casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Рушди таҳқиқоти масоили фалсафии дин дар замони Истиқлоли давлатӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
  Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати фарҳангсолор ва баруманди Тоҷик аст,ки баъд аз сафҳаҳои тираву тори таърих ва истисмору истибдоди сарзамини аҷдодии мо аз ҷониби аҷнабиён чи басо рӯзҳои талху сангин ва хисороти моддиву маънавиеро дида паси сар намудем,аммо боз ҳам руҳияи озодиву ободӣ ва ливои пешдодиро аз даст наниҳода ба сӯйи ояндаи дурахшоне гом бардошта ин масирро бо вуҷуди монеъаҳову душвориҳояш тай намудем ва билохира фатҳи қуллаи мурод бароямон муяссар гардида гувоҳи он шуд, ки асолати миллии мо ҳамеша ояндасозу ваҳдатофар ва фарҳангсолору илмдӯст аст. Муфассал ...
Хондан 538 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли давлатӣ пойдевори рушди ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
   Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро «арзишмандтарин дастоварди мардуми соҳибтамаддун ва қадимаи тоҷик» дар замони муосир арзёбӣ карданд. Воқеан, ба даст овардани ин неъмати олӣ, ки барои ҳар як халқу миллат хеле арзишманд ва боиси эҳтиром аст, сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоюли рушди тамоми паҳлӯҳои дигари ҳаёти давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне пас аз ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар тӯли 30 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гашт, ки дар таърихи мардуми мо ҳамто надоранд.      Дастовардҳои назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати 30 сол хело зиёданд ва барои баррасии онҳо даҳҳо ҷилд китобу рисолаҳо кам мебошанд. Аз нуқтаи назари мо, ин комёбиҳоро мухтасар ба таври зерин зикр намудан мувофиқи мақсад мебуд: Муфассал ...
Хондан 532 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Нигаронии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон нисбати масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ: вазъи ноором дар Афғонистон

  Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон пайваста ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Дар замони муосир яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои ҳарбии NATO бо роҳбарии ИМА аз қаламрави он имрӯз дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад.
  Вазъи мураккаби хатарноке, ки тули моҳи охир дар ин кишвар хукмронӣ дорад, танҳо мушкилоти кишвари Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами умуиҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ба сари қудрат омадани намояндагони ҳаракати “Толибон” дар Кобул ба равандҳои геополитикии минтақаи ОМ бетаъсир нахоҳад монд. Муфассал ...
Хондан 575 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Тоҷикистон 9 сентябри 2021 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик ин солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷашн хоҳад гирифт. Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати  тоҷик аст, ки си сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи  пурсаодат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид  ва минбаъд  ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашнӣ муқаддас  ба ҳисоб меравад. Муфассал ...
Хондан 638 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia