casino malaysia
casino malaysia
Кодекси мадании нав: масъалаҳои назариявӣ

wrapper

   16 июни соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоxикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 26-солагии рўзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Кодекси мадании нав: масъалаҳои назариявӣ» баргузор гардид.   
  Дар раванди конференсия олимони шинохтаи соҳаи илми ҳуқуқи хусусӣ масъалаҳои мубрами соҳаро оид ба танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ки дар раванди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастаанд, мавриди таҳлили илмӣ қарор дода, ба аҳли илм пешниҳод намуданд.
  Масъалаҳои дар конференсия мавриди муҳокимаи илмӣ қароргирифта ба проблемаҳои рушд ва танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои назариявии муомилоти электронӣ, аз ҷумла, танзими ҳуқуқии шартномаҳои электронӣ, проблемаҳои ташаккул ва инкишофи фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ, рушди назарияи Интернет дар ҳуқуқи муосири тоxикро дарбар гирифтанд. Масалан, дар Конститутсияи Тоҷикистон муқаррароти конститутсионӣ оид ба иқтисодиёт дар бораи гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқии шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ва ҳифзи онҳо, инчунин кафолати онҳо мавҷуд мебошад. Ин принсипҳо қисми умумии мафҳуми нави илми ҳуқуқ – мафҳуми “иқтисодиёти конститутсионӣ”-ро ташкил медиҳанд, ки чунин мафҳуми нави ҳуқуқӣ таҳлили ҳаматарафаи илмиро талаб менамояд.
  Яке аз муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ки имрўз ба таври васеъ паҳн гаштааст, ин муносибатҳои шартномавии шакли электронӣ дошта мебошад, ки аз муносибатҳои шартномавии шакли оддӣ, ки дар Кодекси маданӣ ба танзим дароварда шудааст, фарқи куллӣ дорад. Ҳолати мазкур низ бояд мавриди омўзиш ва таҳлили илмӣ қарор гирад.
  Дар раванди конференсия яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрeза – масъалаи рушди қонунгузорӣ дар даврони истиқлолият мавриди муҳокима ва баҳси илмӣ қарор дода шуд. Муайян карда шуд, ки Кодекси амалкунандаи маданӣ, ки асоси танзими ҳуқуқии муомилоти маданӣ дар ҷамъияти имрўзаи мо мебошад, аз назари амалияи чунин муомилот ба талаботи танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷавобгў намебошад. Аз ин лиҳоз, қабули Кодекси нави маданӣ дар Тоҷикистон дар таҳрири нав ба миён омадааст. Чунин кодекс дар таҳрири нав қабул шуда, аз санаи 1 июли соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.
  Дар давоми конференсия инчунин дигар масъалаҳои мубрами назария ва амалияи ҳуқуқи хусусӣ мавриди муҳокимаи илмӣ қарор дода шуданд.
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia