casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Ҷурми тоҷик чист?

   Чаро дунё дар муқобили тоҷик истод шуда ва насли ин миллатро ҳамвора қатл ва бозмондаҳояшро дар фақру заҷру бадбахтӣ гирифтор мекунад?
   Гӯё тоҷик миллатест, ки ҳама аз ӯ биҳаросанду нисбаташ эҳсоси хатар намоянд… Иллати чунин бархӯрд бо тоҷикро ҳатто ононе тоҷикбадбин ҳастанд, боре ҳам ба таври бояду шояд шарҳ надодаанд… Муфассал ...
Хондан 635 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҳаракати террористии “Толибон” ба  Ислом ҳеҷ рабте надорад!

    Имрӯз ҳаракати террористии «Толибон»  ҳамчун чеҳра ва ботини Ислом дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад ва касоне, ки ин гурӯҳи террористонро ба сари ҳукумат оварданд, асли ҳадафашон ба ҷаҳониён  манфур нишон додани чеҳраи Ислом аст. Дар ин замина, фарзу суннат, иҷтимоъот ва бархўрди дини Ислом бо умматонашро дар шахси ҳаракати террористии «Толибон»  бозгӯ намудан аст, ки албатта, ин ҳама мухолифи аркону гуфторҳои дини Ислом аст, аммо инро мо медонему мегӯем, мардуми сайёра ин ҳамаро мӯ ба мӯ, ки намедонанд, гумон мекунанд Ислом - ин ҳаракати террористии “Толибон” аст. Муфассал ...
Хондан 673 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Истиқлоли зеҳнӣ ва саҳми он дар иттиҳоди миллат

    Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.

    Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.

Муфассал ...
Хондан 677 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Меҳргон ва аҳамияти байналмилалии он

     Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз  ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.

Муфассал ...
Хондан 790 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia