casino malaysia
casino malaysia
Нигаронии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон нисбати масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ: вазъи ноором дар Афғонистон

wrapper

  Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон пайваста ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Дар замони муосир яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои ҳарбии NATO бо роҳбарии ИМА аз қаламрави он имрӯз дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад.
  Вазъи мураккаби хатарноке, ки тули моҳи охир дар ин кишвар хукмронӣ дорад, танҳо мушкилоти кишвари Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами умуиҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ба сари қудрат омадани намояндагони ҳаракати “Толибон” дар Кобул ба равандҳои геополитикии минтақаи ОМ бетаъсир нахоҳад монд.
  Вақт равшан нишон дод, ки “Толибон” аз ваъдаҳои қаблии худ барои ташкили ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ шуруъ карданд. Ҷомеаи ҷаҳон ҳама гуна намуди фаъолияти ғайрилегитимӣ, зуҳуроти хушунату зӯроварӣ ва таъқибу зулмро дар Афғонистон, бар зидди намояндагони ҳамаи миллату қавмҳо ва ақаллиятҳои гуногун сахт маҳкум мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамҷавори Афғонистон ҳамеша ташаббускори ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли қазияи нимасра дар қаламрави ин кишвари ҷангзада буда, аз эҳёи сулҳу субот дар Афғонистон ва сохтори конститутсионни он тарафдории устувор мекунад.
  Роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, “...ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи зудтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46% мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард. Тоҷикон  бояд дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”.
  Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад ҳар чи зудтар таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба вазъи кунунии Афғонистон ҷалб карда, бо роҳи гуфтушунидҳо баҳри ба эътидол овардани вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодӣ, таъмини сулҳу субот, амнияти мардум ва эҳё кардани сохтори конститутсиониро дар Афгонистон ҳарчӣ зудтар чораҳои фаврии самаранок амалӣ шаванд.
  Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон бепарвогӣ зоҳир кунад, пас ин кишвари ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ кашида мешавад.
 Дар ин маврид Тоҷикистон ҳозир аст, ки баҳри барқарории амн дар тамоми қаламрави Афғонистони ҳамсоя бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ бо сарварии Созмони Милали Муттаҳид ва хусусан акторҳои калидии муносибатҳои байналмилалии муосир  дар ҷаҳон  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
  Тоҷикистон таҷрибаи амалии сулҳофарӣ ва Ваҳдати миллиро дорост ва дар раванди барқарор сохтани амну субот дар кишвари Афғонистони беканор нахоҳад монд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан саҳми худро дар муътадил сохтани вазъи Афғонистон мегузоранд. Дар раванди мулоқоти роҳбарияти Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ дар моҳи августи соли 2021 дар байни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон яке аз проблемаҳои марказӣ дониста шуда, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Юсуфҷонов Фаридун,
 
номзади илмҳои сиёсӣ,
ходими калони шуъбаи масоили сиёсии
муносибатҳои байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia