casino malaysia
casino malaysia
 Сада ҷашни нуру оташ

wrapper

  Ҷашни Сада монанди Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон ва эронитабор буда, дар оғози  шомгоҳ даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ғалабаи нур бар зулмот, яъне ғалабаи хайр аз болои шар(р) ва ҳамкориву ҳамбастагии мардум аст, ки мардуми эронитабор, махсусан дар як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон, Теҳрон, Кирмон, Кошон, Язд, Ҳамадон, Сабзвар, Шабистар, Ҳамадон, Ромсар  ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия ва ғайраҳо бо гирд омадани мардум дар як макон аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.  
  Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан  будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр дониста, онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардум медонанд. Солҳои замони Истиқлол бо кумаку ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ Сада эҳё шуда, ҳамчун маросими суннатӣ дар баробари Меҳргону Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
  Баъзе мутафаккирон номи Садаро аз сад гирифташуда медонанд. Донишманди бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ дар ҷои дигар омадааст: «Шумораи фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни сада аст, сад рӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.   
  Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, ки мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[1]замони неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳ пайваста дуою дархостҳои зиёдеро дар муқобили шар(р)-и Аҳриман ва зулмот анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо Аҳриман дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми  баҳманмоҳ, ки ҷашни сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рӯз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рӯзи Сада кашф шуда буд, ва дар айни ҳол василае  барои мубориза бо Аҳриман буд. Ойини оташ гирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рӯз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рӯз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рӯзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шуруъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасӯзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.
  Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсобод дар китоби «Наврӯзнома» бар ин ақидаанд, ки Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.
  Фирдавсии бузургвор навиштааст, ки Ҳушанг подшоҳи Пешдодӣ, ки шеваи кишту кор, кандани коррез, яъне обанбору ҷӯйҳо, шинондани дарахтонро ба ӯ нисбат медиҳанд. Рӯзе Ҳушанг дар доманаи куҳ море дид ва санг баргирифту ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард. Аммо аз бархурди сангҳо ҷарақае зад ва оташ падидор шуд. Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳони Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[2]
  Агар садаро аз дидгоҳи таърихӣ дида бароем достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз куҳ мегузаштанд, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардоша ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба куҳ бархурд кард ва оташ аз бархурди сангҳо бархост ва фуруғе падид омад:
Бар омад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фуруғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фуруғ озарранг.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
К-и ӯро фуруғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Якӣ ҷашн кард он шабу бода хурд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод, чун ӯ дигар шаҳриёр.[3]
  Албатта, мори сиёҳу оташи аз бархурди ду санг падид омада ин рамзи ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ, хайр бар шар(р) аст, ки яке аз мавзӯҳои асосии достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки дар панду тарбияи маънавию ахлоқии инсонҳо нақши хосае дорад.
Ҷашни Садаро бисёре аз бостоншиносон бо достони кашфи оташ тавассути Ҳушанг шоҳи Пешдодӣ, ки яке аз подшоҳони афсонавии Эрони бостонӣ будааст марбут медонанд, ки мисраҳои боло шоҳиди ин фикр аст.          
  Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташгирён кардани ҳезуме, ки  мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ  ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо оғоз мешавад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрухтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст. Ҳатто дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон, махсусан Кирмон расм аст, ки кишоварзон аз хокистари оташи ҷашни Сада бар заминҳо мепошанд, чунки бар он ақида будаанд, ки  ин хокистар ба замин баракат меорад. Чунин анъана дар байни баъзе аз кишоварзҳои тоҷикон низ вуҷуд дорад, ки хокистари оташи аз ҳезум сухта барои ҳосилхез шудани замин кумак мекунад ва онро ба заминҳои кишт мепошанд. Шояд ин анъана аз ҳамон замонҳои қадим барои мардуми тоҷик мерос монда бошад ва ё вақте ки баъзеҳо бемории равонӣ мешаванд ҳакимон зери ғор ва ё теппаҳо ва ё дар лаби дарё бурда оташ гирён мекунанд ва бемори равониро бо рамзи рӯҳи палид ва ё қувваи бад аз вуҷудаш хориҷ шудан аз болои оташ мегузаронанд. Эҳтимол дорад, ки аз лиҳози психиологӣ – ин рамзи боло гирифтани нур ва гармои оташ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ аст ва нишонаҳои қадимаи расму анъанаи ҷашнгирии Садаро аз тарафи тоҷикон дар бар гирад.   
   Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ва чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.
   Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ-иҷтимоӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ҳикмати ин ҷашнҳои суннатӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки мардумро ба баракату шукргузорӣ, тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, дӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои суннатӣ  инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии Аҳримани хеш ғалаба кунад ва худро аз зулмоти нафс ба сӯи рушноӣ – нур бикашад.

Муродова Тоҷинисо,
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ-и
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
[1] Аз 22-и декабр то 22-и январ – дей ва аз 22-и январ то 22-и феврал - баҳман
[2] Дар ҷараёни навиштани кор аз сайти интернетӣ низ истифода шудааст
[3] https: //fa/wikipedia/org/wiki/

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia