casino malaysia
casino malaysia
Душанбе Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро хайра мақдам мегӯяд!

wrapper

  Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, 14-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони ду чорабинии муҳими сатҳи баланд — вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мегардад. Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани ин саммитҳо омодагии ҷиддӣ мебинад.
  Саммити аввал - Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки солона дар шакли нишасти президентҳои панҷ ҷумҳурии мустақили Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир мегардад. Чун қоида, Вохӯрӣ дар яке аз ин панҷ давлат бо навбат баргузор мешавад. Раиси фахрии ин ҳамоиш президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки дар ҳама нишастҳо ширкат намекунад ва раёсати маъмулӣ ба мизбони нишаст вогузор карда мешавад.
Аввалин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 15 марти соли 2018 дар Остона, Қазоқистон доир гашта, дуюмаш дар Тошканд, Ӯзбекистон  29 ноябри соли  2019  баргузор шуд. Моҳи августи соли 2020 баргузории ин ҳамоиш дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба далели пандемияи коронавирус «Ковид-19» он барои як сол мавқуф гузошта шуд ва Вохӯрии сеюм 6 августи соли  2021 дар Аваза, Туркманистон баргузор шуд. Вохӯрии чорум 21 июли соли 2022 дар Чолпон-Ата, Қирѓизистон доир гардид. Вохӯрии панҷум 14 сентябри соли 2023 дар Душанбе, Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ҳошияи Вохӯрӣ бар иловаи масоили ҳамгироии минтақавӣ, баргузории мулоқотҳои вазирони нақлиёт,  форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ ва намоишгоҳи рассомон, ҳамоишҳои “Муколамаи занон – пешвоёни Осиёи Марказӣ” ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда аст.
Дар Вохӯрии Душанбе  интизор меравад, ки Шартномаи дустӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI-ро, ки аз тарафи сарони се давлат – президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Содир Жапаров, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қаблан ба имзо расида буд, пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ аз тарафи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов низ ба имзо хоҳад расид.  Ин санад  бояд ташаббуси наздикшавии давлатҳои минтақаро берун аз чаҳорчӯби Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва бидуни иштироки ягон субъекти иловагӣ амалӣ намояд.
Мутобиқи ин санад кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифадор хоҳанд шуд, ки баҳсҳои худро дар доираи Шартнома ва танҳо тавассути  муколама, ва дар ҳолати зарурӣ тавассути эҷоди механизмҳои мувофиқашуда ҳал намоянд. Шартнома инчунин истифодаи кувваи харбиро зидди хамдигар аз тарафи давлатҳои минтақа манъ карда, ба муҳлати номуайян баста мешавад ва ҳар як кишвар метавонад бо додани огоҳиномаи хаттӣ аз он хориҷ шавад. Депозитарияи ин санади ҳуқуқӣ Қазоқистон муайян карда шудааст.
Мақсади Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ ба хотири ташаккули низоми устувори муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои асосӣ (иқтисод, сиёсат, амният, соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ѓ.) ва бидуни таъсири беруна ба ин минтақа мебошад. Пӯшида нест, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ байни давлатҳо масъалаҳои калидӣ, мисли делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадот, танзими обу энергетика, тиҷорату иқтисод, иқлиму экология роҳҳои ҳалли дурусти худро мунтазиранд.
Саммити дуюм, ки дар Душанбе доир мегардад, ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад ва яке аз чорабиниҳои сатҳи олӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
26 марти соли 1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома «Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал» имзо шуд, ки дар заминаи он Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис ёфт. Таъсисдиҳандагони Фонди байналмилалии наҷоти Арал кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, сохтори ниҳоии ташкилии ин бунёд 28 феврали соли 1997 аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст.
Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо навбат дар шаҳрҳои Алмаато (солҳои 1993-1997), Тошканд (солҳои 1997-1999), Ашқобод (солҳои 1999-2002), Душанбе (солҳои 2002-2008), Алмаато (солҳои 2009-2012), Тошканд (солҳои 2012-2016), Ашқобод (солҳои 2017-2019) ва инак дар Душанбе (солҳои 2020-2023) ҷойгир шуда, баъд аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 раёсат ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад.
Муайян шудааст, ки дар 30 соли ахир омадани оби дарёҳои Сир ва Ому ба баҳри Арал 86 %  кам шудааст, ки қариб 9 километри мукааб обро ташкил медиҳад. Тибқи мулоҳизаҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, минтақаи баҳри Арал ба яке аз калонтарин фоҷиаҳои экологии сайёра табдил ёфтааст. Ҳаҷми баҳр солҳои охир чор маротиба хурд, майдонаш ду баробар кам, яъне аз 60 000 км мураббаъ ба 28 000 км мураббаъ расида, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафтааст, яъне тамоюл ба хушкидан дорад. Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда, баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтааст. Биёбон 2 млн гектар заминҳои корамро фурӯ бурда, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расидааст. Миқдори моҳиҳо аз 200 ба 38 намуд омада расидааст. Мардуми соҳилҳои баҳри Арал, хусусан калонсолону кӯдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Дар атрофи Арал қариб 5 млн нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад ва он «минтақаи фалокати экологӣ» эълон гардидааст. Фоҷиаи баҳри Арал ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа, воқеан ба мушкилот мубаддал мешавад. Баҳри Арал, ки мисли нигине дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид ва вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт, дар манзари инсоният аз байн рафта истодааст.
Ба назари мо, барои ҳалли проблемаҳои минтақавӣ аз равишҳои куҳна дар сиёсати берунӣ даст кашида, ба таҳия ва муҳокимаи принсипу усулҳои нави ҳамкории минтақавӣ гузаштан лозим аст. Ва ин принсипу равишҳои нав равшананд: боварии тарафайн, муносибатҳои одилона ба нафъи тарафайн бо назардошти манфиатҳои дарозмуддат ва пешомадҳои тараққиёти ҳар яке аз давлатҳо ва минтақа дар умум.
Барои ба ҳамдигар наздик шудани кишварҳо ва оғози таҳияи принсипҳо ва равишҳои нави ҳамкории минтақавӣ нуқтаи назари худи давлатҳоро дар бораи нақш ва аҳамияти онҳо дар минтақа, имкониятҳо ва потенсиалҳои реалии онҳо барои мусоидат кардан ба некӯаҳволии умумиро аз нав дида баромадан лозим аст. Принсипҳои манфиатҳои умумии рушди минтақавӣ бояд бар манфиатҳои танги миллӣ, ки кишварҳо дар сиёсати минтақавии худ амалӣ мекунанд, бартарӣ дошта бошанд.
Ҳамин тавр, Осиёи Марказӣ бо як қатор чолишҳое рӯбарӯ аст, ки талош ва ҳамоҳангии ҷиддии кишварҳои минтақаро тақозо мекунад. Ҳалли бисёре аз мушкилоти экологӣ, бевосита, ба рафтору кирдор ва бархӯрди ояндабинонаи инсонҳо бо табиат марбут аст. Оқилонаву сарфакорона, мувофиқи эҳтиёҷ ва бо назардошти афзалияти дарозмуддат истифода кардани захираҳои обӣ ва ба ин васила  маҳфуз гузоштани баҳри Арал ва дигар сарватҳои табиӣ барои наслҳои оянда аз ҳар сокини минтақа маърифати баланди экологӣ, эҳсоси масъулияти инсониву виҷдониро тақозо менамояд. Умед аст, ки дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе тадбирҳои муштарак роҷеъ ба ҳалли мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия  мегарданд, созмонҳову ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкилот  мусоидат менамоянд. Бешубҳа, дар тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ ба нафъи рушду суботи минтақа, дар пешбурди фаъолияти “Фонди байналмилалии наҷоти Арал” саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.
 
Саидумар Раҷабов 
 
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia