ баённамудаи Пешвои миллат бозгӯи он буданд, ки  масъалаи таъмини сарҷамъии ҷомеа мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ буда, ҳалли бетаъхири он талаботи замон аст. Аз ин рӯ, суханони таърихии Роҳбари давлат як изҳороти популистии сиёсӣ набуда, балки стратегияи фаъолияте буданд, ки ҳалли муваффақонаи он тавонист ба бартараф намудани якчанд масъалаҳои дигар замина гузорад.
Дар ин замина метавон хулосабарорӣ намуд, ки ин амал якум ба наздикшавии миллат  ва сарҷамъии он баъди парешонии нангин мусоидат намуда, имконияти воқеиро ҷиҳати ташаккулу таҳкими  боварии иҷтимоӣ  фароҳам овард, дуюм имконияти мусоиди  дарки хато ва бахшиши якдигар ба даст омад.  Агар сарвари сиёсӣ ин корро намекарданд, кинаву хусумат ва бадбинию нафрат метавонист чуқур реша давонад. Бинобар ҳамин ҳам, ҳарчӣ  зудтар анҷом додани амали мазкурро сарвари тозаинтихоб дар афзалияти фаъолияти сиёсии худ қарор дода буд, сеюм ду омили номбаршуда модели сулҳофарии моро ғанӣ гардонида, имконият фароҳам оварданд, ки раванди сулҳофарӣ на танҳо аз боло ба поён, балки аз поён ба боло низ ташкил карда шавад.
Ҳамагон хуб медонем, ки  агар ҳама гуна иқдом аз поён дастгирӣ наёбад, муваффақ буда наметавонад. Амали мазкур аз нуктаи назари сиёсӣ хеле дурбинона, инсондӯстона, созанда ва ҳадафнок буд. Аз ин рӯ,  имрӯз аз ин амал метавон фақат бо ифтихору сарбаландӣ ёдовар шуд.
“Хушбахтона, бо боварӣ метавон гуфт, ки бозгардонии фирориёни иҷбории мо ба Ватан, бо дастгирӣ ва ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани онҳо, роҳ надодан ба паҳну парешонии миллат ва пушту паноҳ гаштан ба онҳо фаъолиятест, ки  онро фақат вориси бонангу номус метавонад амалӣ намояд. На танҳо он насле, ки худ фирорӣ гаштаву ҳамаи азобҳои онро бо чашми сар дидааст, имрӯз шукронаи Сарвари давлат мекунад, балки наслҳои оянда низ ҳаргиз онро аз хотир нахоҳанд баровард. Рӯзгори фирориёни мо рӯзгори бениҳоят мушкилу пурмашаққат буд ва имрӯз бо гузашти  қариб се даҳсола ҳам нафарони ин азобро аз сар гузаронида, аз он рӯзҳо бе оби дида ёд карда наметавонанд. Аз ҳар як сухани онҳо дард эҳсос мешавад, дарди ғурбат, дарди дурӣ аз диёру наздикон, дарди беқадриву хорӣ дар мулки бегона”.
Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки раванди муҳоҷират ду хусусияти хос дорад: якум, ин ки муҳоҷир ба фазои иҷтимоию фарҳангии бегона ворид мешавад, ки ҳама чиз дар он барои ӯ наву ношинос ва мумкин то дараҷае номақбул ҳам ҳаст. Вале вай маҷбур аст ба ин вазъ мутобиқ шавад, зеро интихоби дигар надорад, аммо ин тарзи мутобиқшавӣ раванди осон нест. Дар мисоли фирориёни мо метавон гуфт, ки чун аксари онҳо ба Афғонистони ноором ҳиҷрат карда буданд, дар муҳите афтиданд, ки дар он фақат барои зинда мондан бояд талош мекарданд. Албатта, муҳите, ки муносибатҳои иҷтимоии онро фақат қувваю зӯрӣ ба танзим медаровард, барои гурезагони мо санҷишҳои наверо ба пеш мегузошт, ки аз ҷанги шаҳрвандии мо дида, печидатару мушкилтар буданд. Дуюм- ин масъалаи аз ҷониби ҷомеи нав қабул гаштани онҳо буд. Оё муҳити нави иҷтимоию фарҳангӣ метавонад шахсро бо тамоми хусусиятхои ба ӯ хос қабул кунад?  Ин ҷанба ҳам бисёр муҳим аст, зеро ин муҳит метавонад то ба охир шахсро қабул накунад ва аз ҳама эҳсоси вазнин ҳам маҳз эҳсоси бегонагист, зеро дар чунин муҳит ба куҷое, ки наравӣ, ба ту чун ба бегона назар мекунанд, ба ту боварию эътимоди комил надоранд.
Ногуфта намонад, ки баҳри таъмини сарҷамъии миллат Роҳбари давлат ба ҳама мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ нигоҳ накарда, талош мекарданд, ки мардуми бозгашта аз ғамхориҳои аввалияи Ҳукумат бархӯрдор бошад. Ҳарчанд ки дар хазинаи давлат захираи казоие ҳам мавҷуд набуд, сарвари сиёсӣ ваъдаи худро, ки гуфта буданд: «…мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, вале як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем», иҷро карданд. Қабул шудани Қонун «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳо оид ба баргардонидани гурезаҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии онҳо ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо»,  пеш аз ҳама, нишонаи сиёсатест, ки ҷавҳари онро инсондӯстӣ ташкил медод.
Имрӯзҳо вақте ки шахс осоре аз он харобазор намеёбад, бори дигар мутмаин мешавад, ки дар ҳақиқат ҳам сарҷамъию муттаҳидӣ асоси пешрафти давлат буда, метавонад онро аз хатарноктарин вартаҳо наҷот диҳад.
Ваъдаи додаи Сарвари давлат  пурра иҷро гашт, ки натиҷаи он ҳамгироии комили иҷтимоӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон аст.
«Дӯст бошед, иттифоқ бошед! Шукронаи ҳамин сарзамин кунед!…».  Даъват ба дӯстӣ ва иттифоқу ягонагӣ моҳияти инсондӯстӣ дошта, дар худ фалсафаи волои қадр намудани неъмати дар дастдошта ва шукргузорӣ аз онро дорад. Воқеан ҳам он даъвати хирадмандона ва пурҳикматест, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат садо дода, мафкура ва қалби миллионҳо нафарро дар ҷомеа тасхир намудааст.
Дӯсту иттифоқ будан аз моҳияти сиёсати башардӯстона ва таҳаммулпазиронаи Президенти мамлакат маншаъ гирифта, ҷавҳари онро фалсафаи ваҳдат ташкил медиҳад. Тифоқӣ ва дӯстӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, нишонаи мавҷудияти низоми муайяни арзишҳои сиёсию умумиинсонӣ мебошад, ки тавассути онҳо маҷмӯи муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фардҳои алоҳида танзим карда мешаванд. Маҳз мавҷудияти низоми арзишҳо имконият медиҳад, ки ҳар гурӯҳи иҷтимоӣ дар дарки ҳудудҳои озодӣ ва манфиатҳои худ муваффақ гардад, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои гурӯҳҳои дигарро эҳтиром намояд.
Қимати дӯстӣ ва тифоқиро ҷомеаи мо аз дигарон дида бештар дарк мекунад. Зеро хатои таърихии нангине, ки дар пояи аз даст додани ин арзишҳо мо содир намудем, барои садсолаҳои дигар басанда аст.
Дӯстӣ арзишест, ки дар заминаи он муҳаббат байни инсонҳо комил гашта, меҳру садоқат ва самимият пойдор мешавад. Дар ҷомеае, ки арзишҳои зикршуда мақом доранд, он ҷомеа, албатта, ба саодати худ хоҳад расид. Бидуни он наметавон дар бораи камолоти инсонӣ сухан гуфт, зеро душманӣ ва нифоқ ягон ҷомеаро ба саодат нарасонидааст. Дӯстиву тифоқӣ арзишҳое ҳастанд, ки тараннуми онҳо дар ашъори бузургтарин шоирону нависандагон мақоми хоссаи худро дошта, файласуфону сиёсатмадорон кӯшиш менамоянд онро ҳамчун василаи ба мақсад расидани инсонияту ҷомеа истифода баранд. Қимати дӯстӣ ҳамчун арзиш дар он айён мегардад, ки тавассути он инсоният бар қувваҳои аҳриманӣ ғолиб меояд. Таъмини дӯстию рафоқат дар ҷомеа ин таъмини ҳамзистии осоишта ва рушду пешрафт мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб даъвати Пешвои муаззами миллат ба дӯстию иттифоқӣ даъвати сарҷамъкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон бо ин, марҳилаи муосири рушди ҷомеа, ки омилҳои гуногун ба он таъсир расонида истодаанд, тақозо менамояд, ки арзишҳои мазкур ҳарчи бештар дар ҷомеа тақвият бахшида шаванд. Зеро неруҳои халалдоркунандаи рушди босубот кӯшиш мекунанд, ки тавассути коштани тухми нифоқу душманӣ дар ҷомеа бенизомиро дар он ташкил кунанд. Муҳим он аст, ки дар ин раванд аз неруи дохилии худи ҷомеа васеъ истифода бурда мешавад. Дӯстию иттиҳод василаи эътимодноки муқовимат ба ҳама гуна таҳрикҳои беруна буда, намегузорад, ки суботи ҷомеа халалдор гардад.
Шукргузорӣ аз сарзамину Ватани маҳбуб низ дорои фалсафаи хоси худ мебошад. Қадр намудани обу хоки аҷдодӣ, муқаддас донистани марзу буми он амалҳое мебошанд, ки ба камолоти ҳар инсон мусоидат намуда, нишонаи сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси ватандӯстии ӯ мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб, дӯсту иттифоқ будан, шукргузории Ватану сарзамин намудан нишонаи масъулиятест, ки ҳар соҳибватан онро бояд эҳсос намояд.
Даъвати Пешвои миллат ба дӯстию тифоқӣ василаест, ки муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоиро дар ҷомеа мазмуни гуманистӣ бахшида, ҷиҳати устувории он дар рӯй ба рӯйи таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.
«Ватанро кӣ обод мекунад? – Мутахассис!». Тезиси мазкур ифодагари эътимоди Сарвари давлат ба неруи инсонӣ дар ҷомеа мебошад.  Зеро таҷрибаи давлатҳои пешрафта собит месозад, ки маҳз дар заминаи тақвияти неруи инсонӣ ва истифодаи самараноки он метавон ба нишондиҳандаҳои баланди рушд комёб гардид. Ҳамин аст, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун ҳадафи стратегӣ эълон шуда, дар доираи он даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда, инфрасохтори соҳаи маориф ба таври бесобиқа рушд намуда истодааст.  Пешвои муаззами миллат ба масъалаи боло бурдани сатҳи маърифат ва саводнокии ҷомеа диққати махсус медиҳанд. Саводнокӣ ва дараҷаи маърифатнокӣ яке аз ченакҳои муҳим дар самти рушди неруи инсонӣ маҳсуб меёбанд. Ба таҳсили саросарӣ фаро гирифтани кӯдакони синни мактабӣ, такмили фаъолияти низоми маориф, ташкили инфрасохтори ба талаботи муосир ҷавобгӯ дар соҳаи маориф, дастгириҳои иловагӣ дар шакли квотаҳои президентӣ барои духтарон ва писарони болаёқати манотиқи дурдасти кӯҳистон, мусоидат баҳри донишомӯзии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва дигар чораҳои дар ин самт рӯйи даст гирифта шуда маҷмӯи амалҳои дорои хусусияти стратегӣ мебошанд, ки баҳри пешрафти ҳаматарафаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, афзоиши талабот ба илму дониш ва болоравии маърифатнокию решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ оид ба таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, имконият фароҳам овард, то масъалаи аз таҳсил дур мондани хонандагон марҳила ба марҳила ҳалли худро ёбад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат моҳи январи соли 2021 зикр намуданд, ки «аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст». Омори зикргардида собит месозад, ки Ҳукумати малакат баҳри ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ намуда истодааст, то ин ки насли ҷавон аз тамоми дастовардҳои илми ҷаҳонӣ баҳравар бошад.
Яқинан исбот гаштааст, ки дар ҳама давру замон пешрафти ҷомеаю кишварҳо маҳз аз сатҳи маърифатнокии аъзои он вобаста буда, муҳаррики асосии таъминкунандаи пешрафти онҳо гаштааст.
Воқеияти даврони имрӯза бори дигар собит намуда истодааст, ки ҳар як ҷомеае, ки дар меҳвари сиёсати худ донишу маърифат ва илму навовариҳоро қарор медиҳад, албатта, ба дастовардҳои муҳим дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии худ ноил мегардад. Дар ин замина ба рушди зинаи таҳсилоти олии касбӣ низ диқкати махсус зоҳир гардида истодааст.
Чораи дигари муҳиме, ки ба самти тарбияи мутахассисон такони ҷиддӣ бахшид, амалӣ намудани механизми квотаҷудокунонӣ мебошад.
Имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки ҷорӣ намудани квотаҳои президентӣ такони ҷиддӣ дар самти болоравии маърифати ҷавондухтарону ҷавонписарони маҳаллаҳои дурдасти кӯҳистони  тоҷик гашта, имконияти мусоид баҳри пешрафти онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фароҳам оварда истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Эълони бистсолаи мазкур бар он далолат мекунад, ки таъмини рушду пешрафт дар соҳаи болозикр заҳмату талоши доимӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, татбиқи чораҳо дар ин самт низ баҳри тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мусоидат хоҳанд намуд.
Чуноне, ки дар боло зикр намудем, густариши робитаҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ яке аз самтҳои муҳим дар соҳаи маорифи кишвар ба шумор меравад. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2021 зикр намуда буданд, ки “таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.
Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони бо истеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем”. Тадбири мазкур имконият фароҳам оварда истодааст, ки ҷавонони боистеъдоди мо донишу малакаи худро дар пешрафтатарин макотиби олии кишвар такмил дода, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шаванд. Дар ин ҷода дастгирии давлатӣ нақши босазо дорад.
Масъалаи дигар, ки дар самти зикргардида аҳамияти хосса дорад, андешидани тадбирҳо баҳри рушди илм дар мамлакат мебошад. “Агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст».    Омори мазкур нишонаи он аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ рушди илм ҳамчун хадафи афзалиятноки давлат дастгирӣ шуда, баҳри рушди он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Рушди илму маърифат ва тарбияи мутахассисони касбӣ на танҳо масъалаи таъминкунандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, балки дорои аҳамияти амниятӣ низ мебошад. Зеро дар замоне, ки аз он ҳамчун ҷаҳонишавӣ ном бурда шуда, таҳоҷуми иттилоотию фарҳангӣ ба ҳувият ва ягонагӣ ва мавҷудияти арзишҳои миллӣ таҳдиди ҷиддӣ  пешорӯ овардааст, маҳз дар пояи илму маърифат ва донишҳои муосир пеш бурдани ҷомеа метавонад масири боэътимоди рушди босубот бошад.
«Ба қадри падару модар дар зиндагиашон расед!». Таъкиду ҳидояти мазкури Пешвои миллатро метавон ҳамчун  тадбири пурҳикмате қабул  намуд, ки риояи он дар зиндагӣ шахсро ба дараҷаи камолоти дунявӣ ва саодати охират муяссар мегардонад. Ин ҷо сухан сари эҳтироми нафароне меравад, ки мо аз онҳо бо ҳастии худ бояд миннатдор бошем. Ҳамзамон бо ин,  таъкиди мазкур бо эҳтироми мақоми оила дар ҷомеа низ алоқамандии зич дорад.
Воқеан ҳам ҳар кишвар вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоию фарҳангии худ ба  оила муносибати хосса дорад. Дар кишвари мо низ оила ҳамчун ҷузъи аввалини ҷомеа эътироф шуда, таҳти ғамхории давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, сар карда аз Конститутсия, ба оила муносибати махсус дошта,  тибқи моддаи 33 давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. «Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад.  Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.  Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Ин меъёрҳои конститутсионӣ имконият медиҳанд, ки дар фаъолияти ин ниҳоди иҷтимоӣ  чунин принсипҳо, аз қабили ихтиёрӣ, баробарҳуқуқии мардону занони ақди никоҳбаста ва болиғ будани онҳо риоя шавад, то ин ки низоми муносибатҳои дар ин доира ташаккулёбанда устувору созанда бошанд.
Албатта, танзими ҳуқуқии масъала дар ин самт аз аҳамият холӣ нест. Лекин ба назари мо, эҳсоси масъулияти дар заминаи мехру муҳаббат даркшаванда арзиши болотаре дорад. Маҳз муҳаббату садоқати фарзандӣ дармони волидон дар синну соли пирӣ шуда метавонад.  Ҳидояти Пешвои миллат ҳам ба таҳкими муҳаббати инсонӣ ва фарзандӣ дар ҷомеа нигаронида шуда, ба ҷавҳари инсонӣ камоли тоза мебахшад.
«Бегонапарастӣ накунед, забону фарҳанги миллиамонро ҳифз намоед! …».
Таҳлили талошҳои геополитикии даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки вобаста ба қудратмандӣ ва тавонмандии низомҳои сиёсӣ усулҳои мубориза низ гуногун мебошанд. Дар ҷойе қувваи ҳарбӣ, дар ҷойе шӯрандозии дохилӣ ва дар ҷойе таҳоҷуми иттилоотӣ ва фарҳангӣ истифода гашта истодааст. Дар ин раванд таҳоҷуми иттилоотӣ ва фарҳангӣ василаи осоиштаи аз байн бурдани ҳувияти миллатҳо ба ҳисоб рафта, тавассути равона намудани иттилооти таҳрифшуда оид ба пешрафти фарҳангии миллатҳои дигар, тарғиби анъана ва урфу одатҳои онҳо дар либоси фарҳанги пешрафта, даъвати тақлид ба он бо роҳи назарфиребӣ васеъ паҳн гашта истодааст.
Арзишҳои миллӣ маҳз ҳамон зуҳурот ва объектҳои моддию ғайримоддие мебошанд, ки дар тӯли таърих муҳимияти онҳоро миллат эътироф намудааст, тавассути нигоҳдошт ва рушди онҳо пешравии худро таъмин намудааст, дар заминаи онҳо тарзи рӯзгордорӣ, урфу одат ва анъанаҳои худро нигоҳ доштааст. Маҳз дар ҳамин замина миллат ҳамчун умумияти томи дорои хусусиятҳои умумӣ, тарзи тафаккур ва урфу одат дар ҳудуди таърихии худ пойдор мондааст. Пойдории миллат заминаи пойдории давлатдории миллӣ гаштааст.
Ҳидояти Пешвои миллат дар масъалаи ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ бесабаб нест. Таҷриба нишон дода истодааст, ки таҳкими давлатдории миллии мо дар замони омезиши шадиди арзишҳо бе талошҳои созанда ва муқовимати устувори иттилоотӣ бениҳоят мушкил аст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳифзи дастоварҳои фарҳанги миллӣ ва забони миллӣ муҳим мебошад.
Ба сифати таҳдидҳо дар ин раванд девалватсияи арзишҳои маънавӣ, тарғиби намунаҳои маданияти оммавии ба зӯроварӣ асосёфта, назарфиребии иттилоотӣ ва ғайра пазируфта мешаванд. Ногуфта намонад, ки нигоҳдошти забон ва фарҳанги миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ ба сифати масъалаҳои калидӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ боқӣ мемонанд. Беҳуда нест, ки забонро ҳамчун воситаи муҳими иҷтимоишавӣ ва нишондиҳандаи қобилиятҳои фитрии шахсият эътироф кардаанд.
Арзишҳои миллию давлатдорӣ арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъҳо ва ақидаҳо аз ҷониби аъзои ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Бахусус дар замони муосир, ки муқовиматҳо дар самтҳои гуногун бо шаклу намудҳои мухталиф идома доранд, ин рисолати шаҳрвандӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Дар чунин шароит ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумидавлатӣ вазифаи басо мушкил, вале муҳим мебошад. Тафриқаандозии байни арзишҳои муқаддаси миллӣ ва манфиатҳои гурӯҳ ё қишрҳои алоҳида боиси суст шудани низоми арзишӣ дар ҷомеа гашта, қодир аст масъалаи афзалиятнокии арзишҳои миллиро зери таҳдид қарор диҳад. Ҳифзи забону фарҳанг бо ҳама рукнҳои он дар марҳилаи кунунӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Омӯзиши таъриху фалсафаи ҳар урфу одат, анъана ва сару либоси миллӣ худ мактаби муҳим дар самти худшиносии миллӣ маҳсуб ёфта, муаррифии онҳо зарур мебошад, зеро шинохти асолат ва аҳамияту зарурати одитарин рукнҳои фарҳанг имконияти васеъро баҳри муаррифии бештари онҳо ба миён оварда, такони ҷиддӣ дар самти ҳимояи онҳо мегардад.
Дар шароите, ки низоми сиёсӣ ва давлатдории миллии мо дар пояҳои устувору боэътимод рушд ёфта истодаанд, фаъолияти бонизоми механизми дохилисистемавӣ зарур аст, ки тавонад василаи боэътимоди муқовимат ва худнигоҳдорӣ дар шароити мушкили ҷангҳои иттилоотӣ бошад. Сухан сари андешидани тадбирҳои муассир баҳри ташаккули тафаккури созанда ва устуворе меравад, ки дар рӯ ба рӯи таҳоҷуми ғаразноки иттилоотию фарҳангӣ қарор дорад ва имрӯз мо нишонаҳо ва таъсири амиқи онҳоро эҳсос намуда истодаем.
Маҳз бо назардошти муҳим будани дарки вазъи мавҷуда Пешвои миллат ҳифзи арзишҳоро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи ҳар узви ҷомеа меҳисобад. Тақлид ба либос, тарзи зиндагӣ, тарбия, одобу русум ва дигар амалҳои фарҳанги бегона моро аз асли худ дур мекунад.  Гум намудани асли хеш ин ҳукми таърих ба нестии миллат аст. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҳидояти худро пайваста таъкид намуда, ин мубрамиятро дар зеҳни ҷомеа ҷой намудани Сарвари давлат ба он нигаронида шудааст, ки ҳар фарди соҳибдавлат масъулияти шахсии хешро дар ин масъала эҳсос намояд.
Ҳифзи забони модарӣ ва тавсеа бахшидани он дар фазои фарохи бисёрзабонӣ масъалаи басо муҳим ба ҳисоб меравад.
«Тоҷикистон ба пеш! Ба пеш! Ба пеш!».
Ҳидояти раҳнамунсози «Тоҷикистон ба пеш!» ҳамчун даъвати миллие баромад намуд, ки тамоми ҷомеа аз он имрӯз ҳамчун василаи рӯҳбаландкунанда ва сафарбаркунанда истифода мебарад.
Агар аз нуктаи назари илми сиёсӣ  ҳидоят ё худ ғояи мазкурро таҳлил намоем, пас ҷанбаҳои қавии назариявии онро муайян намудан мумкин аст, ки инъикоси қонуниятҳои рушди умумияти инсонӣ маҳсуб меёбанд.
Ҷанбаи якум, дарёфти ғояи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Дар раванди танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дарёфти ғояи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа муҳим мебошад. Ғояи мазкур метавонад барои сарҷамъ намудани тамоми қишрҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ нақши муҳим дошта бошад. Одатан таҳлили мазмунии чунин ғояҳо нишон медиҳад, ки онҳо дар худ маҷмӯи арзишҳои гуногуни иҷтимоӣ сиёсӣ, иҷтимоию равонӣ ва маънавиро муттаҳид менамоянд. Ба ақидаи С.А. Эфиров, «арзишҳои маънавию равонӣ ахлоқро ҳамчун арзиши меҳварӣ инъикос мекунанд: арзиши интизориҳои иҷтимоӣ ва дурнамои ҳаётӣ. Ба гурӯҳи мазкур дохил мешаванд: ғояҳои тартибу низом ва ҳамоҳангӣ, дурнамоҳо ва некуаҳволии умумӣ». Тавсифи пешниҳоднамудаи олими рус аз он далолат мекунад, ки ғояҳои муттаҳидкунанда асосан бо меъёрҳое сарукор доранд, ки бевосита ба равони инсон таъсир мерасонанд, рафтори ӯро дар доираи муайян ба танзим медароранд ва муносибаташро ба муҳити иҷтимоӣ бошуурона ва таҳаммулпазирона мегардонанд. Таъсиррасонии мазкур имконият медиҳад, ки афзалияти манфиатҳои ҷамъиятӣ эҳсос ва эътироф карда шавад.
Дар мавриди ғояи «Тоҷикистон ба пеш!» метавон зикр намуд, ки он ҷанбаи устувори маънавӣ ва иҷтимоию фарҳангиро соҳиб аст. Ҳидояти «Ба пеш!» ба гурӯҳ ва ё шахсиятҳои алоҳида равона нагардида, балки ба Тоҷикистон ҳамчун умумияти томи иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Тоҷикистон ҳамчун давлат ифодакунандаи манфиатҳои тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳо, намояндагони миллату нажод ва дину мазҳабҳо мебошад. Вобаста ба ин ҳидояти «Тоҷикистон ба пеш!» ба тамоми ҷомеа нигаронида шудааст. Он ҷомеаро ба сарҷамъӣ таҳрик дода, имконият медиҳад, ки ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ, новобаста ба манфиату мақсадҳои худ баҳри таъмини рушди оянда фаъол бошанд. Аз нуктаи назари синергетикӣ он ҳамчун аттракторе баромад мекунад, ки дар атрофи худ тамоми қувваҳоро ҷамъ меоварад ва динамикаи минбаъдаи онҳоро идора мекунад. Дарёфт ва пешниҳоди чунин ғоя ба сарваре даст медиҳад, ки воқеияти иҷтимоиро  бо тамоми хусусияташ эҳсос намуда, қобилияти ояндабинии сиёсиро дар худ дорад. Зеро на ҳар ғоя метавонад моҳияти фарогир дошта бошад. Аз нуктаи назари воқеияти замони муосир ҳамон ғояе метавонад тамоми ҷомеаро фаро гирад, ки:
— дар он манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои миллию этникӣ, сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ таҷассум ёфта бошанд;
— интизориҳои иҷтимоӣ ва ояндаи некро таҷассум намуда, тавонад мафкура ва зеҳни кулли ҷомеаро фаро гирад. Инсон доимо дар доираи муайяни арзишҳо зиндагӣ намуда, интизориҳои муайяни иҷтимоӣ дорад, ки давлат онҳоро бояд бароварда созад. Вобаста ба ин, ғояи инъикоскунандаи ҷавҳари мазкур эътимод ва эътирофи ҷомеаро ба зудӣ соҳиб мешавад;
— ба эҳсоси иҷтимоию сиёсии ҷомеа таъсир расонида, дар равони шаҳрвандон рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва созишро барои ба даст овардани мақсади афзалиятнок ташаккул медиҳад. Дар натиҷа  қадами устувор дар самти таъмини суботи сиёсӣ низ ба даст оварда мешавад.
Ҷанбаи дигари муҳиме, ки таъсирнокии ғояи мазкурро дар ҷомеа баланд мебардорад, ҳидоят ба оянда аст. Меҳвари онро талқини мушкилнописандӣ, рӯҳбаландӣ, қавииродагӣ ва ҳаракат ба пеш бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои  назаррас ташкил медиҳад. Ба таври дигар, онро метавон ормони иҷтимоӣ номид, ки баҳри ба даст оварданаш ҷомеа доимо ба пеш ҳаракат менамояд.
Ҳамзамон бо ин,  чуноне, ки дар боло зикр гардид, шароити таърихии пайдоиши ғояи мазкурро низ бояд  ба инобат  гирифт. Он ба марҳилае рост меояд, ки ҷомеа дар роҳи ҳалли яке аз мушкилоти муҳим, ки онро «ҳаёту мамоти» кишвар маънидод мекарданд, ба муваффақияти аввалин ноил шуда буд. Ин амал имконият дод, то аҳли ҷомеаи кишвар мутмаин шаванд, ки мушкилии абадӣ вуҷуд надошта, танҳо ирода ва хоҳиш баҳри бартараф намудани он метавонад омили муҳими таъсиррасон бошад. Вобаста ба ин масъала К.Ясперс ва Ж.Бодияр зикр мекунанд, ки «иродаи давлат бояд барои худ аз қаъри мушкилиҳо роҳ ҷӯяд. Мавқеи махсус (ба сифати вазъияти таърихии умумиҷаҳонӣ) онро водор месозад, ки  қудрати худро тавассути ҳастии инсонӣ қувват бахшад».  Дар ин масъала воқеияти сиёсии Тоҷикистон ҳам нишон медиҳад, ки иродаи устувори Роҳбари давлат баҳри сафарбарнамоии тамоми неруи инсонӣ ҷиҳати амалӣ намудани ормони миллӣ нақши ҳалкунанда бозида истодааст.
Ҷанбаи сеюм инъикоси иродаи сиёсии устувори Сарвари давлат мебошад. Илм собит намудааст, ки маҳорати эътимодбахшӣ ва боваркунонии сарвари сиёсӣ василаи муҳими аз ҳам гуна ҳолати шикастарӯҳӣ баровардани ҷомеа мебошад. Бознигарии таърихии сисолаи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин роҳ мушкилиҳои ҷиддӣ, ихтилофи шадид ва таъсиру фишорҳои дохилию беруна хеле зиёд буданд. Вале мавҷудияти иродаи устувори сиёсӣ ва талоши ватансозии Пешвои миллат василаи беҳтарин ва натиҷабахш дар ин роҳ гардид.
-Бовар дорам, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба мушкилнописандӣ ва рӯҳи шикастнопазири Пешвои миллати худ аллакай эътимоди комил  ҳосил намудааст. Қотеият дар роҳи ба даст овардани мақсад, талоши бартараф намудани мушкилиҳо, новобаста ба хусусияти онҳо ва дарки зарурати ҳалли масъала бо кадом баҳое, ки набошад, хислатҳои шахсии Пешвои муаззами миллат мебошанд, ки ҷомеаи Тоҷикистонро дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба пеш бурда истодаанд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia