casino malaysia
casino malaysia
Нақши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар таҳкими ҷаҳонбинии дунявӣ

wrapper

  20 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо семинари илмии навбатӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявӣ баргузор гардид. Дар мавзуи семинар «Нақши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар таҳкими ҷаҳонбинии дунявӣ» Қодирзода Т.Қ., номзади илмҳои ҳуқуқ баромад намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба «Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ» таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.
  Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардид. Ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо дар таҳкими ҷаҳонбинии дунявии мардуми кишвар, махсусан ҷавонон нақши муҳим дорад.
  Бояд қайд намуд, ки то қабули ин Қонун дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, забҳи зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид.
  Бинобар ин, мақсади Қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шуда, вазифаи он танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
  Қонуни мазкур бо тақозои давр анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
  Таҳлили аниқи баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ собит менамояд, ки ғолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд. Маъракаҳо на адои вазифаҳои волидайн дар назди фарзандон, балки зоҳирпарастию худнамоӣ ва худпарастию ҳашамати худро нишон додан буд.
  Яке аз дастовардҳои нахустин ва назарраси умумимиллии Қонун дар он ифода меёбад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ он тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намояд ва онро воқеан, метавон як қонуни мардумӣ номид, зеро он барои таъмин ва ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии мардум нигаронида шуда, ҳангоми омода сохтани он фикру ақида ва андешаи қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва таҷрибаи мамолики суннигаро ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ, инчунин дунявияти давлати мо ба назар гирифта шудаанд.
  Аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ҷаҳонбинии мардум, ратсионализатсияи тафаккури аҳолии кишвар, ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ, рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шафқат ба ҳамдигар мусоидат намояд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia