casino malaysia
casino malaysia
Паёми Президент – доктринаи нави сиёсӣ-ҳуқуқӣ

wrapper

   Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун анъанаи таҷрибаи нави давлатдорӣ аз тарафи аҳли ҷомеа бо мароқ ва эътибори хоса пазируфта мешавад. Зеро ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа ва сохторҳои таркибии он, дар шаклу мазмуни гуногун ифода ёфта, роҳҳои такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди онҳо муайян карда шудааст. Ҳар як фарди ихтисосманд дар Паёми Президенти ҶТ соли 2021 оид ба самтҳои гуногуни мукаммалгардонии фаъолияти касбии худ нуктаҳои ҷолиби диққатро пайдо мекунад.
  Ходимони илмии шуъбаи ҳуқуқии давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ бо мароқи зиёд ҳар як нуктаи Паёми навбатии Президенти ҶТ-ро омӯхта, барои худ самтҳои минбаъдаи корро муайян намуданд. Ба ду нуктаи Паём, ки ба фаъолияти мо бевосита дахл дорад: рушди минбаъдаи илму маориф дар ҷумҳурӣ; боз ҳам такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ ва беҳтар гаштани сифати қонунҳо бештар эьтибор дода, вазифаҳои илмии худро барои сифатан ба иҷро расонидан азм намудем.
  Дар Паём хеле ба маврид он фикру андеша, ки ҳамеша арзишманд аст ва моҳияти бунёдӣ дорад, дар хусуси вобастагии бунёди миллат ба ривоҷи маориф қайд ёфтааст, ки «… ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад». Дастовардҳои солҳои қаблӣ дар ин соҳа хотиррасон карда шуда, ҳамзамон қайд карда шудааст, ки «… зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, … аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад». Бо ин мақсад, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тавсия карда шуд, ки «… ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, … ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Махсусан, таъкид шудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва пеш аз ҳама забонҳои русиву англисӣ ва барои ин муҳайё кардани шароит аҳамияти усулӣ дорад. Насли ҳозираи халқи ҷумҳурӣ имрӯз ғайри ихтиёр ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид шуда, ба ҳалли масоилҳои нав ба нав рӯ ба рӯ мегардад. Аввалан ворисони давлати соҳибистиқлол будан масъулияти бузурги худшиносию худогоҳӣ дорад ва чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он бояд ливои ватандорӣ ва қадру қимати Ватан дар гуфтору кирдори ҳар як тоҷикистонӣ зоҳир гардад.
  Тоҷикистон, чи тавре ки дар Паём омадааст, ҳоло бо 180 давлатҳои дунё робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ин робитаю муносибатҳо тавассути омаду рафт, доду гирифт, гуфтушунид ва муколимаҳо, иштирок дар чорабиниҳои дутарафа ва минтақавию байналмилалӣ, ҳамкориҳои гуманитарии тарафҳо сурат мегирад. Дар ҳамаи ин робитаҳо бо ҳисси эҳтиром ба шарикон, манфиати Тоҷикистон, ҳуқуқи қонунии шаҳрвандони он бояд ҳимоя гардад.
Омилҳои мазкур ғайр аз маърифату фарҳангӣ замонавӣ, ҳамчунин доштани саводи умумию дониши касбӣ, дониши чуқури забонҳо, хусусан, донистани забонҳои асосии робитаҳои байналмилалӣ; англисӣ, франсузӣ, русӣ, немисӣ, хитоӣ, арабӣ, испаниро тақозо мекунад. Дар ин самт албатта ҷумҳурӣ ба пешравиҳо ноил аст, аммо раванди ривоҷи алоқаҳо боз ҳам мукаммал гардондании сатҳи забономӯзиро талаб менамояд.
Самти муҳими донишомӯзӣ ва забондонӣ инчунин ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию гуманитарӣ мебошад, ки то рафт ривоҷ ёфтани онҳо тақозои давру замон буда, аз он манфиат ҳам ба ҷомеаю давлат ва ҳам ба фарди дар он иштирокдор бешубҳа аст. Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилотҳои байналмилалӣ буда, дар фаъолияти онҳо шаҳрвандони касбу ихтисоси гуногуни ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Ҳоло дар ҳайати чунин созмонҳо, хусусан, созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, чӣ дар дохил ва чӣ берун аз ҷумҳурӣ шумораи зиёди ҷавонони соҳибмаълумот ва кордон фаъолият доранд, хеле муҳим аст, ки бо риояи қадру қимматашон онҳо ба кори дастгоҳи давлатӣ ҷалб карда шаванд. Ба сатҳи донишу лаёқати муоширати онҳо, ҳифзи манфиати ҷумҳурӣ ва обрую эътибори он вобаста аст.
  Барои дар сатҳи мувофиқ ҳифз кардани манфиати ҷумҳурӣ ва халқи тоҷик, ғайр аз омилҳои номбаршуда, ба ҷавонон доштани маълумоти чуқури ҳуқуқӣ ва дар робитаҳои байналмилалию байнидавлатӣ доштани лаёқати истифода аз санадҳои ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ хеле муҳим мебошад. Ба хотири ноил гаштан ба сатҳи баланди дониши ҳуқуқӣ зарур аст, ки сатҳи маълумотгирии ҳуқуқӣ дар донишгоҳҳои таълимӣ, дар муассисаҳои илмию таълимии академӣ боз ҳам мукаммал гардонида шавад. Аз ҳисоби ҳатмкунандагони гурӯҳҳои ихтисоси бакалавр, ба гурӯҳи магистратура фақат ҷавонони бо баҳои хубу аъло донишгоҳҳоро ҳатм карда, ҷалб карда шаванд. Хусусан, аз ҳисоби ҷавонони лаёқати илмию аналитикӣ дошта, гурӯҳҳои таълимии магистратураи институтҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо ташкил карда шаванд. Ба ин гурӯҳҳо шумораи кам ва болаёқати шогирдон ҷалб, таълими сифатноки фанҳо ва таҷриба-омӯзии воқеии коршиносӣ таъмин карда шуда, меҳнати омӯзгорон ба қадри даркорӣ қадр карда шавад. Низоми ҳозираи хостагирии шогирдон ба гурӯҳҳои магистратураи назди институтҳои академӣ ва санҷишҳои ҳатми онҳо ба талаботи сифати дониш мувофиқ нест. Бо ҳамин минвол музди ба устодон ҷудо шуда, ба ҳеҷ ченаки қадршиносӣ мувофиқат надорад.
  Нуқтаи дуюм ҳолатҳо дар бораи такмил додани фаъолияти қонун-гузорӣ ва беҳтар намудани сифати қонунҳо мебошад. Дар робита бо ин омил дар Паём омадааст, ки «Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад». Эътибор ба чунин самти такмили қонунҳо барои боз ҳам ривоҷ додани фаъолияти босамараи қонунэъҷодкунӣ мусоидат менамояд. Бо мурури рушди ҳаёти ҷомеа, тағйирёбии муносибатҳои анъанавии ҷамъиятӣ ва пайдо шудани муносибатҳои нав, такмил додани қонунҳо ва ҷавобгӯи талаботи давр гардонидани онҳо раванди доимӣ мебошад. Ҳеҷ як қонун ҳеҷ вақт ҷавобгӯи муносибатҳои ҷамъиятии давраҳои гуногуни рушди ҷомеа буда наметавонад. Бо мурури тағйирёбию дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳо мукаммал мегарданд. Аммо ин раванд паҳлуҳои гуногун дорад. Сухан аз тағйирёбии сифатӣ ва беҳтаршавии муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқӣ меравад. Дар ҳолати пайдоиши муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар робита бо одату анъанаҳои зарарнок ташаккул ёфтаанд, қонун на ин ки аз танзими онҳо худдорӣ мекунад, балки барои пешгирии паҳншавии он мусоидат менамояд.
  Дар Паём ба баъзе роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили низоми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, ишора карда шудааст. Пурзӯр кардани ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ зарур дониста шудааст. Аз ҷумла, дар назди парлумон ва дигар мақомоти ҳуқуқ-эҷодкунӣ вазифа гузошта шудааст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ гузаронида шуда, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро бо ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳо андеша намоянд.
Тавассути андешидани чораҳои даркорӣ муҳим дониста шуд, ки ба риояи қатъии қонунҳо, иҷрои талаботи онҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад. Бо мақсади пурзӯр кардани масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии ҳодисаҳои вайронкунии қонунҳо, ҳодисаҳои сар печидан аз риоя ва иҷрои талаботи қонунҳо дар назди Прокуратураи генералӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Ҳамаи нуқтаҳои дар ин самтҳо дар Паём қайдёфта, аз салоҳияти мақомоти номбаршуда бармеоянд ва барои амалӣ намудани онҳо ягон захира ё механизми иловагӣ зарур намебошад. Муҳим аст, ки барои иҷрои ин вазифаҳо масъулияти роҳбарони сохторҳои марбута ва назорат аз болои фаъолияти онҳо баланд карда шаванд.
  Барои беҳтар шудани сифати қонунҳо ва қатъӣ риоя кардани талаботи онҳо баланд бардоштани масъулияти худи парлумон ва сохторҳои таркибии он муҳим аст. Пеш аз ҳама амалан татбиқ шудани қоидаю усулҳои демократии фаъолияти парлумонӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонунҳо, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ ва ғайра риоя карда шавад. Ҳоло вақти он расидааст, ки масъулияти вакилон барои сифати қонунҳо баланд карда шавад. Вакилоне, ки дар муҳокима ва қабули қонунҳо самаранок иштирок кардаанд, ҳавасманд гардонида шуда, мавқеи бетарафона ва беташаббусонаи баъзе вакилон мавриди гуфтугӯ ва маззамат қарор гирад. Яке аз чораҳои фаъол гардонидани кори парлумон ва иштироки вакилон дар иҷлосия ва ҷаласаҳо намоиши телевизионии мушаххас буда, барои беҳтар шудани сифати кори онҳо мусоидат мекунад.
  Ходимони илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ мувофиқи нақшаҳои илмӣ-таҳқиқотии худ мавзӯҳои нақши Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ, ҷойи Конститутсия дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ, асосҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои фаъолияти ташкилӣ ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузории Маҷлиси Олӣ, рушди падидаҳои демократия, масоилҳои муҳими ҳуқуқи маъмурӣ, хусусиятҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, моҳият ва таъиноти ҳуқуқи мурофиавии маъмурӣ, ташаккули расмиёти маъмурӣ ва қонунгузорӣ дар ин соҳа ва ғайраро дар асоси нуктаҳои роҳбаронаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ намуда, ба амалишавии тавсияҳои он мусоидат менамоянд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, соли 2021 мувофиқи аҳамияти худ ҳуҷҷати муҳимтарини сиёсию ҳуқуқӣ ва доктринаи рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Имомов А.
 
         номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,  профессор,
сарходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи
                                                                        давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia