Ғолибият муборак!
- Сешанбе, Июн 20 2023
- Навидҳо
Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ходими калони илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, раиси Шўрои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ Саидова Фазилатмо Сайдамировна сазовори ҷойи аввал гардид. Ў дар озмуни мазкур иштироки фаъолона намуда, бо азбар намудани саволномаҳои Низомнома ва мутолиаи беш аз панҷоҳ адабиёти тавсияшуда дар гурўҳи «Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ» ҷойи якумро ишғол намуд.
Ҳайати кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Саидова Фазилатмо Сайдамировнаро барои чунин дастовардаш табрик намуда, ҷиҳати дар даврҳои минбаъда сабқат намуданаш барору комёбӣ таманно менамояд.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон