casino malaysia
casino malaysia
Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар давраи соҳибистиқлоли Тоҷикистон

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Дар давлати ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон дар умури давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзида, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки тибқи Конститутсия ва дигар қонунҳо соҳиб гардидаанд, амалӣ менамоянд. Бо ҳамин маъно моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шуда, эътироф, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода мешавад. Дар ин замина, падидаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар раванди ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқҳои халалдоршуда ва (ё) поймолшудаи онҳо василаи муҳим мебошад, ба сифати маҳаки асосӣ бозтоб мегардад.
  Бунёди ҳуқуқии падидаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, тибқи муқаррароти моддаи 31-и Конститутсия, ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон дар сатҳи конститутсионӣ чунин муайян гардидааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд».
  Бояд тазаккур дод, ки ҳуқуқи муроҷиат намудани шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва шахсони мансабдор дар асоси таъиноти дахлдори Конститутсия ва санадҳои меъёрии марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ёфта, шаҳрвандон на танҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқи муроҷиатро (дар намуди пешниҳод, ариза ва шикоят) доранд, инчунин ҳуқуқи талаб намуданро дар шакли ҳуқуқи бо роҳи қонунӣ талаб намудани маълумотҳо, гувоҳномаҳо, нусхаи ҳуҷҷатҳо ва амсоли инҳоро соҳибанд. Дар ин росто мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор барои таъмин намудани имконият ба ҳар як шахс ҷиҳати пайдо намудан ва шинос шудан ба ҳуҷҷатҳои ба ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дахлдошта вазифадоранд.
Дар заминаи таъиноти фавқуззикр Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми декабри соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон”-ро ба тасвиб расонид, ки муқаррароти болозикри Конститутсияро инкишоф дода, механизми татбиқи талаботи онро муайян ва танзим менамуд.
  Дар баробар ин, таѓйироти муносибатҳои љамъиятӣ дар Тоҷикистон собит гардонанд, ки дар ин самти қонунгузорӣ ислоҳот гузаронида шавад. Бинобар ин, Маҷлиси Олӣ бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории соҳаи дахлдор, соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро қабул намуд.
  Дар Қонуни мазкур муносибатҳо вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ирсол гардидаанд, ба танзим дароварда шуда аст.
 Дар зери мафҳуми «муроҷиат» дар Қонуни номбурда ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд, ташреҳ гардида, ба ҳайси «муроҷиаткунанда» – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар муроҷиат намудааст, маънидод гардидааст.
  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар баробари муқаррар намудани тартиб ва муҳлати пешниҳод намудан, инчунин тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба таври зарурӣ пешбинӣ намудааст.
  Аз ҷумла дар моддаи 17-и ҳамин Қонун уҳдадориҳои мақомоту ташкилоти дахлдор, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамоянд ба танзим дароварда шуда, мушаххасан муқаррар карда шуда аст, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоту ташкилоти дахлдор воридгардида бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Зимни ин муқаррарот мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадор мебошанд, ки барои баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳо, бо назардошти тартиб ва роҳҳалҳои бо қонуни мазкур муайяншуда, амал намоянд.
  Масалан, дар мувофиқа ба ҳамин таъинот, дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати шикоят кардан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррароти дахлдор пешбинӣ гардидааст. Дар асоси он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, шикоятҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд.
Дар заминаи муқаррароти моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” талабот ба муроҷиатҳои хаттӣ муайян гардидааст, ки дар асоси он ҳатман дарҷ намудани насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳали воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиат ва имзои муроҷиаткунанда шарти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Гузашта аз ин, қонунгузории дахлдор муқаррар намудааст, ки дар муроҷиати шахси ҳуқуқӣ бояд номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, сана, рақами содиротӣ ва муҳтавои муроҷиат нишон дода шуда, аз ҷониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад.
  Дар ин замина қонунгузории дахлдор нисбат ба муроҷиатҳое, ки тавассути намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд, замима намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаро зарур меҳисобад.
  Дар асоси талаботи моддаи 15-и ҳамин Қонун дар шикоят ҳатман пешбинӣ гардидани ном, номи падар, фамилия, имзо ва суроғаи муроҷиаткунанда, суроға ва номи мақомот ё шахси мансабдор, ки нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ӯ шикоят оварда мешавад, баён намудани моҳияти қарор ё амали (беамалии), ки ба андешаи аризадиҳанда ҳуқуқу озодиҳои ӯро вайрон намудааст ё вайрон мекунад, инчунин нусхаи қароре, ки нисбат ба шикояти бо тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасигардида қабул шудааст, зарур мебошад.
  Моҳиятан баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоту ташкилоти дахлдор ҳамчун, талаботи муҳим ва зарурӣ дар қонунгузории амалкунандаи кишвар мустаҳакам гардида, аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда, ки баррасии муроҷиатҳо ба зиммаашон вогузор карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
  Бо мақсади дар сатҳи қонунӣ риоя шудани муқаррарот ва механизми самаранок татбиқ гардидани таъинот оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои дахлдорро дар хусуси ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муқаррар намудааст.
  Дар асоси мулоҳизаҳои боло метавон хулоса намуд, ки муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ омили муҳим, асосӣ ва амалии ҳаллу фасл гардидани мушкилот дар самти ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқҳои халалдоршуда ва (ё) поймолшудаи инсон баҳисоб рафта, ҳамчун падидаи муҳими ҳуқуқӣ дар шароити соҳибистиқлолии давлати демократию ҳуқуқбунёд барои инкишофи ҷомеа мусоидат менамояд.
 
Сангов Тоҷиддин,
  
ходими илмии Шуъбаи
ҳуқуқи давлатии ИФСҲ
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia