casino malaysia
casino malaysia
Ташаккул ва такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли  давлатии 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
  Дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ системаи сиёсӣ мақоми хосса дошта, он ҳамчун ҷузъи сохтории батанзимдарорандаи ҳамаи муносибатҳо дар давлат ва ҷомеа баромад мекунад. Системаи сиёсии ҷомеа аз маҷмўъи унсурҳои гуногун (халқ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои давлатӣ) таркиб ёфтааст ва баҳамтаъсиррасонии ин элементҳо кори онро таъмин менамоянд. Маҳз дар заминаи кори системаи сиёсии ҷомеа тартибот ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа таъмин карда мешавад. Хусусияти муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеа дар он аст, ки он ё аз дохил ва ё аз берун шикаста мешавад. Бо шикасти системаи сиёсии ҷомеа баҳамтаъсиррасонии элементҳои он барҳам хурда, бетартибӣ ва бенизомӣ дар ҷомеа ҳукумфармо мегардад. Охиринро мо дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии хеш дида будем.
  Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ равандҳои сиёсӣ дар мамлакат хусусияти зиддиятнок  гирифта оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ анҷомиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар навбати худ боиси шикасти системаи сиёсии дар замони шўравӣ шаклгирифтаи ҷомеаи тоҷик гардид. Ин ҳолат давлати тозаистиқлолро ба мушкилиҳои ҷиддӣ дар оѓози раванди давлатсозӣ мувоҷеҳ намуд. Дар натиҷа фалаҷи ҳокимият, парокандагии ҷомеа, қувватгирии неруҳои иртиҷоӣ, талаву тороҷи моликияти давлатӣ ифодакунандаи беҳокимиятӣ ва бенизомӣ дар ҷомеа гардид.
 Барқарорнамудани ҳукумати конститутсионӣ, сарҷамъ намудани қувваҳои солимфикр, дарки  хатари азбайнравии Истиқлоли давлатӣ, хатари пароканда шудани миллат, омили муҳим дар роҳи мустаҳкамкунии ниҳодҳои давлатӣ ва бунёди системаи нави сиёсии ҷомеа гардид. Дар ин раванд баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи мамлакат, ки 6 – ноябри 1994 сурат гирифтанд, талошҳои муҳим дар таҳкими зербинои асосии системаи сиёсии ҷомеа гардиданд.
 Конститутсияи соли 1994 қабулгардида ба сифати яке аз аввалин механизмҳои асосии идоракунии давлатӣ баромад менамояд. Умуман дар байни механизмҳои идоракунии давлатӣ, Конститутсия дар ҷои аввал меистад. Зеро Конститутсия моҳиятан қоидаҳои тартиботи сиёсиро дар ҷомеа мауйян намуда, кори системаи сиёсии ҷомеа ва баҳамтаъсиррасонии элементҳои онро танзим менамояд.
  Аммо он қоидаҳои тартиботи сиёсие, ки Конститутсия муқаррар менамояд, шахшуда набуда, бо рушди ҷомеа ва ташаккули системаи сиёсии ҷомеа метавонанд такмил ёбанд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 26 сол, се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ин таѓйиротҳо дар такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ нақши босазо бозидаанд.
  Мувофиқи таѓйиру иловаҳои дар соли 1999 ба Конститутсия воридшуда, дар системаи сиёсии мамлакат парламенти якпалатагӣ ба парламенти касбии дупалатагӣ иваз гардид. Новобаста ба он, ки дар ҳамон замон буданд, сиёсатшиносоне, ки ба зарурияти парлумони дупалатагӣ дар Тоҷикистон шубҳа доштанд ва онро монеае дар кори системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ медонистанд, вале довари асосӣ – вақт, нишон дод, ки парлумони дупалатагӣ на монеа, балки дар такмили кори системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ саҳми назаррасе гузошта истодааст. Фаъолияти босамари ин ниҳод баҳри ташаккул ва рушди низоми қонунгузории миллӣ мусоидат намуда, фазои ҳуқуқии мусоидро баҳри рушди ҳама   соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё намуда истодааст. Ин ислоҳоти конститутсионӣ моҳияти сохторӣ ва функсионалӣ дошта, низоми давлатдории моро дигаргун сохт.
  Тағйироти соли 2003 ум ба Конститутсия воридгардида, мӯҳлати ваколати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 5 ба 7 – ва судҳоро аз 5 ба 10 сол дароз намуд. Агар мо равандҳои иҷтимоию-сиёсӣ ва воқеияти ҷамъиятии ҳамонзамонро ба ёд биоварем, зарурати ин таѓйиротҳоро дарк хоҳем кард. Дар он замон вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ва сиёсии мамлакат талаби ҳокимияти пурқувват ва ҳукумати тавоноеро менамуд. Илова бар ин барои кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат таҳкими ҳокимияти судӣ зарур буд.
  Бо такя ба гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки таѓйииру иловаҳое, ки солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия ворид карда шудаанд, заминае барои такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушти давлатдории миллӣ гардиданд. Таѓйиротҳо асосан ба такмили се шохаи ҳокимияти давлатӣ - Қонунгузор, Иҷроия ва Судӣ равона гардида буданд. Дар ин замина баҳри рушди шакли нави муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
  Мувофиқи тағйироти соли 2016 ба Конститутсия воридгардида, минбаъд   дар қаламрави мамлакат фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмондодани ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динӣ дошта манъ гардид. Инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи дастгирии молиявӣ кардани ҳизбҳои сиёсиро дар қаламрави ҶТ надоранд. Талабот ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мансаби Президент, вакилони Маҷлиси Олӣ ва судяҳо то 5 сол поён карда шуд. Ҳамзамон талабот барои савганд ёдкардани аъзои Ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Олӣ ҷорӣ гардида, шаҳрвандоне, ки мақоми душаҳрвандӣ доранд ба чунин мансабҳо роҳ дода намешаванд. Илова бар ин дар системаи сиёсии мамлакат унсури нав – ниҳоди Пешвои миллат ҳамроҳ карда шуд.
 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди Пешвои миллат, ҳамчун як ниҳоди иҷтимоӣ-сиёсӣ бо мақсади тақвият ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагию тамомияти арзӣ, сулҳу суббот ва пойдории давлат, таҳкими низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таъсис дода шудааст.
 Дар ҷорӣ намудани тартиботи нави сиёсии дар мамлакат таъсири равандҳои номатлуби сиёсии солҳои охир дар дохил ва хориҷи кишвар рафтаистода бараъло ба назар мерасад. Мо дар таҷрибаи давлатдории хеш, дидем, ки ҳизби сиёсии хусусияти динӣ дошта ва дастгирии молиявии чунин ҳизб аз хориҷи кишвар ба тартиботи сиёсии ҷомеа халал ворид карда, қоидаҳои фаъолияти сиёсиро, ки Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ муайян менамоянд, вайрон менамуд. Он таѓйиротҳое, ки вобаста ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таинӣ ворид гардидаанд, имкон медиҳанд, то ҷавонони мамлакат битавонанд ба ин ё он мансаби давлатии интихобӣ талош варзанд.
  Дар мавриди унсури нави системаи сиёсӣ – институти Пешвои миллат, метавон гуфт, ки дар қаринаи равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавии рафта истода, ки аксарияти онҳо пешгуинашаванда ҳастанд, зарурати пайдошудани чунин ниҳодро тақозо менамуд. Зеро ин ниҳод имконият медиҳад, ки зимни тасмигириҳо дар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тасмимҳои дуруст ва оқилона гирифта шавад, то, ки дар ҷаҳони пуртаззод   соҳибистиқлолӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот ва асосҳои сохтори конститутсионӣ дар мамлакат нигоҳ ва тақвият дода шуда, рушди бо суботи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ таъмин ва шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон фароҳам оварда шавад.
  Дар маҷмуъ ҳамаи се таѓйироти ба Конститутсия воридгардидаро ба назаргирифта, метавон гуфт, ки онҳо барои ташаккули системаи сиёсии ҷомеа, такмили низоми давлатдорӣ равонагардида буданд. Илова бар ин тартиботи нав, фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ инчунин созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои дар асоси ақидаҳои миллӣ ва динӣ дар қаламрави мамлакатро манъ намуда, дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсиро аз ҷониби давлат ва шахсини ҳуқуқию шаҳрвандони хориҷӣ манъ намуд. Ин тағйирот ҳаргиз маънои маҳдудкунии озодиҳои динӣ ва эътиқодиро  надошта, балки бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ ворид карда шуданд. Аҳамияти онро бошад воқеияти имрўза собит намуда истодааст.
  Хулоса дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ташаккул ва такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ чунин омилҳо нақши асосӣ бозидаанд:
- иваз шудани парлумони як палатагӣ бо парлумони дупалатагӣ, таҳкими ҳокимияти иҷроия ва низоми судӣ;
- ҷорӣ намудани қоидаҳои тартиботи нави сиёсӣ - манъи фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмондиҳии ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динӣ дошта дар қаламрави  ҶТ;
- манъи дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии  хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҶТ;
- поён кардани талабот оид ба синну соли мансабҳои давлатии интихобӣ ва таинӣ;
- ҷорӣ намудани талабот оид ба савганд ёдкардани аъзои Ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Олӣ,
- роҳ наёфтани шахсони дорои душаҳрвандӣ ба мансабҳои давлатӣ;
- ташкили ниҳоди Пешвои миллат.
          Бо такя ба гуфтаҳои боло  метавон гуфт, ки системаи сиёсии ҷомеаи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ва такмил ёфта давлатдории милли низ рушд кардааст. Охириҳо имрўз ҷавобгӯ ба воқеъияти ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик мебошанд. Умедворам онҳо минбаъд низ дар таъмини тартибот ва суботи сиёсии ҷомеаи тоҷик ва баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ саҳми босазоеро мегузоранд.
 
Муродов Субҳонҷон Абдуқодирович,
 номзади илмҳои сиёсӣ,
мудири Шуъбаи сиёсатшиносии
 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia