casino malaysia
casino malaysia
Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди  давлати миллӣ

wrapper

   Оғоз. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо роҳ боз шуда, ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зарар дида истодааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад.
  Бузургтарин неруи муҳофизи манфиати миллӣ дар чунин раванди таҳоҷуми иттилоот ва торҳои печидаи сарчашмаҳои маълумотӣ ва ахборӣ, ки тафовут миёни ҳақиқат ва ботил беранг шудааст, фаҳми дуруст, бехато ва возеҳияти асли иттилоот аст. Бале, фаҳми дуруст ва дарки ҳақиқати маълумот имрӯз қуввати бузурги созанда ва ҳифзкунанда аст. Фаҳми дурусти танҳо иттилооти моҳвораӣ, интернетӣ не, инчунин фаҳм ва дарки дурусти талаботи қонунҳо, директиваҳо, паёмҳо, консепсияҳо ва дигар иттилооти хосияти оммавӣ доштаи чи дохилию чи хориҷӣ низ дар ин асно истисно нестанд.
  Дар ин ҷода фаҳм ва дарки аслҳои маънавӣ ва моддии Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат, ки як навъ ҳисоботу таҳлилу дурнамои рушди миёнадаврии давлати мост, дорои қудрати азими созандагӣ ва бунёдкорист. Таҷрибаи беш аз бистсолаи паём ҳамчун падидаи сиёсии Роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки давлатдории миллии мо ба ин санади муҳимми сиёсӣ мазмун ва мундариҷаи миллӣ бахшида рукн ва қубҳи онро дар ҳамбастагӣ ба манфиатҳои моддӣ ва маънавии миллат ва давлатсозии халқамон такмил дод. Ин симати такмилёбии падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба шароити замону макон ва талаботи даврӣ аломати муътадил ва раванди қобили қабули рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои давлатдор аст.
Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-уми декабри соли 2021 садо дод. Сарвари кишвар дар паёми навбати худ ҳамчун давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои муайяни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2022 ва панҷ соли оянда то соли 2026 масъалагузорӣ намуд.
  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафили истиқлолияти миллӣ (қ. 2. м. 64 Конститутсия) дар чунин шароити ноороми олам (дар Украина, Сурия, Афғонистон, Қазақистон ва дигар давлатҳо), ба масъалаи ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва бардавомии давлат ва зиндагии осоиштаи халқ ҷиддӣ таваҷҷуҳ намуда, роҳҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳимояи давлати ҷавони моро такроран масъалагузорӣ намуданд. Равшан буд, ки аз назари Роҳбари давлат ҳанӯз масъалаи ҳифзи маънавӣ ва сиёсии кишвар дар шароити ҷаҳони ноором аз рӯзномаи давлатсозӣ дур нарафтааст [23. 588]. Аслҳои ин ҳимояро Президент дар ташаккули сохти сиёсию ҳуқуқӣ, иҷимою фарҳангӣ ва иқтисодии давлат, аз ҷумла дар саноатикунонии босуръати мамлакат дар панҷ соли оянда, такмили сифати таълим дар низоми маориф, касбомӯзии ҷавонони аз 18 сола боло ба таври умум масъалагузорӣ намуданд.
Пешвои миллат дар баробари рисолати давлатсозию миллатташаккулдиҳияшон масъулияти комили ҳифзи соҳибихтиёрии давлатро мутобиқ ба талаботи конститутсионӣ ҳамчун рисолати инсонӣ ва виҷдонӣ бар дӯш дошта, ҷиҳати коркарди усулҳои наву муосири таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории тоҷикон ҳамеша заҳмат мекашанд. Президент дар Паёми тозаи худ, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 21 декабри соли 2021 ироа гашт, бори дигар ба заминаҳои маънавӣ ва ҳуқуқии ҳифзи соҳибихтиёрии давлат таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи муҳими осебпазири фазои маънавиии кишвар ва роҳҳои ҳимояи онро масъалагузорӣ намуданд:
1. Ҳифзи фарҳангӣ миллӣ заминаи устувори ҳимояи пойдории давлати миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳост. Маҳз фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва рӯзгори пурғановати маънавии таърихи миллат аз воситаҳои асосии намои соҳибихтиёрии миллӣ, сарчашмаи нодири худшиносӣ ва кафили пойдории давлати мустақили миллист. Бо ин мақсад шинохтан, гиромӣ доштан ва эҳёи ақлонии сарчашмаҳои нодири ин ганҷинаи пурғановат вазифаи халқи соҳибдавлат аст. Президенти мамлакат ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд: «Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад» [12].
Дурустӣ, ногузирӣ ва асоснокии илмии таъкидҳои мунтазами Роҳбари давлатро дар масъалаи зарурати ҳифзи мероси пурғановати фарҳанги ниёгон, бевосита равандҳои ноороми ҷаҳони муосир, фишори аз ҳад зиёди онҳо ба аслҳои фарҳанги миллӣ, бегонакунонии намунаҳои ахлоқи миллӣ ҳамчун унсури фишороварандаи хориҷӣ аз як ҷониб, хусусиятҳо ва талаботи шаклгирии ҷомеаҳои муосири давлатдор аз ҷониби дигар, ҳамчун раванди дохилӣ собит менамоянд.
Яке аз чунин талаботҳои мубрами рӯз, ки – қонеъ сохтани он бе истифода аз мерос ва таҷрибаи пурғановати фарҳангӣ-миллӣ хеле мушкил аст, – эҷоди мафкураи солими миллӣ ва ташкили роҳҳои самараноки муқовимат бо хурофот, ифротгароию сиёсисозии дин мебошад. Қисмати фарҳангӣ ва маънавии Паём дар ҳама нуктаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ зуҳури худро муаррифӣ кард. Маҳз иқтисодиёти пешрафта, таъмини ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва варзишӣ, шароити хуби зиндагӣ дар маҷмӯъ аз омилҳои асосии дур намудани насли наврас аз хурофот ва таассуб аст, ки дар Паём аз назари мантиқӣ ҳамчун алгоритми рафтори ҷомеа ва мақомоти давлатӣ масъалагузорӣ гардид [5. 80-87].
Дар баробари коркарди заминаҳои муосири таҳияи инсони солеҳ бо мафкураи солими миллӣ Президент ҷанбаи таъсиррасонии фарҳанги пурғановати ниёгонро ба ташаккули худшиносии миллӣ аз мадди назар дур намонданд. Муроҷиат ба афкори фалсафию ҷамъиятии ниёгон, таърихи халқи тоҷик, омӯзиши таълимоти мутафаккирону фақеҳони таҳаммулгарои асримиёнагии тоҷик на танҳо барои ҳалии мушкилоти зикршудаи тағйирпазир, балки барои ташаккули шуури солим ва истиқлоли фикрии муҳаққиқони имрӯза низ мусоидат намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ҳифз ва рушди мафкураи солими миллӣ саҳмгузор бошанд [24. 141-154].
Таърихи пурғановати халқ ва давлатдории мо бо ганҷинаи бузурги маънавиаш зиёд саҳифаҳои гуҳарбореро медонад [4. 976], ки дарк ва ҳазми дурусти илмию таърихиашон ба ташаккули мафкураи солими миллӣ ва созандаю эҷодгар мувофиқат ва мусоидат менамоянд. Навиштаи мазкур натиҷаи тасаввуроти мо аз масъалагузориҳои навбатии Паёми Президент буда, як кӯшише дар роҳи ҳамовозии афкори созандаи ниёгон ва фарзандони меҳангарои имрӯз аст. Ба вижа масъалаҳои мубрами имрӯз, хурофоту ифротишавии фикр, сиёсисозии дин, тангназарии душманони миллат андешаи моро ҷиҳати дарёфти роҳҳои рушди мафкураи солими миллӣ ва муқовимат бо экстремизму террорирзм ва як қатор падидаҳои дигари номатлубу хатарноки муосир дар ҳошияи Паёми роҳбари давлат ҳидоят кард.
Тавре ки маълум аст, рушду тараққиёти устувори ҷомъиятию иқтисодии ҳар як ҷомеаи сиёсӣ, чи дар гузашта ва чи дар замони ҳозираю оянда, аз дараҷа ва сатҳи инкишофи шууру мафкураи миллӣ, сатҳ ва сифати озодиҳои фикрӣ, вуҷуди нерӯҳои солими зеҳнию ақлонӣ ва тавонмандӣ дар истифода аз таҷрибаҳои пешинаю муосири фарҳангӣ дар ҳалли мушкилоту масоили гуногуни иҷтимоӣ вобаста мебошад. Маҳз озодии фикри аъзои ҷомеа дар ташкили зиндагии шахсӣ ва муносибати он бо атроф ҳамеша муҳаррики рушд ва пешравии ҷомеаю давлатҳо будааст.
Мутаассифона, дар замони муосир озодии динии аксари кишварҳои мусулмоннишини шарқӣ, бо андешаҳои ифротӣ, хурофот, тақлидкорӣ ва таассуб бениҳоят иллатпазир шудааст. Бесаводӣ ва тангназарӣ ба ин ҳолати мутаасибонаи фикрӣ ҳамчун саратон даромехта, озодии ақлӣ ва илмиро маҳв сохтааст. Ба илм ва маориф ҳамчун таҳкурсии ташаккули миллати муосир муроҷиат кардани Президент, ҷавоби амиқ ва дурусти таърихӣ ба ҳалли ҳамин мушкилиҳои фазои маънавии ҷомеа аст.
Дар чунин шароит, эҳтимол фикрҳое низ пайдо мешаванд, ки оё омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ дар чунин шароити печидагии арзишҳо маҳз дар кори беҳтар кардани мафкураи солим таъсирпазир буда метавонанд? Зеро таърих бо ҳама бузургиаш инъикоси рӯзгори гузаштагон дар шароитҳои дигар аст. Воқеияти илмӣ ва далоили таърихӣ то ин замон моро аз ҳикмати сабақбардории таърихӣ ба сони таъкиди «Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор» (Абдуллоҳи Рӯдакӣ) на танҳо аз рӯзномаи тафаккурамон дур накардааст, балки ба сони кафолати рушди кишварҳои тараққикарда, мутамаддин ва бузург аз аслҳои роҳҷӯиямон дур нанамудааст.
Ҳарчанд, ки мо медонем, таърих ва равандҳои он нисбати касе гузашт намекунад, чи онҳое, ки дар раванди таърихсозӣ фаъоланд ва чи нафароне, ки ба корҳои дигар пойбанданд, ҳодисоти сатҳи ҷамъиятӣ, минтақавӣ ва башарии рӯйдодҳои таърихӣ ба таври ба худ хос ба зиндагии онҳо ва фарзандони эшон асаргузор аст [15. 728]. Пас моро зарур аст, ки ба равандҳои таърихии давлатсозиамон, ки дар паёмҳои ҳарсолаи Президент таъкид мешаванд бештар таваҷҷуҳ карда, нуктаҳои алоқаманди онро бо ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятиамон васл ва татбиқ намоем. Асрори бузургии давлатҳо дар масири таърих маҳз ҳамин ҳамоҳангии сиёсати роҳбарон ва мафкураи мардум будааст.
Дар ин ҷода на танҳо арзишҳои миллӣ ҳамчун ғизои маънавӣ, амалкардҳои ҷудогонаи таърихӣ ҳамчун сабақ ва ё ақлҳои ҷудогонаи эҷодгару озодманиш ба мисли ситораи дурахшон аз қаъри таърих имкони рӯ задану моро ҳидоят фармуданро доранд, балки вазъият ҳолати мардум ва вазъи мафкураҳо низ ҳамчун маҳаки марказии рушд ибратомӯзанд.
Мисоли равшан ин аст, ки мо дар роҳи ислоҳи маънавии ҷомеа дар асри XXI таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҷиҳати озод намудани мардум аз таассубу хурофот қонуни миллӣ қабул кардем, мардумро фаъолияташро дастаҷамъона тавассути комиссияҳои доимӣ фаъол намуда, онҳоро ба назорати урфу одат ва анъанаю маросим дар доираи манфиатҳои шахсиашон сафарбар кардем [3. 7180-198]. Ҷомеа дар роҳи бедорӣ ва озодшавӣ аз таассубу хурофот қадамҳои устувор ба манфиати худ гузошт, вале буданд, ҳастанд ва оянда низ шояд пайдо мешаванд нафарони тангназаре, ки ба ин амалкардҳои ислоҳотгароёна таҳти таъсири қавии хурофот, ифрот ва таассуб баҳогузорӣ менамоянд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам риояи баъзе аз меъёрҳои қонун дар минтақаҳои ҷудогона мушкилиҳои худро дорад. Мушкилии аслӣ дар мафкураи шаҳрвандони тақлидгару худнамо аст, ки онҳо озодиҳои худро дар доираи манфиатҳои аслии худ истифода карда натавониста, зери таассубу хурофот зарар ба дороии хеш ва наздиконашон расонда даҳҳо таъкидоди каломи осмониро дар масъалаи он ки «Худованд сарфакоронро дӯст медорад» сарфи назар менамоянд. Мушкилии мавҷуда дар асл сунъӣ буда, ба табиати қонун ва асли шариат рабте надорад, қонун ҳам аз назари динӣ ва ҳам ақлонӣ ихтилофоте надорад, ягон меъёри он зидди боварҳои асли динӣ ва ақлонӣ нест.
Пас онҳое, ки ба чунин корҳо даст мезананд, хароҷоти барзиёд дар маъракаю маросим карда ба исроф роҳ медиҳанд дар асл ба хурофот ва таассуб гирифторанд. Ин ва дигар ҳолатҳо дар кишварҳои мусулмоннишин гувоҳи он аст, ки мардуми мусулмон аз даричаи таассуб ва хурофот чунон боварҳои худро қавӣ ва серпаҳлу намудаанд, ки озодиҳо ва паҳнои ақли созандаро ба маротиб ба танг овардаанд. Ақли иддаи мо агар имрӯз аз як ҷониб таҳти таъсири таассубу хурофот аз бесаводӣ азият кашад, аз ҷониби дигар аз тобеияташ ба омилҳои нафсонӣ ва худравиҳои беҷо низ мушкилзо гаштааст.
Тухми асосии ин мушкилӣ гум кардани таҳаммул ва эҳтироми ҳамдигарист. Имрӯз ақл, хирад ва фаросати иддае аз ҷавонони мо тобеияти комили худро ба кашишҳои нафсонии моддию маънавӣ дода, ҳавзаи зуҳури иҷтимоии худро думболи қонеи талаботи ғаразноку манфиатҳои фардӣ овора намуда, мазмун ва муҳтавои арзишҳои миллиро полудаи ғаразҳо намудаанд. Онҳо асл ва ҷавҳари саодати зиндагии худро дар рӯзгори имрӯза ва ҳаёти наслҳои оянда ҳамчун ҳадаф ва маънии зиндагӣ дуруст дарк карда наметавонанд. Ба хотири кадом як ҷаҳонбинии шикаста ва боварҳои ба зиндагӣ ва рӯзгори имрӯз ночаспон ҳаёти шахсӣ ва атрофиёни худро осебпазир менамоянд.
2. Ба низом даровардани сатҳ ва сифати таълим вобаста ба талаботи замону макон шарт ва зарур аст. Дар паёми Президент таъкид шуд: «… Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд» [12].
Роҳбари давлат шароити имрӯзи таҳсил ва илмомӯзии ҷавононро вобаста аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва талаботи иқтисодию иҷтимоии халқ таҳлил намуда, ба хулоса омаданд, ки сатҳ ва сифати таълими кунунии ҷавонони мо ба талаботи давру замон мувофиқ нест. Ин мушкилӣ танҳо дар истеъдод ва сатҳи саводи муҳассилин набуда, балки аз бисёр ҷиҳат ба сатҳ ва сифати омӯзгорон ва муаллимони ҷавоне, ки ба тарбияи онҳо машғуланд тавъам аст. Бинобар он ба ислоҳоти вазъ аз зинаи тарбияи устодони ҷавон ва дигаргун намудани мафкураи илмӣ ва ҷаҳонбинии эшон шурӯъ намуданро ногузир шумурданд [13].
Ин хулосаи Президент вобастагӣ дорад аз як ҷониб ба вазъияти рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, ки таҳти инқилобҳои биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ манфиатҳои абарқудратонро дар ҳавзаи давлатҳои дигар густурда намуда, фарҳанг ва асолати миллии онҳоро камранг менамоянд, аз ҷониби дигар ба ҳолати номукаммали рушди мафкураи солими иддае аз ҷавонони мо, ки бинобар саводи комили ҷаҳоншиносӣ надоштанашон ақл ва тасаввуроти онҳо тобеи иллатҳои ифротгароӣ, хурофот ва тассуб шуда, монеи рушди фарҳангӣ ва сиёсии кишвар мегарданд.
Мушкилӣ он аст, ки ақл ва саводи чунин ҷавонон ба фаҳми дурусти равандҳои иҷтимоӣ, ба дарки дурусти манфиатҳои шахсӣ ва миллӣ нарасида мақом ва манзалати худшиносии миллӣ ва сиёсиро дар таъмини амнияти давлатӣ дарк намекунанд. Онҳо тобеи арзишҳои дигаре гаштаанд, ки ба саодати онҳо ва наздиконашон хидмат карда наметавонад. Масъалаи мазкур имрӯзҳо дар пасманзари ҳодисоти Афғонистон ва шамоли мафкуравии он ба кишварҳои ҳаммарз тобиши нав гирифта, хурофоту таассуби диниро дар омезишҳои нави сиёсӣ рӯи кор овардааст.
Вазъияти ақли инсонӣ дар чунин ҳолати тобеияти мафкуравӣ, рӯҳ ва қалби инсониро дар зинаи зиндони ҷаҳолат қарор дода, на танҳо монеи дарки дурусти олами атроф, шинохти асли худ, манфиатҳои шахсӣ ва воқеияти зиндагӣ мегардад, инчунин лаёқати дарки муносибатҳои тоза ва муҳаббатҳои самими инсониро, ки ҷавҳари зиндагии осоиштаи инсон ва тамаддунҳост гум менамояд.
Барои онҳо мафҳумҳо ва арзишҳое чун дӯстии инсонҳо, муҳаббати пок ба ватан, ба зан, эҳтироми волидон, ғамхорӣ дар ҳаққи барҷомондагон, худшиносии миллӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои дигарон, баробарҳуқуқии зану мард, эҳтироми низому тартиб, роҳбар ва ғ. камрангу бемаънӣ менамоянд. Мушкилӣ он аст, ки дар маҷмӯи донишҳо ва ҷаҳонбинии азхудкардаи чунин ҷавонон, агар он ҳам бошад низом нест, тарбияи ахлоқӣ вуҷуд надорад, саводе, ки моҳияти атрофро дуруст инъикос намояд вуҷуд надорад.
Маҳз ба ҳамин хотир ба низом даровардани сатҳ ва сифати таълим вобаста ба талаботи замону макон дар муаассисаҳои тахсилотӣ, ки Президет масъалагузорӣ намуданд, ҷавҳари ҳалли мушкилии мазкур маҳсуб мегардад.
3. Риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои зан-модар – омили асосии тарбияи насли солиму эҷодкор аст. Воқеан сатҳ ва сифати озодӣ ва одилии ҷомеа аз қадр ва манзалати зан-модар, эҳтироми ҳуқуқҳои бонувон дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Маҳз ба ҳамин хотир Президенти мамлакати мо аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд [16]. Ҳамин сиёсати Президенти мамлакат аст, ки: «Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд» [12]. Мақом ва мартабаи зан ба таври бояду шояд маҳз дар ҷомеаи озод ва босавод эълон ва ҳимоя мегардад.
Бесаводӣ ва тангназарӣ зарбаи аслиро ба арзишҳое чун озодӣ, гуногунандешӣ, худшиносӣ ва баробарҳуқуқӣ мезанад. Ин аст, ки ифротгароёну тунравони динӣ ба ҳама равандҳо аз ҳолати олудагии худ баҳо дода, мисли оинаи шикаста томиятҳои зиндагӣ, ногузирии арзишҳо, озодиҳо ва неъматҳои маънавии умдаро инҳироф қабул менамоянд. Мафкураи онҳо, бо гумону шубҳаҳои дар заминаи бесаводӣ, нафсу ҳасуд, худнамоӣ, таасубу хурофот пайдошуда на танҳо сӯхангӯии беолоиши як марду занро дар танҳоӣ бидуни гумонҳо қабул надорад, балки дар асри ХХI дар шароите, ки давлатҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кардаанд ҳуқуқҳои асосии бонувону модаронро ба таҳсил, ба меҳнат ва интихобот эътироф ва шинохта наметавонанд.
Нанговар аст, ки имрӯзҳо дар баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин бо иллати чунин тангназарӣ, ҳуқуқпоймолкуниҳо ва махдудсозии хуқуқи занону модарон, мардум фарзандони худро фурӯхта барои рӯзгузарониашон хӯрок мехаранд. Ин ҳама аломати тангназарӣ, бесаводӣ ва ба хурофоту таассуб дода шудани ақлҳоеанд, ки ҳатто ба маънии аслии худи талаботи исломӣ дуруст сарфаҳм намераванд.
Маҳз ба ҳамин хотир ҷиҳати пешгирӣ аз чунин каҷравиҳо ба аҳли савод ва таҳлилгарон муроҷиат намуда, Президент дар паёмашон таъкид карданд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад» [12].
4.Тарбияи ақлҳо ва шинохти манфиатҳо қудрат аст. Ҷойи шубҳа нест, ки имрӯз мафкураи насли муосири иддае аз мардуми Ховари миёна таҳти таъсири омилҳои мухталиф ва тарғиби нодурусти арзишҳои сохта бисёр осебпазир ва тундрав гаштааст. Омили аслии ин агар аз як ҷониб манфиатдорони хориҷӣ бошанд аз ҷониби дигар бесаводӣ ва низоми нодурусти ташаккули мафкураи илмӣ ва миллии худи онҳост. Мафкураи онҳо дар тамизи муносибати неку бади иттилооти рақамӣ, шинохти манфиатҳо ва муносибати баробарвазн намудан бо онҳо мушкилӣ дорад. Пас ақлҳо бояд тарбия ёбанд, манфиатҳо бояд шинохта шаванд ва бадиҳо бояд тамиз гарданд. Дар ҷаҳони ноором касби ин сифатҳо худ қудрат ва неру аст, неруи бузурги муҳофизи оромӣ ва истиқлол.
Иддае аз тангназарони марказҳои тундрави шарқӣ дар заминаи чолиши андешаҳои озоди ғарбӣ оид ба эътирофи никоҳҳои ҳамҷинс ва дигар аз амалҳои аз назари фарҳанги шарқӣ номақбули ахлоқӣ, реҷаи эътирофи арзишҳои миллӣ ва ё эътиқодиро аз доираи мувозанаи адл берун намуда, даст ба тунравиҳои бештару сахттар мезананд, ки назири онро на таърихи хуқуқи шарқӣ ва на мафкураи мусулмонӣ ёд надорад.
Ҳамин тавр, истифодаи нодурусти биотехнология ва технологияи рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонишавии манфиатҳо паёмадҳои нобобро барои давлатҳои миллӣ дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ба бор меоварад. Ҷойи усули коркарди чунин технологияҳо ва истифодаи онҳо ба манфиати фарҳанги миллӣ мафкураи иддае аз кишварҳои шарқӣ ба моҷарои мазмуну муҳтавои андешаҳои ин сарчашмаҳо гирфитор шуда бо дасти ории технологӣ ба ҷанги иттилоотӣ ворид мегарданд. Онҳо мантиқи одиро фаҳмидан намехоҳанд, ки майдон аз онҳост, қонуну қонуниятҳои ҷанг дар дасти онҳост, неру ва симати истифодаи яроқ ба пуррагӣ дар дасти дониши онҳост, онҳо чи тавре ки хоҳанд ҳамон тавр муноқишаро навъбандӣ менамоянд ва қаҳрамонҳоро месозанд. Ақлҳо дар чунин ҳолат бо сояҳо ва рамзҳо меҷанганд. Онҳо душмани воқеиро аз сояаш тафовут намегузоранд.
Ин аст, ки дар шароити фисқу фасоди алоқаҳои ҳамҷинсу гурӯҳӣ, сиёсисозии эътиқоду боварҳо дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар озодиҳои бепардаи ғайриахлоқӣ аз як сӯ ва тарғиби арзишҳои миллии давлатҳои дигар бо усули таърихсозию таърихофарию қаҳрамонсозӣ тавассути моҳвораҳои телевизионӣ ба майнаи ҷавонони мо каҷравиҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва эътирофи қавмиятбузургии миллатҳои бегона сахт таъсиргузор шудааст.
Ҷойи қаҳрамонони миллии мо Рустаму Суҳроб ва Сиёвушу Деваштиҷу Темурмаликро имрӯз қаҳрамонони сохтаи кӯчманчию ғуломони зархариди Сомониён кӯшиши гирифтан намуда, ҷойи номи зебои тоҷиконаи миллати моро, ки ҳар як мазмун ва моҳияти созандагӣ ва ободкорӣ дошт номҳои бегонаи бадавиён ғасб менамояд. Мафкураи иддае аз ҷавонони мо дар роҳи ҳимояи арзишҳои миллӣ ба дараҷае ба мушкилӣ мувоҷеҳ шудааст, ки ҳатто ба арзишҳои таърихии худ баҳои дуруст дода наметавонанд, онҳо зери таъсирӣ бегонапарастӣ номҳои худро ба сатҳе бегона мекунанд, ки ҳатто ҳикмати Фаридун ном гузоштани набераашро аз ҷониби Мавлонои Балхӣ, дарк намекунанд.
Маҳз ба ҳамин хотир Президент дар паёмашон супориш доданд, ки «Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд» [12] Мо бояд кӯшиш намоем, ки мафкураи ҷавонони худро аз олудагиҳои беҷо тоза намоем. Ҷаҳонбинии онҳоро дар роҳи созандагӣ тавассути фарҳанги ахлоқии ниёгонамон бо аслҳои таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ ғанӣ намоем. Маҳз ҳамин хислатҳо буданд, ки фарзандони модари тоҷик дар масири таърих ҳам адабиёти оламшумул ба мерос гузоштанду ҳам қаҳрамонони бемисл тавлид намуданд дар масрири таърих. Имрӯз душманони мафкуравии мо кӯшиш мекунанд, ки аз ин арзишҳои ҳувиятсози миллӣ фарзандони моро дур намоянд. Мо бояд ин ҳақиқатро дарк кунем ҷиҳати мубориза бо ин таҳдидҳо дар партави дастурҳои Паёми Президент омода бошем. Онҳо донистаю надониста аз тангназарию тундгароияшон ба фарҳанги миллии мо зарар мерасонанд.
Ин аст, ки тарбиятгирандагони мактабҳои тундрави динии навбаромад ба дарки ҳикмати дӯстии Мавлонои Балхӣ бо Гурҷи Хотун[6. 234], ба муҳаббати инсонии ӯ бо Шамс, ба моҳияти инсонгароии нишастҳои шабонаи Мавлоно дар халқаи занони сурудхону раққос [6. 235] дуруст сарфаҳм нарафта, дӯстии инсонии ӯро бо фоҳишаи раққос[6. 244] беолоиш қабул накарда, зиёрату нишастҳои ӯро дар маъбади Афлотуни юнонӣ бо роҳибони византиёӣ, арманӣ, тирабзонӣ[6. 243] бидуни таассуб дар паҳнои манфиати уфуқи ҷанги тамаддунҳои муосир шикаста қабул карда; дар зери таҳоҷуми хурофотии иддае аз тунравони динӣ ба ҳукм ва инкори якҷонибаи арзишҳои миллии мо - таҳаммулгароӣ, инсонгароӣ, эҳтироми волидайн, зан-модар ва ғ. камари ҳиммат бастаанд. Ин навъи миллатдӯстӣ ва исломгароӣ шаҳодати мафкураи носолим буда, сабақи дуруст набардоштан аз фишори ҷаҳонишавии манфиатҳост.
5. Мушкилии мафкуравии ҷавонон мушкилии танҳо ҷавонон нест. Мо донишмандони илми динӣ ва дунявӣ имрӯз мисли ниёгонамон, ки 900-1000 сол муқаддам аз мо озодрафториҳо ва ахлоқпардозиҳоро ба илму амал намуданд, рафтор карда наметавонем. Мо мисли Боязиду Бастомиву Абуҳасани Харақонӣ ба мусулмонҳо ошкор гуфта наметавонем, ки ҳаҷ нарав ҳамсояи камбағал ва ё мӯсафеди бекасеро нигоҳу бин намо, тоат накун дар хизмати инсон бош; мо мисли Абдуллоҳи Ансорӣ «аз ҳазорон каъба (яъне ҳаҷ кардан) як дил беҳтар аст» аз номи худ гуфта наметавонем ва ба мисли Аҳмади Ҷомӣ дар муқобили чунин мутаасибон сиёсатбозони динӣ истилоҳоти «уламои авонтабъи дунёсӯзи динсӯз», «дарвешони дунёсӯз» ва «қориёни намозфурӯш» суханони сахту ҳазар кардан аз онҳоро [2. 97] бо иродаи қавӣ, нотарсона, ҳақиқатнигорона [11. 119] шояд баён карда натавонем. Омилҳои ин ҳолат зиёд аст аз бетарафӣ то таҳаммулгароии бемавқеъ аз бесаводӣ то таасссуб.
Мо ҳатто имрӯз мисли Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Шайх Наҷмиддини Кубро[11. 9-10], Фариддуддини Аттор дигар уламои диние шояд пайдо накунем, ки бар муқобили истилогарони аҷнабӣ ба по хеста, ҷони худро дар ҳимояи ватан қурбон кунанд. Чунки донишамндони динии мо ҳукми «ҳуббул-ватани минал имони»-ро фарохтар тавзеҳ додаанд, ки паҳнояш аз ҳамзабонию ҳаммеҳанӣ берун ҷастааст. Мо дар бораи дарёфти намои маънии ҳикматҳои инсонпарваронаи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, меҳанпарастии Абулқоисм Фирдавсӣ, суханони оташини рӯшноиафкани Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ, ғазалиёти риндомези Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва дигару дигар бузургон дар адабиёти муосиру мафкураи илмии имрӯзи миллат чизе гуфтанӣ нестем. Адабиёту санъатамон низ дар қиёс бо равандҳои ҷаҳонӣ мушкилиҳои худро дорад. Пас мушкилии мафкуравии ҷавонон танҳо мушкилии онҳо не, балки мушкилии аҳли зиё, шоирону нависандагон ва донишмандони улуми диниамон аст, ки вобаста ба шароит ва манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ба ҷавонон ғизои маънавӣ дода наметавонем. Ба вижа асное, ки ифротгароии динӣ ва сиёсисозии он афзун мешавад бояд қабл аз ҳама аҳли улуамо ба ҳимояи манфиатҳои дин бароянд.
Шароити ташаккули мафкураи шарқӣ ва иддае аз мусулмонони муосир гувоҳи он аст, меросбардорони имрӯзаи фарҳанги исломӣ ва тамаддуни шарқӣ бо вуҷуди ҳама пешравиҳои илми ҷаҳонӣ, ба маротиб нисбат ба гузаштагони худ таассубгаротару хурофотитар шудаистодаанд. Мо имрӯз таъзими 33 маротибаи Мавлоноро ба попи калисои Констонтинополӣ ба ивази семаротиба таъзим намудани ӯ ва ба саволи раввини яҳудӣ ки «дини кӣ афзал аст?» ҷавоб додани Мавлоноро, ки «дини ту» [6. 242] ҳатто дар паҳнои мафкураи дунявӣ, таҳммулгароӣ ва маҳдудияти прозелитизми муосир то ҳанӯз сарфаҳм намеравем.
Мо зиёиёни имрӯз, мисли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 1258 ҷанозаи дӯсташ Салоҳиддини Заркубро тибқи васияташ бо сурудхонию мусиқӣ ба қабристон гусел кард, амале мутобиқи таклифи озоди як дӯстамон, ки мухолифи одати расмигашта аст иҷро карда наметавонем, зеро озодиҳои мо назди расмиёти эътиқодӣ садсолаҳо таҳти фишор қарор гирифта, андози ҷамъиятӣ дар амалкардҳои мо дар ҷомеаи анъанавиямон сахт вазнин шудааст. Фитнаю тунравиҳои ҷамъиятӣ дар масири ноҳамвори таърихи халқ зери юғи истилогарони мухталиф дар омезиш ба манфиати ғосибон, ба рушди маънавию ахлоқии ҳуқуқу озодиҳои миллӣ садсолаҳо монеа шудаанд, ки асари онро мо то ҳанӯз дар шаклгирии мафкураи миллӣ эҳсос менамоем.
Нигаронии Президент аз ҳолати илму маърифат, тағйир додани сифати таълим ва раванди омӯзиши насли наврас даъват ба падару модарон ҷиҳати донишомӯзии фарзандонашон маҳз ба хотири озод намудани насли ҷавон аз хурофоту таасссуб буд: «Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад» [12].
Ба хотири раҳоӣ аз ин олудагиҳои хурофотӣ ва бесаводиҳо Президент дар паёмашон масъалаи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва мубориза бар зидди таассубу хурофотро вазифаи асосии ҷавонон ва вазорату идораҳои мафкуравии давлат эътироф карданд.
6. Оид ба таҳияи мафкураи солими мухолиф ба ифрот, таассуб ва хурофот. Дигар андешаи ҳикматомӯзи маънавии Паёми Президент аз назари илмӣ он аст, ки сар то ба по қисмати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҳидоят ба тавлиди мафкураи солими миллии муқобил ба ифрот, таассуб ва хурофот буд. Бо ин мақсад воситаи асосии мубориза ба бесаводӣ ва хурофот илм ва маърифат эълон гашт. Президент таъкид намуданд, ки «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад» [12]. Тезиси наве тимсоли «Маориф пояи миллат аст» таҳия шуд. Ҷомеаи донишманд равшанфикр озод аз хурофот буда, тафаккури он ҷиҳати коркарди мафкураи солиму созанда муосидат менамояд. Ин табиати рушд ва ҳамоҳангии мафкура, ақл ва талаботи ҷомеа дар ҳамбастагӣ бо манифтаҳои миллӣ ва давлатӣ дар табиати ҷомеаи зиндаи эҷодгар нуҳуфта шудааст.
Ҷомеа зотан ва фитран шакли таърихан ташаккулёфтаи иттиҳоди инсонҳо буда, ҳамчун организми зиндаи фикркунанда дар муносибат бо оламу атроф ва талаботи замону макон дорои низоми ғояҳо, принсипҳо, арзишҳо, хостаҳо ва ормонҳое мебошад, ки аслан мақулаи «мафкура»-ро дар кунгураи назару дидгоҳҳои барномавию ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Мафкура бояд ба озодии фикрҳои созандаю эҷодгар арҷ гузорад, дуруст аст, ки вай бояд анъанавиятро ба одату маросими манфиатовари иҷтимоъӣ дар ҳадди муайян ҳифз намояд, вале ин ҳифзнамоӣ ба дараҷаи аз ҳад бештари ифрот ва тундравии ғайриақлона табдил наёбад. Аз хотир бояд набаровард, ки маҳз ақлҳои озод бо амалҳои ғайримуқаррарии берун аз қонуниятҳои мавҷуда кашфиётҳои инқилобӣ менамоянду шубҳа ва саволҳо бар одатҳои мавҷуда калиди дигаргуниҳою кашфиётҳои нав аст.
Дар замони муосир талабот, таҳдидҳо, хатарҳо, манфиатҳо, мақсадҳо ва вазифаҳои печидаи дохилию хориҷие мавҷуданд, ки ақли инсониро ногузир ба коркарди мафкураи созанда, эҷодгар ва худмуҳофиз маҷбур месозад. Новобаста аз оне, ки мо вуҷуди мафкураи ғосибро дар паҳнои давлати демократӣ ба ҳайси мафкураи яккатоз инкор мекунем, аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънии инкори вуҷуди ғояю андешаҳои созандаи тағйирпазир дар сатҳи ташкили давлат буда наметавонад. Баръакс, ба инобат гирифтан ва қабул кардани дидгоҳу андешаҳои созандаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар баробари инкори мафкураи ғосиб, имконият медиҳад, ки онҳо рисолати беҳтару мувофиқтарро озодона ба осиёби амалкардҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намоянд. Ба хусус дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, ки фишору таҳдид ба рафторҳои ахлоқӣ ва принсипҳои ташкили зиндагии давлатҳои миллӣ ҷиддӣ эҳсос мешавад, вуҷуди ғояи миллӣ ва мафкураи солими миллӣ дар роҳи ҳифзи соҳибихтиёрии миллӣ ногузир мегардад.
Ин муборизаи озоди мафкуравӣ дар зинаю даврони муайяни инкишофи ҷомеа хоҳ нохоҳ дар атрофи арзишҳои воло ба вуқӯъ меояд ва миллату давлатро дар маҷмӯъ муттаҳид менамояд. Чунин навъи муттаҳидкунӣ дар маҷмӯъ мафкураи созандаи давлатро дар замони муайян муаррифӣ менамояд. Аммо тағйирнопазирии ин мафкура бо санъати созандагию навоварии миллати сиёсӣ ва талаботи воқеии макону замон вобастагӣ дорад. Ба хотири ҳифзи ҳамин тағйирпазирии дискурсивии ғояи созандаи миллат вобаста ба вазъият, Конститутсия монополияи як мафкураро инкор менамояд, аммо хатари шубҳа, таҳдидҳо ва каҷравиҳоро дар сатҳи мафкураи иддае эҳсос карда, тағйирнопазир будани арзишҳои меҳварии сиёсии давлатро, аз қабили шаклҳои ҷумҳуриявӣ, демократӣ ва дунявӣ буданро эълон намудааст. Ва ин ҳолат инкори вуҷуди мафкураи созанда дар ҷомеаи рушдкунанда набуда, балки инкори ҳокимияти ноодилонаи як мафкураи берун аз талаботи ҷомеа аст.
Дар баробари ин, Конститутсия рақобати озоди мафкураҳоро дар паҳнои ҷомеаи зиндаи рушдкунанда эълон намуда, роҳи эътироф ва таъмини мафкураи солими оммаро дар шароитҳои муайян эълон доштааст. Яъне, мафкураи солими гурӯҳ ва ё ҳизбе то он замоне, ки ба ҳадафу манфиатҳои стратегии миллат ва давлат ҷавобгӯ буда, дар кунгураи ҳуқуқу озодиҳои қонунӣ амал менамояд, пуштибонӣ ва ҳифз мегардад. Зеро он имкони ҷавҳари мафкураи солими ҷамъият буданро дар шароитҳои муайян касб менамояд ва то зинаи мафкураи давлати миллӣ баромад намуданро пайдо менамояд, вале онро то ба «мафкураи давлатӣ»-и тағйирнопазир расидан роҳ намедиҳад.
Пас, мафкура дар сатҳи муайян ҷойиз мегардад, вале аз сатҳ, ки баромад, даъво ба мутлақият ва ягонагию ҳукмронӣ намуда, ӯ худ садди роҳи рушди ақл, ҷомеа ва миллат мешавад. Дар ин ҳикмат низ бузургтарин арзиши ҳадди эътидол ҳамчун қонуни умумии зуҳури иҷтимоии одилона амал менамояд. Дар акси ҳол мафкура ба тақдири мафкураи ҳизби коммунист ва талаботи моддаи 6 Конститутсияи ИҶШС табдил ёфта, сари давлат ва ҷомеаро ба бод медиҳад. Маҳз ҳамин ҳолати охиринро Конститутсияи давлати демократӣ ҳамчун механизми худкифо ва риояи ҳадди эътидол манъ менамояд. Аз ин хотир, он мафкурае, ки сифатҳои оммавиятро касб карданӣ мешавад, чи қадаре, ки вобаста ба шароит ва ба манфиатҳои аслии миллату давлат мувофиқ бошад, ба ҳамон андоза давлату миллат қудратмандтар мегардад. Агар ин мафкура ҳар қадаре, ки ба арзишҳои бегонаю ифротӣ бештар такя намояд, ба ҳамон андоза ҳолати миллати соҳибдавлат осебпазир мегардад. Яъне, сухан дар бораи ҳамон мафкураҳое меравад, ки дар рақобати озод мавқеи ҳалкунандаро дар шароити муайян касб карданӣ мешаванд.
Дар фазои ҳуқуқии мо суиистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёсозӣ илова бар таззоди соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ таҷрибаи талх дорад. Ин таҳдид то ҳанӯз дар мувофиқат бо сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе афроди ҷомеа аз рӯзномаи мафкураи сиёсии иддае аз ҳангоматалабон дур нашудааст. Ин ҳолат дар намоҳои мухталифи таассуб, хурофот, ифрот бо омезиши бесаводӣ ва тангназарӣ рӯи кор меояд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ба безараргардонии ҷавҳари нерубахшӣ ин омилҳои манфӣ ва суиистифодабарӣ аз арзишҳо, ки ба манфиати миллат ва давлат нест, чораандешӣ намоем.
Махсусан, дар шароити ҳамоиши инкилобҳои биотехнологӣ ва дастовардҳои технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ, ки нақши гурӯҳҳои муайянро берун аз сарҳади давлатҳо ба тариқи ғайричашмдошт муасссир ба раванди бозори иқтисодии ҷаҳон намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро осебпазиру нобаробарии одамонро ба маротиб афзоиш медиҳад, нақши назораткунандаи мафкураи солими миллӣ дар коркарди амалҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар паҳнои давлати демократӣ ва миллӣ ҳамчун воситаи худмуҳофизатӣ афзалият касб менамояд.
7. Таҳаммулгароӣ ҷавҳар ва маҳаки ҳамоиши маънавӣ ва фикрии ҷомеа аст. Президент маҳз ба ҳамин хотир дар паёми худ ба мову шумо муроҷиат карда «таҳаммулгаро бошем» гуфтанд. Таҳаммулгаро будан сифати мардуми донишманду хирадманд аст. Ҷавҳари таҳаммул, эътирофи ҷомеа, якдигар, дӯст доштан, сабр кардан дар амалҳои ҳамдигар ва эҳтиром кардани аъзои ҷомеа якдигарро аст. Мазмун ва муҳтавои паёмҳои Президент моро пайваста ба дӯст доштани ҳамдигар, тифоқ будан, эҳтиром гузоштан ба якдигар, ба қадри арзишҳои оилавӣ ва миллиамон расидан, ба халқ ва миллатамон содиқона хизмат кардан ва ватанамонро дӯст доштан ҳидоят менамоянд. Ин сифатҳо албатта, дар ҳамоҳангӣ бо аломатҳои дигари маънавии худшиносӣ, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи нек гирифтан, арҷгузорӣ ба маориф ва дониш, касбомӯзии ҷавонон, риояи қонуният, тартибот, низом ва адлу инсоф дар мувозона ба мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар паёми навбатӣ падарона, пешвоёна ва хирадмандона масъалагузорӣ гаштанд.
Набудани аломати таҳаммул дар рафтори инсон сифати низому тартиботи ҷомеаро номуназзам ва авзои иҷтимоъро ангезаофару фитнаандоз муаррифӣ менамояд. Дар воқеъ дар рамузи боварҳои мардуми шарқ (хоссатан тибқи таълимоти қуръонӣ) фитна баъдтар аз куштор аст. Ҷомеаи бетаҳаммул доимо дар ҳолати ҷангӣ қарор мегирад ва ғояи давлату давлтдориро ба назарияи зуроварӣ ва ҷангҷуёнаи Томас Гобс, Каутский, Гумплович ва дигарон зери фишори шиори «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» тобеъ менамояд.
Замони муосир иллати адами таҳаммулро дар муносибатҳои иддае аз пайравони динҳо собит кард, ки ин омил ба моҷароҳои вазнин кашида шудани эътиқод ва ҷанги тамаддунҳоро дар замони нав бо олудагиҳои дигар ба вуҷуд овард. Таҳаммулпазирии мафкуравӣ ва эътиқодиро ифроти динӣ, сиёси сохтани эътиқод ва ба манфиатҳои дигар олуда намудани бовари инсонҳо аз ҷониби дастандаркорони нозукбину шайтонҳои инсоннамо, мавқеашро танг намуд. Инсоният дар интиҳои асри XX ва ибтидои асри XXI бо душмани нави сохтаи ифротгароӣ ва терроризми динӣ таҳди ғояи «Ҷанги ҳама бар зидди ҳама» [21. 103] рӯ ба рӯ шуд. Макон ва паҳнои зуҳури ин бадбахтӣ маҳз мафкураи бесавод ва бетаҳммули иддае аз ҷомеаҳои шарқӣ гашт.
Мутаасифона, миёни мардуми мо низ паҳнои сабзиши ин дарахти заҳролуд тайи солҳои аввали истиқлол пайдо шуд. Решаҳои бадхоҳи ин дарахти аз бунаш ҷудо гашта, ҳанӯз тавассути бодҳои мусоиди бо ном «демократикунонӣ» ба фазои мафкураи миллии мо заҳр меолонад. Ин бехабарони мафкуравӣ то ҳанӯз дарк накардаанд, ки ҳар озодӣ ва сухан сарҳад дорад, сарҳади ҳарфи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ имрӯз манфиати мардуми Тоҷикистон аст[21. 103].
8. Сиёсисозии эътиқод ҳам амали ифрот ва таассуб аст. Моро зарур аст, ки ин воқеияти талхро дуруст дарк намоем, ба дарк ва ҳазми имконоти конститутсионии рушди мафкура, ки Конститутсияи давлат бо интихоби роҳи дунявият ба мо муҳайё кардааст, дуруст сарфаҳм равем. Аз суиистифодабарии дину боварии мардум эҳтиёт намоем, дин дар масири таърих рисолати инсонсозӣ дорад, на давлатсозӣ. Президенти мамлакат дар паём ёдовар шуданд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои авввали ба сари роҳбарии Шӯрои Олӣ омадан дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-ум, назари худро аниқ ва равшан нисбат ба шакли давлатдориамон баён карда будам: «Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам» [12]. Мардуми Тоҷикистон баъдан дар таърихи 6-уми ноябр бо қабули Конститутсия ин шоҳроҳро расмӣ кунонд. Имрӯз моро зарур аст, ки ин иродаи халқи кишварро дуруст ҳазм ва дарк намуда баҳри амалӣ шудани он кӯшишҳо намоем.
Майдони сиёсии асри ХХ дар натиҷаи ҷанги ғояи мафкураҳои фашистӣ, коммунистӣ ва демократияи либералӣ, охириро ҳамчун ғолиб ба асри ХХI ба сони ғояи ҳоким ба мерос дод. Таҷрибаи ҳамагӣ беш аз 30 солаи ҳокимияти демократияи либералӣ мушкилиҳои зиёдро рӯи кор овард. Давлатҳои миллӣ аз мушкилию холигиҳои демократияи либералӣ ва усулҳои нордурусти истифодаи он аз инқилобҳои биотехнологию иттилооти рақамӣ ба манфиатхои молии худ дилозурда шуда, дар дохили худ неруҳоеро ба сабзиш дароварданд, ки худшиносиҳои миллӣ ва сиёсиашонро бо анъанахои диниашон дар омезиш қарор доданд.
Ба андешаи муҳаққиқ Ювал Ной Харари дар Ҳиндустон, Полша ва Туркия ин раванд дар заминаи баландтар ҳамоиши манфиатҳои миллӣ бо диниро рӯи кор овард, аммо ин раванд дар Шарқи наздик бениҳоят таассубовартар рӯ зада[19. 35-36] ба сифати намуна низоми идоракунии асри 7 даврони паёмбари исломро ҳадаф қарор дод. Дар Исроил бошад тундравон боз тассубовартар аз мусулмон бозгашт ба 2500 сол қабл ба замони библиёӣ баргаштанро авло медонанд[19. 36]. Ҳамин тавр мо осебпазирии ғояҳои давлатҳои миллиро дар заминаи омезиши арзишҳои миллӣ ва динӣ ва то ба сатҳи ифрот расонидани ғояи давлатсозӣ эҳсос менамоем. Онҳое, ки дар саргаҳи ин равишҳо истодаанд на қонунҳои диалектикӣ, на тағйирпазирӣ ва на талаботи замону маконро дарк мекунанду, на фаҳмидан мехоҳанд, ки «таърихро ба ин тавр ба замони нав овардан, ин табдил додани таърих ба қабристони имрӯзиён аст»[17. 10]. Воситаи асосии ин табдилдиҳии таърих ва бар қафо кашидани сатҳи зиндагӣ маҳз ба боварӣ ва эътиқод додани унсури сиёсист.
Дар ин росто, ҳар шаҳрванди мусулмон ва диндори ин кишвар бояд дарк намояд, ки дар давлати дунявии мо дин ва эътиқод кори шахсии ҳар инсон буда (моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), олудасозии он бо сиёсат ва ғаризаҳои шахсию гурӯҳӣ дар асоси талаботи дунявияти конститутсионӣ (талаботи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) қатъиян пешгирӣ мегардад. Асли дин ва имон – на қудратталабӣ ва иштирок дар муборизаҳои сиёсист, балки эътиқод ба Худои якка ва ягона, ба малоикаҳои он, китобҳои осмонӣ, паёмбарони он, ба рӯзи қиёмат ва қазову қадар ва зинда гардонидани он баъд аз марг аст. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки эътиқоду имонро ба муборизаҳои сиёсӣ ва манфиатноки молӣ олуда месозад, вай ҳам ба дин ва ҳам ба қонуни адли умум хиёнат менамояд.
Дигар ин ки дунявият аслан эҳтиром гузоштан ба бовари мардум ва эътиқоди эшон аст. Албатта, боваре, ки дар чорчӯби қонун ва озодиҳои инсонӣ бо риояти одоби таҳаммулгароӣ ва ахлоқи инсонӣ зуҳур менамояд. Дини мо низ арҷгузорӣ ба паямбарони осмониро аз аслияти имон медонад. Мавлоно Балхӣ бо муносибати дурусту таҳаммулгарои худ бо адёни яҳудӣ, насоро ва дигарон ҳанӯз 800 сол муқаддам бароямон намунаи олии таҳаммулу ҳамзистии динҳоро таълим дод, ки тобути ӯро мусалмону, яҳуду, насорою дигарон ҳамчун роҳнамои динии худ дастаҷамъона гусел карданд. Мавлоно динро бо муҳаббат шинохт ва эътиқодро ба ишқ табдил дод. Ӯ ҳама ошиқони роҳи Худоро толиби ёр диду «ҳама ҷо хонаи ишқ аст чи масҷид чи куништ»-ро (Хоҷа Ҳофиз) бо рафтори намунавии худ собит сохта ҷиддӣ ва устувор барои наслҳои оянда ва пайравони адён гуфт:
Дар роҳи талаб оқилу девона якест,
Дар шеваи ишқ хешу бегона якест.
Онро, ки шароби васли ҷонон доданд,
Дар мазҳаби ӯ Каъбаву бутхона якест[7. 281].
Қалами ӯ садои дар қиболи иддае аз ҳангоматалабони муосир эҳсосотро не, балки садои қалбро ба шакл даровард ва онро тавассути назми тарбиятгар барои наслҳои оянда мерос гузошт. Ӯ бовариро ба муҳаббат, тоатро ба амали нек, рисолати зиндагиро ба хайру эҳсон, некию накукорӣ табдил дода, сабру таҳаммулу эҳтироми инсон ва раҳму шафқат ба олами ҳайвону ҳифзи тозагии атрофро ҳамчун одоби динӣ ба назм кашид. Садое, ки аз қалб баромад вай ба ҳама дилҳо яксон роҳ ёфт ва имрӯз низ аз қаъри таърих то ба гӯши қалби дилҳои инсонҳои муосир ҳамчун навои ҳамнафасу форам мерасад. Мавлоно аз роҳи шинохту эҳтироми инсон ба шинохти Офаридгор расид. Усули дунявият низ дар заминаи эълони озодиҳои шахсӣ барои инсонҳо заминаи мусоиди муҳаббат ва дӯст доштани ҳамдигарро дар ҳама ҳолат фароҳам меорад.
Тавре, С.Н. Макаренко қайд менамояд, «мутобиқи принсипи дунявият муносибати давлатро нисбати тамоми динҳо тибқи асосҳои баробар, инчунин муносибати бетарафона ва беғаразонаи онро ҳам нисбати ҷаҳонбинии бединӣ (атеистӣ) ва ҳам ҷаҳонбинии динӣ ифода менамояд. Робитаҳои давлат ва калисо бояд ҳамчун ду институти аз ҳамдигар мустақил дар асоси ҷудо намудани иттиҳодияҳои динӣ аз ҳокимияти оммавӣ ва тобеияти онҳо ба қонунҳои дар давлат амалкунанда ташкил карда шаванд» [8. 42-43]. Ин ҷудонамоӣ ва ин сарҳадгузорӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ маҳз ба хотири эҳтироми ҳаққи инсон ва озодиҳои ӯст, ки тарафе онҳоро суиистифода нанамояд. Таърих гувоҳ аст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ борҳо ҷаҳонбинии диниро ҳамчун шакли шуури ҷамъмиятӣ аслиҳаи нишонрас ба ҳолати мафкура истифода бурда, ҳадафҳои ғаразноки шахсию гуруҳии худро пиёда намудан мехостанд. Аз ин хотир Конститутсия бо эълони дунявият пешомади ин таҳдидро маҳкам мебандад.
Давлат дар масири таърих аз қаъри пур аз печидагию олудагиҳои нафсонӣ ва манфӣ ҳамчун фарзанди баркамоли сиёсат убур карда, вобаста ба шароит, барои такмили худ, ҳамсони хиради инсонӣ, навъҳои зуҳури шоистаро ҷустуҷӯ менамояд, аз навъҳои нобасомони ташкили зиндагӣ дурӣ меҷӯяд ва бо гузашти айём рӯзгори пешини худро инкор карда, шаклу усулҳои навро ба хотири саодату пешрафти зиндагии инсонҳо қабул менамояд.
Динҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки қолаби худро дар мафкураи пайравони худ устувор кардаанд, зотан ба чунин ислоҳот ва манфиатталабӣ аз назари эътиқодӣ ниёз надоранд. Лоиқ нест, ки дар ин ҷараён ба таъмири дин даст зада, онро дар майдони сиёсат берун аз таъиноти аслиаш ба яроқи сиёсӣ ва муноқишабарангезӣ табдил дода шавад. Зеро ислоҳоти нодурусти рисолати динӣ ҳам дар ботини он ва ҳам дар хориҷаш таърихан таҷрибаи талх ва ҳузнангезро дорост. Зеро рисолати дин низ чунин тағйирпазирии даврӣ ва манфиатхоҳии сиёсӣ нест. Албатта, дин ҳам вобаста ба шароит рушд мекунад, унсурҳои ҷудогонаи он таҳаввул менамояд, вале дар доираи арзишҳои умдаи он. Баръакси ин ҳолат ба моҳият ва ҷавҳари ахлоқӣ ва эътиқодии дин созгор нест.
Равшан аст, ки вобаста ба шароитҳои таърихӣ дар давраҳои гуногун вобаста ба заруратҳо ва манфиатҳо динро ғаразмандона сиёсӣ кардаанд. Ҳақиқат гувоҳи он аст, ки ин таҷриба ҳамеша барои давлатҳо хатаровар, таҳдидзо ва фалокатбор будааст. Зеро шикаст, фурӯпошӣ ва заъфи кишварҳои бузурги Сосонӣ, Рим, Фаронса, Сомониён, Ғазнавиён ва ғ. то сатҳе ба авомили динӣ ва нуфӯз пайдо кардани як ҷаҳонбинии динӣ тавъам будааст. Таҳлили мунсифонаи дурнамои рушди табиати давлатдорӣ тақозои онро дорад, ки сиёсисозии дин ҳамчун иллати ҷиддии ҳам сиёсӣ ва ҳам эътиқодӣ ба талаботи имрӯзу фардои давлатҳои миллӣ мувофиқ ва созгор нест. Зеро давлати миллӣ худ кафилу муҳофизи озодиҳои эътиқодист. Озодшавии дин аз чанги хурофот ва аз махлутшавиаш бо сиёсат, ҳам ба манфиати дину ҳам давлат аст. Дар чунин озодшавӣ ва ё побанд мондани дин дар тобеияти сиёсат нақши марказиро ҳамеша худи дин бозӣ кардааст ва табиати ин равандро мо аснои рад шудани рисолати паёмбарӣ аз ҷониби Ҷамшедшоҳ ба хотири ташкили низоми идораи дунявӣ [18. 35], инкор намудани вазифаи давлатиро аз ҷониби Имоми Аъзам, ислоҳоти Мартин Лютеру ва Калвин дар Аврупо ва кӯшишҳои дунявӣ гардонидани низоми идораи давлатҳоро дар асрҳои миёнаи Мовароуннаҳр ва ғ. дарк менамоем.
Ҳакиқат он аст, ки дар ин ҷараёни озодшавии дин аз сиёсат нақши ҳидоятгарони динӣ ҳамчун покизакорони эътиқодӣ ҳамеша назррас будааст. Садои пурғулғулаи аламангези қалби Маккиавелиро [9. 360-361], ки ба замину замон печида, шиква аз ғасби ҳокимияти попи Римро бар сари давлати Италиё намуда, наҷоти илму маърифатро аз равшанфикрони замона ва Аврупо талаб кард, касе ба ҷуз аз муҳаққиқони илмӣ баъд аз маргаш нашуниданд, аммо сарпечии роҳиби насронӣ Мартин Лютерро, ки 31 октябри соли 1517 бо навиштани 95 тезис дар девораи маъбади Виттенберг ҷудоии ҳокимияти давлатиро аз таълимоти динӣ масъалагузорӣ намуд, мардуми диндору шаҳрвандони озоди Аврупо шуниданд ва худро аз юғи асорати попи Рим озод намуданд. Чаро? Чунки онҳо аз назари эътиқодӣ исбот ёфтанд, ки дин сиёсат нест, балки бозии манфиатхоҳонаи Папаи Рим аст. Папа Худо нест, балки як нафаре аст, ки худро то зинаи шаҳомати худовандӣ аз бесаводии омма расонидааст.
Хулосаи бузурги ин ва дигар ҳақиқатҳои таърихӣ дар роҳи ҷудошавии дин аз сиёсат он аст, ки дин дигар навъи шуури ҷамъиятӣ ҳасту сиёсат дигар навъ, онҳо аз назари таъинот, вазифаҳо ва шакли ботинию зоҳириашон аз ҳам тавофут доранд. Омехта кардани онҳо иштибоҳи бузурги илмӣ ва ақлонӣ аст, ки таҳти таъсири манфиату ҳадафҳо рӯх дода, ҳамеша бар давлатҳо ва динҳо хатари ҷиддӣ ва фалокатбор ба бор овардаанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло давлати муваффақи намунаи имрӯз яъне давлати демократӣ ва дунявӣ ба озодиҳо таъсир намерасонад, балки барои зуҳури онҳо шароит фароҳам меорад, паҳнои онҳоро бо қонун муқаррар менамояд ва масъулияти атрофро барои риояи онҳо таъмин месозад. Табиати ин давлати намуна низ бо гузашти асрҳо аз таҷрибаи кишварҳои рушдкардаи таърихӣ сарчашма мегирад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замонҳo вобаста аз шароити мавҷуда ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас мегузоранд. Давлат ва низоми одилонаи идораи он дар ҳар давру замон тавассути фарзандони асили миллат ҷиҳати ҳимояи роҳи дурусти давлатдорӣ кӯшиши ҳимоя намудан аз ин каҷравиҳо мекарданд. Масалан, давраи давлатдории Сомониён, гурӯҳои манфиатҷӯ бо истифода аз мафкураи динии ҷомеа, кӯшиши ҳимояи манфиатҳои гурӯҳии худро намуда, як фазои носолимро ба вуҷуд оварданд, дар Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв ва дгар шаҳрҳои азим тухми фитнаю нифоқ кишта шуд. Нӯҳ ибни Наср [943–954] тамоми уламои Мовароуннаҳрро ҷамъ карда, фармуд то, мазҳаби рост ба тариқи суннат ва ҷамоатро, ки воқеияти Ислом ва холӣ аз унсурҳои итфротию нифоқбарангез бошад, баён кунанд [1. 248].
Вазъи мафкураи сиёсии давлати Сомониён мураккаб гардида, аксарияти одамон ба мазҳабҳои мухталиф рӯ оварда, мардум ҷиҳати масъалаҳои ҷузъӣ ба баҳсу мнозираҳо кашида шуда, фазои номусоиди диниро эҷод карданд. Барои ислоҳи ин нуқсу хато ва солиму комил гардонидани мафкураи динӣ аҳли илму маърифатро зарур буд, то асли исломро ба халқ фаҳмонанд. Бинобар ин, бо дастури Нӯҳ ибни Насри 2 Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва дигар олимони замона муваззаф шуданд, ки китоберо дар боби мазҳаби дурусти бобоӣ эҷод намоянд. Дар натиҷа китоби машҳури «ас-Саводу-л-аъзам» ва чандин китобҳои дигар дар доираи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бо хосияти вижаи фаҳми фиқҳи мовароуннаҳрӣ ба нашр расонида шуд. Ин рисолати эҷоди асарҳои мукаммали динӣ дар доираи талаботи мазҳаб ва талаботи ҷомеа садди роҳи фитнаи динӣ ва нифоқи аъзои ҷомеа гашта, тухми таҳаммулу муросоро миёни пайравони динҳои гуногун кишт кард.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони шӯравӣ, ҳизби коммунистӣ, ки бо мафкураи марксистии худ ва ё ба истилоҳ «идеологияи коммунистӣ» дар сари қудрат қарор дошт, тамоми паҳлӯҳои рӯзгори мардумро зери назорат ва таъсири пурраи ин ғоя гирифта, вазъи худшиносӣ ва ҳувияти миллии халқҳоро костаю заиф намуда буд. Ин маҳдудияту тундравии мутлақи ғояе низ бо мурури замон ба мафкураи миллати мо таъсири манфӣ расонида роҳи озодшавии мафкураро аз чолишҳои мухталиф то ҳадде мушкил кард. Кор то ҷое ба қавли Макиавелли расид, ки халқи аз маҳдудияти комили фикрӣ озодшуда дар ибтидо озодии фикриро ҳифз карда натавонист: «Барои мардуми вайроншудае, ки озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад» [9. 370-371]. Вале, бояд иқрор шуд илму дониш ва саводе, ки низоми шӯравӣ ба мардуми Тоҷикистон дод, дар ҳамоҳангӣ бо коди генетикии таҳаммулгароии миллат ва хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат тавонист яке аз омилҳои муассири маҳкам кардани дарвозаи фитнаи динию нифоқи шаҳрвандӣ низ гардад.
  Хотима. Тарзе раванди рушди мафкураи миллии мо гувоҳӣ медиҳад он аз васати ноҳамвориҳои зиёди таърихӣ ва маҳдудиятҳои мухталифи мазҳабӣ бо бурду бохти муайяни таърихӣ ва замонавӣ то ба имрӯз расидааст. Маҳз ҳамин ҳолати ноороми мафкуравӣ ва ноустувории ҳокимияти сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолхоҳӣ боис гардид, ки дар ҳаёти ҷомеа ҷараёнҳои носолиму манфиатхоҳ шиддат гирифта, динро ҳамчун восита бори дигар барои ба мақсад расидан истифода бурданд.
Дар ин ҷараёни мнфиатхоҳии кишварҳои хориҷӣ ва алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ забон, илм, фарҳанг, тарзи ҳаёти иҷтимоӣ, сарулибос, симои зоҳирӣ ва ботинии миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳанги миллӣ, миллати эҷодгар ва ташаккули мафкураи миллӣ таҳти зарбаи устувори фарҳангӣ бо истифодаи дастгириҳои молӣ қарор гирифт. Сиёсӣ сохтани эътиқод ва боварии мардум оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Мо бояд аз ин мактаби бузурги сахтгири ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои аввали истиқлол сабақи дуруст бардорем, ва зинҳор ба наслҳои оянда имкон надиҳем, ки дубора ба фиреби ин ифротиёну фитнаангезон гирифтор шуда дину оинро ба воситаи муборизаи сиёсӣ табдил диҳанд.
Ҳодисаҳои дар кишвари ҳамсоя ва давлати ба мо дӯсти Қазоқистон дар рӯзҳои аввали соли равон рӯх дода гувоҳи он аст, ки ноамнӣ, таассуб, хурофот ва таҳаммулнопазирӣ омили вайронии назму тартиб, куштору ғорати бегуноҳон ва талаву тороҷи моли мардум ва давлат аст. Ҳеҷ як аҷнабӣ ва бегонае, ки ба ҷавонон дар роҳи расидан ба саодат маслиҳатҳои фитнаангез медиҳад, дар ҳеҷ сурат рушду нумӯи давлатро намехоҳад, баръакс барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ замина омода менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷавонони моро зарур аст, ки аз назари сиёсӣ ҳушёр бошанд, зиёиёни мо нисбат ба раванди ташаккули мафкураи миллии ҷавонон бетараф набуда, аз дастуру раҳномоиҳои Пешвои муаззами миллат дуруст баҳра бардошта, барои муттаҳидӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ содиқона заҳмат кашанд.
Масъалаҳои маънавию фарҳангии баланд бардоштани маърифати ҷавонон, касбомӯзӣ, тағйири сифати таълим дар муасссаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо, пешгирии ифротгароию терроризм ва тантанаи асли таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, ки дар паёми Президент барои соли 2022 ироа гаштанд, ҳамагӣ барои саодати мардуми Тоҷикистон ва мубориза бо таассуб, хурофот ва дурӣ аз сиёсиозии дин нигаронида шуда, дар маҷмӯъ ба як ҳадаф – тарбияи инсони комили ватанпарвару солеҳи дорои мафкураи солими миллӣ нигаронида шудаанд.
  Холикзода А.Г.,
 Директори муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
Сарходими илмии шуъбаи масоили
 назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
               
Бободжонзода И.Х.,
 Мудири шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
 
Шосаидзода Ш.Ш.,
Ёрдамчии директори муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
Ходими калони шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
 
 
   
Руйхати адабиёт:
  1. Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ. ас-Саводу-л-аъзам / Бо таҳрир, тасҳеҳ ва таҳқиқи умумии Ф. Бародзода, С. Шаҳобиддинов, Р. Азизӣ, М. Наҷодзода. – Душанбе: «Андалеб-Р», 2016. – 248 с.
  2. Аҳмади Ҷоми Номақӣ. Мунтахаби Сироҷ ус-соирин. Тасҳеҳ, тавзеҳи доктор Алӣ Фозил. – Теҳрон – С. 97.
  3. Бабаджанов И.Х., Сальников В.П. Трансформация обычаев в праве на постсоветском пространстве. Мир политики и социологии. – 2016. – № 1. – С. 180-198.
  4. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин,қадим, асри миёна ва давраи нав. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – 976 с.
  5. Бобоҷонзода И.Ҳ., Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ (экстремистӣ) ва террористидошта: дар назария ва амалия. Қонунгузорӣ. – 2018. – № 3 (31). – С. 80-87.
  6. Бред Гуч. Секрет Руми. Жизнь суфийского поэта любви. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – 368 с.
  7. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Орифонаҳо. – Теҳрон, 1371. – С. 281.
  8. Макаренко С.Н. Проблемы реализации принципа светского государства в Российской Федерации/ Известия Южного федерального университета. Технические науки. – Том 64. – № 9-2. – 2006. – С. 42-43.
  9. Макиавелли Н. Государь. – М., 2010. – С. 360-361.
  10. Общетеоретические проблемы государства и прва в Таджикистане переходного периода/кол. автр., под ред. академика НАНТ, д.ю.н. проф. Ф.Т. Тохирова, д.ю.н. А.Р. Негматова. – Душанбе: Дониш, 2015. – 520 с.
  11. Олимов К. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII. – Душанбе: Дониш, 2019. – С. 119.
  12. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Махзаи электиронӣ http://prezident.tj/node/2741712.2021 (санаи муроҷиат: 03.01.22).
  13. Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2021. 170 с. (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).
  14. Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. – Душанбе, 2021. – 122 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
  15. Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо. Маводи Симпозиуми байналмилалии илмӣ. (Қисми 1) /Зери таҳрири Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимов, 5-6-уми сентябри соли 2021. –Душанбе: Дониш, 2021. – 728 с.
  16. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа". Сомонаи электронӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 11.01.2022).
  17. Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. – М.: АСТ; – Минск: Харвест, 2008. – С. 10.
  18. Халиков А.Г. Правовая система зороастризма. – Душанбе: «Маориф», 1995. – С. 35. Ниг.: Дустхох Ҷ. Авесто. – Душанбе, 2001. – С. 425; 597-598; 703. Матни муколомаи Аҳуро Маздо бо Ҷамшедшоҳ чунин наст: «Ай, прекрасный Йима, сын Вывахвата, я вручаю тебе свою веру». Йима ответил: «О, Ахура Мазда, святая мудрость, я не создан для пророческой и миссионерской деятельности». Тогда я ему сказал: «Лучше всего ты займись приращением и приумножением мира».
  19. Харари Ю. Н. 21 урок для ХХ1 века.пер.с англ. Ю. Гольдберга. – М.: Синдбад. 2020. – С. 35-36.
  20. Холиқзода А.Ғ. Андешаи давлати миллӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2013. – 684 с;
  21. Холиқзода А.Ғ. Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ (масъалаҳои ҳуқуқии ташаккули мафкураи миллӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ). – Душанбе: ЭР-граф, 2021. – 588 с.;
  22. Холиқзода А.Ғ. Пешво ва оини давлатсозӣ. – Душанбе: Дониш, 2021. – 472 с.
  23. Холиқзода А.Ғ. Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ. Монография. – Душанбе: Эр-граф, 2021. – С. 103.
  1. Шосаидзода Ш.Ш. Масъалаҳои ҳуқуқии худшиносии миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ // Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ: маҷмўаи Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. – Душанбе: ЭР-граф, 2021. – С. 141-154.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia