casino malaysia
casino malaysia
Таҳаввули таърихии моҳияти дунявият ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги миллати тоҷик

wrapper

    13 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо семинари илмии навбатӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявӣ баргузор гардид.
   Дар семинари илмӣ сарходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин, доктори илмҳои фалсафа Мирзоев Ғ.Ҷ. дар мавзуи «Таҳаввули таърихии моҳияти дунявият ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги миллати тоҷик» маъруза намуданд. Дар нишасти мазкур роҳбарияти Институт, мудирони шуъбаҳо, ҳайати кормандони илмӣ ва магистрантону докторантҳои шуъбаҳои гуногуни институт иштирок намуданд.
   Сухангӯ Мирзоев Ғ.Ҷ дар маърузаи худ иброз намуданд, ки дар замони муосир дарки дурусту ҳамаҷонибаи мафҳуми «дунявият» ва модели дунявии давлат барои рушди амалии ҷомеа, муҳофизати он аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва таҳоҷуми фарҳангӣ ва дар ин замина, ҳифз намудани асолат ва арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, манфиатҳои давлатию миллӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад. Сухангӯ зери мафҳум ва моҳияти «дунявият» ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, масъалаҳои озодии виҷдон, пойбанди ҳеҷ гуна эътиқодоти иҷборӣ набудани ин моделро таъкид карда, ҳамзамон онро ҳамчун заминаи озодфикриву озодандешӣ ва муқобили хурофотпарастиву ноогоҳӣ донистанд. Инчунин тазаккур дода шуд, ки шарҳу тавзеҳи дурусти моҳияти дунявият ва тарғиби ғояҳои он маҳаки асоси ҷаҳонбинии илмиро ташкил дода, омили муассире барои ислоҳи шуури динӣ ва рушди тафаккури илмӣ дар ҷомеа хоҳад буд.   
   Дар ин радиф мавсуф афзуд, ки дунявият чун омили дарки дурусти авзои сиёсии ҷаҳони муосир баромад намуда, баҳри тақвият бахшидани ҳисси ватандўстӣ ва дар ин замина ҳимоя аз арзишҳои фарҳангию суннатӣ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин маърузачї раванди таҳаввул ва ташаккули дунявиятро дар замонҳои гуногуни таърихӣ баён намуда, аҳамияти хосса касб кардани ин моделро дар замони кунунӣ ниҳоят муҳим донистанд, зеро дарки дурусти дунявият ва озодандешї, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ метавонанд зидди ҳар гуна ҷаҳонбинии хурофотию ғайриилмӣ баромад намуда барои бунёди мафкураи солим хидмат намояд.
   Инчунин Мирзоев Ғ.Ҷ. иброз доштанд, ки дунявият барои миллати мо як падидаи нав набуда, балки дар таълифоти аксар аз нухбагони илму адаби форсу тоҷик ҷойгоҳи махсус дошта, гувоҳ аз озодихоҳии миллати тоҷик аст, ки далели боризи ин гуфтаҳо аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Убайди Зоконӣ ва дигарон мебошад. Бояд гуфт, ки вобаста ба пуртазод ва мураккаб будани вазъи ҷаҳони имрўза, ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ метавонад фарҳангу асолати миллатро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ҳифз намояд. Таҷриба собит сохт, ки ягона низоми давлатдории бехушунат ва мусолиматомезе, ки метавонад ҷомемаро ба самти рушду инкишоф раҳнамун созад ва ормонҳои миллиро амалї намояд, ин низоми дунявии давлат ва такя ба тафаккури илмию андешаи миллӣ аст, ки барои мустаҳкам намудани пойдевори ваҳдати миллӣ заминаи устувор ва бобақо хоҳад гузошт.
   Иштирокчиёни семинари илмӣ, номзади илмҳои фалсафа Холов Ш.А., Муродов С.А. ва дигарон дар доираи мавзуи матраҳшаванда ба маърузачӣ саволҳо дода, ҷавобҳои пурра гирифтанд.
  Дар охири нишаст доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Х.М. ба музокира баромада, аҳамияти модели давалатдории дунявӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявиро ҳамчун омили рушди ҷамъият ва пешгирї кардан аз хатарҳои идеологӣ номида, бо ҳамин семинари илмиро ҷамъбаст намуд.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia