casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Ташаккул ва такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли  давлатии 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
  Дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ системаи сиёсӣ мақоми хосса дошта, он ҳамчун ҷузъи сохтории батанзимдарорандаи ҳамаи муносибатҳо дар давлат ва ҷомеа баромад мекунад. Системаи сиёсии ҷомеа аз маҷмўъи унсурҳои гуногун (халқ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои давлатӣ) таркиб ёфтааст ва баҳамтаъсиррасонии ин элементҳо кори онро таъмин менамоянд. Маҳз дар заминаи кори системаи сиёсии ҷомеа тартибот ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа таъмин карда мешавад. Хусусияти муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеа дар он аст, ки он ё аз дохил ва ё аз берун шикаста мешавад. Бо шикасти системаи сиёсии ҷомеа баҳамтаъсиррасонии элементҳои он барҳам хурда, бетартибӣ ва бенизомӣ дар ҷомеа ҳукумфармо мегардад. Охиринро мо дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии хеш дида будем. Муфассал ...
Хондан 1069 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Таъсиргузории мактабҳои илмӣ ба рушди малакаи таҳқиқотии олимони ҷавон дар даврони Истиқлолият

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Президенти мамлакат дар вохӯрӣ бо ҷавонон аз 21 майи соли 2021, таъкид намудаанд: «дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад»[1]. Вобаста ба масъалаи нақши мактабҳои илмӣ дар рушди малакаи илмии ҷавонони кишвар якчанд мулоҳизаҳои худро мехоҳам баён созам. Қаблан зикр менамоям, ки ҳеҷ шакке нест, ки дар даҳсолаҳои сипаригаштаи даврони истиқлолият чунин мактабҳо дар илми тоҷик мавқеъ доштанд, қомат афрохтаанд ва ба рушди онҳо мусоидат карда мешавад. Бо вуҷуди ин вақте ки ба ин масъала аз нигоҳи таҳлилӣ густурдатар ва мавқеи пешрафтҳои беназири илми ҷаҳонӣ назар меандозед, пас мебинед, ки мушкилоти зиёде ҳам дар ин самти ташкили илм вуҷуд дорад. Равиши интихобнамудаи баррасии мо марбут ба илмшиносии иҷтимоӣ аст, ки тибқи он омилҳои роҳ ёфтан ба дастовардҳои илмӣ, аз ҷумла дар самти тарбияи олимони ҷавон, ба шароитҳои мушаххас вобастагӣ дошта, аз дарки муносиби талаботҳои рушди ҷомеа бармеоянд[2]. Муфассал ...
Хондан 759 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(6 Овозҳо)

Таҳкими Истиқлоли давлатӣ  ҳамчун стратегияи миллӣ   дар даврони ҷаҳонишавӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли  давлатии 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
 
 Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни  сипаригардидаи кишварамон  воқеаҳои  сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард -  соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо 24 – август Эъломия дар бораи истиқлолиятро қабул намуд ва баъдан 9 – сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсии худро расман эълон намуд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабул намудани истиқлоли хеш ба монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардид. Яке аз чунин монеаҳо ин ҷанги ҳамватанӣ буд, ки дар шакли дағалу яроқнок бо дахолати мухолифин ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо ба вуҷуд омад. Муфассал ...
Хондан 733 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар давраи соҳибистиқлоли Тоҷикистон

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Дар давлати ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон дар умури давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзида, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки тибқи Конститутсия ва дигар қонунҳо соҳиб гардидаанд, амалӣ менамоянд. Бо ҳамин маъно моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шуда, эътироф, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода мешавад. Дар ин замина, падидаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар раванди ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқҳои халалдоршуда ва (ё) поймолшудаи онҳо василаи муҳим мебошад, ба сифати маҳаки асосӣ бозтоб мегардад. Муфассал ...
Хондан 904 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia