casino malaysia
casino malaysia
Табрикот

wrapper

  Ба муносибати ҷашни  30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Раёсати Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, як қатор муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ АМИТ)  аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуд, ки боиси   ифтихори ҳайати кормандон  ва  ходимони илмӣ,унвонҷӯён ва магистрони  муассисаамон гардид. Аз ҷумла:
-Абдуллоев Шерзот, ходими  пешбари илмии   Шуъбаи  масоили  фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ, номзади илмҳои  фалсафа,   бо медали “Хизмати шоиста”;
 
-Холинова Миҷгона, ходими калони илмии  Шуъбаи  таърихи  давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ, номзади илмҳои  ҳуқуқ   бо “Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”
 
-Ибрҳимова Садбарг, мутахассис оид ба кор бо аспирантон  ва унвонҷӯёни  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ, номзади илмҳои  фалсафа  “Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” 
 Роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олимони дар боло зикргардидаро бо ин рӯзи  саодатманд табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои нави илмӣ - эҷодӣ дар фаъолияти меҳнатиашон орзуманд аст.
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia