casino malaysia
casino malaysia
Таърихи пайдоиши ҷашни Сада

wrapper

  Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, пас аз сукути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар пораи аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати ҳудро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад»
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Аз давраҳои қадим то имрӯз, Наврӯз, Сада, Меҳргон ва суннату оинҳои онҳо як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо мебошад. Аз ин рӯ пос доштани ин суннатҳо ҳамчун суннатҳои аҷдодӣ ба ҳар яки мо амри ҳастӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Зеро тамаддуни Ориёӣ ба инсоният ҷашнҳоеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад.
Тавассути супоришу дастурҳои Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои қадимии ниёгонамон аз нав эҳё шуда рӯз аз рӯз беҳтару хубтар ва дар сатҳи баланд қайд карда мешавад. Маҳз бо дастгирӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ қайд гардидани Наврӯзи оламафрӯз хизмати беҳамтои Пешвои Миллат мебошад.
  Яке аз қадимтарин суннатҳои ҳалқи мо ҷашни Сада мебошад. Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз давраи қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми форстабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо ба сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулҳанҳои бузург гиромӣ медоштанд.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман солшумории ҳиҷрӣ - хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд.
  Оид ба шарҳи истилоҳи ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки Сада аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё  имлои 100 аз 100 шаб ва рӯз иборат буда, замону фарорасии Наврӯзро ифода мекунад. Аммо номи ин ҷашн ба шумораи сад ва наздик омадани Наврӯз иртиботе надорад. Сада ҷашни оини митроӣ ё меҳрпарастӣ аст.
  Дар тақвимҳои халқи тоҷик чиллаҳое вуҷуд доранд, ки решаи чилла низ ба дини митроӣ рафта мерасад. Чиллаи калони тоҷикон, инчунин мардумони дигар форстабор аз 21-уми декабр оғоз меёбад. Ин рӯз дар оини Митроӣ зодрӯзӣ Эҷод Митро маҳсуб шудааст, яъне рӯзи таваллуди нуру равшанӣ аз 21-уми декабр cap карда, рӯзҳову дақиқаҳо дарозтар мешаванд. Ин рӯзро форсҳо Шаби Ялдо номида то ба фарорасии субҳ таҷлил мекунанд.
Шаби Ялдо шаби таваллуди Митро аст. Вожаи «Ялдо» аз забони Суриёӣ буда, маънояш валодат ва ё таваллудро дорад. Тибқи ривоятҳои бостонӣ Митро дар ғор таваллуд шуда, чил рӯз онҷо мемонад ва рӯзи чилуякум аз ғор берун меояд. Ин суннат ҳоло ҳам дар байни мардуми мо ҷорист, ки тифли навзодро чилладор шуморида, чил рӯз бо эҳтиёт парвариш мекунанд, ба берун намебароранд, ба шахси бегона нишон намедиҳанд, шабона танҳо намемонанд.
   Форсиёни қадим рӯзи аз ғор берун омадани Митроро бо номи Сада ҷашн мегирифтанд. Ҳамчунин рамзи равшанӣ ва гармӣ гулханҳои бузург меафрӯхтанд, дар атрофи онҳо хурсандию шодмонӣ мекарданд. Ин ҷашн ёдгориест аз давраи ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг, баъзеҳо ба Фаридун ва ҳатто ба Ардашер нисбат медоданд.
  Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.
Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
  Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
   Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”[1,263].
  Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”[2].
   Ҳамин тариқ Сада ҷашни бостонии тоҷикон буда, мазмунҳои асотирӣ дорад ва онро ба хотири анҷомёбии чиллаи калони фасли зимистон таҷлил мекарданд. Аз ишораҳои шоирони асри 10-12 маълум аст, ки Сада дар ин асрҳо як андоза эҳё гашта ҳамчун як ҷашни оммавии дарборию маъмурӣ аслан, бо мақсади шодию нишот гузаронида мешуд. Пас аз ҳамлаи муғулҳо ва монеъ шудани шоҳони турктабору мутаассибон Сада расман аз ҷашнгирӣ бозмонд. Аммо дар байни мардуми заҳматкаш бозмондаҳои он дар шаклҳои гуногун то дергоҳ маълум буданд.
   Имрӯз баъд аз ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳдо намудани суннату фарҳанги ниёгон бо ташаббуси Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҷашни миллию аҷдодии халқи тоҷик аз нав зинда карда шуд, ки онҳо ҷашни Наврӯз, Меҳргон ва ҷашни Сада мебошанд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин имшаб ту гӯйи кӯҳи тур аст,
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд.
В-агар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.
Ҳамон к-ин диёр андар биҳишт аст.
 
Таҳияи: Ҷангибекова Садаф,
магистранти соли аввали Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқиқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
Адабиёти истифодашуда
  1. Э. Раҳмон Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ.-Д.: “Ирфон”- -372с.
  2. Ҷашни Сада меросе аз ниёгони мост// https://www.vfarhang.tj/index.php /tj/khabar-o/4246-ashni-sada-meros-az-nijogoni-most [Санаи воридшавӣ:25.01.2022] Манбаъи  электронӣ.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia