casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

 Сада ҷашни нуру оташ

  Ҷашни Сада монанди Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон ва эронитабор буда, дар оғози  шомгоҳ даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ғалабаи нур бар зулмот, яъне ғалабаи хайр аз болои шар(р) ва ҳамкориву ҳамбастагии мардум аст, ки мардуми эронитабор, махсусан дар як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон, Теҳрон, Кирмон, Кошон, Язд, Ҳамадон, Сабзвар, Шабистар, Ҳамадон, Ромсар  ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия ва ғайраҳо бо гирд омадани мардум дар як макон аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.   Муфассал ...
Хондан 575 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Механизмҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 омадааст: «Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим саҳми арзишманд дорад. Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст». Муфассал ...
Хондан 805 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Паёми Президент – доктринаи нави сиёсӣ-ҳуқуқӣ

   Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун анъанаи таҷрибаи нави давлатдорӣ аз тарафи аҳли ҷомеа бо мароқ ва эътибори хоса пазируфта мешавад. Зеро ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа ва сохторҳои таркибии он, дар шаклу мазмуни гуногун ифода ёфта, роҳҳои такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди онҳо муайян карда шудааст. Ҳар як фарди ихтисосманд дар Паёми Президенти ҶТ соли 2021 оид ба самтҳои гуногуни мукаммалгардонии фаъолияти касбии худ нуктаҳои ҷолиби диққатро пайдо мекунад. Муфассал ...
Хондан 585 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди  давлати миллӣ

   Оғоз. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо роҳ боз шуда, ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зарар дида истодааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад. Муфассал ...
Хондан 556 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia